Дар нимаи дуюми асри ХХ раванди инқилоби илмӣтехникӣ ҳидоят мекард, ки Тоҷикистон чун узви ИҶШС дар асоси техникаи нав ва технологияи пешқадам саноати худро пеш барад, зеро сарватҳои табиаташ имкон медоданд, ки дар ҷумҳурӣ соҳаҳои гуногуни саноат, ба монанди кӯҳканӣ, коркарди филизот, электроэнергетика, масолеҳи бинокорӣ, хӯрокворӣ инкишоф дода шаванд. Хусусан, соҳаи саноати сабук, пахтатозакунӣ, равғанкашӣ, истеҳсоли абрешим, пойафзор, консерва метавонистанд бо суръати баланд тараққӣ намоянд. Бинобар ин дар солҳои 50 – 80-ум дар ҷумҳурӣ ба ташаккули соҳаҳои гуногуни саноат диққати махсус дода шуда, масъалаҳои сохтмон ва ба кор дароварда шудани корхонаҳои калону хурди соҳавӣ, ба мисли комбинатҳои гӯшт, равған, фабрикаи трикотажӣ, заводҳои «Тоҷикагрегат», «Торгмаш», «Текстилмаш», корхонаҳои яхдон, қаннодии «Ширин», оҳану бетон, семент, иттиҳодияи «Тоҷикатлас», стантсияи алоқа дар ш. Душанбе, марказҳои гармидиҳии Қайроққум, Душанбе, заводҳои хишту оҳан дар Кӯлоб, Данғара, Ёвон, Исфара, Шаҳритус, заводи нуриҳои азотии Вахш ҳаллу фасли худро ёфтанд. Тайи солҳои 1961 – 1985 дар Тоҷикистон беш аз 570 корхонаи саноатӣ ба кор даромада, маҳсулоти умумии соҳа зиёда аз 17 маротиба афзуд. Дар онҳо бештар аз ҳазор навъи маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шуда, ба 50 мамлакати ҷаҳон фиристода мешуд. Хусусан, маҳсулоти алюмин, филизоти рангаи камёфт, барқ, маҳсулоти саноати бофандагӣ, мева дар бозорҳои ҷаҳонӣ талабгорони зиёд пайдо карда буданд.
Сарфи назар аз муваффақиятҳо дар саноат камбудиҳо низ ҷой доштанд: дар баъзе соҳаҳои он механизатсия ва автоматизатсияи равандҳои истеҳсолот паст буда, ҳосилнокии меҳнат намеафзуд. Фоизи исрофи ашёи хом ва сифати пасти маҳсулот, хусусан, дар саноати сабук, ташвишовар буд. Дар ҷумҳурӣ сохтмони биноҳои корхонаҳои саноатӣ авҷ гирифт, вале сифати сохтмон беҳбудиро мехост. Ҷойивазкунии кадрҳои коргарӣ дар корхонаҳои саноатӣ, ҳолатҳои ба кор дер мондан ва ё наомадан ташвишовар буда, сабаби иҷро нашудани нақшаҳои истеҳсолӣ мегардид.
Барномаи комплексии ҳудудӣ-истеҳсолии ҷануби Тоҷикистон. Ҳукумати ИҶШС барои пешрафти соҳаи саноати ҷумҳурӣ маблағҳои зиёд ҷудо менамуд. Агар дар солҳои аввали Ҳокимияти шуравӣ ва солҳои баъдиҷангӣ бештар ба рушди саноати ноҳияҳои шимолии Тоҷикистон диққат дода шуда бошад, пас аз солҳои 60-ум дар асоси барномаи махсус ба азхудкунӣ ва тараққиёти ноҳияҳои ҷанубии Тоҷикистон барои пешрафти соҳаи саноат ашёи хом, захираҳои обӣ, қувваи кории зиёд вуҷуд дошта, инфрасохтори муайян ба амал омада буд. Дар ин асос Ҳукумати ҷумҳурӣ Барномаи комплекси ҳудудӣ-истеҳсолии ҷануби Тоҷикистонро қабул намуд. Мувофиқи ин барнома бояд, пеш аз ҳама, объектҳои зерин: НБО-и «Норак», «Бойғозӣ», «Роғун», заводи алюмини тоҷик, заводи нуриҳои нитрогендори Вахш, комбинати электрохимиявии Ёвон, роҳи оҳани Ёвон – Қурғонтеппа – Тирмиз ба кор медаромаданд. Татбиқи чунин барнома воқеӣ буда, дар ҷумҳурӣ соҳаҳои нави саноат бояд ба вуҷуд меомаданд.
