§ 54. ТАЪРИХНИГОРӢ

§ 54. ТАЪРИХНИГОРӢ

    Таърих аз муҳимтарин донишҳоест, ки инсоният ба он ниёзи бепоён дорад. Чун ин илм аз гузаштаи инсоният баҳс мекунад, инсонро чунон зарурате пеш меояд, ки гузаштаи ҷамъияти одамонро бо ҳар роҳу равише барои худ дарёбад, то шахсияти худ ва чӣ будани ҷамъияти хешро беҳтар дарк карда бошад. 

    Омӯзиши воқеаҳои таърихӣ ва баррасии холисонаи онҳо танҳо бар пояи сарчашмаҳои таърихӣ метавонад анҷом ёбад. Маъхаз ва ё сарчашмаи таърихӣ боқимондаи фарҳанги моддӣ ва маънавии замони худ буда, маҳсули фаъолияти фарҳанги муайяни иҷтимоӣ дар гузашта мебошад, ки дар худ маълумоти ҳақиқиро дар бораи вазъи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварҳо дорад ва онҳо дар раванди шинохти таърихӣ истифода мешаванд. 

    Дар нимаи аввали асри XIX асарҳои муҳимми соҳаи таърих бахшида ба сулолаи Манғитиён дар Бухоро ва хонадони мингҳо дар Хӯқанд навишта мешаванд. Асарҳо оид ба таърих асосан шакли воқеанигориро ба худ гирифта буданд. Онҳо дар омӯхтани ҳаёти асри XIX арзиши зиёд доранд. Яке аз ин гуна сарчашмаҳо асари Муҳаммад Яъқуб «Гулшан-ул-мулук» мебошад, ки замони ҳукмронии манғитиҳоро то аҳди амир Насруллоҳ (1826 – 1860) тавсиф мекунад. Муаллифи ин китоб аз доираи дарбориён, шоҳид ва иштирокчии бевоситаи бисёр воқеаҳои таърихии замонаш буд. Аз ҳамин сабаб маълумоти ӯ аҳамияти таърихӣ дорад. 

    Дар хонии Хӯқанд навиштани таърихномаҳо ба ҳукми анъана даромад. Соли 1822 бо фармони амир Умархон Мирзо Қаландар Мушрифи Исфарагӣ ба навиштани «Шоҳнома» дар наср пардохт. То ин вақт як пораи ин «Шоҳнома»-ро Фазлии Намангонӣ ба назм дароварда буд. Ба назар мерасад, ки сабки баёни Фазлии Намангонӣ ба Умархон писанд намеояд ва навиштани ин асарро ба Мирзо Қаландари Мушрифи Исфарагӣ месупорад. 

    Таърихи аморати Бухоро ва хониҳои Хӯқанду Хиваи охири асри XVIII ва нимаи аввали асри XIX дар рисолаи «Мунтахаб-ут-таворих»-и Муҳаммад Ҳакимхон шарҳу баён ёфтааст. Муаллиф хоҳарзодаи хонҳои Хӯқанд Олимхон ва Умархон буда, аз аҳволи дарбор хабар дошт ва бисёр воқеаҳоро ҳамчун ширкаткунанда ва шоҳиди он ба қалам додааст. Воқеаҳои дар асар тасвирёфта аз замони ҳукмронии Норбӯтахон (1770–1799) то айёми салтанати Муҳаммадалихонро (1822–1842) фаро гирифтааст. 

    Падари Ҳакимхон–Маъсумхон аз шахсиятҳои ба хонҳои Хӯқанд–Олимхон ва Умархон наздик буд ва соли 1815 дар замони ҳукумати Умархон шайхулислом таъйин шуд. 

    Ҳакимхони нуҳсола ба гирифтани унвони нақиб, ки аз рутбаҳои баланди хонии Хӯқанд ба ҳисоб мерафт, сарфароз гашт. Пас аз ба сари ҳокимият омадани писари Умархон – Муҳаммадалихон дар Хӯқанд дар атрофи одамоне, ки ба Умархон наздик буданд, муҳити носолиме фароҳам омад. Муаллифи «Мунтахаб-уттаворих» Муҳаммад Ҳакимхон ва падари ӯ Маъсумхон низ дучори бадбинии хон гашта, аз мамлакат ронда шуданд. Муҳаммад Ҳакимхон пас аз ронда шуданаш аз қаламрави Хӯқанд ба кишварҳои зиёде сафар карда, маросими ҳаҷро ба ҷо оварда, соли 1259 ҳ.қ. (1842–1843) дар Шаҳрисабз «Мунтахаб-уттаворих»-ро ба итмом расонидааст. 

