§ 34. МЕЪМОРӢ ВА ҲУНАР

§ 34. МЕЪМОРӢ ВА ҲУНАР

   Меъморӣ. Бо вуҷуди он ки замона пур аз низоъ ва ҷангҳои харобиовар буд, дар шаҳрҳои марказӣ ва дар баъзе маркази вилоятҳо иншооти меъморӣ қомат меафрохтанд. Биноҳои боҳашматро бештар аъёну ашрофи сарватманд месохтанд. Яке аз онҳо Ялангтушбий (1608–1656) буд, ки дар майдони Регистони Самарқанд сохтмони бузургеро анҷом дод. Дар рӯбарӯйи Мадрасаи Улуғбек бо амри ӯ байни солҳои 1619–1631 меъмори номӣ Абдуҷаббор мадрасаеро бино кард. Дар пештоқи даромадгоҳи ин мадраса дарандае ба шер монанд тасвир ёфтааст. Аз ҳамин сабаб онро Мадрасаи Шердор номиданд. Пештоқи мадраса дар марказ, дар гӯшаҳо манораҳо, дар байни дарвоза ва манораҳо гунбазҳои теғдор бино ёфта, болои ду дарсхонаро зеб доданд.  

   Солҳои 1641–1660 Ялангтушбий дар майдони Регистон боз як иморати дигар бино кард. Чун дар ороишоти ин бино тиллои бисёре истифода шуд, онро мадрасаи Тиллокорӣ номиданд. Дар ин бино мадрасаву масҷид дар як ҷо сохта шуданд. Ҳамин тариқ, дар маркази шаҳри Самарқанд майдоне ба вуҷуд омад, ки як тарафаш кушод, се тарафаш бо се бинои муҳташами хушнамо зинат ёфта бо номи Регистони Самарқанд маъруф гардид. 

   Дигар аз ёдгориҳои меъмории асри XVII маҷмӯи иморатҳоест, ки дар Бухоро воқеъ гардидааст. Яке аз амалдорони олимақоми он замон Нодир девонбегӣ фармуд, ки ҳавз, мадраса ва хонақоҳе созанд, ки баъдан ин макон бо номи «Лаби Ҳавз» ё худ «Лаби Ҳавзи Девонбегӣ» маъруф шуд. Дигар маҷмӯаи меъмории дар асри XVII биноёфтаи Бухоро мадрасаест, ки дар рӯбарӯйи мадрасаи Улуғбек сохта шудааст ва он мадрасаи Абдулазизхон ном дорад. Ин бино хеле зебо ороиш ёфта ва боҳашмат аст. 

   Дар Балх низ дар ин давра маҷмӯаҳои меъмории зиёде, ба мисли Дарвозаи Арк, Давлатхона, мадрасаҳо ва иншооти дигар қомат афрохтанд. Деворҳои Давлатхона бо мармар оро ёфта, ҳуҷраҳои дарун ва долонҳо бо наққошӣ шудаад. Мадрасае, ки дар охири асри XVII дар он ҷо аз тарафи Субҳонқулихон сохта шуда буд, Мадрасаи Калон ном дошт. Ин мадраса дар баландие бино ёфта, ҳавлии дарун ва беруни он аз хишти пухта сохта шуда, он аз аркҳои баланд ва тоқҳои гунбазшакл иборат буд. 

 

Бухоро. Мадрасаи Нодир девонбегӣ.  

 

    Аз ороиши биноҳо маълум мешавад, ки меъморҳо анъанаи ду асри пешинаро давом додаанд. Дар ин аср комёбии ҳунармандони кандакори рӯйи гаҷ назаррас аст. Дар ориши иморатҳо аз ҳунари хотамкорӣ ва кошинкорӣ ба таври васеъ истифода мебурданд. 

   Дар вилоятҳои дигари тоҷикнишин дар ин давр биноҳои гуногун сохта мешуданд. Маъруфтарини онҳо манораи мансуб ба номи Абдуллоҳхон дар деҳаи Навгилеми ноҳияи Исфара, мақбараи Хоҷа Ҳотам дар ноҳияи Файзобод, мадрасаи Мирраҷаб Додхоҳ дар Конибодом, мазори Бобои Қосим дар деҳаи Пискокади ноҳияи Ашт, Масҷиди Сангин ва Мадрасаи Нав дар Ҳисор, Мадрасаи Олим Додхоҳ дар Панҷакент, якчанд бинои аз хишти пухта сохташуда дар маҳалли Саримазори Ӯротеппа мебошанд. 

