6. АҲДНОМАИ РИЗОЯТИ ҶОМЕА ДАР ТОҶИКИСТОН

Бо мақсади зудтар ба эътидол овардани вазъияти мураккаби дохили кишвар, расидан ба ваҳдату ягонагӣ дар ҷомеа ва амалӣ гардидани сулҳи тоҷикон қариб 30 созмони ҷамъиятию сиёсии ҷумҳурӣ 9-уми марти соли 1996 Аҳдномаи ризояти ҷомеаи Тоҷикистонро имзо намуданд. Моҳияти ин санад дар нутқи барномавии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тариқи зайл муайян гаштааст:

«Таъмини сулҳу субот дар мамлакат. Ба даст овардани созгории миллӣ ва иттиҳоди ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ барои ҳалли проблемаҳои муҳимтарин дар чаҳорчӯбаи Аҳднома.

Таҳкими Истиқлоли давлатии ҷумҳурӣ. Таҳкими сохторҳои демократии давлат ва ҷомеа бо мақсади эҳтироми ҳуқуқи инсон дар ҷумҳурӣ.

Маъвои умумии худ эътироф кардани Тоҷикистон, муборизаи муштарак ба муқобили қашшоқии молию маънавӣ, барои ваҳдат ва субот.

Фароҳам сохтани шароит барои рушди ҳамаҷониба ва озодонаи шахсият, новобаста ба фарқи нажодию миллӣ, динӣ, забонӣ ва мавқеи сиёсӣ.

Дар чаҳорчӯбаи Аҳдномаи ризояти ҷомеа давлат ва Ҳукумат уҳдадор мешаванд, қонунҳое таҳия ва қабул кунанд, ки ба демократикунонии ҳаёти ҷомеа ва ҳифзи ҳуқуқи башар ва озодии вай мусоидат намояд...

Дар навбати худ ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ уҳдадор мешаванд, ки дар ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ Ҳукуматро дастгирӣ карда, ба устувор шудани соҳибихтиёрии давлатӣ, ризояти миллӣ мусоидат менамоянд, аз ҳама шаклҳои моҷароҷӯйӣ ва фишори зӯроварона даст мекашанд».

На танҳо шаҳрвандони ҷумҳурӣ, балки давлатҳои гуногуни дунё Аҳдномаи ризояти ҷомеаи Тоҷикистонро пазируфта, ба хулоса омаданд, ки татбиқи он оромиро дар кишвар таъмин хоҳад кард.

Зикр кардан бо маврид аст, ки муқаррароти амалии санади таърихии мазкурро як қатор ҳаракату ташкилоти ҷамъиятӣ ба ҳайси ҳадафҳои асосии худ қарор дода, дар мустаҳкам намудани пойдевори ваҳдату ягонагӣ ва таъмини сулҳу субот дар мамлакат саҳми назарраси худро гузоштанд.

Яке аз чунин ташкилот, ки моҳи апрели соли 1996 таъсис ёфта буд, Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Шуро дар фаъолияти худ ба самтҳои зерин диққат медиҳад: таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон; волоияти Конститутсия ва қонун дар мамлакат; дастгирии ташаббусҳои шаҳрвандӣ ва ниҳодҳои демократӣ дар ҷомеа; мусоидат ба рушди демократия; гуногунии андешаҳо ва плюрализми сиёсӣ. Шурои ҷамъиятӣ банди муҳимми сохтори сиёсии ҷомеаи навини тоҷикон мебошад. Шуро дар атрофи худ ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилоти ғайриҳукуматӣ, иттифоқҳои эҷодиву касбӣ ва дигар иттиҳодияҳои бонуфузи ҷамъиятиро муттаҳид менамояд.

Шуро мунтазам ҷаласаҳои худро гузаронида, самтҳои нави фаъолиятро дарёфт мекунад ва баҳри сулҳу оромӣ дар ҷумҳурӣ корҳои босубот мебарад.

Дар арафаи воқеаи таърихӣ ва тақдирсоз – ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон 18-уми июли соли 1997 бо ташаббуси роҳбарони ҳизбу созмонҳои ҷамъиятӣ, ходимони намоёни давлатӣ, илму фарҳанг, собиқадорони ҷангу меҳнат ва дастгирии бевоситаву ҳаматарафаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон» ташкил гардид, ки он низ дар мустаҳкам ва қавитар намудани пояҳои истиқлоли давлатии ҷумҳурӣ, ба музаффариятҳои назарраси сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ноил гардидани кишвар, дар ҷаҳони муосир ҷойгоҳи худро пайдо намудани он саҳмгузорӣ кардааст.

