Муборизаи Темурланг бо Урдаи Сафед ва Урдаи Тиллоӣ. Шикасти Тухтамишхон. Ғиёсиддин Тухтамишхон ёздаҳумин аз хонони Урдаи Сафед дар Дашти Қипчоқ ва аз хонадони Урдо ва Боту буд, ки солҳои 1376 – 1395 дар ин ҷо ҳукумат мекард. Дар он ҳангом миёни ҳукмронони Дашти Қипчоқ зиддият авҷ гирифт. Ин сарзамин бо номи «улуси Ҷӯҷӣ» зикр мешуд ва дар он ду хонигарӣ – Урдаи Тиллоӣ ва Урдаи Сафед мавҷуд буданд. Темурланг Тухтамишро дар муборизаҳои зидди хони Урдуи Сафед – Урусхон (1361–1377) истифода мебурд. Ба кумаки Темурланг Тухтамиш вилояти Сайрон ва Сиғноқро ба даст овард. Аммо ӯ дар асари ҷанге, ки бо Қутлуқ-бӯғо, писари Урусхон дошт, шикаст хӯрд ва ба даргоҳи Темурланг паноҳ бурд. Темурланг Тухтамишро дубора ба он минтақа барои гирифтани сарзаминҳои аздастрафтааш фиристод. Дар ин ҷанг низ Тухтамиш шикаст хӯрд. Ӯро ба Бухоро ба назди Темурланг оварданд. Урусхон аз Темурланг талаб кард, ки Тухтамишро ба ӯ таслим кунад. Аммо Темурланг дар соли 1376 ба сарзаминҳои Урусхон лашкар кашида, Тухтамишро ҳукмрони Урдаи Сафед таъйин кард. Дар соли дигар Тухтамиш музаффариятҳои дигаре ба даст оварда, ҳар ду урдаи Дашти Қипчоқро зери итоати худ даровард. Дар ибтидо Тухтамиш бо Темурланг муносибати дӯстона дошт, аммо бо ба даст овардани ду урда Тухтамиш неруманд шуд ва барои Темурланг ба душмани хатарнок мубаддал гашт.
Дар баҳори соли 1378 хони Дашти Қипчоқ – Тухтамиш аз роҳи Дарбанд ба тарафи Озарбойҷон, ба сарзаминҳое, ки Темурланг забт карда буд, лашкар кашид. Темурланг дар ҷанги Тухтамиш писараш Мироншоҳро бо лашкари зиёд фиристод, ки дар натиҷа Тухтамиш шикаст хӯрда, фирор намуд.
Соли 1385 Тухтамишхон бори дигар аз Дарбанд ба Табрез ҳуҷум намуда, ин шаҳрро ғорат кард. Тухтамишхон дар қатори дигар ғаниматҳои худ яке аз шоирони маъруфи форс-тоҷик Камоли Хуҷандиро, ки дар Табрез зиндагӣ мекард, чун асир ба маркази Урдаи Сафед – шаҳри Сарой (дар наздикии Астрахани ҳозира) бурд, ки муддати зиёде дар он ҷо монд.
Ба ҳангоми лашкаркашиҳояш ба Исфаҳону Шероз соли 1387 ба Темурланг хабар расид, ки Тухтамиш ба ҷониби Мовароуннаҳр лашкар кашидааст. Ин дафъа Темурланг писари дигараш Умаршайхро ба ҷанги ӯ ба Утрор фиристод. Тухтамиш дар ин ҷанг ғалаба ба даст овард ва Умаршайх бо сипоҳи боқимондаи худ ба Андигон ақибнишинӣ намуд. Баъд аз ин ғалаба гурӯҳе аз лашкари Тухтамиш аз роҳи Хоразм ба қасди гирифтани Бухоро омад, вале ба онҳо муяссар нашуд, ки ин шаҳрро забт намоянд. Хондамир дар «Ҳабиб-ус-сияр» менависад, ки чун ӯзбекон (яъне лашкари Тухтамиш) донистанд, ки забти шаҳр ба осонӣ муяссар намешавад, ба харобии вилоятҳои Мовароуннаҳр пардохта, шаҳри Саройро оташ зада, то Кӯйтан ғорату тороҷ намуданд.
Хабари нобасомониҳои Мовароуннаҳр ба Темурланг, ки ба гирифтани шаҳрҳои Эрон машғул буд, расид. Ӯ фавран сӣ ҳазор лашкари савораро зери сарварии амир Усмони Аббос ба таъҷил аз роҳи Язд равонаи Самарқанд кард ва худаш низ баъди тақсими ҳукуматҳои Шероз, Исфаҳон, Кирмон, Сирҷон ба хешовандон ва тарафдоронаш дар моҳи феврали соли 1388 ба тарафи Самарқанд раҳсипор шуд.
