3. НАҚШИ СОЗМОНҲОИ ҶАМЪИЯТИЮ СИЁСӢ ДАР КОРИ ТАРБИЯВӢ

Дар нимаи дуюми асри ХХ кори тарбиявии байни шаҳрвандон дар асоси муқаррароти Барномаи сеюми ҲК ИШ (с. 1961) дар самтҳои зерин: тарбия намудани шаҳрвандон дар руҳияи марксистӣ-ленинӣ, баланд бардоштани фарҳанги умумии аҳолии мамлакат, тайёр кардани мутахассисоне, ки ба корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ уҳдабароёна роҳбарӣ карда тавонанд; ташкили тарбияи ватандӯстӣ ва башардӯстӣ; дар ниҳоди шаҳрвандон парваридани ахлоқу одоби ҳамида, мубориза бурдан бар зидди зуҳуроти худпарастӣ, тангназарӣ ва молу мулкпарастӣ; пурзӯр намудани тарбияи меҳнатӣ, ҷисмонӣ амалӣ мегардид.

Дар ин росто ташкилотҳои ҷамъиятию сиёсии ҷумҳурӣ дастурҳои Барномаи сеюми ҳизбро сармашқи кори худ намуда, восита ва самтҳои самараноки тарбияи шаҳрвандонро дарёфт менамуданд. Масалан, дар назди кумитаҳои ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии кишвар комиссияҳои идеологӣ ташкил карда шуданд, ки онҳо дар фаъолияти худ чорабиниҳои таъсирбахши тарбиявиро васеъ истифода мекарданд. Комиссияҳои мазкур дар коллективҳои меҳнатӣ конфронсҳои назариявӣ, шабҳои саволу ҷавоб, мубоҳисаҳо, вохӯриҳо бо пешқадамони истеҳсолот ва собиқадорони ҷанг гузаронида, мубодилаи таҷрибаи пешқадамро доир ба тарбияи шаҳрвандон дар байни фаъолони кори идеологӣ ташкил мекарданд. Ташкилоти ҳизбии ҷумҳурӣ дараҷаи маълумот, синну сол, хусусиятҳои миллӣ ва касбӣ, талаботу манфиатҳои гурӯҳҳои гуногуни шаҳрвандонро ба назар гирифта, шаклҳои омӯзиши сиёсиро ҷорӣ мекарданд.

Бояд тазаккур дод, ки фарогирии аҳолии ҷумҳурӣ ба ин шакли омӯзиш сол аз сол меафзуд. Чунончи, агар дар аввали солҳои 60-ум дар омӯзиши сиёсӣ 170 ҳазор заҳматкашони кишвар савияи сиёсии худро баланд бардошта бошанд, пас дар ибтидои соҳои 80-ум шумораи шунавандагон ба 800 ҳазор расида буд. Шакли дигари самараноки баланд бардоштани савияи фарҳанги сиёсӣ ва умумии шаҳрвандон ташкили лексияҳо доир ба масъалаҳои мубрами ҷамъиятиву сиёсӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ дар коллективҳои меҳнатӣ башумор мерафт. Аз ин лиҳоз, ташкилоти ҳизбӣ ҷиҳати дар фаъолияти худ истифодаи васеи шакли мазкури тарбияи заҳматкашон аз кори ҷамъияти «Дониш», ки ҳанӯз соли 1947 ба ибтикори зиёиёни пешқадами кишвар бо номи «Ҷамъият оид ба паҳн кардани донишҳои сиёсӣ ва илмӣ» ташкил ёфта, соли 1963 номи «Дониш»-ро гирифта буд, шореҳону тарғибгарон, рӯзноманигору кормандҳои идораҳои фарҳангӣ самаранок истифода менамуданд. Дар солҳои 50-80-ум 11 ҳазор шореҳ, 40 ҳазор тарғибгар, 2400 узви ҷамъияти «Дониш», 1500 рӯзноманигор ва корманди идораҳои фарҳанг дар баланд бардоштани савияи сиёсии шаҳрвандон саҳмгузор буданд.

Бо мақсади самаранок гардонидани кори тарбиявии байни шаҳрвандон дар назди ташкилоти ҷамъиятӣ ва шуроҳои маҳаллӣ Шурои мутобиқсозӣ доир ба кори идеологӣ ташкил карда шуда буд, ки он нақшаи мушаххаси кори тарбиявиро таҳия намуда, дар амалӣ гардонидани мақсадҳои худ пайваста тадбирҳои судманд меандешид. Чунончи, дар назди Кумитаи ҳизбии вилояти Ленинобод (алҳол Суғд) Шурои мутобиқатсозӣ оид ба кори идеологӣ бомуваффақият амал мекард ва 15 бахшро дар самтҳои гуногуни кори ғоявию сиёсӣ дар байни омма муттаҳид менамуд. Аз ҷумла, бахши ҷавонон кори худро дар робитаи зич бо дигар шуъбаҳои Шурои мутобиқатсозӣ пеш мебурд.