   Дар кӯҳистони Помир аз асрҳои XVII ва XVIII қалъаҳои Панӣ дар Рошткалъа, қалъаи Бартанг, қалъаи Вомар дар Рӯшон боқӣ мондаанд. Аксар қалъаҳои Помир дар баландкӯҳҳо бино меёфтанд, то ки барои душманон дастнорас бошанд. 

   Мусаввирӣ ва хушнависӣ. Дар китобхона ва осорхонаҳои мамлакатҳои ҷаҳон нусхаҳои хаттии китобҳои асрҳои XVII ва XVIII маҳфузанд. Баъзе аз ин нусхаҳои хаттӣ бо минётураи мусавиррони Осиёи Миёна зинат ёфтаанд. 

 

             Ҳисор. Масҷиди Нав.                                                Бухоро. Мадрасаи 

                                                                                                                 Абдулазизхон.    

   Аз намунаи кори онҳо маълум мешавад, ки анъанаи мактаби минётурии асри XVI давом ва рушди босазои худро дар асрҳои баъдина пайдо намудааст. Мисоли онро мо дар асари Шарафиддин Алии Яздӣ «Зафарнома» мебинем. Ин нусха соли 1628 дар Самарқанд китобат шуда, 12 минётураро дар бар мегирад. Ҳамаи тасвирҳо бисёр зебо ва ҷолибанд. Мусаввири забардаст дар саҳнаҳои рамзӣ бо як маҳорати ҳайратангез тавонистааст миқдори зиёди симоҳои одамро ҷой диҳад. Дар ин минётура симои 28 одам, 18 асп ва набарди 20 разманда офарида шудааст. Саҳнаи базми Темур низ пуродам аст: дар ин ҷо аҳли кибор, сипоҳиён, мутрибон, ҳофизон, ровиён ва соқиёнро метавон дид. Саҳнаҳо хеле зебо ва хушранг офарида шудаанд. 

 

Самарқанд. Мадрасаи Шердор.  

   Бо ҳамин навъ ҳунари баланд асари муаллифи мастчоҳӣ Масъуд ибни Усмони Кӯҳистонӣ – «Таърихи Абулхайрхонӣ», асари Ҳотифӣ «Темурнома» зеб ёфтаанд. Яке аз мусаввирони забардасти замон Муҳаммадмуроди Самарқандӣ буд. Ӯ асари маъруфи Саъдии Шерозӣ «Бӯстон»-ро бо ҳунари беназири худ оро додааст. 

       

Исфара. Манор ва масҷиди Абдуллоҳхон.  

 

       

  Рӯшон. Қалъаи Вомар.  

 

   Соли 1642 аз ҷониби Хоҷамуҳаммади Мусаввир симои Имомқулихон бо маҳорати баланд кашида шуд. 

   Аз ҷониби мусаввир Абдулғаффор доир ба анатомияи инсон тасвирҳои бисёр дилангез офарида шуданд. Дар онҳо устухонбандии одам, низоми асаб ва узвҳои дигари инсон бо маҳорати баланд инъикос ёфтаанд. 

   Китобҳои гуногунмазмун, махсусан, девони шоирони замонҳои мухталиф, аз тарафи хушнависони маъруфи асрҳои XVII ва ибтидои асри XVIII рӯйнавис мешуданд. Хушхаттарин ва маъруфтарини онҳо дар дарбори хонҳо ва ашроф кору фаъолият мекарданд. Хушнависони маъруфи ин аср Мир Имод, Ҳоҷӣ Ёдгор ва Муҳаммадшарифи Бухорӣ буданд.  

   Дар асрҳои миёна ҳунари хаттотӣ як навъ машғулияте буд, ки ҳар нафари таҳсилкарда аз он касби маош мекард. Азбаски шоирони доираҳои шаҳр ба воситаи офаридани шеър зиндагии худро таъмин карда наметавонистанд, бисёре аз онҳо дар баробари шеърнависӣ хушнависӣ низ мекарданд. Ин ҳунар барояшон мадади маош мегардид. Яке аз устодони хат Ҳоҷӣ Муҳаммад Собири Самарқандӣ ҳам шоир, ҳам устоди ҳафтқалам (яне устоди ҳафт навъи хат) буд. Дигар аз устодони хат шоири забардаст Мумтози Самарқандӣ ба шумор мерафт. 

   Дар ин давра ҳунари кандакорӣ ва катибанависӣ дар болои сангҳо низ ба мушоҳида мерасад, вале теъдоди онҳо хеле кам буд. Сабабҳои таназзули ҳунари катибанависӣ ба буҳрони иқтисодӣ ва сиёсии мамлакат дар XVII вобастагӣ дошт.  