Дар охири соли 1388 Тухтамиш дарёи Сайҳун (Сирдарё)ро убур намуда, ба ҷониби Темурланг лашкар кашид, аммо дар ин ҷанг Темурланг ғалаба кард. Барои он ки Тухтамиш дигар ба сарзаминҳои забткардаи Темурланг ҳуҷум накунад, ӯ ба Дашти Қипчоқ ҳамлавар гардид. 19 июни соли 1391 Темурланг ба бузургтарин ҷанг бар зидди Тухтамиш мепардозад. Баъди шикасти лашкари Тухтамиш ва фирори ӯ мисли ҳамешагӣ Темурланг ба ғорату куштор машғул шуд. Дар моҳи октябри соли 1391 Темурланг бо лашкараш аз Сайроб гузашта, ба Утрор расид. Муддати ин ҳуҷум ба Дашти Қипчоқ ёздаҳ моҳ буд.
Соли 1394 ҳангоме ки Темурланг Гурҷистон ва пойтахти он Тифлисро забт мекард, ба ӯ хабар доданд, ки лашкари Тухтамиш аз Дарбанд гузашта, баъзе вилояти Шервонро ғорат кардааст. 28 феврали соли 1395 Темурланг ба тарафи Тухтамиш бори охирин лашкар кашид ва ба гуфтаи Шарафиддин Алии Яздӣ дар «Зафарнома», то «ӯро аз нав гӯшмоле диҳад, ки дигарбора пойи ғурур аз ҳадди қудрати худ фаротар наниҳад». Темурланг баъди шикасти Тухтамиш Темурқутлуғ-уғлонро дар Дашти Қипчоқ хон таъйин намуд.
Аз хонҳои Дашти Қипчоқ Тухтамиш ягона касе буд, ки аз Темурланг намеҳаросид ва доим бо ӯ дар ҷанг буд. Аз ахбори сарчашмаҳо маълум мешавад, ки хони Урдаи Сафед ва Урдаи Тиллоӣ – Тухтамиш ҳамеша ба Темурланг бо назари таҳқир менигарист ва ӯро сазовори ҳукумат намедонист.
Ваҳшонияти Темурланг ҳангоми забткориҳояш. Баъд аз Чингиз дуюмин чеҳраи бераҳму хунрези таърих Темурланг аст ва аз забткорони олам дигар касеро наметавон бо вай қиёс кард. Дар бисёр маврид Темурланг аз Чингиз бераҳмтар будааст. Ба ҳар ҷое, ки лашкари ӯ мерасид, маргу вайронӣ ба ҳамроҳ мебурд. Вақте ки Темурланг фармони қатли ом ва ғоратро дар як шаҳр медод, сарлашкарони ӯ парчами сиёҳро боло мекарданд. Шаҳре, ки дар он парчами сиёҳи Темурланг афрошта мешуд, комилан хароб ва ба вайрона мубаддал мегашт.
Дар бораи ҳуҷуми дуюми Темурланг ба Хуросон ва фатҳи Сабзавор ва ба қалъаи Бадрободи он паноҳ бурдани мардумро Мирхонд тасвир карда, менависад, ки баъди шикасти мардуми Сабзавор, Темурланг ду ҳазор касро аз қалъаи Бадробод берун оварда, зинда болои якдигар ниҳода, аз болои онҳо гил рехт ва хишт чида, девори баланд сохт. Чанд рӯз ин девор меҷунбид, то мардум комилан ҷон доданд.
Темурланг ҳангоми лашкаркашияш тамоми иморатҳою иншооти обёрии Систонро вайрону валангор кард, ки баъд аз он Систон дигар обод нагашт, ҳатто осори он харобкорӣ то имрӯз дар он сарзамин ба назар мерасад. Ба гуфтаи Ибни Арабшоҳ Темурланг барои он ки ӯро дар Систон ланг карда буданд, ин вилоятро ба ин ҳоли табоҳ овард. Ба ибораи Мирхонд темуриён Систонро «маъвои зоғу заған гардониданд».
Дар соли 1387 Темурланг аз Ҳамадон гузашта, ба Исфаҳон наздик шуд, чун бузургони шаҳр изҳори итоат карданд, Темурланг бар исфаҳониён моли амонӣ, яъне барои зинда монданашон андози вазнин бор кард, ки мардум аз уҳдаи адои он набаромада, ба шӯр омаданд ва хироҷғундоронро бо сипоҳиёнашон ба қатл расониданд. Темурланг ба ғазаб омада, бо лашкари худ ба шаҳр ҳуҷум овард ва ҳукми қатли оми мардуми ин шаҳрро дод, ки 70 ҳазор тан дар он воқеа ба қатл расиданд. Дастаҳои лашкари Темурланг, ки ба «даҳҳазора», «ҳазора» ва «сада» ҷудо мешуданд, дастур гирифтанд, то ба теъдоди сарбозони худ сарҳои буридаи мардумро оварда, ба маъмурони Темурланг биспоранд. Мувофиқи ахбори Мирхонд дар «Равзат-ус-сафо», баъзе сипоҳиёни Темурланг, ки аз куштани мардум хаста шуда буданд, сарҳои буридаро аз «ёсоқиён», яъне сарбозони муғулии Темурланг мехариданд, то аз номи худ ба маъмурон биспоранд. Ӯ менависад, ки дар аввали рӯз нархи сарҳои бурида 20 динор хариду фурӯхт мешуд ва чун куштор хеле зиёд шуд, дар охири рӯз баҳои як сари бурида ба ним динор расида буд. Ба фармони Темурланг аз ин сарони буридаи мардуми Исфаҳон дар атрофи қалъаи шаҳр 50 калламанора сохтанд.
