§ 9. ВАЗЪИ КИШОВАРЗӢ ВА ЗАМИНДОРӢ

§ 9. ВАЗЪИ КИШОВАРЗӢ ВА ЗАМИНДОРӢ

Ташкили корҳои обёрӣ дар Мовароуннаҳру Хуросон.  Дар давраи истилои муғулҳо вазъи кишоварзии кишвар ниҳоят хароб гардида, аксари заминҳои корам ба чарогоҳ табдил шуда буданд. Дар нимаи дуюми асри XIV ва асри XV дар ин соҳа дар Мовароуннаҳру Хуросон баъзе дигаргуниҳо мушоҳида мешаванд. Темурланг бо ғорати шаҳрҳои Эрон, Ҳинд, Осиёи Сағир ва зӯран овардани неруҳои моҳири корӣ ба Самарқанд, ба ободии Мовароуннаҳр, бахусус пойтахти он Самарқанд иқдом мекунад. Бинобар ин, чун Темурланг ва авлодони ӯ ғорату харобкориҳои худро бештар берун аз Мовароуннаҳру Хуросон анҷом медоданд, соҳаи кишоварзӣ дар ин сарзаминҳо рӯ ба тараққӣ ниҳод. Заминҳои зироатии дар замони ҳуҷуми муғулҳо комилан харобшуда барқарор гардида, масоҳати заминҳои корам васеъ шуданд. Барои барқарор намудани иншооти обёрӣ ва сохтмони каналу ҷӯйҳои нав корҳои зиёде анҷом меёфтанд. Аз ҷумла, дар водии дарёи Марғоб қариб 20 канал бароварда шуд. Баъдтар Шоҳрух садди асосии обро, ки бо номи Султонбанд машҳур буд, барқарор карда, каналҳои лойзеркардашударо тоза намуд. Дар воҳаи Марв бо ташаббуси султон Ҳусайн қисми зиёди заминҳои зироат обёрӣ шуданд. Дар баъзе вилоятҳои дигари мамлакат, аз ҷумла дар ноҳияҳои Ҳирот ва Самарқанд низ корҳои обёрӣ анҷом дода шуд. 

Дар ҳавзаи Зарафшон, ки аксари аҳолиро тоҷикон ташкил мекарданд, хоҷагии заминдории воҳаи Панҷакент бо суръати хеле паст барқарор мегардид. Дар ҷойҳое, ки аҳолӣ бармегашт, аз нав барқароркунии низоми обёрӣ ба чашм мерасид. Ин аз он шаҳодат медод, ки аҳолии ба кӯҳҳо фирорнамуда ба макони зисти худ бармегаштанд. Дар ин давра як қатор ҷӯйҳои зеризаминие (корезҳо), ки аз ҷониби муғулҳо ба вайрона табдил шуда буданд, аз нав сохта шуданд. Масалан, ба ҷойи корези харобгаштаи Ҳазорнова корези Ҷӯйи Эшон сохта шуд, ки дарозии он 5 км-ро ташкил мекард. Дар воҳаи Самарқанд низ дар соҳаи обёрикунӣ корҳои зиёде ба анҷом расиданд, ки он ба рушди соҳаи боғпарварӣ мусоидат намуд. Дар натиҷаи обёрӣ дар вилояти Самарқанд, як тумани нав бо номи Анҳор таъсис ёфт ва дарозии ҷӯйбори Анҳор то 75 км расонида шуд.

Дар он давра чунин қарор қабул шуда буд, ки агар касе дар роҳи обёрикунии мамлакат ташаббус нишон дода, заминҳои бекорхобидаро кишт мекард, соҳиби имтиёзҳо мегардид ва мавриди қадрдонӣ қарор мегирифт. 

Дар ин давра рустанипарварӣ асосан ба воситаи обёрикунии сунъӣ амалӣ мегашт. Дар Марв ва гирду атрофи он зироатҳои ғалладона, дар Тирмиз гандум ва ҷав, дар Марғоб шолӣ, нахуд, арзан ва ғайра парвариш менамуданд.

