§ 22. ВАЗЪИ ҲУНАРМАНДӢ. САВДОИ ДОХИЛӢ ВА ХОРИҶӢ

§ 22. ВАЗЪИ ҲУНАРМАНДӢ. САВДОИ ДОХИЛӢ ВА ХОРИҶӢ

Дар даҳаи аввали садаи XVI таҷовузи Шайбониён ба рушди ҳунармандӣ монеъ шуд. Лашкаркашӣ ва тохтутози бешумори ӯзбекони шайбонӣ бахусус, ба Хуросон барои аҳолии ҳунарманд бисёр гарон омад. Ҷангҳои байнихудӣ, ки қариб ним аср давом кард, аҳволи мардуми ҳунарманд ва кишоварзро ниҳоят табоҳ сохт. Заминҳои кишт поймол, шаҳрҳо тороҷ ва боҷу хироҷ зиёд шуданд. Аммо оҳиста-оҳиста истеҳсоли ҳунармандӣ ва сифати маҳсулоти он дар давоми асри XVI ба ҳолати пешинаи худ баргашт.  

Шаҳрҳо дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии мамлакат нақши калон бозидаанд. Шаҳрҳои маъруфи ин давр Самарқанд, Бухоро, Тошканд, Андиҷон, Хуҷанд, Ӯротеппа, Ахсикат, Марғелон, Ҳисор ва ғайра буданд. Ҳунармандон асосан, дар шаҳрҳо зиндагӣ мекарданд. Касбҳои маъруф дар шаҳрҳои ин замон иборат аз рехтагарӣ, силоҳсозӣ, сангтарошӣ, шишасозӣ, заргарӣ, коғазагарӣ, бофандагӣ, кордгарӣ, кулолӣ, оҳангарӣ, бинокорӣ, дӯзандагӣ ва ғайра буданд. 

Ҳунармандони шаҳр ба коркарди маҳсулот аз филиз, сангҳои қиматбаҳо, сохтани олоти меҳнат, силоҳ, ороишоти заргарӣ, маснуот аз чӯб, чарм, матоъҳои абрешимӣ ва пашмӣ, зарфҳо аз гил ва шиша, васоили хона машғул мегаштанд. 

Сарчашмаҳои таърихӣ аз мавҷуд будани ҳунари чӯянгарӣ дар чаҳоряки асри XVI дар вилояти Тошканд ва Самарқанд ва истифодаи чӯян барои сохтани дегҳоро хабар медиҳанд. Дар ин давр аз биринҷӣ ва мис сохтани зарфҳои филизӣ густариш ёфта буд. 

Истеҳсоли маснуоти бофандагӣ, ки аз ҳунарҳои қадимии мардуми Мовароуннаҳру Хуросон ба ҳисоб мерафт, низ аз равнақ намонд. Матоъҳои абрешимӣ, нимаабрешимӣ, пахтагӣ ва коғазии Мовароуннаҳр бо сифати баланди худ фарқ мекарданд. Ҳунармандон на танҳо матоъҳои мухталиф истеҳсол мекарданд, балки ба дӯхтани либосҳо ва коркарди пӯсту чарм низ шуғл доштад. Баъзе шаҳрҳо ва деҳаҳо ба истеҳсоли матоъҳо аз пахта, абрешим ва пашм махсус гардонида шуда буданд. Дар асри XVI матои абрешимии Бухоро на танҳо дар Мовароуннаҳр, балки дар бозорҳои Русия низ маъруф гашта буд. 

Дар миёни дигар ҳунарҳо истеҳсоли силоҳ ҷойи муҳимро ишғол мекард. Ҳунармандон шамшер, корд, сипар, ҷавшан, зиреҳ, кулоҳ ва ғайра месохтанд, ки берун аз кишвар низ харидорони зиёд доштанд. Дар ин давра дар Мовароуннаҳр истифодаи силоҳи оташфишон густариш ёфт, аммо ба ин нигоҳ накарда ҳунармандони Бухоро ба тавлиди камонғулак идома доданд. Дар миёни шаҳрҳои Мовароуннаҳр Самарқанд дар истеҳсоли силоҳҳои мухталиф пешсаф буд. 

Ба иртиботи идома ёфтани бинокорӣ ҳунари ҳаккокӣ, яъне коркарди санг ва кандакорӣ дар болои чӯбу гач низ аз ҳунарҳои маъруфи он замон ба ҳисоб мерафт. 

