§ 36. РУШДИ ИЛМ

§ 36. РУШДИ ИЛМ

    Дар асри XVII ва нимаи аввали асри XVIII бо вуҷуди нобасомониҳои сиёсӣ ва душвор шудани шароити зиндагӣ илм тоҷик ривоҷ дошта, як зумра олимон ба таълифу таснифи асарҳои илмӣ ва тадрис дар мадрасаҳо машғул буданд. Баъзе аз олимон баробари фаъолияти илмӣ ба шеъру адаб низ шуғл меварзиданд. Дар ин даврон на танҳо улуми расмии динӣ, балки илмҳои дунявӣ, монанди ҳайат, зич, ҳандаса, ҷабру муқобала, кимиё ва ғайра низ рушд меёфтанд.  

    Намоёнтарин олими ин давр Мулло Турсун Фароизи Самарқандӣ бо илмҳои дақиқ машғул буд. Ӯ дар соҳаи илмҳои риёзиёт, нуҷум, кимиё ва ғайра маҳорат дошт. Дар улуми динӣ, мисли фиқҳ, ҳадис ва тафсир низ соҳибфан буд. Фароизи Самарқандӣ ба мисли «Масоили ҳисобия» («Масъалаҳои ҳисоб»), «Шарҳи сироҷият-ул-ҷабрия», «Шарҳи виқоя» (оид ба фиқҳ) ва ғайра асарҳои зиёд эҷод кардааст. 

    Олим ва шоири намоёни ин давр Қозӣ Лутфуллоҳ Шокири Бухороӣ низ дар улуми динӣ ва дунявӣ забардаст буда, дар фиқҳу ҳадис, калому тафсир, ҳикмату ҳайат, мантиқ ва наҳву сарф маъруфи даврони худ буд. Ин олим ба фанҳои фалсафа (ҳикмат ва мантиқ) ва табиатшиносӣ низ таваҷҷуҳ дошт. Ӯ ҳамчун шоир шуҳрати бештаре пайдо кардааст. Вай дар мадрасаҳои Бухорову Самарқанд дарс мегуфт. 

    Дигар аз олимон ва шоирони боистеъдоди аср Миршариф Мунсифи Самарқандӣ буд. Ӯ дар мадрасаи Бухоро ба ҳандаса, нуҷум ва арқоми зич машғул шудааст.  

   Дар ин давр машҳуртарин олими илоҳиётшинос Мирмуҳаммадшарифи Шаҳрисабзӣ ба ҳисоб мерафт, ки мударрис ва аълами Бухоро буд ва бо тахаллуси Шариф шеър низ эҷод мекард. 

   Зодаи Миёнколи Бухоро Дарвешалии Чангӣ яке аз мусиқидонҳои машҳури он давр буд, ки оид ба назарияи мусиқӣ якчанд асар эҷод кардааст. 

   Дар асри XVII ва нимаи аввали асри XVIII дар баробари намояндагони адабиёт ва илм таърихнависон низ кору зиндагӣ мекарданд. Яке аз таърихнигорони машҳури ин давр Маҳмуд ибни Валӣ ба шумор меравад. Асари ӯ “Баҳр-ул-асрор фи маноқиби-л-ахёр” («Баҳри асрор оид ба рафтори ашхоси накукор») ном дорад, ки он дар нимаи аввали асри XVII навишта шуда, аз ҳафт ҷилд иборат буд. Ҳар як ҷилди он дар навбати худ ба чор бахш тақсим мешуд. Ин асар масъалаҳои гуногунро дар бар гирифта, ҷилди аввали он дар бораи тасвири олам буда, ҷилди дуюми он ба масъалаҳои таърихи давраи тоисломӣ бахшида шудааст. Дар ҷилди сеюм дар бораи ҳаёти пайғамбари ислом Муҳаммад, пайдоиш ва интишори дини ислом ва ҳодисаҳои таърихии он давр маълумот додааст. Ҷилди чоруми асар дар бораи таърихи сулолаҳои Уммавиён ва Аббосиён баҳс менамояд. Дар ҷилди панҷум таърихи сулолаҳои ҳоким дар Эрон ва Мовароуннаҳр оварда шудааст. Чилди шашумро муаллиф аз таърихи ҳуҷуми муғул ба Мовароуннаҳру Хуросон оғоз карда, то давраи ҳукмронии Надирмуҳаммадхони Аштархонӣ овардааст. Ҷилди ҳафтуми асар таърихи Темуриёнро то давраи Шоҳҷаҳон дар бар гирифтааст. Ин асари машҳури Маҳмуд ибни Валӣ то ҳол пурра дастрас нест ва то замони мо баъзе қисматҳои ҷилди аввал ва шашуми он расидаанд. 