Дар водиҳои дарёи Сир ва Ому ба соҳаи боғпарварӣ ва мевапарварӣ машғул буданд. Дар Хуҷанд бештар парвариши анор ва нок, дар Конибодом ва Исфара зардолу ва бодом ривоҷ ёфта буд. Ба соҳаи ангурпарварӣ, обчакорӣ ва парвариши сабзавот дар тамоми гӯшаву канори Мовароуннаҳру Хуросон машғул буданд.

Бо вуҷуди васеъ гардидани майдонҳои кишт ва рушди соҳаи кишоварзӣ дараҷаи техникии истеҳсолоти кишоварзӣ дар ҳамон сатҳе ки пештар буд, боқӣ монд.

Навъҳои моликият ба замин. Суюрғол ва шаклҳои он. Дар асрҳои ХIV–ХV дар Мовароуннаҳру Хуросон чор навъи заминдорӣ вуҷуд дошт: заминҳои давлатӣ, вақф, заминҳои милкӣ ва суюрғол.

Заминҳои давлатӣ. Дар маъхазҳои хаттӣ ин навъи заминдориро заминҳои мамлука меномиданд. Майдони заминҳои давлатӣ нисбат ба навъҳои дигари заминдорӣ зиёдтар буданд, аммо ба хазинаи давлат аз ин навъи замин қисми хеле ками андоз ворид мегардид. Дар ин давра заминҳое низ буданд, ки ба сокинони деҳаҳо тааллуқ доштанд ва ин гуна заминҳо моликияти давлатӣ ба ҳисоб мерафтанд. Заминҳое, ки дар онҳо боғҳои ҳокимон парвариш мешуданд, аз ҷумлаи заминҳои давлатӣ ба шумор мерафтанд.  

Суюрғол. Дар нимаи дуюми асри ХIV ва асри ХV дар Мовароуннаҳр ва Хуросон навъе аз инъомҳои феодалӣ вуҷуд дошт, ки онро суюрғол меномиданд. 

 Дар асри XV шаҳру вилоятҳои калон ба намояндагони хонадони Темуриён ба таври суюрғол тақсим карда мешуд. Намояндагони ҳарбию феодалӣ бошанд, ба заминҳои васеъ ва сершумор соҳиб мегаштанд. Дар айни замон баъзе маҳалҳои аҳолинишин ва деҳаҳои хурд ба мансабдорон ва ашхоси наздики ҳокимон ҳамчун суюрғол ба таври инъом пешкаш карда мешуд. Яке аз шаклҳои хеле маъмули суюрғол милки хоссаи аъзои хонадони салтанатӣ ба шумор мерафт. Аслан ҳамаи ин суюрғолҳо аксаран хусусияти меросӣ ба худ гирифта буданд ва аз ин рӯ, гоҳе онҳоро суюрғолҳои «абадӣ» меномиданд. Баъзан соҳиби суюрғол қисми даромади вилояти худро мебоист ба хазинаи ҳукумати марказӣ месупурд. Гоҳе ин суюрғолҳо аз тарафи ҳукумати марказӣ тамоман гирифта ва ё ҳаҷман кам карда мешуданд. 

Баъзан чунин мешуд, ки соҳибони суюрғол амалан ба ҳукмрони соҳибихтиёр табдил меёфтанд ва ҳукумати марказӣ дар муборизаи зидди онҳо оҷиз мегардид. Шахсоне, ки тавассути суюрғол ба вилоятҳо соҳиб мегардиданд, ҳуқуқ доштанд, ки бе иҷозати ҳукумати марказӣ худашон дар он ҷо мансабдоронро таъйин намоянд. Ҳангоми ҳамчун инъом ба даст овардани суюрғол ба соҳиби он санад (ярлиқ) дода мешуд, ки он муҳр дошт ва бо имзои шахси суюрғолдиҳанда тасдиқ мегардид. 

Дар баробари ин гуна суюрғолҳои калон суюрғолҳои хурд ҳам вуҷуд доштанд, ки ҳуқуқи соҳибашон аз бисёр ҷиҳатҳо маҳдуд буд. 

