§ 19. ТАШКИЛ ЁФТАНИ ДАВЛАТИ ШАЙБОНИЁН

§ 19. ТАШКИЛ ЁФТАНИ ДАВЛАТИ ШАЙБОНИЁН

Дар як муддати кӯтоҳ шаҳру вилоятҳои Мовароуннаҳр тобеи Шайбонихон гаштанд. Баъди тасарруфи Мовароуннаҳр Шайбонихон пойтахти худ шаҳри Самарқандро интихоб карда, шаҳру вилоятҳои забткардаи худро ба хешу ақрабо ва амирони номии худ тақсим карда медиҳад. Масалан, Бухороро ба Убайдуллоҳхон – писари бародараш Маҳмуд султон, Тошканд ва вилояти онро ба ду амакаш Кучкунчӣ султон ва Суюнҷхоҷа ва вилояти Ҳисорро ба писарони Суюнҷхоҷа – Ҳамза султон ва Маҳдӣ султон ба доруғагӣ дод.

Шайбонихон намояндагони хонадони темуриро бераҳмона таъқиб ва маҳв мекард, то касе дар сар хаёли дубора барқарор кардани давлати Темуриёнро надошта бошад. Ӯ аз қадамҳои аввал барои ба тарафи худ моил кардани заминдорони калон ва рӯҳониёни бонуфуз саъй кард. Дар навбати худ ашроф ва рӯҳониёни Мовароуннаҳр барои аз даст надодани вазъияти иҷтимоии худ бо Шайбониён ҳама гуна ҳамкориҳоро ба роҳ монданд.

Сиёсати дохилии Шайбонихон пас аз истилои Мовароуннаҳр комилан ба манфиати синфи ҳукмрон хидмат мекард. Акнун ба таркиби ин синф ашрофи тоифаҳои бодиянишини ӯзбек низ дохил шуданд.

Истилогарон дар дасти худ сарвати ғораткарда ва ҷабран ситонидаи зиёдеро нигоҳ медоштанд. Ба ғайр аз заминҳои зиёд онҳо соҳиби бисёр иморатҳо, иншоот, осиёбҳо ва ғайра дар шаҳру ноҳияҳои Мовароуннаҳр гардиданд.

Соли 1507 Шайбонихон ислоҳоти пулӣ гузаронид. Мақсад аз гузаронидани ин ислоҳот ба тарафи худ ҷалб кардани табақаҳои ҳокими давлати истилокардаааш ба ҳисоб мерафт. Баробари касбу ҳунар муомилоти пулӣ аз муҳимтарин воситаҳои даромади давлатӣ ва соҳибмулкон ба шумор мерафт.

Ислоҳоти Шайбонихон дар тамоми давлат муомилоти ягонаи пулиро ташкил карда, вазн, ҳаҷм ва навъи тангаҳои нуқрагию мисӣ ва муносибати байни онҳоро муайян кард. Пулҳои ба муомилот баровардашуда дар ҳамаи шаҳру вилоятҳо қурби баробар доштанд. Ислоҳоти пулии Шайбонихон дар мамлакат таъсири бузурги сиёсӣ дошт ва бартарии чорабиниҳои ӯро нисбат ба фаъолияти молиявии намояндагони охири Темуриён нишон дод. Ислоҳоти мазкур ба ҳамаи табақаи синфи ҳукмрон нишон дод, ки аз ивазшавии сулола онҳо бурд карданд.

Дар ташкили низоми сиёсии давлат Шайбониён аз хусусиятҳое, ки ба низоми давлатдории тофеодалӣ хос буд, васеъ истифода карданд. Давлат моликияти шахсии хонадони Шайбонӣ, ки бо номи султонҳо зикр мешуданд, ба ҳисоб мерафт ва сарварии ин хонадонро хон ба зимма дошт. Хон касеро интихоб мекарданд, ки миёни афроди хонадон калонсолтарин бошад. Аммо ин ин қонуни сарваринтихобкунии саҳронавардон дар Мовароуннаҳр гоҳу гузоре риоят намегардид.