Темурланг соли 1388 ба Хоразм лашкар кашида, дар асари он ҳуҷум шаҳри Хоразмро ба хок яксон намуда, дар ҷойи он ҷав кошт ва кулли аҳолии шаҳрро ба Самарқанд кӯчонид. Баъд аз ин кӯчонидани маҷбурии мардум дар он сарзамин теъдоди тоҷикон хеле кам шуд.
Темурланг аз Қарабоғ бо лашкари худ ба Туркия ҳуҷум намуда, шаҳри Сабастия (Сиваси имрӯза дар Туркия)-ро муҳосира кард. Шаҳриён аз оқибати кори Темурланг андеша карда, бо ӯ дар гуфтугӯ шуданд, ки аз шаҳр мебароянд ва барои Темурланг туҳфаҳои қимат дода, ҷони худро мехаранд. Темурланг розӣ шуд ва қасам ёд кард, ки хуни касеро намерезад. Мардуми шаҳр баромада, туҳфаҳои худро супурданд. Аммо Темурланг ба ваъдаи худ вафо накарда, фармон дод, ки чоҳҳо кананд ва 5000 одами аз шаҳр ба пешвози ӯ баромадаро зинда дар он чоҳҳо гӯрониданд. Қисми зиёди аҳолии Сабастияро ба асирӣ бурданд, ки аз ҷумлаи он асирон 9000 духтари қадрас буд.
Ғорати мамлакатҳои истилошуда аз тарафи Темурланг. Тамоми лашкаркашиҳои Темурланг ошкоро ғоратгарона буданд. Масалан, ҳангоми ҷангҳояш бо Тухтамиш ободиҳои соҳили дарёи Волгаро чунон тороҷ ва хароб намуд, ки дар он ҷо қаҳтӣ ва гуруснагӣ рӯй дод. Лашкари тороҷгари Темурланг ноҳияҳои ободи шимоли Ҳиндустонро ваҳшиёна ба харобазор табдил дода, аз Ҳиндустон сарвати беандоза ба даст оварда, пас аз рафтани Темурланг дар Ҳиндустон фақат шаҳру деҳаҳои хароб ва вабою гуруснагӣ боқӣ монд. Темурланг Арманистонро, ҳамчуноне ки шоҳидон менависанд, бо дами теғ, бо асорат, бо қаҳтию азоби мардум ба биёбон мубаддал сохт. Пас аз гирифтани шаҳри Ҳирот дар соли 1381 ҳатто дарвозаҳои қадимаи ин шаҳрро, ки ба қавли таърихнигори он вилоят Мирхонд «муғаррақ (ғарқ) ба оҳану музаййян (зинатдодашуда) ба нақшу китоба буд», ба шаҳри Кеш фиристод.
Темурланг ба ҳангоми лашкаркашиҳо ва ҳукумати 35- солааш шаҳрҳои Балх, Гурганҷ, Ҳирот, Исфароин, Сабзавор, Заранг (Систон), Қандаҳор, Астаробод, Буруҷард, Тӯс, Исфаҳон, Шероз, Табрез, Султония, Омул, Нахҷувон, Сюник (Қарабоғи Кӯҳӣ), Ани (маркази тиҷоратии Арманистон, ки аҳолиаш иборат аз тоҷику арманиҳо буд), Сурмалу (ҳоло Игдир дар Туркия), Диёрбакр (Амиди имрӯза дар Туркия), Сабастия, Деҳлӣ, Фатҳобод, Панипат, Туғлуқпур, Диболбур, Ҷамма, Бағдод, Ҳалаб, Димишқ, Сарой, Астрахан (Ҳоҷитархон), Маскав, Азов ва дигар шаҳрҳову қалъаҳову водиҳои мамлакатҳои гуногунро ғорат ва вайрону валангор кардааст. Ғаниматҳое, ки аз ин шаҳрҳо ба даст меовард, барои хурсанд нигоҳ доштани сарлашкарон ва аскаронаш ба онҳо тақсим карда, боқимондаи онро бо корвонҳо ба Самарқанд мефиристод.
Маҷбурӣ ба Самарқанд овардани мутахассисони беҳтарин аз мамлакатҳои истилошуда. Ба ҳангоми ҳуҷумҳояш ба кишварҳои гуногун Темурлангро иморатҳои шоҳнишин, корвонсаройҳо ва масҷидҳои онҳо ба ҳайрат оварда буд. Бинобар ин, мехост дар Самарқанд ва зодгоҳаш Шаҳрисабз чунин биноҳо созад.
