§ 48. ҲУНАРМАНДӢ. САРВАТҲОИ ЗЕРИЗАМИНӢ

§ 48. ҲУНАРМАНДӢ. САРВАТҲОИ ЗЕРИЗАМИНӢ

    Дар нимаи аввали асри XIX дар аморати Бухоро ва хонии Хӯқанд ҳанӯз меҳнати ҳунармандӣ аз кишоварзӣ ҷудо ба назар намерасид. Бинобар он, сокинони шаҳрҳҳо ҳамзамон бо тавлиди маснуоти дастӣ ба кишоварзӣ низ машғул мешуданд. Сокинони деҳот бошанд, на танҳо кишоварзӣ ва чорводорӣ, инчунин, косибӣ низ мекарданд. Вобастагии ҳунармандӣ бо кишоварзӣ вазъи қувваҳои истеҳсолкунанда ва муомилоти молии ин замонро инъикос менамуд, ки он дар сатҳи поин қарор дошт. 

    Дар деҳот истеҳсолоти ҳунармандӣ дар хонаҳои сокиннни он ба роҳ монда шуда буд. Деҳотиён бештар читу хомсуф ва карбос мабофтанд. Дар шаҳри Истаравшан аз 1041 дукони косибон 187-тоаш дар деҳаҳои гирду атрофи он ҷойгир буданд. Ин шаҳр бештар ба истеҳсолоти лавозимоти пашмӣ, корд ва теғ (поку), матоъҳои дастдӯз ва дастбоф шуҳрат пайдо карда, маҳсулоти он на фақат эҳтиёҷоти дохилиро қонеъ мегардонид, балки ба берун ҳам содир карда мешуд.  

  

Мисгар 


Дастгоҳи шоҳибофӣ 

     Дар деҳот касбу ҳунар ривоҷ ёфта бошад ҳам, аммо сатҳи тараққиёт ва такомули техникии касбу ҳунари шаҳр баландтар буд.  

    Дар ин замон касбу ҳунар ихтисосҳои зиёдеро фаро мегирифт, ки мардум асосан ба чунин ҳунарҳо шуғл доштанд: пардози филизот, бинокорӣ, даббоғӣ, кулолгарӣ, чӯбкорӣ, либосдӯзӣ, ошпазӣ ва дигар касбу кор, ки тавассути он дигар ашёи рӯзгорро тайёр мекарданд. Ҳар як соҳа дар навбати худ ба гурӯҳҳо ҷудо мешуд. Чунончи, пардози филизот ба панҷ гурӯҳ тақсим гардида буд: оҳангарӣ, дегрезӣ, мисгарӣ, рехтагарӣ ва заргарӣ. Дар айни замон худи як гурӯҳи оҳангарӣ чунин пешаваронро дар бар мегирифт: челонгар, наългар, қуфлсоз, кордгар, сӯзангар ва мехчагар. Чунин гурӯҳбандиҳо дар дигар соҳаҳои касбу ҳунар низ вуҷуд доштанд. 


    Тасвире аз маросими чӯянгудозӣ

    Дар нимаи аввали асри XIX кулолгарӣ, ки занону мардон ба он шуғл доштанд, рушд кард. Ҳунари чӯбкорӣ низ густариш ёфт. Ҳунари заргарӣ бағоят инкишоф ёфта буд. Заргарҳо аз тиллову нуқра ва мис зебу зинати занона месохтанд ва ба онҳо аз сангҳои қиматбаҳо ва камқимат нигин васл мекарданд. Илова ба тоҷикон дар ҳунари заргарӣ ҳиндуҳо, ки дар шаҳрҳои Бухоро, Хӯқанд, Шаҳрисабз, Қаршӣ ва Ҳисор зиндагӣ мекарданд, низ маъруф буданд. 

    Аз охирҳои асри XVIII ва ибтидои асри XIX Хӯқанд чун як маркази истеҳсоли коғаз шуҳрат пайдо кард. Ҷувозҳои коғазгарии Хӯқанд дар Сух, Чоркӯҳ, Ворух, Хуҷанд, Истаравшан ва дар деҳаи Қӯштегирмон воқеъ буданд. Дар ин ҷойҳо коғази хом тавлид мекарданд ва онро ба маркази хонигарӣ–шаҳри Хӯқанд интиқол дода, коркард намуда, онро ҷилодор карда, баъдан ба бозор барои фурӯш мебароварданд. 