Шайбониён баъди ишғоли Мовароуннаҳр имкон доштанд пайравӣ аз усули идории марказонидашудаи давлат, ки баъди Сомониён дар Мовароуннаҳру Хуросон ба расми анъана даромада буд, истифода кунанд. Аммо пояҳои низоми давлати Шайбониён дар асоси анъанаҳои иттиҳоди саҳронавардон бунёд шуд, вале дар идораи ин низоми давлатдорӣ дар баробари пешвоёни қабилаҳои ӯзбек, рӯҳониёни Мовароуннаҳр низ шарик гаштанд. Масалан, дар вазифаҳои нақиб, шайхулислом, қозиюлқуззот, садр, аълам, раис, девонбегӣ, додхоҳ, муҳрдор, мударрис, китобдори хосса ва ғайра аз шумори сайидҳо, хоҷагон ва дигар рӯҳониёни номдор таъйин мешуданд.

Ба мураккабӣ ва печдарпечии дастгоҳи давлатии Шайбониён нигоҳ накарда, ҳукумати марказии хонӣ дар ин давлат заиф буд. Яке аз сабабҳои заиф будани давлат ин дар ҳифз кардани низоми идории мулкҳои ҷудогона, ки бо номи юрт ва улус ёд мешуд, зоҳир мегардид. Тамоми қаламрави ишғолшуда дар Мовароуннаҳрро Шайбониён миёни намояндагони хонадони худ ва қабилаҳои бонуфузи ӯзбек ба сифати юрт ва улус тақсим карда буданд ва ҳар ҳокими ин ва ё он вилоят худро дар идораи он комилҳуқуқ мепиндошт. 

Шайбонихон ба манзури баланд бурдани нақши ҳукумати марказии хонӣ дар Мовароуннаҳр чанд муддат пеш аз маргаш идораи вилояти Туркистонро аз Кучкунчихон, Бухороро аз Убайдуллоҳ султон ва вилояти Ҳисорро аз Ҳамза султон ва Маҳди султон рабуда, ба дасти хеш гирифта буд ва ба ин сабаб султонҳои мазкур дар муқобили ӯ қарор гирифтанд. Дар асари ин сиёсат миёни намояндагони хонадони Шайбонӣ низоъ ва даргириҳо ба вуқӯъ омад, ки дар оянда боиси заиф шудан ва заволи давлати онҳо гардид. 

Низоми давлатии идорӣ дар замони ҳукумати Шайбониён дар Мовароуннаҳр дар асоси сохтори қабилавию авлодӣ бунёд ёфта, ин усули идорӣ ҳама гуна кӯшишҳоеро дар барқарории низоми марказонидашудаи идории давлат рад мекард. Ба ин сабаб Шайбониён натавонистанд дар кишвари ишғолкардаашон назму тартибро ба вуҷуд биёваранд, ислоҳоти муҳимро анҷом диҳанд ва муассисоти муҳимми кишоварзӣ ва саноатиро бунёд кунанд.

Ҳуҷуми шоҳи Эрон Исмоили Сафавӣ ба муқобили Шайбонихон. Исмоили Сафавӣ баъди иттилои бедодгариҳо ва ғоратгариҳои Шайбонихон дар хоки Хуросону Кирмон ва хондани он номаи таҳқиромез дар моҳи октябри соли 1510 ба Хуросон лашкар кашид. Чун аз Рай ба Домғон омад, Аҳмад Султон – домоди Шайбонихон, ки ҳукумати Домғонро ба уҳда дошт, ба Ҳирот фирор кард. Шайбонихон, ки дар номаҳояш ба Исмоили Сафавӣ лофи фатҳи анқариби Ироқу Озарбойҷонро мезад ва баъди тасхири он сарзаминҳо ҷониби Ҳиҷоз меравам мегуфт, баъди шунидани лашкаркашии Исмоили Сафавӣ ба ҷониби Хуросон, аз Ҳирот ба Марв омад. Исмоили Сафавӣ баъди шикасти лашкари пешсафи Шайбонихон дар атрофи Марв, ин шаҳрро ба муҳосира гирифт, аммо муҳосираи Марв тӯлонӣ давом кард. Он гоҳ Исмоили Сафавӣ роҳи тадбирро пеш гирифт ва 30 ноябри соли 1510 вонамуд кард, ки гӯё ақибнишинӣ мекунад. Ҳудуди 3 километр дуртар аз Марв дар рустои Маҳмудӣ сипоҳи Сафавӣ таваққуф кард. 1 декабри ҳамон сол Шайбонихон бо сӣ ҳазор лашкар ба таъқиби шоҳи Эрон пардохт. Ӯ умед дошт, ки шабехуне зада, он сипоҳро торумор созад ва ба ин васила шарафи аздастрафтаи хони Дашти Қипчоқро барқарор кунад, аммо ба доми Исмоили Сафавӣ афтод. 2 декабри соли 1510 сарбозони шоҳ Исмоил лашкари Шайбонихонро дар муҳосира гирифтанд. Дар натиҷаи ҷанг теъдоди зиёди сарбозон ва сарлашкарони Шайбонихон ба қатл расиданд. Шайбонихон бо 500 нафар аз наздиконаш маҷбур мешавад аз майдони ҷанг фирор намояд. Дар аснои фирор ӯ ба чаҳордеворие расид, ки роҳи бурунрафт надошт ва дар он ҷо зери пойи сарбозони фирории хеш афтид ва бар асари фишор бар пайкараш ҷон дод. 