Мавҷуд будани теъдоди зиёди устохонаҳои коғазгарӣ дар ин давр далел бар идома ва рушд ёфтани ҳунари коғазгарӣ мебошад. Ҳунари коғазгарони Самарқанд маъруфу машҳури мамлакатҳои дигар гашта, махсусан, коғази «мириброҳимӣ», ки маҳсули дасти коғазрези маъруфи Самарқанд Мир Иброҳим буд, дар бозорҳои Мовароуннаҳру Хуросон камёб шуда буд. Ба ҷуз аз Самарқанд дар Бухоро, Ҳирот ва он шаҳрҳое, ки дар он ҷо мадрасаҳо мавҷуд буданд, коғаз истеҳсол мекарданд. 

Дар таърихи косибии мардуми Мовароуннаҳру Хуросон зиёда аз 100 ҳунар маълуму машҳур аст. Ҳунармандон устохонаи худро доштанд. Косибоне буданд, ки дар устохонаҳои кироя кор мекарданд ва ба ивази корашон музд мегирифтанд. Дар баъзе шаҳрҳо косибони як соҳаи ҳунармандӣ дар гузаре ё маҳаллаҳои алоҳида истиқомат мекарданд. Аз ҳамин сабаб баъзе гузарҳои шаҳрҳо номи «Гузари Кордгарон», «Гузари Собунгарон», «Гузари Дегрезон», «Гузари Мехчагарон» ва амсоли инҳоро гирифтааст. 

Дар асри XVI дар дасти нафарони алоҳида теъдоди зиёди корхонаҳои тиҷоратию ҳунармандӣ мутамарказ шуда буд. Бинобар ин неруи иқтисодӣ ва сиёсии намояндагони хонадони Шайбониён на танҳо ба кишоварзӣ, чорводорӣ асос ёфта буд, балки он ба истисмори корхонаҳои тиҷоратию ҳунармандӣ, мисли корвонсаройҳо, бозорҳо, дуконҳо, устохонаҳои коғазгарӣ ва рангуборгарӣ, осиёбҳо, ҳаммомҳо ва ғайра низ хулоса мешуд. 

Коркарди маъданҳои зеризаминӣ, истеҳсоли тилло, нуқра ва сангҳои қиматбаҳои конҳои бузург дар ихтиёри хонадони ҳукуматгар қарор дошт. Аз конҳои хурдтари он ҳокимони маҳаллӣ истифода мекарданд, ки як қисме аз ҳисоби даромади онро ба хазинаи хонӣ, ки бо номи девони саркори хосса буд, месупориданд. Мувофиқи ахбори сарчашмаҳои таърихӣ зери замини қаламрави густурдаи Мовароуннаҳр аз маъданҳо ғанӣ буд. Дар ин ҷо тилло, нуқра, қалъагӣ, оҳан, мис, олтингӯгирд, сурб ва аз сангҳои қиматбаҳо лаъл, ёқут, лоҷвард, булӯри кӯҳӣ ва фирӯза истихроҷ мекарданд. 

   Савдо. Рушди ҳунармандӣ дар шаҳрҳои Мовароуннаҳр боиси густариши муносибатҳои тиҷоратӣ ва савдо гардид. Дар асри XVI Мовароуннаҳр бо Ҳиндустон, Эрон, Чин, Туркия ва 

Русия муносибатҳои тиҷоратӣ ва дипломатӣ дошт. Мувофиқи ахбори Ҷенкинсон, ки сафири Русия дар Бухоро буд, ҳар сол дар Бухоро ҳамоиши тоҷирон, ки бо корвонҳои зиёде аз давлатҳои ҳамсоя ба ин шаҳр меомаданд, доир мегашт.

Аз Мовароуннаҳр ба дигар кишварҳо асосан навъҳои мухталифи матоъҳо, мисли миткол, зандонӣ, коғази самарқандӣ аз навъҳои мириброҳимӣ ва султонӣ, қолинҳо, зарфҳои биринҷӣ ва мисӣ, силоҳ, асп ва меваи хушк барои тиҷорат мебурданд. 