Рӯзи 18-уми июли соли 1997 қариб 600 вакил аз тамоми ҷумҳурӣ дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ҷамъ омада, «Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон»-ро таъсис доданд. Вакилон якдилона Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмонро Раиси «Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон» интихоб карданд. Дар Оинномаи ин ҳаракат чунин зикр шудааст: «Ҳадафи асосии Ҳаракат муттаҳид сохтани саъю кӯшишҳои табақаҳои мухталифи иҷтимоӣ ва неруҳои Тоҷикистон дар мавриди барқарор намудани сулҳу суботи доимӣ, боварии тарафайну ризояти шаҳрвандӣ, аз буҳрон раҳо додани ҷомеа, таҳкими якпорчагии давлат ва ҳамгироӣ бо Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, устуворӣ ва вусъат бахшидани демократия, комёб шудан ба риояи ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд мебошад».

Қобили зикр аст, ки «Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон» дар рушди ҷумҳурӣ, хусусан дар баланд шудани сатҳи фарҳанги умумӣ ва сиёсии шаҳрвандонамон, саҳми босазо мегузорад.

Дар ҷумҳурӣ созмонҳои гуногун амал мекунанд, ки онҳо бо ҳамдастии «Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон» фаъолияти самараноки кори тарбиявӣ мебаранд. Яке аз ин созмонҳо Хазинаи миллии «Шоҳроҳи Абрешим – Шоҳроҳи Ваҳдат» мебошад. Хусусан маъракаи якуми «Корвони сулҳу ваҳдат дар шоҳроҳи Ваҳдат» (5 – 15-уми июли соли 1999), ки аз ағбаи Қулма тавассути Шоҳроҳи нави бузурги абрешим гузашт ва дар он намояндагони ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ширкат намуданд, хеле самаранок буд.

Маъракаи дуюми «Корвони сулҳу ваҳдат дар шоҳроҳи Ваҳдат» аз 23-юм то 27-уми июни соли 2000 давом кард. Ин сафари Корвон дар ду самт ҷараён гирифт: якум, Қулма – Исфара – Хуҷанд – Истаравшан – Айнӣ – Варзоб – Душанбе; дуюм, Мурғоб – Хоруғ – Қалъаи Хумб – Кӯлоб – Ваҳдат – Душанбе.

Маъракаи сеюм (14 – 25-уми июни соли 2002) бахшида ба 10-солагии Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 5-умин солгарди Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ гузаронида шуд. Чорабиниҳои асосии он дар вилояти Суғд баргузор гардида буданд.

Маъракаи чорум моҳи июни соли 2006 барпо гардида, намояндагони минтақаҳои гуногуни ҷумҳуриро баҳри тарғибу ташвиқи роҳи бунёдкорию созандагӣ, ваҳдати миллӣ гирд оварда буд. Чорабиниҳои ниҳоии он дар шаҳри Ваҳдат ҷамъбаст гардида буд.

Ба фаъолияти корвони сулҳу ваҳдат Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон баҳои мусбат дода, чунин зикр кардааст: «Хушбахтона, мо дар кишвари худ барои сулҳи пойдор ва ҳаёти осоиштаи ҷомеа заминаи боэътимод гузошта тавонистем, вале агар мо хоҳем, ки мамлакати мо ҳамвора тараққӣ карда, ба сафи давлатҳои пешқадами дунё ворид гардад, наслҳои ояндаамон зиндагии сазовор дошта бошанд ва аз падару модарони худ ба некӣ ёд кунанд, бояд ҳаргиз ба халалдор шудани сулҳу субот роҳ надиҳем ва бақову пойдории давлати миллиро пайваста таъмин намоем. Ин, пеш аз ҳама, аз дилу нияти нек, азму талоши ҷиддӣ ва меҳнати фидокоронаи тамоми шаҳрвандони Тоҷикистони азизамон вобаста аст».

Маълум аст, ки сулҳу субот барои Тоҷикистони соҳибистиқлол хеле гарон ва ба роҳи мушкилу тулонӣ ба даст омад. Ваҳдати миллӣ ва ризояти ҷомеа ба пойдории истиқлол, рушду нумуи минбаъдаи мамлакат кафолат медоданд ва ба амалӣ шудани ниёзҳои иҷтимоии зерини шаҳрвандон мусоидат мекарданд: якум, дахлнопазирӣ аз ҳама гуна ихтилофи назар, гуногунандешии сиёсӣ, манфиатҳои ҳизбӣ, гурӯҳӣ; дуюм, якпорчагии сарзамин, якдиливу ҳамдигарфаҳмӣ, муттаҳидии аҳли ҷомеа.

Ҳамин тавр, ба имзо расидани Аҳдномаи ризояти ҷомеаи Тоҷикистон, ки яке аз санадҳои муҳимми сиёсӣ буд, дар роҳи пойдор гардидани сулҳу ваҳдат ва истиқлол дар Тоҷикистон қадами устувор гардид.

Реклама