Вақте ки ҳамаи ӯзбекон ба қатл расиданд, иддае аз ҳамрикобони шоҳи Сафавӣ ҷӯёи Шайбонихон шуданд. Яке аз онон ба исми Оди баҳодур, ки пешвои ӯзбеконро мешинохт, пайкари беҷони ӯро дар ин чаҳордеворӣ пайдо карда, сарашро бурида, дар зери қадами шоҳ Исмоил андохт. Баъдан он ҷамҷамаи хони ӯзбекро дар зар гирифта, барои шоҳи Эрон соғари боданӯшӣ карданд ва пӯсти бадани ӯро канда, пур аз коҳ сохтанд ва назди султон Боязиди Усмонӣ – душмани дигари хонадони Сафавия фиристоданд. Дасти буридаи ӯро шоҳ Исмоил назди ҳокими Мозандарон–Рустами Рӯзафзун ирсол дошт, то ба ӯ хабар диҳад, ки ба такягоҳи ӯ чӣ кард ва ба ин васила ӯро ба итоат биоварад.

                                                

Ҷанги Марв. Минётураи Беҳзод 

Кӯшишҳои Заҳируддини Бобур барои ба даст овардани ҳокимият дар Мовароуннаҳр. Пас аз забти Ҳирот дар сарзамини давлати Шайбониён се сол сулҳу осоиш ҳукмфармо гардид. Ин замон собиқ ҳокими Фарғона аз авлоди Темуриён Заҳируддин Бобур дар Кобул меистод. Ӯ хабари ҳалок гаштани Шайбонихонро шунида, қарор дод, ки замони мувофиқро истифода намуда, барои барқарор кардани ҳокимияти Темуриён дар Мовароуннаҳр кӯшиш намояд. Чун Заҳируддин Бобур аз ҷонибдорони Сафавиён буд, ба Исмоили Сафавӣ ваъда дод, ки баъди гирифтани ҳокимият дар Самарқанд дар хутбаи намоз номи ӯро зикр мекунад ва ба исмаш дар Самарқанд сикка мезанад. Ин маънои тобеият ба Сафавиёнро дошт. Исмоили Сафавӣ борҳо ба ӯ ёрӣ расонда буд, то ҳокимиятро дар Мовароуннаҳр ба даст биёварад, аммо ӯ кӯтоҳзамоне ҳокимият карда, ба сабаби фишори ӯзбекон боз аз Самарқанд берун мерафт.  

