10. ҶАШНИ НАВРӮЗ – ОМИЛИ МУҲИММИ ВАҲДАТУ ЯГОНАГӢ

Пас аз ба даст овардани истиқлоли давлатӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъриху фарҳанг ва ҷашну маросими мардумӣ диққати ҷиддӣ дода, барои эҳёи арзишҳои миллӣ талош намуд. Дар қатори ҷашнҳои миллию мардумӣ таҷлили ҷашни Наврӯз миёни мардуми тоҷик ва тоҷикистониён мақоми хоссаро пайдо кард. Наврӯз хусусиятҳои деринаашро бо руҳияи замони нав созгор карда, имрӯз мавриди эътирофи ҷаҳониён қарор гирифтааст.

Санаи 18-уми феврали соли 2010 дар ҷаласаи 64-уми Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид, таҳти фасли 49, ки унвони «Фарҳанги ҷаҳон»-ро дорад, қатъномаи «Рӯзи ҷаҳонии Наврӯз» ба тасвиб расид, ки қабули он, пеш аз ҳама натиҷаи саъю кӯшиши роҳбарияти Тоҷикистон ва пуштибонони он: Эрон, Афғонистон, Туркия, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон буд. Дар қатънома гуфта мешавад, ки ҳамасола дар тамоми ҷаҳон 21-уми март ҳамчун Рӯзи байналмилалии Наврӯз таҷлил гардад. Дар партави қарори мазкур санаи 2-юми августи соли 2011 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» қабул гардид, ки мувофиқи он дар кишвар ҳангоми ҷашнгирии Наврӯз чаҳор рӯз расман истироҳат эълон шудааст.

Тавре ки маълум аст, ҷашни Наврӯз яке аз қадимтарин ва густурдатарин ҷашнҳои гузаштагони мо буда, таърихи беш аз панҷҳазорсола дорад. Наврӯз ҷашни фарорасии баҳор, зиндашавии табиат, оғози корҳои кишоварзӣ ва боғдорӣ, айёми баробаршавии шабу рӯз мебошад. Дар тули садсолаҳо Наврӯз ва оину маросими марбути он вобаста ба идеологияи давлатҳои ҳукмрон борҳо ба тағйиру дигаргуниҳо мувоҷеҳ шудаанд, вале мардуми тоҷику халқҳои дигари эронитабор дар ҳама давру замонҳои душвору пур аз ҷангу офатҳо аз таҷлили ин ҷашни зебои ниёгони худ даст накашидаанд. Тавре аз номи он бармеояд, Наврӯз «рӯзи нав» маънӣ дошта, дар моҳи аввали солшумории хуршедӣ ҳамчун соли нав ҷашн гирифта мешавад. Наврӯз ҷашнест, тамоми олами табииро зинда менамояд ва деҳқонон дар ин моҳ ба кишт кардан оғоз мекунанд. Аз нигоҳи ҳисоби ситорашиносӣ Наврӯз рӯзест, ки офтоб ба бурҷи барра (ҳамал) ворид мешавад ва дар ҳамон дақиқаву сонияе, ки ворид шуд, соли нав фаро мерасад. Мувофиқи сарчашмаҳои таърихӣ Наврӯзро дар аввали моҳи фарвардин, ки тибқи солшумории имрӯзаи мо ба моҳи март рост меояд, ҷашн мегиранд.

Нисбат ба пайдоиши Наврӯз ақидаҳои мухталифи зерин мавҷуданд: якум, пайдоиши Наврӯз ба замони ҳазрати Одам ва Кайюмарс; дуюм, ба даврони Ҷамшед ва сеюм, ба асри зардуштиён рост меояд. Боз андешаҳое ҳам роиҷанд, ки асрҳо мардумон онҳоро гиромӣ медоранд ва чун бо баҳор тавъам асту сари сол меояд, онро ҳамчун ҷашни баҳору Соли нав низ мепазиранд. Доир ба таърихи пайдоишу баргузории ин ҷашни куҳанбунёд дар сарчашмаҳои таърихию адабӣ ва бадеӣ маълумоти зиёд зикр гаштааст, ки донишмандони тоҷику эронӣ ва хориҷӣ дар асоси онҳо мақолаҳову рисолаҳои арзишманд таълиф намудаанд. Роҷеъ ба ин ҷашн маълумоти мустақим ва пурмаъно дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, «Наврӯзнома»-и Умари Хайём, «Осор-ул-боқия» ва «Ат-тафҳим»-и Абурайҳони Берунӣ, «Зайн-ул-ахбор»-и Абулсаиди Гардезӣ, «Ал-маҳосин-вал-аздод»-и Кисравӣ ва чанде дигар метавон пайдо кард, ки ҳама Ҷамшеди Пешдодиро бунёдгузори ҷашни Наврӯз хондаанд. Аксари сарчашмаҳо ба он далолат мекунанд, ки Наврӯз дар давраи салтанати Пешдодиён, дар замони ҳукмронии шоҳ Ҷамшед пайдо шудааст. Тибқи ахбори аксари ривоёт дар давраи салтанати Ҷамшед давраи адлу инсоф ва пайдоиши якчанд ҷашнҳои суннатӣ ва оинҳое, ки аз замони Зардушт боқӣ монда буданд, ба пуррагӣ таҷлил мешуданд.