Дар ин давра сипаҳсолорон ва ҳатто саркардаҳои хурд, ки дар майдони ҷанг корнамоие нишон медоданд, ба гирифтани суюрғол мушарраф мегардиданд. Баъзан шахси рӯҳонӣ ҳам соҳиби суюрғол мешуд. 

Яке аз сабабҳои асосии ноустуворӣ дар ҳаёти сиёсии давлатдории Темуриён кишварро ба суюрғол тақсим кардани онҳо буд, зеро соҳибони суюрғол дар милки худ дар корҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ истиқлолияти пурра доштанд.

Илова бар ин, он замон боз як навъи дигари моликият ба замин вуҷуд дошт, ки онро тархонӣ мегуфтанд. Шахсиятҳои бонуфуз бо фармони подшоҳ барои хизматҳои шоистаашон ба унвони тархонӣ мушарраф мегардиданд ва ба онҳо иноятномаи махсус дода мешуд. Ин гуна ашхос аз замин ва милке, ки дар ихтиёри худ доштанд, ба давлат ҳеҷ гуна андоз ё хироҷе намепардохтанд.

Баъзе тархонҳои соҳиби замини зиёд дар давлат вазифаҳои баландро ишғол карда, вилоятҳои калонро идора менамуданд. Яке аз тархонҳои маъруфи асри XV Дарвеш Муҳаммад, амаки султон Аҳмад (1469–1494) буд. Як қисми заминҳои ба ӯ тааллуқдошта аз пардохти андоз озод буданд. Деҳқонони зердасташ баъд аз гирифтани унвони тархонии ӯ андозро на ба хазинаи давлат. балки ба худи султон Аҳмад месупориданд.

Дар охири асри XV даромади зиёди давлатӣ. ки аз деҳқонон ва сокинони шаҳрҳои Самарқанд, Бухоро, Шаҳрисабз ва ғайраҳо ҷамъоварӣ мешуд, ба фоидаи тархонҳо мегузашт. Тархонҳо дар Мовароуннаҳр ҳуқуқҳои сиёсии зиёдеро соҳиб гашта буданд. Дар нимаи дуюми асри ХIV ва асри ХV дар Мовароуннаҳру Хуросон инъомҳои тархонӣ бениҳоят афзун гардиданд ва дар ниҳоят амалҳои тархонҳо ба заифшавии давлат сабаб гардид. 

Навъи дигаре аз заминдорӣ бо номи ушрӣ буд, ки ба сайидон ва хоҷагон тааллуқ дошт. Соҳибони ин гуна заминҳо ба давлат фақат ушр, яъне даҳяки ҳосилро хироҷ медоданд. Заминҳои ушрӣ моликияти хусусӣ буда, ба тариқи мерос аз насл ба насл мегузашт.

Амволи вақф. Навъи дигари моликият ба замин ин заминҳои вақф буданд, ки ба муассисаҳои динӣ тааллуқ доштанд. Вақф милкест, ки аз тарафи касе барои масҷид, мадраса, мазорҳо ва умуман ба муассисоти динӣ васиқа карда шуда бошад, ба шарте, ки аз даромади он фоида гирифта шаваду харидуфурӯш нашавад. Хангоми тартиб додани васиқа ё худ вақфнома ҳузури шоҳидон ҳатмӣ буд. Дар асри XV захираи заминҳои вақф назар ба давраи гузашта афзунтар гардид. Дар ин давра фаъолияти бинокорӣ вусъат ёфта, дар бисёр шаҳрҳои Мовароуннаҳру Хуросон мадраса, масҷид, мақбара ва хонақоҳҳо сохта шуданд. Ҳамаи ин иморатҳо аз ҳисоби амволи вақф бунёд мегардиданд. Масъули амволи вақф мутаваллӣ буд. Муассисаи махсусе вуҷуд дошт, ки идораи вақфро ба таври умумӣ назорат менамуд. Сарвари ин муассисаро садр мегуфтанд. Дабирхонаи садр аз сарвати вақф андози махсусе мегирифт, ки аслан барои таъмини маоши кормандони муассисаи мазкур харҷ мешуд. Амволи вақф аз чунин назорати садр ва андози ӯ фақат бо фармони махсуси подшоҳ метавонист озод гардад. Садр ва маъмурони вай кӯшиш мекарданд, ки аз даромади вақф ҳиссаи бештаре ба даст оваранд. Ба сабаби суиистеъмоли аз ҳад зиёд баъзе садрҳо аз вазифа барканор мешуданд. 