Ташкилоти комсомолӣ зери роҳбарии бевоситаи кумитаҳои ҳизбии ҷумҳурӣ мунтазам шаклу усулҳои самарабахши кори идеологии байни ҷавононро ҷустуҷӯ намуда, барои баланд бардоштани шуурнокии ҷавонон тамоми омилу воситаҳои идеологӣ – тарғибу ташвиқ, омӯзиши техникӣ ва маълумоти умумӣ, кори фарҳангию сиёсиро истифода мебурданд. Дар самти баланд бардоштани савияи сиёсӣ созмон маҷаллаҳои шифоҳиро дар саросари қаламрави кишвар васеъ истифода менамуд. Дар солҳои 60-80-ум дар шаҳрҳои Душанбе, Ленинобод (Хуҷанд), Кӯлоб, Қӯрғонтеппа (Бохтар) ва Конибодом чунин маҷаллаи шифоҳӣ зери унвони «Ҳама чизро донистан мехоҳам» амал карда бошад, дар корхонаҳои саноатии ноҳияи Роҳи Оҳани ш. Душанбе корҳои тарбиявию ташвиқотро бомуваффақият маҷаллаи шифоҳии «Бо чашмони худ» мебурд. Дар назди Кумитаи комсомолии ш. Ӯротеппа (Истаравшан) маҷаллаи «Мамлакати азизи паҳноварам» амал мекард. Тавассути ин маҷаллаҳо на танҳо фарҳанги сиёсии ҷавонон баланд мегардид, балки мунтазам онҳо дар бораи комёбиҳои илм ва техника дониш меандӯхтанд.

Дар кори тарбиявии шаҳрвандон ба ташвиқи аёнӣ диққати махсус дода мешуд. Ташкилоти сиёсиву ҷамъиятӣ ин воситаи муҳим ва таъсиррасони тарбияи заҳматкашони кишварро дар фаъолияти худ самаранок истифода бурда, дар корхонаву муассисаҳо, совхозу колхозҳо намоишҳо, даъватҳо, плакатҳо, лавҳаҳо, транспарантҳо, фоторӯзномаҳо, гӯшаҳои гуногун, диаграммаҳо, тахтаҳои мусобиқа ва амсоли инҳоро ташкил мекарданд. Дар онҳо натиҷаҳои иҷрои нақшаҳои истеҳсолӣ, комёбиҳои меҳнатӣ, умуман, корнамоии меҳнатии шаҳрвандони ҷумҳурӣ, васеъ инъикос ёфта, таҷрибаи пешқадами истеҳсолӣ тарғибу ташвиқ карда мешуд.

Самти дигари фаъолияти ташкилоту созмонҳои сиёсиву ҷамъиятӣ дар руҳияи анъанаҳои пуршарафи падарони шуҳратманд тарбияи мардум буд. Дар ин самт фаъолияти Шурои собиқадорони ҷанг ва меҳнат васеъ истифода мешуд. Шуро дар тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстонаи шаҳрвандон таҷрибаи ғанӣ ба даст оварда буд. Туфайли чорабиниҳои пурсамари ташкилоти мазкур, хусусан, бахшида ба солгардҳои ғалабаи халқи шуравӣ дар Ҷанги бузурги ватанӣ, шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба ҷойҳои шуҳрати ҷангӣ рафта, оилаҳои ҷанговарони ҳалокшударо ба сарпарастӣ мегирифтанд. Аз ҷониби Шуро 5027 сафару саёҳат гузаронда, бештар аз 1000 хона, гӯша ва осорхонаи шуҳрати ҷангӣ ташкил гардид. Барои ёдбуди ҷанговарон, ҳимоятгарони Ватан 600 ҳайкал ва нишонаи ёдгорӣ сохта, «Солномаи Ҷанги бузурги ватанӣ» тартиб дода шуд.

Ба амалияи кори ташкилотҳои сиёсиву ҷамъиятӣ инчунин эстафетаи корҳои ватандӯстона – «Хотира», «Ватани ман – ИҶШС», ба сарпарастӣ гирифтани маъюбони ҷанг, оилаҳои ҷанговарони ҳалокшуда, гузаронидани бозиҳои ҳарбӣ, слётҳо, намоишҳо ва амсоли онҳо ворид шуда буданд. Соли 1985 дар ҷумҳурӣ амалиёти умумииттифоқии «Рӯ ба байрақи Ғалаба саф кашед!» бомуваффақият гузашт.

Ҳамин тавр, дар солҳои 50-80-ум Тоҷикистон дар партави нишондоди ташкилоти роҳбарикунандаи марказии ИҶШС нақша тартиб дода, дар асоси он кори тарбиявиро анҷом медод. Дар тарбияи шаҳрвандон мақоми ташкилоти ҷамъиятиву сиёсӣ бемайлон меафзуд. Дар кори тарбиявии Ҳизби Коммунистӣ, Шуроҳо, комсомол, иттифоқҳои касаба, шуроҳои занону духтарон ва дигар созмонҳои ҷамъиятӣ хусусиятҳои хосси ҷумҳурӣ ва гурӯҳҳои иҷтимоии аҳолии кишвар, синну сол, маълумот, ҷинс ба назар гирифта мешуданд. Ҳангоми ташкили кори тарбиявӣ дар байни ҷавонон ба идораҳои давлативу кумитаҳои комсомолӣ, дар байни бонувон ба шуроҳои занон ва духтарон, дар байни коргарон ва хидматчиён ба иттифоқҳои касаба, дар тарбияи зиёиён ба Иттифоқи нависандагон, Иттифоқи рассомон, Иттифоқи оҳангсозон такя карда мешуд.

Реклама