Темурланг соли 1381 вилояти Ҳиротро забт карда, баъд аз вайрон кардани қалъаи Ҳирот чанде аз ҳунармандони онро маҷбуран ба Самарқанд кӯчонид. Пас аз гирифтани Тӯс дар соли 1381 теъдоди зиёде аз мардуми онро ба Самарқанд фиристод. Ин мардум чун ғулом дар сохтани биноҳои боҳашамат истифода мешуданд.
Мувофиқи ахбори Мирхонд дар Деҳлӣ чандин ҳазор аҳли ҳунару санъатро асир карда, ба шоҳзодагону умаро тақсим намуданд. Темурланг барои худ сангтарошонро интихоб кард, зеро мехост дар Самарқанд масҷиди ҷомеъ аз санги тарошида бисозад.
Ғорату тороҷи кишварҳо ва шаҳрҳои зиёд аз тарафи Темурланг боис мешуд то корвонҳои бешуморе бо сарвати беҳисоб вориди Самарқанд гарданд. Ҳамроҳи ин корвонҳо меъморон, косибон ва ҳунармандони зиёде чун асир ба пойтахти ӯ фиристода мешуданд. Шаҳри Самарқанд маркази донишмандон, ки аксаран мазҳабӣ буданд ва косибону ҳунармандон гардид. Кошинкории биноҳоро ҳунармандони Ҳирот ва нуқракориро ҳунармандони бағдодӣ ба уҳда доштанд. Санги яшм аз Хутан ва санги мармар аз Табрез ба Самарқанд ворид мешуд. Дар Самарқанд ва Шаҳрисабз биноҳое монанди биноҳои Ҳирот, Исфаҳон, Бағдод ва ғайра пайдо мешуданд.
Робитаи аврупоиҳо бо Темурланг. Соли 1404 Темурланг баъд аз ҳуҷуми ҳафтсола ба Самарқанд баргашт ва тақрибан баъд аз як моҳи омадани вай ба Самарқанд сафирони мамлакатҳои дуру наздик, ки аз ҷониби подшоҳонашон барои табрики ғалабаҳои Темурланг вазифадор шуда буданд, ба пойтахти ӯ ворид гардиданд.
Дар миёни онҳо, аз ҷумла Руи Гонсалес де Клавихои испанӣ – сафири дарбори Костилия буд, ки баъди баргаштан ба ватанаш гузориши муфассале аз ин сафари худ навишт, ки он бо номи «Рӯзномаи сафар ба Самарқанд, ба дарбори Темур» (1403 – 1406) маъруф аст. Дар ин китоб дар бораи маҷлисҳои дарбори Темурланг, одобу анъанаҳои маъмул дар ҷашнҳои туркону муғулон маълумоти муфассал ва беназире дода шудааст.
Харитаи лашкаркашиҳои Темурланг
Аврупоиҳо бо робита намудан бо Темурланг ва дарбори ӯ мехостанд ба ин восита аз лашкаркашии Темурланг ва вайронии сарзаминҳояшон пешгирӣ намоянд. Онҳо бо туҳфаҳои бисёр гаронбаҳо ба дарбори Темурланг меомаданд. Темурланг низ онҳоро қабул мекард ва дар навбати худ ба шоҳони онҳо номаи ҷавобӣ ва туҳфаҳо мефиристод.
Нақшаи ҳуҷум ба Чин ва марги Темурланг. Темурланг, ки ин замон 72 сол дошт, ҳанӯз рӯҳияи ҷангҷӯйии худро аз даст надода буд. Ба ҷойи он ки якчанд муддат дар Самарқанд монда, хастагии ҷангҳои тӯлониро аз худ ва лашкараш барорад, ӯ баръакс, дар андешаи забту ғорати мамлакатҳои нав афтод. Сарзаминҳои зиёде, ки дар натиҷаи лашкаркашиҳои Темурланг ба даст омада буданд, пеш аз ҳама ба низому тартиб ва ҳукумати ягона зарурат доштанд. Аммо Темурланг ба ҳукумати ягона ва назму тартиб коре надошт ва марди ҷангу ошӯбу вайронӣ буд. Аз ин рӯ, андешаи лашкаркашии нав ӯро ором намегузошт. Ин бор Темурланг мамлакати Чинро ҳадафи ҳуҷуми худ қарор дод. Чизе, ки дар ин айём замони ин лашкаркаширо тезонид, омадани сафири Чин ба дарбори ӯ буд. Сафири Чин аз ҷониби подшоҳи худ аз Темурланг талаби пардохтани хироҷро кард. Ин талаб Темурлангро ғазабнок карда буд. Дар машварате, ки бо амиронаш орост, зарурати ҷанг бо Чинро ногузир донист. Дар моҳи ноябри соли 1404, ки зимистони сарде буд, Темурланг аз Самарқанд ба охирин лашкаркашии худ ба сӯйи Чин раҳсипор шуд. Лашкари ӯ аз Сирдарёи яхбаста убур карда, баъди чанд моҳ ба шаҳри Утрор, ки дар соҳили рости Сирдарё воқеъ аст, расид. 12 феврали соли 1405 Темурланг бемор шуд ва ба гуфтаи Шарафиддини Яздӣ дар «Зафарнома», «мараз ва шиддати он замон то замон меафзуд».