Мавриди зикр аст, ки дар тартиб ва татбиқи Барномаи комплексии ҳудудӣ-истеҳсолии ҷануби Тоҷикистон Ҷаббор Расулов – ходими барҷастаи давлатӣ ва ҷамъиятӣ саҳми калон гузоштааст.
Бояд тазаккур дод, ки дар сохтмони Комплекси агросаноатии ҷануби Тоҷикистон қариб ҳамаи ҷумҳуриҳои иттифоқӣ бевосита саҳм гузоштанд. Ёрии онҳо, пеш аз ҳама, дар бо таҷҳизоти нав, технологияи пешқадам таъмин намудани корхонаҳо, сари вақт фиристодани мутахассисони ботаҷриба, ба сарпарастӣ гирифтани объектҳои фарҳангӣ-маишии соҳаи саноати ҷумҳурӣ зоҳир мешуд.
Дар натиҷаи амалӣ гардидани барномаи Комплексии ҳудудӣ-истеҳсолии ҷануби Тоҷикистон шаҳрҳои Душанбе, Турсунзода, Норак, Ёвон, Кофарниҳон, Қурғонтеппа, Кӯлоб ба шаҳрҳои калони саноатӣ табдил ёфтанд. Дар давоми 29 сол зиёда аз 300 корхонаю сехи калони саноатӣ сохта шуда, ба кор даромаданд. Соҳаҳои нави саноат, ба монанди металли ранга, кимиё, электроэнергетика ташкил ёфта, навъ ва ҳаҷми маҳсулот афзуд. Танҳо истеҳсоли барқ се маротиба зиёд шуда, соли 1980 ба 13,6 млрд квт расид. Мутаассифона, баъзе корхона ва сохтмонҳои Комплексии ҳудудӣ-истеҳсолии ҷануби Тоҷикистон, аз ҷумла НБО-и «Роғун» бо сабабҳои объективӣ ва субъективӣ нотамом монданд.
Ҳамин тавр, туфайли амалӣ гардидани барномаи Комплексии ҳудудӣ-истеҳсолии ҷануби Тоҷикистон дар соҳаи саноати кишвар муваффақиятҳои назаррас ба даст оварда шуда, дар истеҳсолот ҷорӣ намудани дастовардҳои илмиву технологӣ, техникаи наву технологияи пешқадам ба рушди устувору бештари соҳа оварда расонд.
Синфи коргар неруи пешбаранда ва бунёдкори ҷомеа. Яке аз омилҳои самарнокии истеҳсолоти саноатӣ тайёр намудани кадрҳо ва мунтазам баланд бардоштани савияи фарҳанги техникии онҳо мебошад. Бинобар ин дар нимаи дуюми асри ХХ ба масъалаи мазкур диққати аввалиндараҷа дода мешуд. Туфайли амалӣ гардидани сиёсати кадрӣ дар соҳаи саноат сол ба сол шумораи коргарони касбӣ меафзуд. Агар соли 1955 дар Тоҷикистон 10 ҳазор нафар кадрҳои коргарӣ тайёр карда шуда бошад, пас дар солҳои 1981 – 1985 танҳо дар муассисаҳои саноатӣ 258 ҳазор нафар коргарони нав ба кор шуруъ намуданд. Соли 1985 шумораи кормандони соҳаҳои гуногуни саноат ба 1120 ҳазор нафар расида буд. Хусусан, шумораи кормандони муҳандису техникии дорои маълумоти олӣ ва миёнаи махсус афзуда, ба 154,3 ҳазор нафар расид. Танҳо дар аввали солҳои 80-ум 35 ҳазор ҷавонон 76 омӯзишгоҳи техникӣ ва мактаби касбҳои техникии ҷумҳуриро хатм намуда, ба истеҳсолот рафта буданд. Дар ҳамин давра шумораи синфи коргар чор маротиба афзуд.