Заминҳои милкӣ. Навъи дигари моликият заминҳои милкӣ буданд, ки ба ашрофон ва рӯҳониён тааллуқ доштанд. Заминҳои милкӣ чунин шакли моликияти шахсие буданд. ки бо хизмати давлатӣ алоқаманд набуданд ва соҳибонашон метавонистанд онҳоро озодона фурӯшанд ё ҳамчун мерос ба каси дигар диҳанд. Дар зери мафҳуми милк тамоми дороии соҳиби он, ба мисли замин ва ҷӯйборҳову корезҳо дохил мешуданд, ба шарте ки онҳо аз ҷониби худи соҳиби милк ё наздикони собиқашон харидорӣ ё коркард шуда бошанд. 

Аз даромади заминҳои милкӣ фақат як ҳиссааш ба давлат тааллуқ дошт. Дар асри XV аксари заминҳои милкии ашрофон ва рӯҳониён аз пардохти як ҳиссаи даромад ба хазинаи ҳукумати марказӣ озод шуданд. Ин гуна имтиёзҳо ба воситаи санади тархонӣ ба расмият дароварда мешуд. Заминдороне, ки ба мақоми тархонӣ мерасиданд, барои ягон хизмати шоёнашон аз боҷу хироҷ озод мегардиданд ва ҳамаи гуноҳҳои онҳо бахшида мешуд. Илова бар ин, онҳо боз ҳуқуқ пайдо мекарданд, ки бе ҳеҷ мамониат ба назди подшоҳ дароянд.

Заминҳои милкие, ки аз онҳо андоз меситониданд, ба ду қисм ҷудо мешуданд: хироҷӣ ва ушрӣ. Қисми бештари заминҳои милкӣ ба ашрофон тааллуқ доштанд. Яке аз шахсиятҳои соҳиби заминҳои зиёди милкии ин давр Кӯкалтош ном кас буд. ки дар тамоми гӯшаву канори Мовароуннаҳру Хуросон замин дошт. Ӯ ҳатто дар Миср ҳам замин харида буд. Соҳиби заминҳои зиёди дигари он давр шахси машҳур, пешвои силсилаи нақшбадия Носируддин Убайдуллоҳ ибни Маҳмуди Шошӣ маъруф ба Хоҷа Аҳрори Валӣ ба шумор мерафт. Ӯ дар Мовароуннаҳр 1300 қитъаи калони замин дошт. 

Дар нимаи дуюми асри XIV ва асри XV навъи дигари замин бо номи милки ҳурри холис вуҷуд дошт. Роҳи асосии ташкил ва такмили ин навъи замин дар байни соҳиби милки хусусӣ ва давлат аз рӯйи тақсими ҳиссаи даромади ба онҳо муқарраршудаи заминҳои милкӣ иборат буд. Чунончи, давлат аз заминҳои милкӣ аз се ду ҳиссаи даромад ва шахси молик аз се як ҳиссаи онро соҳиб мешуд.  

Навъҳои андоз. Сиёсати гирифтани андоз дар нимаи дуюми асри ХIV ва асри ХV пурра ба манфиати ҳокимони кӯчманчии турку муғул равона мешуд. Тамоми мушкилоти андозсупорӣ ба дӯши аҳолии муқимӣ, яъне тоҷикон вогузор гардида буд.  

Дар он замон андози асосии замин хироҷ ба шумор мерафт, ки ба ду шакл ситонида мешуд: яке ба тариқи мол, яъне ҳиссае аз ҳосили замин ва дигаре аз рӯйи масоҳати замин ба тариқи пул пардохт мегардид. Хироҷ асосан ба шакли мол рӯёнида мешуд ва он ҳаҷми муайяне дошт. 