    Таърихнигори дигар Ҳоҷӣ Муҳаммад Салим мебошад, ки асари таърихиеро бо номи «Силсилат-ус-саломат» таълиф кардааст. Ӯ бо хонҳои Бухоро хешутаборӣ дошт, солҳои дароз дар дарбори Аштархониён ҳаёт ба сар бурд. Асари мазкур воқеаҳои таърихиро аз соли 1468 то соли 1711 дар бар гирифта, соли 1730 навишта шудааст. Чун Муҳаммадсалим аз наздикони хонҳои Бухоро буд, воқеаҳои зиёди дарборӣ, низоъҳои байниҳамдигарии хонадони сулолаи Аштархониён ва муносибатҳои онҳо бо давлатҳои ҳамсоя, махсусан, бо Эрону Ҳиндустон ва хонҳои қазоқу Хоразм, ҷабру ситам ба мардум ва ошӯбҳои халқиро бо чашми худ дидааст, онҳоро дар асараш хеле хуб баён кардааст. 

    Асари дигари таърихие, ки дар ин давра навишта шуд, рисолаи Муҳаммадюсуфи Муншӣ «Таърихи Муқимхонӣ» мебошад. Ин асар дар солҳои ҳукмронии набераи Субҳонқулихон – Муҳаммад Муқимхон (1702–1707) дар Балх навишта шуд. Бинобар ин муаллиф бобҳои алоҳидаи асарашро ба масъалаҳои мухталифи ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсии вилояти Балх, таърихи хонҳои Бухоро, хусусан, сулолаи Аштархониён, муносибати байни Бухоро ва Балх бахшидааст. Муҳимтарин асари таърихии ин давр «Убайдуллоҳнома»-и Мирмуҳаммадамини Бухороӣ аст, ки комилан ба давраи ҳукмронии Убайдуллоҳхон (1702 – 1711) бахшида шуда, воқеоти гуногун, аз ҷумла ислоҳоти пулиро, ки боиси норозигии мардум дар Бухоро ва сар задани шӯриш гардид, дар бар гирифтааст. 

   Асари арзишманди дигаре, ки дар ин давра таълиф ёфт, «Таърихи Абулфайзхон» мебошад. Муаллифи асар Абдурраҳмони Толеъ воқеаҳои таърихиро дар бораи вазъи сиёсӣ ва иқтисодии хонии Бухоро дар давраи ҳукмронии Абулфайзхон (1711 – 1747) тасвир кардааст.  

   Яке аз таърихнигорони маъруфи ин замон муаллифи «Таърихи Қипчоқхонӣ» Хӯҷамқулбеки Балхӣ буд. Асари ӯ сарчашмаи таърихии судманд ба шумор меравад, зеро муаллифи он шоҳиди воқеаҳои тасвиркарда дар асараш мебошад.  

   Дар ин давра як қатор таърихнигорони дигар, ба мисли Мулло Шарафиддини Самарқандӣ, Муҳаммадрафеи Ансорӣ, Мирзо Сомӣ, Авазбеки Балхӣ, Муҳаммадсалоҳи Балхӣ ва дигарон зиндагӣ мекарданд, ки дар бораи таърихи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии ин замон асарҳои муҳимми таърихӣ эҷод намудаанд. 

Сарчашма: 

    Маълумот дар бораи олим ва таърихнигор Маҳмуд ибни Валӣ: Маҳмуд ибни Валӣ соли 1595 – 1596 дар шаҳри Косони вилояти Фарғона таваллуд ёфтааст. Баъдтар хонаводаи онҳо ба Балх мекӯчад. Соли 1624 – 25 ӯ аз Балх ба сафар баромада, ба Кобул, Пешовар, Лоҳур, Деҳлӣ, Агра, Калкутта, Бирма ва дигар шаҳру мамлакатҳо меравад. Ҳангоми дар Агра буданаш ӯро ҳокими Ҳиндустон Шоҳҷаҳон қабул намуда буд. Соли 1631 ба Балх бармегардад ва дар китобхонаи ҳокими Балх Надирмуҳаммадхон ҳамчун китобдор ба кор даромада, ба навиштани асарҳои илмию адабӣ машғул мегардад.  