Дар тарбия ва тайёр намудани мутахассисони баландихтисос ба Тоҷикистон, инчунин ҷумҳуриҳои бародари ИҶШС ёрии калон мерасонданд. Донишкадаҳои олии Маскав, Ленинград, Киев, Тошканд ва дигар шаҳрҳо ҳар сол барои ҷумҳурӣ берун аз озмун 50-100 ҷой ҷудо намуда, мутахассисони муҳандисро омода мекарданд.
Бо мақсади самаранок истифода бурдани захираҳои меҳнатӣ дар ноҳияҳои ҷумҳурӣ филиалҳои муассисаҳои саноатӣ кушода мешуданд. Туфайли он дар охири соли 1983-ум 10,6 ҳазор зани хонанишин дар 78 филиал ва сехҳои корхонаҳои саноати сабук ба кор даромаданд.
Бояд тазаккур дод, ки синфи коргари Тоҷикистон ташаббускори бисёр иқдомҳои наҷиб ва бунёдкорона буд. Чунончи, бо ташаббуси коргарҷавонони ҷумҳурӣ НБО-и «Норак», заводи алюмини тоҷик, комбинати электрохимиявии Ёвон сохтмонҳои зарбдори комсомолӣ эълон карда шуданд. Дар ин сохтмонҳо ҳазорон комсомолону ҷавонон муносибати ватандӯстона нишон дода, диловарона меҳнат намуданд.
Баҳри самаранок гардидани истеҳсолот бо ташаббуси коргарони муассисаҳои саноатӣ шаклҳои гуногуни мусобиқа, мисли барои гирифтани унвони фахрии «Зарбдори меҳнати коммунистӣ» ба амал омада буданд. Соли 1981 мусобиқаи мазкур 462 ҳазор ва соли 1985-ум 525 542 касро дар бар гирифт, ки аз онҳо 156 ҳазорашон ба ин унвон мушарраф гардиданд. Номҳои аввалин зарбдорони меҳнати коммунистӣ Анвар Эгамбердиев, Анна Асланова, Мукаррама Саидова, Таисия Демченко ва дигарон дар саҳифаи таърихи халқи тоҷик сабт шуданд. Дар ҳаракатҳои «Дар ҳар ҷойи корӣ – ҳосилнокии баланди меҳнат, интизом, муташаккилӣ ва эҷодкорӣ», «Шаъну шараф аз меҳнат аст!» бештар аз 1500 коллектив, бригадаю звенои корӣ ва 140 ҳазор коргари корхонаҳои саноатии ҷумҳурӣ иштирок намуда, барои меҳнати пурсамар коргарзанон Розия Қурбонова, Илич Нурова, Тамара Меншикова, Бозорой Аҳмадова ва даҳҳо нафар бо унвони олии Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ мушарраф гардиданд. Синфи коргари Тоҷикистон дар рушди прогресси техникӣ низ фаъолият нишон дода буд. Чунончи, дар заводи «Текстилмаш»-и ба номи Ф. Э. Дзержинский, комбинати абрешими ш. Душанбе пайваста «Рӯзи қабул ва муҳокимаи таклифҳои ихтироъкорӣ» гузаронида мешуд. Дар натиҷа сол ба сол сафи ихтироъкоран ва ратсионализаторон аз ҳисоби коргарони корхонаҳои саноатии кишвар зиёд мегардид. Дар охири солҳои 70-ум дар ҷумҳурӣ зиёда аз 20 ҳазор коргар узви Ҷамъияти умумииттифоқии ихтироъкорон ва навоварон буданд.
Роҳбарони корхонаҳо дар якҷоягӣ бо Иттифоқҳои касаба барои беҳтар кардани сифати маҳсулот мубориза бурда, нишонаҳои махсуси «Ба коргари пешқадам», «Ба бригадаи сифати маҳсулоташ аъло», «Ба сменаи сифати маҳсулоташ аъло»ро таъсис дода буданд. Натиҷаҳои фаъолияти меҳнатии коргарон дар ҳар семоҳа ҷамъбаст гардида, ба ғолибон парчам ва нишони махсус бевосита дар ҷойи кор супурда мешуд.
Ҳамин тавр, солҳои 50 – 80-уми асри ХХ дар Тоҷикистон саноати бисёрсоҳа ташаккул ёфта, шумораи синфи коргар пайваста меафзуд ва туфайли меҳнати пурсамари ӯ самарнокии раванди истеҳсолии соҳа баланд мегардид.
Реклама