Бо вуҷуди ин ки табиби ҳозиқе мисли Мавлоно Фазлуллоҳи Табрезӣ дар табобати ӯ саъй мекард, аммо шиддати беморӣ зиёд мешуд ва шаби чаҳоршанбеи ҳабдаҳуми шаъбони санаи 807 ҳиҷрӣ мутобиқи 18 феврали соли 1405 милодӣ Темурланг дар чодари низомии худ дар Утрор ҷон дод.
Васияти Темурланг дар бораи баъди ӯ ба тахти Самарқанд нишастани Пирмуҳаммад. Темурланг чун фаҳмид, ки бемории ӯ илоҷнопазир аст, амирон ва аҳли хонаводаи худро, ки дар ин лашкаркашӣ ҳамроҳаш буданд, ба наздаш даъват карда, васияти худро ба онҳо эълон кард. Мувофиқи хабари Шарафиддини Яздӣ дар «Зафарнома», Темурланг аз ҷумла дар васиятномааш гуфтааст: «Акнун фарзанд–Пирмуҳаммади Ҷаҳонгирро валиаҳди… худ гардонидам, ки тахти Самарқанд таҳти фармони ӯ бошад… шумо мебояд, ки мутобеати… ӯ ба ҷой оваред (ба ӯ итоат кунед)… ва рӯй ба фарзандон карда, фармуд, ки ҳарчи дар боби маслиҳати мамолик гуфта омад, ёд доред… ва қабзаи шамшерро ба дасти шуҷоату мардӣ маҳкам бигиред, то ҳамчу ман аз мулку подшоҳӣ бархурдорӣ ёбед».
Баъди вафоти Темурланг сарлашкарон ва дигар хоссу наздикони ӯ дар машварате, ки дар Утрор байни ҳамдигар намуданд, аҳд карда, савганд хӯрданд, ки васиятҳои ӯро ба ҷо меоранд.
Чун сарлашкарони Темурланг ҳанӯз азми лашкаркашӣ ба Чинро мекарданд, бинобар ин, воқеаи марги Темурлангро аз дигарон пинҳон доштанд. Ҳатто занҳои Темурлангро аз пӯшидани либосҳои мотамӣ ва изҳори навҳаю гиря манъ карданд, то душманон ба зудӣ аз он ҳодиса огоҳ нашаванд. Як сабаби махфӣ доштани марги Темурланг аз ҷониби сарлашкарон дар ин ҳуҷум ин аз як тараф ҳифз намудани империяи Темуриён то ба тахт нишастани Пирмуҳаммад бошад, аз ҷониби дигар он буд, ки сарлашкарони ҳамроҳи Темурланг ба Утрор рафта ҳанӯз хаёли забти Чин ва соҳиб гаштан ба ганҷи фаровонро дар дил мепарвариданд. Бинобар ин, гурӯҳе аз сарлашкарон ба ин хулоса омаданд, ки ҷасади Темурлангро пинҳонӣ ба Самарқанд фиристода, лашкаркаширо ба ҷониби Чин идома диҳанд. Онҳо бовар доштанд, ки бо ворид шудан ба хоки Чин бо ин анбӯҳи лашкар ҳам воқеияти марги Темурлангро пинҳон медоранд ва ҳам соҳиби сарват мегарданд. То расидани тобути Темурланг ба Самарқанд, хабари марги ӯ дар саросари Самарқанд паҳн шуда буд. Аммо касе ба марги Темурланг бовар надошт, зеро мувофиқи ахбори Клавихо, Темурланг ду маротиба хабари дурӯғини марги худро аз ҷониби гумоштагонаш эълон карда буд ва ба ин восита мехост бидонад, ки дар марги ӯ кӣ хурсандӣ мекунад. Мувофиқи ахбори ин намояндаи сафорати испанӣ ҳар касе, ки он замон дар хабари дурӯғини марги Темурланг шодӣ кард, ӯ бидуни таъхир қатлаш намуд.
Гурӯҳи сарлашкарон, ки баъди вафоти Темурланг муваққатан роҳбарии лашкару корҳои идории давлатро ба дӯш доштанд, ба тамоми шоҳзодагон ва ҳокимони империяи Темурланг мактуб фиристода, супориш доданд, ки ҳушмандӣ ба ҷой оваранд ва асло ғафлат нанамоянд, то душманон аз он истифода накунанд. Яке аз наздикони Темурлангро бо номи Хизр Қучин ба таъҷил ба ҷониби Ғазнин равона карданд, ки Пирмуҳаммадро аз ҳодисаи вафоти Темурланг ва васияти валиаҳдӣ, ки дар бораи ӯ карда буд, огоҳӣ диҳад, то ҳарчи зудтар ба тахтгоҳи Самарқанд шитобад.
