§ 28. БАДАХШОН ВА ҲИСОР ДАР АСРИ XVII ВА НИМАИ АВВАЛИ АСРИ ХVIII

§ 28. БАДАХШОН ВА ҲИСОР ДАР АСРИ XVII ВА НИМАИ АВВАЛИ АСРИ ХVIII

    Минтақаҳои соҳили чапи дарёи Ому – Қундуз, Файзобод, Балх, Шибирғон ва Бадахшон ва дар соҳили рости ин дарё – Тирмиз, Кӯлобу Қубодиён тобеи сулолаи Аштархониён буданд. 

    Дар замони ҳукмронии Субҳонқулихон мавқеъ ва эътибори баъзе аз сарони қабилаҳо баланд гардид. Яке аз онҳо Маҳмудбийи атолиқ буд. Хон ӯро ҳокими Балху Бадахшон таъйин намуд. Он солҳо Бадахшон мулки мустақил буд. Дар он ҷо асосгузори сулолаи амирони тоҷики бадахшонӣ Ёрбеки Даҳбедии Самарқанӣ ҳукмронӣ мекард. Дар нимаи дуюми асри XVII муносибат байни Бадахшон ва Бухоро сард шуд ва дар натиҷа тохтутози лашкари Бухоро ба Бадахшон вусъат гирифт. Хони Бухоро мехост хазинаи худро бо лаъли Бадахшон ғанӣ гардонад. Бо ҳамин мақсад тирамоҳи соли 1691 Маҳмудбийи атолиқ як гурӯҳи соҳибмансабонро барои идора кардани фаъолияти конҳо ба Бадахшон фиристод, вале Ёрбек онҳоро ба он конҳо роҳ надод. Он гоҳ Маҳмудбий соли 1692 лашкари зиёд ҷамъ оварда, ба сӯйи Бадахшон лашкар кашид ва шаҳри марказии Бадахшон Ҷузгун (Файзобод)-ро муҳосира кард, вале онро гирифта натавонист. Маҳмудбий маҷбур шуд, ки бо Ёрбек қарордоди сулҳ баста, ақиб нишинад. Мувофиқи қарордод Ёрбек худро тобеи хони Бухоро эътироф кард ва уҳдадор шуд, ки маҳсули дусолаи конҳои лаъли Бадахшонро ба хон супорад, лекин дар амал ӯ ҳокими мутлақи он ҷо буд ва мустақилона кор мекард. Ёрбек дар Бадахшон 50 сол ҳокимият кард. 

    Дар асри XVI Балх, Тирмиз, Қундуз, Қубодиён, Хатлону Бадахшон тобеи ҳокими Ҳисор буданд. Дар солҳои ҳукмронии сулолаи Аштархониён ин мулкҳо, ҳатто Ҳисор тобеи Балх гашт, чунки дар Балх валиаҳди хони Бухоро ҳоким буд ва ӯро низ «хон» меномиданд. 

    Дар замони ҳукмронии Имомқулихон дар Ҳисор Давлатбийи кенагас ҳоким буд. Ӯ дар байни ҳокимони вилоятҳои дигари Бухоро мақоми хосеро дошт, ки дар натиҷа сиёсати нимамустақилиро ба даст овард. 

    Ҳукмронии Давлатбий то соли 1642 давом кард. Баъди ба сари ҳокимияти Бухоро омадани Надирмуҳаммадхон дар вилоятҳо писарони ӯ ҳукмрон шуданд ва Ҳисор ба Қиличмуҳаммад ном писари ӯ расид. Сарзамини дар асри XVI ягонаи Ҳисор дар замони ҳукмронии сулолаи Аштархониён ба қисмҳо тақсим шуда, ба итоати Бухоро гузашт. Вале мубориза барои ба даст овардани ҳокимият дар Ҳисор байни писарони Надирмуҳаммадхон давом мекард, ки билохира, писари сеюми ӯ Баҳром султон ҳокими ин мулк гашт.  

    Баъд аз ба сари ҳокимияти Бухоро омадани Абдулазизхон (1645–1680) байни хонҳои Бухоро ва Балх барои соҳиб шудан ба ҳокимияти Ҳисор муборизаҳо оғоз шуданд. Аз ин муборизаҳо истифода намуда, як муддати кӯтоҳ ҳокими Самарқанд Ҳисорро тобеи худ гардонид. Итоати мулки Ҳисор ба Балх, Самарқанд ва Бухоро доимӣ набуд. Дар охири асри XVII аз бесарусомониҳои Бухоро истифода намуда, Ҳисор мустақилияти худро барқарор намуд. 