Дар асри XVI муносибатҳои дипломатӣ бо Русия барқарор гардид. Ба Маскав сафирҳо, заминдорон, сармоядорони мовароуннаҳрӣ рафтуомад мекарданд. Дар баробари иҷрои супоришҳои дипломатӣ онҳо ба рушди савдо низ мадад мерасониданд. Сафирҳо ҳамроҳ бо корвонҳои калон ба роҳ баромада, ба Русия молҳои гуногун бурда ва аз он ҷо низ молҳои дар бозорҳои Мовароуннаҳр ба фурӯш мерафтаро харидорӣ карда, бармегаштанд. Ин сафирон на танҳо намояндагӣ аз хон, балки аз номи ҳокимони вилоятҳои Мовароуннаҳр низ мекарданд. Савдо барои ҳар ду тараф муфид буд, бинобар он ривоҷ меёфт. Дар ин аср барқарор гардидани робитаи тиҷоратии Мовроуннаҳр бо Русия аз аҳамияти зиёде бархурдор буд. Робитаҳои доимии Мовароуннаҳр бо Русия аз миёнаҳои асри XVI баъд аз ҳамроҳшавии хонии Қазон (1552) ва Сибир (1582) ба Русия равнақи бештар ёфтанд. Навъҳои гуногуни мол ба миқдори торафт зиёд аз Мовароуннаҳр ба Русия содир мешуд. Дар Русия матоъҳои гуногуни пахтагин ва шоҳивории Мовароуннаҳр шуҳрат доштанд. Аз Русия ба ин сарзамин матоъҳои пашмин, асбобҳои филизӣ, силоҳ ва дигар лавозимот ворид мекарданд. Маркази асосии тиҷорат байни Мовароуннаҳр ва Русия ин Аштархон буд. Инчунин робитаҳои тиҷоратӣ бештар бо шаҳрҳои Сибир – Тоболск, Тюмен ва Тара барқарор буд. Барои шаҳрҳои Сибир молҳои Мовароуннаҳр ниҳоят ҳаётӣ буданд. Бинобар ин ба тоҷирони мовароуннаҳрӣ дар ин ҷо имтиёзҳо дода мешуд ва тоҷирони Бухоро аз пардохти боҷи гумрукӣ озод буданд. Баъзе тоҷирони Мовароуннаҳр молҳои худро ба шаҳрҳои Самара, Қазон, Маскав ва ҳатто ба Архангелск мебурданд. Аз соли 1583 то соли 1600 ба Маскав панҷ сафорат аз Бухоро ва ду сафорат аз Хива бо корвонҳои пур аз мол рафта буданд, аммо барои ривоҷи ҳаматарафа ва бештари савдои хориҷа шароит мусоидат намекард. Яке аз ин мамониятҳо роҳзании корвонҳо буд. Инчунин, маҳдудияти мазҳабӣ низ садди роҳ мегашт, чунки савдогарони рус, ки насронӣ буданд, аз омадан ба Мовароуннаҳр худдорӣ намуда, бештар ба сифати тоҷир мусулмонҳои дар ҳудуди Русия сокин буда, мисли тоторҳо ва бошқирдҳоро равон мекарданд. 

Муносибати тиҷоратии Мовароуннаҳр бо Чин ва Ҳиндустон низ идома ёфт. Новобаста ба ин ки Шайбониён Бобурро аз Мовароуннаҳр ронда буданд, соли 1528-29 Кучкунчихон ба дарбори ӯ, ба Ҳиндустон сафоратеро бо сарварии Амин мирзо фиристод ва Бобур ӯро хуш пазируфт. Ба сафири Шайбониён Бобур 70 ҳазор тангаи нуқра, шамшери қиматбаҳо ва кулоҳи зардӯзишуда туҳфа намуд. Дар замони ҳукумати Абдуллоҳхони Шайбонӣ ин робитаҳо густариши бештар ёфтанд ва пайдо кардани сиккаҳои ҳокимони Ҳиндустон ҳангоми ҳафриёт дар ҷануби Тоҷикистон далели ин гуфтаҳост. Робитаҳои сиёсӣ ва тиҷоратӣ байни Абдуллоҳхони Шайбонӣ ва императори Ҳиндустон Акбар, пеш аз ҳама, бар зидди Сафавиён барои ба даст овардани Хуросон равона шуда буд. 