    Ҳамаи кори ҳунармандони моҳир дастӣ иҷро мешуд, ки ин меҳнати зиёдеро талаб менамуд. Бинобар ин, ҳаҷми маҳсулоти аксари косибон чандон зиёд набуд. Музди меҳнати косибон барои рӯзгор ва харидани ашёи хом кифоят намекард.  

    Ҳар як ҳунарманд шогирди худро дошт. Ҳунармандон ҳунари худро ба писар, бародар ё наздикони худ ҳатман меомӯзонданд, ки ба ин васила силсилаи ҳунармандони авлодӣ ба вуҷуд меомад. 

    Ҳар як ҳунар оинномаи худро дошт, ки онро рисола меномиданд, ки дар он навъ ва андозаи ин ва ё он маҳсулот навишта мешуд. Косиб ин қоидаи пешбинишударо бояд риоя мекард. 

    Дар тамоми шаҳрҳои аморати Бухоро ва хонии Хӯқанд ҳунармандони як касб як навъ иттиҳодияҳоеро таъсис карданд, ки дар маҳаллаҳои алоҳида ҷойгир буданд. Масалан, баъзе маҳаллаҳои шаҳрҳои Хуҷанд ва Истаравшан ба коркарди филизот махсус гардонида шуда, дар Хуҷанд маҳаллаҳои сангарон, ниёздегча, кунгурасозон, милтиқсозон, дар Истаравшан бошад, маҳаллаҳои дегрезон, сӯзангарон, мехчагарон ва кордгаронро ба вуҷуд оварданд.  

            

Кӯзаҳо 

 

     Рушди маснуоти дастӣ ва ҳунармандӣ боиси бузург шудани шаҳрҳо гардид. Дар ин давр шаҳрҳои Бухоро, Самарқанд, Хӯқанд, Намангон, Ҳисор, Тирмиз, Истаравшан ва Хуҷанд шаҳрҳое буданд, ки аҳамияти муҳимми иқтисодӣ доштанд. 

    Ҳунармандӣ дар ҳаёти иқтисодии аморати Бухоро нақши муҳим мебозид. Аксари аҳолии шаҳр аз косибону ҳунармандон иборат буд. Дар шаҳри Бухоро тақрибан 10–15 ҳазор ҳунарманд мезист, ки бо аҳли хонаводаи худ қариб чоряки аҳолии шаҳрро ташкил медоданд. 

    Пешаварон бо аҳли хонаводаи худ қисми муҳимми аҳолии Хуҷандро ташкил мекарданд. Дар ин шаҳр зиёда аз 100 навъи истеҳсолоти ҳунармандӣ вуҷуд дошт. Хуҷанд бо абрешими худ маъруф буд ва ба ин сабаб дар ин шаҳр касби бофандагӣ равнақи бештар пайдо кард. Ҳисор бо теғ, шамшер ва кордҳои худ шуҳрат ёфта буд, ки ин маҳсулотро ба тамоми шаҳрҳои аморат мебурданд. Дар дигар шаҳрҳои Бухорои Шарқӣ оҳангарӣ ривоҷ ёфта буд, ки ин ҳунар бо маҳсулоти худ махсус гардонида шуда буд. Масалан, як оҳангар танҳо занҷир, дигараш наъл, сеюмӣ мех, чаҳорумӣ каланд ва ғайра истеҳсол мекарданд. 

    Мардуми ноҳияҳои кӯҳистони Рашту Дарвоз бо кулолгарӣ шуғл доштанд. Бо ин ҳунар ҳам занон ва ҳам мардон машғул мешуданд. Ҳунари чӯбкорӣ низ равнақ ёфта буд. Устоҳо асбобу олоти кишоварзӣ – сипор, чоршох ва панҷшох, белҳои чӯбин, афзорҳои гуногуни рӯзгор–кафш, чарх, қуфл, дастгоҳи бофандагӣ, гаҳвора, дару дарича, панҷараҳои зебо ва ғайраҳоро месохтанд. Устоҳо зини асп ва зини хар тайёр мекарданд, ки дар бозори маҳаллӣ талабот ба он зиёд буд. 