   Ҳунари хаттотие, ки дар навиштани китобҳо мушоҳида мешавад, аз хаттотии рӯйи сангҳо фарқ мекард. Аз катибаҳои боқимондаи кӯҳистони тоҷик – Мастчоҳу Фалғар, бармеояд, ки дар асри XVII ҳунари зебои хаттотони асри XV – XVI рӯй ба таназзул ниҳодааст. Хаттотоне, ки ҳунари худро дар рӯйи сангҳо дар кӯҳистон озмоиш кардаанд: Ҳоҷӣ Маҳмуд, Боқӣ писари Муҳаммад ва дигарон буданд. 

   Ба ҳунари мусаввирон ва хаттотони забардаст ҳунари саҳҳофон (муқовакунандаи китоб) илова мешуд. Зебоӣ ва бозоргир шудани китоб ба ҳунари онҳо вобастагӣ дошт. Муқоваро ҳунармандон аз чарм сохта, рӯйи онро бо гулҳо ороиш медоданд. Дар рӯйи муқова ба ғайр аз гулу гулкорӣ ном ва соли ҷилдсозиашонро низ сабт мекарданд. Яке аз саҳҳофони маъруфи асри XVII Мулло Ортиқ писари Сӯфӣ Турсун буд. Ӯ соли 1683 Қуръонро чунон устокорона муқовабандӣ кардааст, ки бинандаро дар ҳайрат мегузорад. 

Сарчашма: 

   Маълумоти Муҳаммад Юсуфи Муншӣ дар бораи биноҳои сохтаи Субҳонқулихон: «Дар Балх мадрасае тартиб ёфта, дар ниҳояти вусъат (васеъ) ва рифъат (баланд) ва зоҳири онро ба кошӣ ороста, бар фарози арк иморати музайян ба зару лоҷвард сохта миқдори шаст газ аз поён кор карда, ба фарози арк расонида. Алвақт (ҳоло) қиёс дар камоли вусъат аст. Дар поёни курнишхона (арк) маъаҳу (бо он) айвони масҷиди ҷомеъ низ бино карда, чунончи дар асоси он андешаи уқало (оқилон) қосир аст (камӣ мекунад). Чаҳорбоғ дар ҷониби шарқии арки олӣ муҳайё намуда (сохта) марсум бо (бо номи) Аминобод. Дар миёни он қалъа ва хандақи амиқ ва иморат тартиб дода ва дар як ҷониби он чаманҳо ороста ба гулҳои алвон (рангоранг) ва меваҳои асноф (меваҳои гуногун) ва онро Боғи Зоғон номидаанд. Дар роҳи остонаи ҳазрати халифаи чаҳорум (манзураш Мазори Шариф) бар ду ҷониби роҳ аз замони Валимуҳаммадхон хиёбоне буда ва дар ин муддати айём барҳам хӯрда буд. Хон онро таҷдид фармуда (аз нав сохта), дарахтони мевапарвар ва ашҷори соягустар нишонида ва баъд аз ҷулус бар тахти Бухоро фармуд, ки дар саҳни Регистони Бухоро ҳавзе сохтаанд, ки ёд аз кавсар медиҳад ва низ дар он ҷо иморате карда ва онро дорушшифо (табобатхона) муқаррар сохта. Чунончи аттибои ҳозиқ (табибони ботаҷриба) дар он нишаста, беморонро ба шарбату ғизо илоҷ мебахшанд». 

   Муҳаммад Юсуфи Муншӣ. Тазкираи Муқимхонӣ. Муқаддима, тасҳеҳ ва таҳқиқи Фариштаи Саррофон. Теҳрон, 1380, саҳ. 288 – 289

   Маълумоти Муҳаммад Юсуфи Муншӣ оид ба хушнавис Мавлоно Миралӣ: «Нодираи замон ва ягонаи даврон, умдаи (сардори) котибон, қудваи (пешвои) хушнависони арсаи амкон (ҷаҳон) Мавлоно Миралӣ.... Ӯ шогирди Зайниддин Маҳмуд аст ва ӯро таълим аз Мавлоно Султоналии Машҳадӣ аст. Ва ӯ (Султоналии Машҳадӣ) нисбати шогирдӣ ба Мавлоно Азҳар буда, ки дар хушнависӣ Азҳар минашшамс (аз офтоб ҳам равшантар) аст. Ӯ шогирди Мавлоно Ҷаъфар аст. Мавлонои мазкур шогирди бевоситаи Хоҷа Миралии Табрезӣ аст, ки Мавлоно Султоналӣ ин абёт дар шаъни ӯ гуфта: 

       Насху таълиқ агар хафифу ҷалист, 

       Возеъуласли ӯ Хоҷа Миралист. 