    Асари муҳимми таърихие, ки ӯро машҳури олам намудааст «Баҳрул-асрор фи маноқиби-л-ахёр» («Баҳри асрор оид ба рафтори ашхоси накукор»)  ном дорад, ки соли 1634 бо амри хони Балх Надирмуҳаммадхон ба навиштани он шурӯъ намуда, баъди соли 1640 – 1641 онро ба охир расондааст. Ба қавли худи муаллиф ин асар аз муқаддима, хулоса ва ҳафт китоб иборат буда, ҳар китоби он дорои чор рукн буд (аз чор қисм иборат буд). Ин асар аз рӯйи мазмун масъалаҳои таърихӣ, ҷуғрофӣ, космографӣ (тасвири олам), ситорашиносӣ ва ғайраро дар бар гирифта, бо забони тоҷикӣ навишта шудааст. Мутаассифона, ин асар то ҳол пурра дастрас нест. 

    Маҳмуд ибни Валӣ дар соҳаи адабиёт ҳам табъозмоӣ намуда, як қатор асарҳо офаридааст. Ба қалами ӯ асарҳои адабии «Хамса», ки дар пайравии Низомии Ганҷавӣ навиштааст, рисолаҳои «Равоиҳи тайиба» («Накҳати (бӯйи) хуш»), «Гулкада», «Баҳория», девони ашъори дорои зиёда аз 25 ҳазор байт ва ғайра тааллуқ доранд, ки то ҳол ба мо дастрас нашудаанд.  

    Маҳмуд ибни Валӣ. Баҳр-ул-асрор фи маноқиби-л-ахёр. Дастхати китобхонаи Индиа Оффиси Англия, № 575, варақҳои 389 а – 398 а. 

    Маълумоти академик А.А.Семёнов дар бораи мусиқидон Дарвешалии Чангӣ: «Дарвешалии Чангӣ аслан аз мардуми Миёнколи Бухоро буда, дар хонаводаи навозанда, ҳофиз ва шоир ба дунё омадааст. Аз хурдӣ ба мусиқӣ шавқ пайдо карда, навохтани қонун, най, уд ғижжак, рӯҳафзо ва чангро дар назди мусиқидонони машҳури он давр омӯхтааст ва дар чангнавозӣ шуҳрат ёфт. Пас аз маъруф гаштан, ба дарбори Имомқулихони Аштархонӣ (1611 – 1642) роҳ ёфта, Чангии Хоқонӣ лақаб гирифт. Дарвешалии Чангӣ дар оҳангсозӣ низ шуҳрат дошт. Ӯ оид ба назарияи мусиқӣ чандин китобу рисола навиштааст, ки машҳуртарини онҳо «Туҳфат-ус-сурур» мебошад. Дарвешалии Чангӣ таърихи мусиқиро хуб медонист. Вай хабар медиҳад, ки дар замони ӯ адади мақомҳо 12-то бошанд ҳам, дар аввал танҳо ҳафт мақом будааст. Дарвешалии Чангӣ аз бузургтарин муҳаққиқони созҳои мусиқии мардуми тоҷик ва халқҳои дигари Осиёи Марказӣ буд. Осори Дарвешалии Чангӣ барои омӯхтани «Шашмақом» аҳамияти калон дорад».  

    Семёнов А.А. Средневековый трактат по музыке Дарвиш-Али (XVII в.). Ташкент, 1946. 

Санаҳои муҳим: 

1730–навишта шудани асари Ҳоҷӣ Муҳаммад Салим «Силсилатус-саломат»  

Савол ва супориш: 

1) Асарҳои Мулло Турсун Фароизи Самарқандиро баён кунед. 2) Кадом олимони маъруфи ин даврро медонед? 3) Дар бораи таърихнигор Ҳоҷӣ Муҳаммад Салим маълумот диҳед. 4) «Таърихи Муқимхонӣ» ба қалами кадом муаллиф тааллуқ дорад? 5) Муаррихони дигари машҳури ин давр ва асарҳои онҳоро номбар кунед.