Ҳамчуноне ки дар таърих маълум аст, он замон ки ҳокими мутлақи давлатҳои империявӣ аз байн мерафт, барои расидан ба ҳокимияти мутлақ байни хешовандони он ҳоким ҷангҳо рух медод, ки боиси пора-пора шудани давлат мегардид. Империяи Темуриён низ аз ин истисно набуд. Валиаҳд эълон шудани Пирмуҳаммад агарчи ба зоҳир аз ҷониби амирон ва шоҳзодагону маликаҳо қабул шуда бошад ҳам, аммо баъди марги Темурланг гуфтушунидҳои пасипардагӣ барои ба қудрат расидани дигар аъзои ин хонадон миёни хешовандони Темурланг шурӯъ шуда буд. Аз ҷумла як гурӯҳ ҷонибдори он буданд, ки ба тахти Самарқанд писари хурдии Темурланг– Шоҳрух бояд бинишинад. Бо вуҷуди ин ки хабари марги Темурлангро аз набераи духтариаш – султон Ҳусайн, ки дар Ясаву Сайрон муқим буд, пинҳон доштанд ва ба гуфтаи «Зафарнома» танҳо аз «шиддат ёфтани» бемории Темурланг ба ӯ хабар доданд, аммо вай ба воситаи одамони наздикаш аз марги бобояш хабар ёфт. Бинобар ин, таъҷилан ҳамроҳи ҷонибдорони худ ба тарафи Самарқанд ҳаракат кард, то соҳиби тахти Самарқанд гардад. Аммо мардуми Самарқанд ба султон Ҳусайн иҷозат надоданд, ки вориди шаҳр шавад. Султон Ҳусайн бо нагирифтани фармони амирони Темурланг, ки ба ӯ дода буданд, ба Самарқанд ҳуҷум бурд ва аввалин зарбаро барои пош хӯрдани империяи Темуриён ба он зад. Ин ҳуҷум боис гардид то амирону сарлашкарони Темурланг ба Чин лашкар накашанд ва ба Самарқанд бозгарданд.
Васияти Темурланг, ки ҷойнишини худ наберааш Пирмуҳаммад (писари Ғиёсуддин Ҷаҳонгир)-ро интихоб карда буд, бар асари мухолифатҳои хонадони темурӣ иҷро нагардид. Набераи дигари Темурланг ҳокими Тошканд Халил султон (писари Ҷалолуддини Мироншоҳ) баъди як моҳи марги Темурланг, яъне 18 марти соли 1405 Самарқандро забт кард ва ба тахт нишаст.
Халил султон бо гирифтани ҳукумат дар Самарқанд миёни хонадони темурӣ кинаю нифоқро барангехт. Баъд аз ин воқеа империяи темурӣ мудом гирифтори ҷангҳои дохилӣ мешуд, ки ба заиф шудани ин давлат сабаб мегардид.
Сарчашма:
Усқуф (епископ)-и Султония, ки бо Темурланг аз наздик шиносоӣ ва дӯстӣ дошт ва ҳатто Темурланг ӯро боре ба сафорат назди шоҳи Фаранг фиристода буд, дар бораи шахсияти Темурланг аз худ ёддоште боқӣ гузоштааст, ки он то имрӯз дар Китобхонаи миллии Порис нигаҳдорӣ мешавад. Ӯ менависад: «Бераҳмтар аз ин мард дар ҷаҳон ёфт намешавад. Ва агар муқобили чашми ӯ сад ҳазор марду зану кӯдакро сар бибуранд, кучактарин таъсир дар вай намекунад. Ва борҳо иттифоқ афтода, ки тамоми сокинони як шаҳрро то охирин кӯдаки ширхор ба қатл расонида ва на ба зан тараҳҳум намуда ва на ба пирмардони садсола». Ҷойи дигар менависад: «Вақте ки Темурбек фармони қатли ом ва ғоратро дар як шаҳр содир мекунад, парчами сиёҳ бармеафрозад ва шаҳре, ки дар он парчами сиёҳи Темурбек афрошта шуда бошад, аз сафҳаи рӯзгор нобуд мешавад. Ман тасаввур намекунам, ки дар ҷаҳон бераҳмтар аз Темурбек марде омада бошад ва шояд ҳаргиз наёяд.
Ҳангоме ки Темурбек ба Рум рафт, шаҳреро, ки байни Арманистон ва Ангурия буд, мавриди муҳосара қарор дод ва вақте дар шаҳр ғалаба кард, тамоми саканаи он шаҳрро дар чоҳҳои он ҷо андохт ва чоҳҳои шаҳрро бо ҷасади касоне, ки зинда ба чоҳҳо андохта мешуданд, пур кард».
«Манам Темури ҷаҳонкушо», Теҳрон, чопи севум, саҳ. 424 – 425.
Ғорати Систонро Абдурраззоқи Самарқандӣ чунин тасвир кардааст: «Қалъаву ҳисор ва хонаву девори он шаҳрро гирифтанд ва ба ҷорӯби ошӯб ва дасти ғорату тороҷ дафоину хазоини (ганҷу хазинаҳои) он балдаро (шаҳрро) рӯфтанд ва ғаноими (молҳои аз душман гирифташуда) гавҳару зар ва нафоиси (чизҳои қимати камёб) лаоливу (луълуву) ҷавҳар, ки ба тӯли замон дар Систон ҷамъ омада буд, ҳазрати Соҳибқирон (Темурланг) фармуд, ки аснофи лашкарро аз он вуҷӯҳ баҳравар гардонанд... Ва [Систон] харобу вайрон шуд».