Ҳокимон ҳангоми ситонидани хироҷ ба талаботи шариат риоя менамуданд, вале дар баъзе ҳолатҳо бо хоҳиши худ ба он баъзе тағйирот илова мекарданд. Ҳолатҳое буданд, ки баъзе вилоятҳо ба муносибати ин ё он ҷашнҳо муддати муайяне пурра аз хироҷ озод мегардиданд. Барои мисол, Шоҳрух соли 1394 ба муносибати таваллуди писараш Иброҳим султон кишоварзонро ба муддати як сол аз додани хироҷ озод намуд. Ё ин ки Темурланг ҳангоми аз ҷанги панҷсола (1392–1396) баргаштанаш, деҳқонони Самарқандро дар муддати се сол аз хироҷ озод намуд. Дар ин ҳолатҳо миқдори зарари хироҷ аз ҳисоби ғанимат ва даромадҳои аз ҷанг бадастомада ҷуброн мегардид.

Дар сарчашмаҳо қайд гардидааст, ки баъзан амалдоронро барои суиистифода аз вазифа ва худсарона зиёд кардани ҳаҷми хироҷ ҷазо медоданд ва ҳатто маҷбур мекарданд, ки андози барзиёд ситонидаашонро ба деҳқонон баргардонанд. Баъзан бо дархости ашхоси бонуфуз миқдори хироҷ коҳиш дода мешуд. 

Бояд қайд намуд, ки Темурланг аслан ҷонибдори беҳ гардидани зиндагии халқи меҳнаткаш набуд. Ҳангоми татбиқ кардани чунин сиёсат ӯ, пеш аз ҳама, манфиати хазинаи худро дар назар дошт, зеро суиистеъмоли андозситонон ба воридшавии андоз ба хазинаи давлат таъсири манфӣ мерасонид. Ин чорабиниҳои Темурланг дар навбати худ бар зидди ҳокимон ва ашрофони саркаш ва мустаҳкам намудани ҳокимияти марказӣ равона гардида буд. Ба ҳар ҳол ин тадбирҳо то дараҷае барои барқарор гардонидани хоҷагии вайронгаштаи деҳқонон мусоидат менамуданд.  

Ба ғайр аз хироҷи замин дар асри XV боз андозҳои дигари иловагӣ вуҷуд доштанд, ки ба ҳар кадоме аз онҳо баҳои қонунӣ дода, ҳам ба шакли пул ва ҳам ба шакли мол аз мардум меситониданд. Қисме аз чунин андозҳои иловагӣ барои таъмини маоши соҳибмансабон харҷ мешуд. Бори аз ҳама гарон барои аҳли меҳнат дар он замон ин бемузд кор фармудани онҳо дар сохтмон ва таъмири ҳисору қалъа, кофтан ва тоза кардани ҷӯйбору корезҳо ва ғайраҳо буд, ки онро «бегорӣ» меномиданд.

Дар замони Темуриён аз мардум барои корҳои бозаргониву тиҷорат андози пулие ситонида мешуд, ки онро тамға мегуфтанд. Тамғаро дар Мовароуннаҳр муғулҳо ҷорӣ карда буданд ва хилофи шариати исломӣ буд. 

Дар ин давра боз чунин андозҳо вуҷуд доштанд: аворизот, сардарахт, доруғона, зобитона, миробона, муҳассилона, мушрифона, ҳаққулавориҷа, мирҳазорона, дудӣ, саршумор, саркаллагӣ, улоғ, ясавулӣ, пешкаш, номбардори қӯшун, ихроҷот, ҷизя ва ғайра. Илова ба ин андозҳо ба дӯши аҳолӣ уҳдадориҳои зиёди дигаре низ бор мегардиданд, ки дар шариати исломӣ пешбинӣ нашуда буданд. Боиси тазаккур аст, ки баъзе қабилаҳои кӯчманчӣ, ки дар қӯшунҳои давлатӣ хизмат мекарданд, аз супоридани андоз ва уҳдадориҳо озод буданд.  

Эътирози аҳолӣ нисбат ба андозгириҳои ғайриқонунии маъмурон.