Инчунин сарчашмаҳои таърихӣ шаҳодат медиҳанд, ки Наврӯз дар даврони қадим ба шаклҳои гуногун ҷашн гирифта мешудааст. Рӯзҳои ҷашнгирии ид низ фарқ доштаанд. Наврӯзро дар фасли баҳор ҷашн мегиранд. Дар ин фасли сол табиат ба зиндашавӣ оғоз менамояд. Баргузории ҷашни Наврӯз дар замони Сосониён чанд рӯз (на кам аз шаш рӯз) тул мекашид. Он замон ҷашнгирӣ ба ду давра тақсим мешуд. Наврӯзи кӯчак ё Наврӯзи омма, ки панҷ рӯз буд, аз якум то панҷуми моҳи фарвардин гиромидошт мешуд ва рӯзи шашуми фарвардин (Хурдодрӯз) ҷашни Наврӯзи бузург ё Наврӯзи хосса барпо мегашт.

Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол волотарин суннатҳои наврӯзӣ, ки дар аҳди Куруши Кабиру Доро, Исмоили Сомонию Рӯдакӣ маълуму машҳур буданд, аз нав эҳё шуда, шукӯҳи тоза пайдо карданд. Масалан, имрӯз низ ҳангоми ҷашнгирии Наврӯз мисли давраҳои куҳан дар рӯйи дастархони наврӯзӣ хӯрданиҳое гузошта мешаванд, ки номи онҳо бо ҳарфи «син» шуруъ мегардад; сир, сипанд, сирко, санҷид, себ, суманак, санбӯса. Аммо сарчашмаҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки дар анъанаҳои пешинаи наврӯзӣ «ҳафт шин» низ маъмул буд: шаҳд, шакар, шир, шароб, шамшод, шамъ, шарбат. Имрӯз дар чоряки аввали асри ХХ1 дар доираи ҷашнгигии Наврӯз анъанаи суманакпазӣ низ нигоҳ дошта шудааст. Занону духтарони кишвари соҳибистиқлол ба рушди анъанаҳои аҷдодӣ таккони тоза бахшида, ҳангоми пухтани суманак дар гирди дег сурудхонӣ ва рақсу бозӣ мекунанд, дар баробари тоза кардани хонаю ҳавлӣ дастархони идона ороста, дар рӯйи он нозу неъмати зиёд мегузоранд. Дар ин айём духтаракон аз навдаҳои бед кокул мебофанд. Ҳамсояҳо ба хонаи ҳамдигар медароянд, фарзандон ва хешу таборон барои беморбинӣ, дастгирӣ намудани пиронсолон мераванд. Дар ноҳияҳои Тоҷикистон дар иди Наврӯз бузкашӣ ва гуштигирӣ низ гузаронида мешавад, ки барои тамошои он аз ноҳияҳои гуногун мардум ҷамъ меоянд.

Дар ҷашни Наврӯз мардум либосҳои нави ранга мепӯшанд, вале як қисми онҳо ба либоси рангаш сафед аҳаммият медиҳанд, зеро дар гузашта ин рангро рамзи покӣ, сулҳу осоиштагӣ, осмони соф ва кушоиши кор мешумурданд.

Туфайли омодагӣ ва таҷлили Наврӯз дар мамлакат, пеш аз ҳама, дар самтҳои зерин: мустаҳкам намудани ваҳдат ва ягонагӣ; тараннуми сулҳу дӯстӣ бо халқҳои ҷаҳон; меҳрварзӣ, некию эҳсон намудан ба инсон; саҳми арзанда гузоштан дар ободии Ватани азиз ва нигоҳ доштани сулҳ дар рӯйи замин кор бурда мешавад.

Ҳамин тавр, дар давраи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз умри дубора дида, бо шукӯҳу тантана гузаронида мешавад. Ба муносибати пешвозгирии ҷашни Наврӯз ҳар сол дар мамлакат тадбирҳои зиёде андешида мешаванд: барои баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ иншооти иҷтимоӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ бунёд мегарданд; боғу токзорҳои нав ташкил карда мешаванд; ноҳияю шаҳрҳои кишвар ба гулзор табдил мегарданд;, дар сатҳи ҷумҳуриявӣ мусобиқаҳои варзишӣ гузаронида мешаванд; шаклҳои қадимаи варзишии ниёгонамон эҳё мегарданд.

Бо шарофати истиқлоли миллати фарҳангдӯсту фарҳангпарвари тоҷик беҳтарин арзишҳои тамаддуни башарии гузаштагонро мавриди истифода қарор дода, дар баробари он таърих, фарҳанг, забон ва маънавиёти бисёрҳазорсолаи худро ҳимоя менамояд. Имрӯз ба он рушди бештар бахшида, ҳувияти миллӣ ва арзишҳои волои тамаддуни хешро пойдору муқаддас нигоҳ медорад ва онро бо тобишҳои нав ба оламиён муаррифӣ менамояд.

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

  1. Чаро нуфузи фарҳанг дар Тоҷикистони соҳибистиқлол меафзояд?
  2. Мақсади ислоҳоти соҳаи маориф аз чӣ иборат аст?
  3. Камбудиҳои кори тарбиявии насли наврас аз чӣ иборатанд?
  4. Сабабҳои устувор гардидани мақоми занро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон номбар кунед.

Мавзуъҳо барои навиштани реферат:

  • Нақши фарҳанг дар мустаҳкам шудани истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  • Ислоҳот дар соҳаи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ.
  • Илм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  • Моҳияти Қонун дар бораи забони тоҷикӣ ва рафти иҷрои он.
  • Консепсияи нав доир ба масъалаи ҷавонон дар замони муосир.

Реклама