    Он замон Ҳисор яке аз вилоятҳои саркаш ба шумор мерафт. Дар ин ҷо қабилаи юзи ӯзбек ҳукмронӣ мекард, ки пешвои онҳо Уткан додхоҳ ном шахсе буд. Соли 1703 лашкари 

Бухоро бо сардории пешвои юзҳои Самарқанд Муҳаммадраҳимбийи атолиқ, ки бо юзҳои Ҳисор, махсусан, бо Уткан муносибатҳои душманона дошт, ба ин сарзамин ҳуҷум намуд. Рафтори душманонаи онҳо боиси хашму ғазаби мардуми Ҳисор гардид. Исёнгарон қароргоҳи лашкари Бухороро торумор карданд.  

    Лашкари Бухоро ақибнишинӣ карда, аҳолии Ҳисорро ба ихтиёри Уткан вогузор намуд. Он гоҳ аҳолии Ҳисор намояндагони худро ба назди хони Бухоро фиристода, муроҷиат намуданд, ки вазъияти онҳо хеле ногувор аст ва аз хон хоҳиш каданд, ки бехатарӣ ва осудагии аҳолии осоиштаро таъмин намояд. Вале амирон бо намояндагони аҳолӣ муносибати дағалона намуданд ва Назар тентак, яке аз бародарони Худоёрбийи манғит, шамшер кашида, ба ҷониби намояндагони мардум равон гардид. Шӯришгарон сангу калтак ба даст гирифта, бар зидди онҳо баромаданд. Амирони Бухоро бо сардории Муҳаммадраҳимбий аз тарс роҳи гурезро пеш гирифтанд. Он гоҳ аҳолии Ҳисор хаймаҳои лашкари Бухороро, ки рӯ ба гурез оварда буданд, ғорат намуданд. 

    Ин шӯриш то андозае оммавӣ буд, ки шӯришгарон бо сангу дастчӯб бар лашкари мусаллаҳи Бухоро пирӯз шуданд. Дар ин шӯриш дар баробари ҳунармандону тоҷирон дигар қишри аҳолии шаҳр низ фаъолона иштирок намуданд. Дар ин маврид манфиати ӯзбекҳои қабилаи юз ва аҳолии муқимии вилояти Ҳисор – тоҷикон ба ҳам омаданд. Халқ барои қатъи ҷанг дар қаламрави худ ба по хестанд ва юзҳо онҳоро дастгирӣ намуданд. 

    Хабари нокомии лашкари Бухоро дар Ҳисор ба ҳокими Балх Муқимхон расид. Бо фармони ӯ лашкари Балх бо сардории Маҳмудбийи атолиқ моҳи феврали соли 1704 ба сӯйи Ҳисор ҳаракат кард. Вале то омадани онҳо ҳокими Ҳисор Уткани додхоҳ лашкари фирории Бухороро таъқиб намуда, лавозимоти зиёди ҳарбӣ, чодару хайма ва асиронро ғанимат гирифт. 

    Шикаст дар Ҳисор хони Бухоро – Убайдуллоҳхонро рӯҳан азоб медод. Ӯ аз набудани иттиҳод дар байни қабилаи юз истифода намуда, бори дигар ба сӯйи Ҳисор лашкар кашид. 

    Ин навбат ҳам Балх бо мақсади ба итоати худ даровардани мулки Ҳисор лашкари сершуморро зери фармони Маҳмудбий ба он мулк равон кард. Ба ӯ муяссар гардид, ки лашкари Бухороро мағлуб намуда, Дарвеш қӯшбегӣ, писари Фозилбийро ҳокими Ҳисор таъйин намояд. 

    Баъд аз ронда шудани лашкари Бухоро бештар аз 50 сол Ҳисор ҳамчун мулки мустақил арзи вуҷуд дошт. Дар ин муддат ба баъзе ҳокимони Ҳисор муяссар шуд, ки ба сарзамини ҳамсоягони худ лашкар кашанд. 

    Аз тарафи дигар, хонҳои Бухоро мекӯшиданд, ки Ҳисорро мутеи худ гардонанд. Дар лаҳзаҳои душвори таҳдиди душман Ҳисор муттаҳиди худро пайдо кард, ки яке аз онҳо ҳокимони Ӯротеппа буданд. Ин иттиҳод ба он сабаб ба вуҷуд омад, ки ҳам дар Ҳисор ҳам дар Ӯротеппа намояндагони қабилаи юзҳо ҳукм меронданд.  