Андозе, ки аз оммаи меҳнаткаш ситонида мешуд, хеле вазнин ва миёншикан буд. Ин бори гарон, хусусан, ҳангоми ҷангҳои байнихудӣ, ки боиси чандин маротиба ҷамъ кардани ҳамон як андозу молиёт ва ҷорӣ намудани андозҳои нав мегардиданд, боз ҳам афзунтар мешуд. Илова бар он, маъмурони хироҷ аз мансаб суиистифода намуда, барои фоидаи худ андозҳоро аз рӯйи меъёри муқарраргардида зиёдтар ҷамъ мекарданд. Ҳамаи ин аҳолии шаҳру деҳотро маҷбур мекард, ки ба муқобили ҳокимият бо шаклҳои мухталиф эътироз намоянд. Баъзан деҳқонон ба ин беадолатиҳо тоқат накарда, ба вилоятҳои дигар кӯчида мерафтанд. Ин ҳукуматдоронро маҷбур мекард, ки андозҳои аз меъёр зиёдаро бекор кунанд. Муқовимати ошкори мардум, ки дар вақти ҷангҳои байнихудии шоҳзодагони темурӣ аз андозҳои иловагии беохир хонахароб шуда буд, дар сарчашмаҳо хотиррасон гардидааст. Масалан, ҳангоми Хуросонро забт кардани султон Ҳусайн, амалдорони нави ӯ ба сари аҳолӣ андозҳои иловагӣ бор карданд ва сокинони Ҳирот ба ин амали онҳо эътирози ниҳоят сахт баён намуданд. Султон Ҳусайн маҷбур шуд, ки ҳам андозҳоро бекор намояд ва ҳам он амалдорони худсарро аз вазифа дур созад. Ҳодисаҳои дар натиҷаи эътирози мардум бекор шудани андозҳо ба муҳлатҳои гуногун боз чандин маротиба ба вуқӯъ пайвастанд. Темуриён барои барқарор намудани қудрати пардохти молиёт ба аҳолӣ гузаштҳои муваққатӣ карда, дар ин роҳ бо худсарии маъмурон низ мубориза мебурданд. Дар сарчашмаҳо на фақат ҳодисаҳои аз мансаб дур кардан, балки ҳатто қатл намудани ин қабил маъмурони худсар низ зикр ёфтааст.

Мувофиқи маълумоти сарчашмаҳо яке аз аломатҳои ғайримустақими мавҷудияти ҷамоатҳо тақсимнашавандагии замини деҳот мебошад. Ҳангоми хариду фурӯш ва ё ба вақф бахшидан қитъаҳои ҷудогонаро аз минтақаи умумии замин ҷудо намекарданд. 

 Сарчашма: 

Абдурраззоқи Самарқандӣ дар бораи бекор кардани як навъи андоз – тамға маълумоти зерин медиҳад: «Тамғаи Самарқанд ва Бухоро, ки маблағи сангин буд, мутлақан барандохтанд ва аҳкоми ҷаҳонӣ мутеъ дар ин боб мукаммал сохтанд ва ҳазрати салтанат ваъда фармуд, ки дар тамоми мамолики маҳруса (ҳудуди ҳифзшавандаи мамлакат) тамға ва ҷамеи муноҳиро (манъ кардашударо) барандозанд… Пеш аз идрок чизе бар раият ҳавола надорад ва агар ба зарурат воқеъ шавад, зиёдат аз ду донг (шашяки ҳар чиз) асли мол наситонанд ва се қист (ҳисса) молро мутолиба (талаб) кунанд. Яке дар саратон ва дигаре дар сунбулаву мизон ва татимаро дар қавс ба ваҷҳ ниҳанд ва ихроҷот (хароҷот) то он замон ки машруҳ (рӯйхат) ба арз нарасонанд ва дар он боб ҳукми ҳумоюн дуруст нашуд, харҷ наяндозанд ва агар хилофи он воқеъ шавад, девониён (кормандони девон) мустаҳаққи (лоиқи) қатл бошанд». 

Абдурраззоқи Самарқандӣ. Матлаъ-ус-саъдайн. Ҷилди 2, Лоҳур, 1949, саҳ. 1333 – 1335. 

