Амир Ҳайдар (1800–1826) ҳангоми ба тахти Бухоро нишастан, ба қароре омад, ки ҳокимони вилоятҳоро иваз намояд. Бо ин мақсад ӯ баъзеро ба осонӣ аз вазифа озод кард ва барои иваз намудани баъзеи дигар лашкар кашид. Беки Ҳисор Аллоҳбердии тоз нисбат ба аморати Бухоро сиёсати мустақилона пеш мебурд. Ин вазъият барои амир Ҳайдар баҳонае шуд, то ӯ ба Ҳисор лашкар кашад. Дар натиҷа амир ғалаба ба даст оварда, Аллоҳбердии тоз ба қатл расид. Дар Ҳисор нуфуси қабилаи юз зиёд буд. Амир Ҳайдар инро ба инобат гирифта, бо мақсади такягоҳ пайдо кардан Саидбийи юзро дар ин ҷо ҳоким таъйин кард. Барои тобеияти Ҳисорро ба Бухоро мустаҳкам кардан, амир Ҳайдар духтари Саидбийро ба никоҳи худ даровард ва ҳокими мазкур ба рутбаи атолиқӣ сазовор гашт ва муддати тӯлонӣ дар ин мулк ҳокимият ронд. Бо даъвати амир Ҳайдар Саидбий бо лашкараш соли 1825 дар пахш кардани шӯриши хитойқипчоқҳо дар Миёнкол иштирок кард.
Баъд аз Саидбийи атолиқ писараш Сӯфибийи девонбегӣ беки Ҳисор таъйин шуд, ки ӯ тағои амир Насруллоҳ буд. Бинобар сабаби хешу таборӣ ин ҳокими Ҳисор ба ҳуқуқҳои бештаре соҳиб мешавад. Сӯфибий дар лашкаркашиҳои амир Насруллоҳ ширкат кардааст, аз ҷумла ӯ бо 500 нафар лашкари Ҳисор дар лашкаркашии амир Насруллоҳ дар соли 1842 ба Хӯқанд ва ишғоли он нақши муҳим дошт.
Ҳукмронии Саидбий ва писари ӯ Сӯфибийи юз дар Ҳисор тақрибан ним аср давом кард. Баъди Суфибийи девонбегӣ писари дигари Саидбийи атолиқ Абдулкаримбийи парвоначӣ ҳокими Ҳисор шуд. Ҳокимият дар ин мулк меросӣ гашта, аз як насл ба насли дигар мегузашт. Шоири маъруфи Ҳисор Парии Ҳисорӣ асари худ «Зафарнома»-ро ба Абдулкаримбий бахшида, аз ҷумла гуфтааст:
Нигорад ба имдоди табъи салим,
Ба парвоначӣ ибни Абдулкарим.
Шаҳи покгавҳар, муқаддассифот,
Зи бурҷи саёдат ду хуршеди зот…
Аморатпаноҳ асту вологуҳар,
Муҳаммадсаидбий атолиқ падар.
Дар замони ҳукмронии Абдулкаримбийи парвоначӣ муносибати беки Ҳисор бо ҳокимони Кӯлоб, Балҷувон ва Дарвоз ба душманӣ гароид. Беки Балҷувону Кӯлоб – Каттабек ба сӯйи Ҳисор лашкар кашида, мағлуб мешавад ва асир афтода, ба қатл мерасад. Писари ӯ Мизробшоҳ (1849–1859) барои қасоси қатли падарро гирифтан бо шаҳи Дарвоз Исмоилхон иттиҳод баста, ба сӯйи Ҳисор лашкар мекашад. Мизробшоҳ Файзободро ишғол намуда, ба сӯйи Душанбе ҳаракат мекунад. Баъд аз ишғоли ин шаҳр бо фармони Мизробшоҳ ва Исмоилхон Душанберо оташ мезананд.
Баъд аз Мизробшоҳ бародари хурдиаш Сарабек ҳокими Кӯлобу Балҷувон шуд. Ҳокими Ҳисор кӯшиш кард, ки бо ӯ муносибати дӯстона барқарор намоянд. Сарабек ин пешниҳодро қабул кард ва онҳо байни худ иттиҳод баста, якҷоя ба муқобили шаҳи Дарвоз лашкар кашиданд. Иттифоқчиён лашкари Дарвозро дар Обигарм мағлуб карданд ва ин ғалаба душмании байни Ҳисору Кӯлобро аз миён бардошт.
Ҳисор худро мулки мустақил мешуморид. Барои ба итоати худ даровардани Ҳисор амир Музаффар соли 1867 ба ин ҷо лашкар кашид. Лашкари Бухоро дар назди Деҳнав ғалаба ба даст оварда, лашкари Ҳисорро дар қалъаи он ба муҳосира гирифтанд. Лашкари Бухоро шабохун зада, Деҳнавро ишғол намуд. Сарбозони амир қатли омми даҳшатангезе карда, ҳар каси ба дасташон афтодаро мекуштанд.