Сарчашма: 

    Ахбори Муҳаммад Юсуфи Муншӣ дар бораи мухолифати ҳокими Бадахшон Ёрбек бо Маҳмудбийи атолиқ: «Чун муддати як сол аз ҳукумат ва иёлати (идоракунии) Маҳмудбий гузашт, сокинони вилояти Балх дар муҳоди амн (сулҳу осоиштагӣ) ва фароғат буданд…. Дар ин вило (яъне вилояти Балх) бандагон, ки ҷиҳати забти коноти (конҳои) Бадахшон рафта буданд, тиҳидаст (бо дасти холӣ) омада, мухолифати мир Ёрбекро маълум карданд. Умдатулумаро (яъне Маҳмудбий атолиқ) мактуби машъар (огоҳкунанда) ба насоиҳ (насиҳатҳо) навишта, ӯро аз ин афъоли (рафтори) ношоиста манъ фармуд. Ӯ эътимод бар ҳисонати (мустаҳкамии) қалъаи худ карда, бештар дар бағӣ (исён) ва хилоф иқдом намуд. Маҳмудбий дар хашм шуда, ба ҷамъияти (ҷамъ намудани) лашкар амр сохт, ки дар андак замон чандон аз муборизони мардафкани сафшикан фароҳам омаданд, ки муҳосибони (ҳисобкунандагони) хаёл аз уҳдаи шумори он қосир оянд (миқдори онҳоро шуморида натавонанд). Ба таърихи 1103 (1691 – 1692) байрақи шаҳомат афрошта гардиданд. 

    Чун аз дарёи Кукча убур намуданд, мир Ёрбек ҷамъеро ба ҷанг фиристод ва он бехирадон ба андешаи носавоб (нодуруст) дар тақобул (ба муқобили онҳо) омада табли ҷангро ба навозиш оварданд (табли ҷангро заданд). Ва ҳаракатулмазбуҳӣ (ҳаракатҳои бефоида) намуда, оқибат шикастпарешон афтод, ки пароканда ва парешон гашта, рӯйи ҳазимат ба ҷониби қалъа ниҳоданд (ба сӯйи қалъа гурехтанд). Ҷавонони ҷангҷӯй аз ақиби гурехтагон таваҷҷуҳ намуда, аксарро ба теғу найза ва ханҷар сар аз тан ҷудо карданд. Бақиятуссайф (зиндамондагон) ба ҳазор тараддуд пиёда фирор намуданд. Алқисса, то даҳ рӯз дар қалъадорӣ эҳтимом (сайъ) менамуданд. Донистанд, ки бо он зафар ҷанг ситез (зӯрӣ) аз муҳолот (ғайри имкон) аст. Рӯзи даҳум ҷамъе аз содот (сайидон) ва дарвешон ва аҳли силоҳ ва мӯйсафедонро бо мусҳаф (Қуръон), ки қасам ёд карда буд, фиристод. Истиғфори (бахшиши) ҷароими (гуноҳҳои) худ намуда ва умаро низ муслеҳ (оштидиҳанда) шуданд. Умдатулумаро (яъне Маҳмудбий) узри ӯ пазируфта, дусола ҳосили конотро (конҳоро) талабид». 

Муҳаммад Юсуфи Муншӣ. Тазкираи Муқимхонӣ. Муқаддима, тасҳеҳ ва таҳқиқи Фариштаи Саррофон. Теҳрон, 1380, саҳ. 254 – 255.  

    Ахбори Мирмуҳаммад Амини Бухорӣ дар бораи ба Ҳисор фиристодани лашкари Бухоро: «Бо амри Убайдуллоҳхон дар Бухоро барои ба Балх лашкар кашидан машварат барпо шуд. Дар он Муҳаммад Раҳимбий суханронӣ намуда гуфт, ки лашкаркашӣ ба Балх кори ниҳоят зарур аст, вале дар Ҳисори Шодмон Уткан бо қабилаи юз аз итоати шумо саркашӣ намуда, бо ҳилаву найранг қасри Ҳисорро соҳиб гаштааст ва худро мустақил мешуморад. Шояд ӯ мақсади забти Балхро низ дошта бошад. Мо бояд пеш аз ҳама масъалаи Утканро ҳал намоем. Хон ба гуфтаҳои Муҳаммад Раҳимбий бовар карда, қарор қабул кард, ки ба Ҳисор лашкаркашӣ намоянд. Муҳаммад Раҳимбий, ки бо Уткан қаблан душманӣ дошт, дар ин муҳориба сарлашкар таъйин гардид. Ҳангоме ки онҳо ба сӯйи Ҳисор ҳаракат намуданд, пешвоёни қабилаи юзҳо аз авлоди Шодӣ ба онҳо ҳамроҳ шуданд. Дар он замон ҳокими Ҳисор Холибек мирохур, писари Хушик атолиқ буд.  