    Муаллифи «Ҷаҳоннамо» ё «Таърихи ҷаҳоннамоӣ» Ҷунайд Мулло Аваз Муҳаммад писари Мулло Рӯзӣ Муҳаммад Сӯфии Аттор мебошад, ки асари хешро соли 1868 таълиф намудааст. Мулло Аваз аз ҷамоаи тоҷирони хурди Хӯқанд ба шумор мерафт, ки ба чарчинфурӯшӣ шуғл дошт. Ӯ бо доираи дарбори Хӯқанд робита надошт. Рисолаи «Таърихи ҷаҳоннамоӣ»-ро муаллиф дар тӯли 15 сол навиштааст, ки асосан ба муносибати байни аморати Бухоро ва хонии Хӯқанд бахшида шудааст. Ҷилди дуюми ин асар аз таърихи хонии Хӯқанд дар асри XIX ҳикоят мекунад.  

    Доир ба таърихи хонии Хӯқанд, асарҳои дигар, аз қабили «Таърихи Шоҳрухӣ»-и Мулло Ниёзмуҳаммад ва «Таърихи муҳоҷирон»-и Дилшоди Барно навишта шудаанд. Дар ин асарҳо бисёр ҳодиса ва воқеаҳои таърихии нимаи аввали асри XIX инъикос ёфтаанд.  

    Мулло Ниёзмуҳаммад яке аз адибони маъруфи нимаи дуюми асри XIX-и Хӯқанд буда, рисолаи «Таърихи Шоҳрухӣ»ро дар поёни умраш, дар байни солҳои 1871–1875 эҷод кардааст. Муаллиф таърихи хонии Хӯқандро аз ибтидои таъсисёбӣ то соли 1875 ба қалам додааст. Мулло Ниёзмуҳаммад шогирди Домулло Махдум, писари Домулло Қозии аълам буда, дар замонаш дар мадрасаҳои Хӯқанд дониш андӯхта, ба иртиботи хатми сохтмони мадраса ва масҷиду мазорҳои Хӯқанд таърихҳо гуфтааст. Мулло Ниёзмуҳаммад дар замони ҳукмронии Шералихон (1842–1845) ва то давраи охири ҳукумати Худоёрхон (1875) дар ҳаёти иҷтимоӣ ва сиёсии хонии Хӯқанд ширкат кардааст ва ба ин далел навиштаҳои таърихии ӯ аз аҳамияти муҳимми илмӣ бархурдоранд. 

    Муаллифи «Таърихи муҳоҷирон» Дилшоди Барно (1800 – 1907) шоираи тоҷик, духтари Раҳимқул Сӯфии Истаравшанӣ, ҳангоме ки амир Умархон (1787–1822) – хони Хӯқанд соли 1816 Истаравшанро ишғол кард, дар қатори 13 ҳазор асир ӯро ба Хӯқанд бурд. Чанде нагузашта Дилшоди Барноро амир Умархон озод намуд ва ӯ дар хонаи Тошмахдум ном шахсе паноҳ бурд, ки баъдан ин шахс ҳамсари ӯ гардид. Дилшоди Барно 51 сол дар Хӯқанд мактабдорӣ карда, ба зиёда аз 800 нафар духтар савод омӯзонидааст. Шоираҳои доираи адабии Хӯқанд Хайринисо, Баҳринисо, Анбаротун ва Тӯтиқиз аз ҷумлаи шогирдони ӯянд. Аз Дилшоди Барно «Мунтахаб-ул-ашъор», рисолаи «Таърихи муҳоҷирон» ва 1200 мисраъ ашъори пароканда ба мерос мондааст. Дар «Таърихи муҳоҷирон» Дилшоди Барно дар бораи тороҷгарӣ ва кушторҳои амир Умархон, таърихи ба Русия ҳамроҳ шудани Осиёи Миёна ва аз ҳаёти иҷтимоӣ ва сиёсии ин давр сухан мегӯяд. Аз ҷумла дар як ғазалаш авзои замонаашро инъикос кардааст: 

                             Замона каҷраву золим бувад шоҳи замон, эй воҳ, 

                             Халоиқ аз уқубатҳо намеёбад амон, эй воҳ. 

                             Ба мулки хештан аҳли замон бегонамонанданд, 

                             Дар ин ҷо аҷнабии рахнагар дорад макон, эй воҳ. 

                             Ба деҳқон на замин, не ҷуфти гову олати кор аст, 

                             Зи мева маҳрум аст, ҳар фаълаву ҳар боғбон, эй воҳ. 

                             Ҷафоҷӯ аз муғул найрангкунон дар тахт оромад, 

                             Ба монанди магас бар шарбату нон ҳукмрон, эй воҳ. 