Абдурраззоқи Самарқандӣ. Матлаъ-ус-саъдайн ва маҷмаъ-улбаҳрайн, дастхати №347 аз Ганҷинаи дастхатҳои Институти шарқшиносӣ, саҳ. 319.
Бинобар шаҳодати Низомиддини Шомӣ дар «Зафарнома», шумораи кушташудагони Исфаҳон он қадар зиёд буд, ки аз он миён бо фармони Темур «то ҳафтод ҳазор адад сари одамӣ ба зоҳири Исфаҳон ҷамъ карданд, намунаи рӯзи растохез дар он шаҳр зоҳир шуд... Ва фармуд то аз он сарҳо манорҳову гилтӯдаҳо сохтанд».
Низомиддини Шомӣ. Зафарнома, ҷ. 1, саҳ. 105.
Ин воқеаи мудҳиши Исфаҳонро сарбози баварӣ–Иоҳанн Шилтбергер дар китоби худ «Сафар ба Аврупо, Осиё ва Африқо аз соли 1394 то соли 1427» бо ҷузъиёташ тасвир кардааст, ки таърихнигорони исломӣ фош намудани ин ваҳшонияти Темурлангро ба худ раво надиданд. Ӯ менависад: «Бошандагони шаҳрро гирд оварда, фармуд, то ҳар кӣ бештар аз 14 сол дошт, ба қатл расонида шавад ва аз хуни кӯдакони аз яксола пойин даргузашт… Пас фармуд, то занону кӯдаконро ба саҳро ронданд ва он ҷо кӯдакони аз ҳафтсола пойинро ҷудо сохт. Ва баъд аз ин ба ҷанговаронаш фармуд, ки кӯдаконро поймоли аспҳои худ созанд. Мушовирони хоссаи Темурланг ва модарони ин кӯдакон дар пеши пойи ӯ афтоданд ва илтиҷо намуданд, ки ба кӯдакон раҳм кунад. Ӯ гӯш надод ва фармони худро такрор кард, вале ягон тан аз лашкариёни ӯ ба иҷрои фармон майл накард. Темурланг бар онҳо хашм гирифта, худ аспро бар рӯйи кӯдакон ронд ва изҳор дошт, ку бинад кист, ки ҷуръат намуда, аз ӯ пайравӣ намекунад. Пас ҷанговарон маҷбур шуданд, ки аз ӯ пайравӣ намуда, кӯдаконро поймоли наъли аспони худ кунанд. Тамоми кӯдакони поймолшуда наздик ба ҳафт ҳазор кас дар шумор омад».
Иоганн Шилтбергер. Путешествие по Европе, Азии и Африке с 1394 по 1427 год, Баку: Элм, 1984, саҳ. 29.
Клавихо гирифтани шаҳри Сабастияро дар Туркия аз тарафи Темурланг чунин тасвир мекунад: «Чун Темур ин ҳол мушоҳада кард, дарҳол фармуд, то чоҳҳои бузург канданд ва изҳор дошт, ки қасам хӯрда ва ваъда додааст, ки хуни касеро намерезад, аз ин рӯ, фармон содир кард, ки ин одамонро дар чоҳҳо андозанд ва буғӣ карда кушанд ва аз он сабаб, ки лашкариён муфлису бечора ҳастанд, ба шаҳр дароянд ва ғорат кунанд. Вай чунин ҳам кард, бо фармони ӯ тамоми аз шаҳр баромадагонро дар чоҳҳо зиндабазинда гӯрониданд ва баъдан шаҳрро то нестӣ ғорат намуда, пурра ба замин яксон карданд».
Руи Гонсалес де Клавихо. Дневник путешествия в Самарқанд ко двору Тимура (1403 – 1406), Москва: Наука, 1990, саҳ. 67.