Дар тамоми шаҳрҳои Мовароуннаҳр бозорҳо мавҷуд буданд. Дар шаҳрҳои калон дар як ҳафта ду рӯз бозор доир мешуд. Ҳунармандон маҳсулоти худро ба бозор барои фурӯш низ мебароварданд. Дар асри XVI дар шаҳрҳои Самарқанду Бухоро теъдоди зиёди бозорҳои махсусгардонидашудаи оҳангарон, бофандагон, фурӯшандагони нах, намад, сабад, шамъ, инчунин, бозорҳои аспфурӯшон ва сабзавотфурӯшон фаъолият мекарданд. Дар чаҳорроҳаҳои кӯчаҳои бозорҳои Бухоро дар панҷ қатор равоқҳо сохта шуд. Ин равоқҳо бо номҳои Тоқи Саррофон, Тоқи Тилпакфурӯшон, Тоқи Заргарон, Тоқи Тиргарон ва Тоқи Ордфурӯшон ёд мешуданд. Соли 1586 Абдуллоҳхони Шайбонӣ дар ин маҳалли Бухоро бозори бисёргунбазаи болопӯшидае барои тоҷирони мусофир сохт. Ин замон дар Бухоро корвонсаройҳои зиёде фаъолият мекарданд. Корвонсаройи Говкушон (1570), корвонсаройи назди масҷиди Лесак (1559–60), корвонсаройи Қулбобо Кӯкалтош дар Регистон, корвонсаройи назди пули Саррофон, корвонсаройи Абдуллоҳхон ва ғайра аз маъруфтарини ин корвонсаройҳо буданд. 

Дар муддати чандин аср роҳи бузурги корвонгард аз Мовароуннаҳр гузашта, Шарқу Ғарбро ба ҳам мепайваст. Дар асри XVI кашфиёти бузурги ҷуғрофӣ ба амал омаданд ва ин роҳ аҳамияти байналмилалии худро гум кард ва Мовароуннаҳр аз роҳи асосии ҳаракати молҳои тиҷоратӣ дар канор монд. Ин ҳолат ба истеҳсолоти молҳои дохилӣ таъсир карда, боиси камшавии ҳаҷми маҳсулоти як қатор соҳаҳои касбу ҳунар гардид. 

Дар охири асри XVI Абдуллоҳхони II барои беҳтар гардидани шароити тиҷорат як қатор тадбирҳо андешид, ки ба тағйир ёфтани вазъияти савдо ва иқтисод сабаб шуд ва мамлакат каме ба ҳолати эътидол даромад. Ӯ кӯшиш намуд, ки роҳҳои корвонгузар нисбатан бехатар ва аз оби нӯшокӣ таъмин бошанд. 

 

 Бухоро. Тоқи Саррофон.  

 

 

 Ҳисор. Мадрасаи Куҳна. 

Сарчашма: 

Фазлуллоҳ ибни Рӯзбеҳони Хунҷӣ дар бораи он ки Шайбонихон намехост миёни сокинони Мовароуннаҳр ва ҳамқабилаҳои Дашти Қипчоқи ӯ робитаи тиҷоратӣ бошад, менависад: «Фармони ҳумоюн (Шайбонихон) дар баъзе авқот иззи судур ёфта буд, ки аслан бо туҷҷори мардуми қазоқ мардуми Туркистон муомила накунанд ва миёни эшон ва мардуми ин билод омадушуд ва тараддуди туҷҷор набошад. Чунончи дар баъзе авқот ҳукм шуд, ки дар баъзе мамолики Туркистон ва билоди Хоразм туҷҷори қазоқро ғорат кунанд…» 

Фазлуллоҳ ибни Рӯзбеҳони Хунҷӣ. Меҳмонномаи Бухоро. Бо эҳтимоми Манучеҳри Ситуда.Теҳрон, 1384 ҳ.ш, саҳ.106. 


  Пули Абдуллоҳхон 

Санаҳои муҳим: 

1583 – 1600 – ба Маскав омадани панҷ сафорат аз Бухоро ва ду сафорат аз Хива бо корвонҳои пур аз мол

935 ҳ.қ./1528-29 – ба Ҳиндустон рафтани сафири Шайбониён Амин мирзо

1586 – сохтани бозори бисёргунбазаи болопӯшидае дар Бухоро 

Савол ва супориш: 

1) Дар бораи вазъи ҳунармандӣ дар Мовароуннаҳр маълумот диҳед. 

2) Косибон бо чӣ навъ ҳунарҳо дар Мовароуннаҳр машғул буданд? 

3) Шаҳри Самарқанд бо кадом маҳсулоташ маъруф гашта буд?  

4) Мовароуннаҳр бо кадом давлатҳо робитаи тиҷоратӣ дошт?  

Реклама