    Аз силсилаи асарҳои таърихии ин давр рисолаи Мир Олими Бухорӣ «Фатҳномаи султонӣ» арзиши муҳимми таърихӣ дорад. Ин асар дар баробари баён воқеаҳои сиёсии нимаи аввали асри XIX маълумоти зиёде оид ба ислоҳоти андоз ва шӯриши хитойқипчоқҳоро додааст. 

    Барои омӯхтани таърихи маҳалҳо ба мисли Панҷакент, асари Мулло Ҷумъақули Ургутӣ мутахаллис ба Хумулӣ қобили қайд мебошад. Хумулӣ қозии вилояти Ургут буд ва дар шеър, таърихёбӣ ва хушнависӣ маҳорат дошт. 

    Ҳамаи асарҳои таърихии номбурда ба забони тоҷикӣ таълиф шудаанд, ки барои омӯхтани таърихи мардумони Осиёи Миёнаи нимаи аввали асри XIX сарчашмаи беҳтарин ба шумор мераванд. 

    Дар қатори асарҳои таърихии ба забони тоҷикӣ офаридашуда рисолаи Шермуҳаммади Мунис «Шоҳиди иқбол»ро, ки ба забони ӯзбекӣ иншо шудааст, метавон ёдовар шуд. Ахбори чаҳоряки аввали асри XIX, ки дар ин китоб инъикос ёфтааст, бисёр муҳим мебошанд. Баъди вафоти Шермуҳаммади Мунис ҷиянаш Муҳаммад Ризо, ки бо тахаллуси Огаҳӣ маъруф аст, ин асарро идома дода, ахбори воқеаҳоро то соли 1872 зикр кардааст. 

Сарчашма: 

    Пораҳое аз асари Муҳаммад Ҳакимхон «Мунтахаб-ут-таворих»: «Давлату насаби ду хонадонро баён мекунам, ки баъд аз шутури хонӣ ба инҳо расидан, аввал манғият (манғитиҳо), ки дар Бухоро салтанат мекунанд, дуюм минг дар Хӯқанд алҳол салтанат мекунанд. Давлати юзу кенагас ва ғайри дигарро дар замми ин ду давлат бар сабили иҷмол (кӯтоҳ) хоҳам баён кард, иншоаллоҳ…». 

Муҳаммад Ҳакимхон. Мунтахаб-ут-таворих, ҷилди 1, чопи факсимилӣ. Таҳияи А. Мухторов, Душанбе, 1983, варақи 218. 

    «Зикри лашкар кашидани амир Умархон дар болои амир Ҳайдар подшоҳ ва ин хабарро шунида, боз гаштани амир Ҳайдар подшоҳ ба савби Самарқанд. 

    Чун ин хабарро амир Умархон шунид (яъне лашкаркашии амир Ҳайдар ба ҷониби Ӯротеппаро), билотаваққуф бо лашкари Фарғона мутаваҷҷеҳи Ӯротеппа шуд. Баъд аз тайи масофат дар он вило (вилоят) расид ва шунид, ки амир Ҳайдар подшоҳ дар болои Пишоғар қурултой (шӯро) сохтааст. Билоэҳмол бо лашкари кинахоҳ мутаваҷҷеҳи лашкаргоҳ мунқият шуд ва аз омадани амир Умархон амир Ҳайдар подшоҳ вуқуф ёфта, саросема аз он ҷо кӯч карда, ба ҷониби Самарқанд муроҷиат фармуд. Амир Умархон шабгир зада, дар камоли таъҷил худро вақти тулӯи офтоб дар қалъаи Пишоғар расонид. Дид, ки пай ҳасту Ҳайдар нест ва ҳам ин лафз таърих аст ва қалъаи Пишоғарро чун нигини ангуштарин дар миён гирифта, ба муҳосира пардохт…» 

Муҳаммад Ҳакимхон. Мунтахаб-ут-таворих, ҷилди 2. Ба чоп омодакунанда Ё. Ковоҳоро ва К.Ҳонадо, Токио, 2006, саҳ. 131. 

Савол ва супориш: 

1) Сарчашмаҳои таърихӣ чӣ аҳамият доранд? 

2) «Гулшан-улмулук» ба қалами кӣ тааллуқ дорад ва воқеаҳои кадом замонро дар бар мегирад? 

3) Дар бораи Муҳаммад Ҳакимхон ва асари ӯ маълумот диҳед. 

4) Муаллифи «Ҷаҳоннамо» ё «Таърихи ҷаҳоннамоӣ» кист, кай навишта шудааст ва дар бораи чӣ нақл мекунад? 

5) Мулло Ниёзмуҳаммад муаллифи кадом асари таърихист ва он кай иншо шудааст? 

6) Дар бораи Дилшоди Барно ва рисолаи ӯ «Таърихи муҳоҷирон» маълумот диҳед. 

7) Боз кадом рисолаҳои таърихии ин давраро медонед?