Ба чанде аз сарварони Ҳисор ва иттифоқчиёни онҳо муяссар гардид, ки ба мулки Қаротегин, Дарвоз ва Кӯлоб фирор карда, ҷон ба саломат баранд. Аз он ҷумла беки Ҳисор Абдулкаримбий додхоҳ ба Кӯлоб паноҳ бурд. Ҳокими ин ҷо Сарабек бо мақсади беҳтар намудани муносибати худ бо амири Бухоро Абдулкаримбий додхоҳро бо чанд нафаре аз ҳамрикобонаш ба амир Музаффар таслим кард, ки дар натиҷа беки Ҳисор бо тамоми хонаводааш ба қатл расид.
Яқуббек қӯшбегӣ ҳокими Кӯлоб ва Раҳмонқул парвоначӣ ҳокими Ҳисор таъйин шуданд. Баъди шикасти лашкари амир аз русҳо дар назди Самарқанд (соли 1868) Раҳмонқул парвоначӣ аз итоати Бухоро баромад.
Барои забти Шаҳрисабзу Ҳисор амир аз русҳо имдод талабид. Соли 1870 бо ёрии лашкари рус ба амир Музаффар муяссар мешавад, ки Ҳисору Кӯлобро ишғол намояд. Амир дар Ҳисор панҷ ҳазор касро қатл кард. Барои дар зери итоати худ нигоҳ доштани Ҳисор чор ҳазор сарбозро бо 11 адад тӯп дар сарзамин ҷойгир намуд.
Яқуббек қӯшбегӣ дар ин қаламрав ҳоким таъйин шуд ва баъди як сол вафот кард. Ба ҷойи ӯ Салим дастархончӣ ҳоким таъйин шуд. Ҳукмронии ӯ низ дер давом накард. Салимро писари амир Музаффар – Абдулмуъминхон иваз кард. Вай дар давоми понздаҳ сол (1871–1886) идоракунии худсаронааш сарзамини Ҳисорро ба харобазор табдил дод. Тобистони соли 1886 амир ӯро аз ҳокимии Ҳисор озод карда, ҳокими Бойсун таъйин кард.
Сарчашма:
Маълумоти Е.К. Мейендорф дар бораи мулкҳои Ҳисор ва Кӯлоб: «Ҳисор дар водии шукуфон воқеъ буда, дорои заминҳои ҳосилхез ва чарогоҳҳои сабзу хуррам буд. Тақрибан се ҳазор иморат дошт. Ҳокими Ҳисор, ки падарарӯси амир Ҳайдар буд, ба вазифаи атолиқӣ соҳиб шуда, иттифоқчии бовафои амири Бухоро ба шумор мерафт. Ба Ҳисор шаҳри Деҳнав, Сариҷӯй, Тӯпаланг, Регар, Қаротоғ, Даштобод, Чокмазор ва Хӯҷатаман тааллуқ доштанд. Ҳокими Обигарм баъзан бар зидди ҳокими Ҳисор лашкаркашӣ мекард.
Кӯлоб, ки тақрибан се ҳазор иморат дошт, дар шарқтари Ҳисор, дар роҳи аз Бадахшон ба сӯйи Хӯқанд воқеъ буд ва мулки мустақил ба шумор мерафт».
Мейендорф Е. К. Путешествие из Оренбурга в Бухару. Москва,1975, саҳ. 77.
Санаҳои муҳим:
1825 – ширкати Саидбий дар пахш кардани шӯриши хитойқипчоқҳо дар Миёнкол
1842 – иштироки лашкари Ҳисор дар ишғоли Хӯқанд
1867 – лашкаркашии амир Музаффар ба Ҳисор
1868 – аз итоати Бухоро баромадани Раҳмонқул парвоначӣ
1870 – Ҳисору Кӯлобро ишғол намудани амир Музаффар
Савол ва супориш:
1) Баҳонаи ба Ҳисор ҳуҷум намудани амир Ҳайдар аз чӣ иборат буд?
2) Натиҷаи ҳуҷуми амир Ҳайдар ба Ҳисор бо чӣ анҷомид?
3) Бо кадом мақсад амир Ҳайдар Саидбийи юзро ҳокими Ҳисор таъйин намуд?
4) Дар бораи ҳукмронии Сӯфибийи девонбегӣ дар Ҳисор маълумот диҳед.
5) Муносибати Ҳисор бо ҳокимони Кӯлоб, Балҷувон ва Дарвоз дар замони ҳукмронии Абдулкаримбийи чӣ гуна буд?
6) Дар бораи лашкаркашии амир Музаффар ба Ҳисор чӣ медонед?
7) Муборизаи амир Музаффарро бо ҳокимони Ҳисору Кӯлоб шарҳ диҳед.
Реклама