    Қалъаи Уткан дар қисми шимолии соҳили дарёи Кофарниҳон воқеъ гардида буд. Лашкари бухориҳо ва юзҳои авлоди Шодӣ қалъаро аз ду ҷониб иҳота намуданд. Дар наздикии ин қалъа мазори муқаддаси ҳазрати Мавлоно Яъқуби Чархӣ воқеъ буд. Ҷанговарони бухороӣ ба ин ҷойи муқаддас беэътиноӣ намуда, қисми болоии мазорро вайрон карданд. Маҳалла ва хонаҳои сокинони он ҷоро оташ зада, маҷрои обро тағйир доданд, ки дар натиҷа зироати аҳолӣ ба нестӣ табдил ёфт. 

    Бухориҳо дар дил нисбат ба Муҳаммад Раҳимбий кинаву адоват доштанд ва аслан барои забти қалъаи Уткан бо ӯ якдил набуданд. Аз ин рӯ онҳо бо мухолифини худ рӯ ба рӯ нашуда, лашкари худро қариб як фарсанг дуртар бурданд. Юзҳои Ҳисор аз ин амали онҳо Муҳаммад Раҳимбийро хабардор намуданд, вале ӯ, ки шахси ботаҷриба буд ва медонист, ки дар ин вазъияти ҳассос ихтилоф манфиат надорад, ба наздикони худ амр дод, ки онҳо ҳиссиёти душманӣ зоҳир накарда, мисли лашкари бухориён аскарони худро қафо баранд, зеро мақсади умумии онҳо як аст. 

    Пас аз он лашкари Муҳаммад Раҳимбий аз ҳар тараф ба сӯйи қасри Уткан тирандозӣ намуданд. Уткан низ аз дохили қаср оташи ҷавобӣ мекушод. Пас аз чанде миёни бухориҳо овозаҳои воҳимаангезе паҳн шуданд, ки агар Маҳбудбий ба ёрии Уткан ояд, ҳоли онҳо бад мешавад. 

    Дар натиҷаи зиддиятҳои тезу тунд одамони зиёд талаф ёфтанд. Ба бухориён фатҳи қалъа муяссар нагашт, зеро аҳолии Ҳисор ва гирду атрофи он бар зидди лашкари Бухоро исён бардоштанд. Муҳаммад Раҳимбий бо қисми боқимондаи лашкари худ ба Бухоро баргашт.  

Мирмуҳаммад Амини Бухорӣ. Убайдуллоҳнома. Тарҷума аз забони тоҷикӣ ба русӣ ва тавзеҳоти А.А. Семёнов. Тошканд, 1957, саҳ. 60 – 67.  

Санаҳои муҳим:

1691 – барои идораи конҳо ба Бадахшон фиристодани гурӯҳи соҳибмансабон аз ҷониби Маҳмудбийи атолиқ </br>1692 – лашкаркашии Маҳмудбийи атолиқ ба Бадахшон 

1703 – лашкаркашии Муҳаммад Раҳимбийи атолиқ ба Ҳисор 

1704 – ба ҷониби Ҳисор ҳаракат намудани лашкари Балх бо сардории Маҳмудбийи атолиқ 

Савол ва супориш: 

1) Маҳмудбийи атолиқ кӣ буд? 

2) Сабаби лашкаркашии Маҳмудбийи атолиқ ба Бадахшон аз чӣ иборат буд? 

3) Дар бораи муборизаи ҳокими Бадахшон Ёрбек бо лашкари Маҳмудбийи атолиқ нақл кунед. 

4) Дар бораи вазъи Ҳисор дар асри XVII маълумот диҳед. 

5) Воқеаҳои соли 1703 дар Ҳисор рӯйдодоро нақл намоед. 

6) Чаро лашкари Бухоро дар Ҳисор ба нокомӣ дучор гардид? 

7) Муборизаҳои Бухороро бо Балх дар бораи соҳиб шудан ба Ҳисор шарҳ диҳед.