    Матоъҳои ҳархела ва гуногунранг, гулпартоии устоҳои маҳаллӣ, ки ба он ҳам мардон ва ҳам занон машғул буданд, бағоят тараққӣ карда буд.  Пешонабандҳои арӯсӣ, куртаҳои чакан, пӯшоки пашмӣ (чакман) ва куртаҳои рағза, парпарӣ, халтачаҳо барои ҷиҳози арӯсӣ, гулдӯзиҳои ҳархела (ҷойнамоз, рӯҷо, борпӯш, сӯзанӣ ва ҳоказо) аз ҳунари баланди чеварон ва дигар ҳунармандон гувоҳӣ медоданд. 

     Дар охири асри XVIII ва ибтидои асри XIX дар аморати Бухоро истеҳсолоти ҳунарҳои дастӣ бо маҳсулоти корхонаҳо, ки аз кишварҳои гуногун ворид карда мешуд, наметавонист рақобат кунад ва ин сабаби заиф гаштани истеҳсоли навъҳои анъанавии маҳсулоти ҳунармандӣ гардид. 

    Сарватҳои зеризаминӣ. Маводи хомро барои истеҳсолоти ҳунармандӣ аз соҳаи кишоварзӣ ва чорводорӣ, инчунин, аз истихроҷи маъдан ба даст меоварданд. Аморати Бухоро ва хонии Хӯқанд аз сарватҳои зеризаминӣ ғанӣ буд. Дар ин сарзамин конҳои маъдан зиёд буданд, вале ба сабаби ҳанӯз дар ҳолати ибтидоӣ қарор гирифтани тариқи истихроҷ ва хеле афзун будани талабот эҳтиёҷи кишварро қонеъ карда наметавонистанд. 

    Тоҷиконе, ки дар ду тарафи соҳили Зарафшон ва Искандардарё зиндагӣ мекарданд, инчунин, аз соҳилҳои дарёҳои дар Рашту Дарвоз ҷорӣ мешуда бо усули заршӯйи тилло ба даст меоварданд. Дар нимаи аввали асри XIX истихроҷи филизоти ранга вусъат ёфт. Ин замон тилло на танҳо дар соҳилҳои дарёҳои Зарафшон ва Вахш инчунин, дар Балҷувон, дар миёнаоб ва болооби рӯди Панҷ, бахусус, дар деҳаи Гармчашма, дар тарафи соҳили рости ин дарё ва дар Бадахшон фаровон ба даст меомад. Бо вуҷуди ин ки маҳалҳои зиёди истихроҷи тилло зиёд буданд, аммо тиллои ба тариқи заршӯйӣ бадастомада талаботи кишварро наметавонист қаноатманд созад, бинобар ин аз Ҳиндустон, Эрон ва Хитой ба аморати Бухоро ва Хӯқанд тилло ворид карда мешуд. 

    Дар кӯҳҳои Шаҳрисабз, Бойсун, Ҳисор, дар болооби дарёи Ванҷ ва дигар маҳалҳои Бадахшон маъдани оҳан, дар Кӯҳитанг, кӯҳсори Фарғона ва Варзоб сурб (қӯрғошим) истихроҷ мекарданд. Бо вуҷуди ин ки конҳои истихроҷи маъдани оҳан маълум буданд, дар бисёр ноҳияҳо аз реги дарё ба даст овардани онро афзал медонистанд.  

    Дар ибтидои асри XIX дар баробари истифодаи силоҳи оташфишон ба сурб ва селитра, ки барои тайёр кардани тир ва борут зарур буданд, аҳамият медоданд. Сурб, нуқра ва селитраро дар кӯҳҳои Истаравшан ва Фарғона, намак ва графитро дар наздикии Бухоро, фирӯза, мис, сурма ва оҳанро дар Нурато ва гаҷро дар Самарқанд истихроҷ мекарданд. 

    Болооби Зарафшон–Мастчоҳ, Фалғар, Фон, Киштут аз тиллою олтингӯгирд, селитраю сурма, ангиштсанг ва дигар сарватҳои зеризаминӣ ғанӣ буд. Олтингӯгирд дар наздикии қалъаи Сарвода (Фалғар) ба даст оварда мешуд, ки ҳуқуқи истихроҷи онро танҳо бекҳои водии Фондарё доштанд. 

    Намак дар ноҳияҳои Қаршӣ, Бойсун, Норак, кӯҳҳои Хоҷасартез, Хоҷамуъмин ва ҷойҳои дигар фаровон истеҳсол мешуд. Онро ҳам ба шакли суда (масалан, дар Ашт) ва ҳам ба шакли намаксанг (конҳои машҳури намаки рангини кӯҳҳои Ғузор, намаки кӯҳи Хоҷамуъмин – наздикии Кӯлоб ва ғайра) ба даст меоварданд. 