Мирхонд дар бораи андозситонии ҳокимон ахбори зерин медиҳад: «Дар ин сол се бор молиёт аз мардуми шаҳри Ҳирот гирифтанд: якеро мирзо Шоҳмаҳмуд – писари Бобур, дуюмро мирзо Иброҳим султон – писари Алоуддавла, севумро мирзо султон Абусаид. Яке аз умуре, ки сабаби харобӣ ва поймол шудани раоё гардид ин буд, ки муҳассилони зару мол барои лашкар мегирифтанд ва доруғагон дар мавозеъ ва музореъ аз мардум доруғона мехостанд ва ёсоқон (лашкариён) ғорату тороҷ аз ҳадд мегузаронданд».

Мирхонд. Равзат-ус-сафо. Таҳзиб ва тахлиси доктор Аббоси Зарёб. Теҳрон, 1373, саҳ. 1192.

Маълумоти вақфномаи соли 1470 дар бораи ба вақф додани қарияи Доиҷ: «…Мустасно аст аз ин қария вақфи як қитъа замини обхӯр ва қобили зироат ва як боғи маъмур (обод) ва заминҳои дигари қобили зироат. Ва ин ҳама пайваста аст ба ҳамдигар ва дар мулки ҳазрат воқифи мазкур аст ва маҳдуд аст бар ин ваҷҳ, ки ҳадди шарқии ин маҷмӯъ мепайвандад ба саканиёти деҳбошон ва баъзе ба кӯли Қалъа... Ва низ мустасност аз ин қарияи Доиҷ вақфи заминҳои Сулаймоншоҳӣ, ки мамлука аст ва машҳур аст ба ҳудуди муайяна. Ва низ мустасност аз вай як қитъа замини… муштамила бар саканиёт ва ин маҳдуд аст бар ин ваҷҳ, ки шарқи он ва шимоли он мепайвандад бар заминҳои обхӯр ва қобили зироат, ки аз ҷумлаи вақф аст». 

Вақфномаи Хоҷа Аҳрор аз 25 январи соли 1470 дар бораи ба вақф додани қарияи Доиҷ… ба фоидаи масҷид ва мадрасае, ки дар гузари Дарби Сӯзангарони шаҳри Самарқанд воқеъ буд. Чехович О.Д. Из источников по истории Самарканда XV в. // Из истории зпохи Улугбека. Ташкент, 1965, саҳ. 332 – 333. 

Маълумоти Абдурраззоқи Самарқандӣ дар бораи ба суюрғол додани мавзеи Дуҷийл ба ҳамсари амирзода Абӯбакр: «Мавкиби ҷалол (Темурланг) ба ҷониби Султония муовидат намуд ва раоёти офтоби ишроқ ба савқи билод омад ва амирзода Абӯбакрро дувист сар асб ва сад ҳазор динори капакӣ ва сад даст ҷабба инъом фармуд ва дар ақиби амирзода Рустам ва боқӣ умаро равон сохт ва ҳарами шоҳзодаро, ки духтари амир Сайфиддин буд, Дуҷийл, ки аз тавобеи Бағдод аст, суюрғол фармуда ва рухсат фармуда, ба тарафи Султония баргашт».

Абдурраззоқи Самарқандӣ. Матлаъ-ус-саъдайн ва маҷмаъ-улбаҳрайн.Ҷилди 2, китоби 2. Бо эҳтимоми доктор Абдулҳусайни Навоӣ. 1383, саҳ. 1005. 

Савол ва супориш:

1) Вазъи кишоварзӣ дар ин давра дар кадом ҳолат буд?

2) Дар соҳаи обёрӣ чӣ гуна тадбирҳо меандешиданд?

3) Дар бораи суюрғол маълумот дода, шаклҳои онро номбар кунед. 

4) Навъи заминдории тархонӣ чӣ маънӣ дорад?

5) Замини ушрӣ ба кӣ тааллуқ дошт?

6)Амволи вақфро шарҳ диҳед. 

7) Дар бораи заминҳои милкӣ ва заминҳои милки ҳурри холис маълумот диҳед. 

8) Хироҷ бо кадом шаклҳо ситонида мешуд? 

9) Навъҳои андозро номбар кунед. 

10) Чаро аҳолӣ ба муқобили ҳокимият эътироз баён менамуд? 

11) § 7-ро такрор намоед.