Таърихнигори арманӣ Фома Метсопский, ки худ шоҳиди воқеаҳои забту ғорати ватанаш аз тарафи Темурланг буд, дар китоби худ «Таърихи Темурланг» менависад: «Марде ба номи Темурланг… бераҳм, беҳаё ва хунхор, сахт пурғазаб, манҳус… дар Шарқ, дар Самарқанд падид омад…Магар касе гуфта метавонад, ки чӣ миқдор мардум кушта ва ба асорат бурдааст. Ин танҳо ба Худо маълум аст. Сар то сари мамлакат аз асирони арманӣ пур шуд… тамоми кишвари мо вайрону валангор гардид… ҳама ҷо ба шиканҷаву азоб ва қатлу асорат, ба хун оғушта гашт. Пас аз рафтани Темур дар сарзамини мо гуруснагии даҳшатнок ҳамаро фаро гирифт. Мардум сагону гурбагонро хӯрданд, писарону духтарони худро бирён карданд; шавҳар занро, зан шавҳарро… ва сер намешуданд, оқибат худ мемурданд. Моро тавони он нест, ки он чи ба чашми худ дидем ва бо гӯшҳои худ шунидем, ҳамаро нақл кунем, зеро насли одамӣ нобуд шуд… Кӣ қодир аст, ки ҳамаи он даҳшатафканиҳои ин даҷҷоли малъуни бераҳму беҳаёи хунхори ситамгарро нависад? Ман ба таври хеле мухтасар аз ин даҳшатҳое, ки мо худ дидем ва аз асирони ба пеши мо омада ва аз соҳибони он асирон шунидем, онҳоеро, ки баъд аз мо меоянд, шинос карданиям… Асиронро ба кишвари мо сарлучу пойлуч, гуруснаву ташна оварданд. Ҳар як чағатоӣ 20 асир бо худ дошт, бештаре аз онон дар роҳ афтида мемурданд ва ин чағатоиён бо санг сари он мурдагонро мешикастанд, то зинда намонанд ва баъдан онҳоро партофта мерафтанд. Инро мо бо чашми худ медидем ва шахсан мешунидем… Мо дар он ҳангоме ки бо асирон рӯ ба рӯ меомадем, имкони ёрӣ додан надоштем, гиряву лобаи онон моро тазйиқ медод ва ба хотири он, ки онҳоро набинем, аз эшон мегурехтем».
Фома Метсопский. История Тимур-ланка, Баку, 1957, саҳ. 55 – 67
Фома Метсопский нақлеро аз забони шоҳиди воқеаи қатли оми Димишқ чунин меорад: Пас аз ишғоли шаҳр «лашкариён ба фармони ӯ, ки мегуфт: «Дар ихтиёри ман шумо 700 ҳазор нафаред, имрӯзу пагоҳ барои ман 700 ҳазор сар биёваред ва аз онҳо ҳафт манора бисозед ва агар касе сар намеорад, сари худи ӯ бурида гардад. Лашкари беадади ӯ тамоми мардумро ба теғу хун кашиданд. Чун мардон тамоман кушта шуданд ва дигар сари мард намонд, ба буридани сарҳои занон шурӯъ карданд. Лашкар фармудаи ӯро иҷро кард. Оне, ки натавонист сареро бурида кунад, аз дигаре онро ба 100 танга мехарид ва дар ҳисоб месупурд… Аз чунин бадбахтиву куштор ба мо писари рӯҳониамон Мхитар аз шаҳри Ван ҳикоят кард. Худи ӯ ба як мушкиле аз дасти онон халосӣ ёфта буд».
Фома Мецопский. История Тимур-ланка, Баку, 1957, саҳ. 65 – 66
Санаҳои муҳим:
1376 – ба сарзаминҳои Урусхон лашкар кашидани Темурланг
1378 – ба тарафи Озарбойҷон лашкар кашидани Тухтамиш
1381 – вилояти Ҳиротро забт кардани Темурланг
1381 – фатҳи Тӯс
1385–ба асорат гирифтор шудани Камоли Хуҷандӣ аз тарафи
Тухтамишхон
1387– лашкаркашии Тухтамиш ба ҷониби Мовароуннаҳр
1388– лашкаркашии Тухтамиш бар зиддии Темурланг
1388 – лашкаркашии Темурланг ба Хоразм
1391 (19 июн) – ҳамлаи Темурланг бар зидди Тухтамиш
1394 – фатҳи Тифлис аз ҷониби Темурланг
1395(28 феврал)–охирин лашкаркашии Темурланг бар зидди Тухтамиш
1404(ноябр) – лашкаркашии Темурланг ба ҷониби Чин
1405(12 феврал) – ба беморӣ гирифтор шудани Темурланг
1405 (18 феврал) – вафоти Темурланг
1405 (18 март) – ба тахти Самарқанд нишастани Халил султон
Савол ва супориш:
1) Дар бораи ба Тухтамиш ёрӣ додани Темурланг нақл кунед.
2) Чаро Тухтамиш барои Темурланг душмани хатарнок гардид?
3) Дар бораи муборизаҳои Тухтамиш бо Темурланг маълумот диҳед.
4) Ваҳшонияти Темурлангро дар шаҳрҳои Хуросон ва шаҳри Сабастияи Туркия шарҳ диҳед.
5) Темурланг мамлакатҳои истилокардаашро чӣ гуна ғорат мекард?
6) Чаро Темурланг мутахассисони беҳтаринро аз мамлакатҳои истилошуда ба Самарқанд меовард? 7) Робитаи аврупоиҳоро бо Темурланг шарҳ диҳед.
8) Сабаби ба Чин лашкар кашидани Темурланг дар чӣ буд?
9) Васияти Темурланг ва марги ӯро шарҳ диҳед.
10) Чаро амирони Темурланг воқеаи марги ӯро аз дигарон пинҳон доштанд?
11) Кӯшиши султон Ҳусайнро барои дар Самарқанд ба тахт нишастан шарҳ диҳед.
12) Баъд аз марги Темурланг кӣ ба тахти вай нишаст?
13) §§ 5 ва 6-ро такрор намоед.
Реклама