    Дар кӯҳистони Бадахшон ва Фарғона ҳар гуна ҷавоҳирот ва сангҳои қиматбаҳо, чун лаълу ёқут, фирӯза, лоҷвард ва амсоли инҳо ба даст оварда мешуд. Дар ибтидои асри XIX, дар соҳили дарёи Панҷ, дар наздикии Шуғнон лаъл ба даст меоварданд. Ин макони истихроҷи лаъл меросӣ аз насл ба насл мегузашт. Пешаварони ин ҷой ҳунари истихроҷи ин санги қиматбаҳоро ба меросбарони худ меомӯзониданд. Дар солҳои бистуми асри XIX баъд аз он ки ҳокими Қундуз Муродбек Бадахшонро ишғол кард, коргарони лаъл истехроҷ мекардаро маҷбур сохт бемузд барои ӯ лаъл истихроҷ кунанд, аммо онҳо аз ин фармони ҳокими Қундуз сарпечӣ карданд, ки дар натиҷа миёни эшон задухӯрд ба амал омад. Муродбек онҳоро ба ботлоқзорҳои Қундуз муҳоҷир кард, ки аксари ин пешаварон ҳалок шуданд. 

    Таваҷҷуҳ ба филизоти қиматбаҳо чун тиллову нуқра ва дигар маъданҳо аморати Бухороро водор сохт ба Русия муроҷиат намояд, то дар муайян кардани конҳо ва истихроҷи маъданҳо дар аморат ба онҳо ёрӣ расонанд. Ин буд, ки дар солҳои сиюми асри XIX Русияи подшоҳӣ гурӯҳи муҳандисонро бо сарварии Бутенев ба Бухоро фиристод. Ин ҳайат корҳоеро дар муаяйн намудани конҳои филизот ва сангҳои қиматбаҳо дар Бухоро ва болооби Зарафшон анҷом дод. 

    Дар нимаи аввали асри XIX набудани василаҳои техникӣ ва мутахассисон истихроҷи сарватҳои зеризаминиро дар қаламрави аморат душвор мегардонид. 

Сарчашма: 

     Муҳаммад Содиқхоҷаи Гулшанӣ дар «Таърихи Ҳумоюн» дар бораи машғулияти мардуми Ҳисор менависад: «Аҳолии Қаратоғ ва Ҳисор ба илми саноат низ машғуланд. Чунончи, ба алочабофӣ ва кордсозӣ ба муҳрканӣ маъруфанд. Алоча ва корду дашнаи Қаратоғ забонзади аҳли олам аст, дӯсту душман ба нафосати саноеи онҳо инкор надорад ва аҳли Қаратоғ ба муҳрканӣ низ маҳорати тамом доранд». 

    Муҳаммад Содиқхоҷаи Гулшанӣ. Таърихи Ҳумоюн. Таҳиягар Ҷ.Назриев, Душанбе, 2006, саҳ. 125. 

    Т.С. Бурнашев, ки сафаре ба аморати Бухоро дар охири асри XVIII дошт, дар бораи ин ки мардуми деҳот мисли шаҳриён ба ҳунармандӣ машғул буданд, менависад: «Як иддае аз сокинони деҳаҳо мисли шаҳриён коғаз ва абрешим мересанд ва матоъ мебофанд. Аммо онҳо ва дигарон бинои махсусе барои кор надоранд ва онро дар хонаҳои худ дуруст мекунанд». 

    Бурнашев Т.С. Путешествие от сибирской линии до города Бухары в 1749 и обратно 1795 г. /Сибирский вестник. Санк-Петербург, 1818, саҳ. 80. 

Савол ва супориш: 

1) Дар ин давра вобастагии ҳунармандӣ бо кишоварзӣ чиро инъикос мекард? 

2) Дар он замон кадом касбу ҳунарҳо маъмул буданд? 

3) Рушди маснуоти дастӣ ва ҳунармандӣ боиси чӣ мегардад? 

4) Чаро дар охири асри XVIII ва ибтидои асри XIX истеҳсолоти ҳунарҳои дастӣ заиф гардид? 

5) Филизоти қиматбаҳо дар куҷо истихроҷ мешуд? 

6) Дар Бадахшон чӣ навъ маъданҳо ба даст меоварданд? 

7) Дар бораи пешаварони Шуғнон маълумот диҳед.