      То ки будаст оламу одам, 

      Ҳаргиз ин хат набуда дар олам.

      Вазъ фармуда ӯ зи зеҳни дақиқ,

      Аз хатти насху аз хатти таълиқ. 

      Найи килкаш аз он шакаррез аст, 

      К-аслаш аз хоки поки Табрез аст. 

    ...Котибоне, ки куҳнаву наванд, 

      Хӯшачинони хирмани ӯянд. 

     Ин ашъор аз Мавлоно (Султоналӣ) аст, ки дар башорат ёфтани худ гуфтааст: 

     Дар ҷавонӣ ба хат будӣ майлам, 

     Ишқи хат рондӣ аз мижа сайлам. 

     Бар сари кӯй кам қадам задаме,

     То тавонистаме қалам задаме. 

     Гаҳ з-ангуштҳо қалам кардӣ, 

     Ба хаёле хате рақам кардӣ. 

     Аз қазо мири муфлисе рӯзе, 

     Пешам омад ба сони дилсӯзе. 

     Қаламу коғазу давотам ҷуст, 

     Бисту нуҳ ҳарфро зи ҳарфи нахуст.

     Бинавишту равон ба дастам дод, 

     Шудам аз илтифоти ӯ дилшод. ...

     З-ин сабаб ишқи хат зиёда шудам,

     Дил гирифтори марди сода шудам. 

 

   ... Мулло Миралиро (хушнависи дар боло зикршуда, яъне Мавлоно Миралӣ) бисёр будаанд. Ҳар як дар маҳорати хат ангуштнамо будаанд. Аршади (аз ҳама калони) онҳо Хоҷа Маҳмуд Сиёвушонӣ аст. Дар аксар мактуботи худ номи устоди худ менавишта ва (устод Мулло Миралӣ) ба рағми баъзе хаттотон дар хафӣ (майданависӣ) беҳтар аз Хоҷа Миралӣ будааст. 

   ...(Мулло Миралӣ) дар маҳорати хат машҳур аст, ки шахсе илтимоси муфрадот (тасвири ҳар як ҳарф) аз Мир кард. Филҳол қалам бардошта, «алиф, бе»-ро то абҷад, ки бисту се сархат аст, навишт. Ҳанӯз нуқта, ки дар «бе» гузошта буд, хушк ношуда, муфрадот ба итмом расида ба навъе, ки: 

   Ҳар ҳарф чу чавгони хатти маъшуқе, 

   Ҳар нуқта чу холи лаби хушгуфторе.  

 

    Муҳаммад Юсуфи Муншӣ. Тазкираи Муқимхонӣ. Муқаддима, тасҳеҳ ва таҳқиқи Фариштаи Саррофон. Теҳрон, 1380, саҳ. 94–96. 

Санаҳои муҳим: 

1628 – китобати асари Шарофиддин Алии Яздӣ – «Зафарнома»  

1642 – кашидани симои Имомқулихон аз ҷониби Хоҷамуҳаммади Мусаввир 

1683 – муқовабандӣ кардани Қуръон аз ҷониби Мулло Ортиқ писари Сӯфӣ Турсун 

Савол ва супориш: 

1) Осори меъмории аз ҷониби Ялангтушбий сохташударо номбар кунед. 

2) Чаро ба бинои дар Регистони Самарқанд сохташуда Мадрасаи Шердор ном ниҳодаанд? 

3) Ёдгориҳои меъмории Бухоро кадомҳоянд?. 

4) Дар бораи маҷмӯаи меъмории Балх маълумот диҳед. 

5) Боз кадом осори меъмории дар кишвари тоҷикон қоматафрохтаро медонед? 

6) Минётураи асари Шарофиддин Алии Яздӣ – «Зафарнома»ро, ки соли 1628 дар Самарқанд китобат шудааст, шарҳ диҳед. 

7) Осори ҳунарии кадом мусаввирони ин давраро номбар карда метавонед? 

8) Дар бораи ҳунари хаттотӣ ва кандакории рӯйи санг маълумот диҳед. 

9) Дар бораи ҳунари саҳҳофон (муқовабандон) чӣ медонед? 

Реклама