Бо ризояти Исмоили Сафавӣ Бобур дар охири соли 1511 Амударёро убур карда, ба ҷониби Ҳисор лашкар кашид. Ҳокимони Ҳисор Ҳамза султон ва Маҳдӣ султон ва ҳамчунин писари Шайбонихон Муҳаммад Темур тамоми қувваро барои дифоъ равона сохтанд. Дар ибтидои соли 1512 дар наздикии Пули Сангин, ки дар дарёи Вахш буд (назди Норак, ки ҳоло зери обанбор мондааст), байни неруҳои Бобур ва Шайбониён задухӯрди шадиде ба амал омад, ки дар натиҷа Шайбониён шикаст хӯрда, Ҳамза султон ва Маҳдӣ султон асир афтоданд ва лашкари парокандаи ӯзбекон ба ҷониби Самарқанд фирор кард. Бобур баъди гирифтани кумак аз ҷониби Исмоили Сафавӣ ба тарафи Самарқанд юриш бурд ва дар ҳамон сол Самарқандро бори сеюм ишғол кард ва дар масҷиди ҷомеи Самарқанд ба номи Исмоили Сафавӣ хутба хонда шуд. Сокинони шаҳрҳои Самарқанд ва Бухоро, ки тайи чанд сол аз зулму ҷабри ӯзбекон азият мекашиданд, ин ғалабаи Бобурро бо хушнудӣ пазируфтанд. Аммо ҳукумати Бобур ба далели ҷонибдори Сафавиён буданаш ва ба мазҳаби шиа ҳусни таваҷҷуҳ доштанаш, дар миёни мардум устувор нагашт. Бо истифода аз ин мухолифати мазҳабии мардум бо Бобур баҳори соли 1512 Шайбониён бо сарварии Убайдуллоҳхон ва Муҳаммад Темур ба Бухоро ҳуҷум карданд, ки дар натиҷа лашкари Бобур дар назди Кӯли Малик шикаст хӯрда, худи ӯ ба Ҳисор ақибнишинӣ намуд. 

Бобур барои ишғоли дубораи Самарқанд қувваи кофӣ надошт. Ӯ ба шоҳи Эрон – Исмоили Сафавӣ муроҷиат намуда, ёрии ҳарбӣ талабид. Исмоили Сафавӣ барои наҷоти ҷонибдори худ Бобур ба ёрмандии ӯ сипоҳеро зери сарварии яке аз маъруфтарин амиронаш ба исми амир Ёраҳмади Хузонӣ, ки бо тахаллуси Наҷми Сонӣ машҳур буд, равонаи Мовароуннаҳр гардонид. 

Тирамоҳи соли 1512 лашкари Эрон бо сардории Наҷми Сонӣ вориди Мовароуннаҳр гашт. Дар наздикии Насаф сипоҳи Наҷми Сонӣ бо лашкари Бобур ҳамроҳ гардид ва онҳо муштаракан ба ҷониби Насаф лашкар кашиданд. Баъди се рӯзи муҳосира Насаф таслим гардид ва ба дастури Наҷми Сонӣ қатли оми мардум сурат гирифт, ки 15 ҳазор аҳолии он ба ҳалокат расид. Дар миёни он ҳама кушташудагон шоирон Камолиддини Биноӣ ва Сайид Ҳасани Оғлақчӣ низ буданд. Ин қатли ом боиси норизояти аҳолӣ гардида, нисбат ба Бобур ва эрониён ҳисси нафрат пайдо шуд. Бо истифода аз ин вазъият Шайбониён қисме аз аҳолии маҳаллӣ ва як гурӯҳе аз ашрофро дар атрофи худ бар зидди Бобур ва Сафавиён муттаҳид карданд. Ин замон Убайдуллоҳхон, Муҳаммад Темур ва дигар султонҳои ӯзбек дар наздикии Бухоро буданд. Наҷми Сонӣ аз Насаф бидуни мамониат ба Самарқанд ворид шуд ва дар масҷиди ҷомеи он ба номи Исмоили Сафавӣ хутба хонд. Наҷми Сонӣ тасмим гирифт, ки то фаро расидани хунукиҳои зимистон Бухороро ишғол намояд. Ба ин манзур ба ҷониби Бухоро лашкар кашид ва Ғиждувонро ба муҳосира гирифт. Муҳосираи Ғиждувон чаҳор моҳ тӯл кашид ва дар ин муддат лашкари Эрон натавонист қалъаи Ғиждувонро ба даст оварад. Лашкари Эрон аз нарасидани ғизо азият мекашид ва илова бар ин, иддае аз сипаҳсолорони Эрон ба сабаби мухолифат бо Наҷми Сонӣ сипоҳро тарк гуфтанд. Ба ҳангоми муҳосира лашкари Наҷми Сонӣ ба ногаҳ дучори зарбаи сахте аз ҷониби гурӯҳҳои сипоҳи ӯзбек гардид ва сипоҳи Эрон шикаст хӯрда, сипаҳсолори он Наҷми Сонӣ асир афтода, ба қатл расид. Ин воқеа боис шуд, ки иттиҳоди Бобур ва Исмоили Сафавӣ аз ҳам бипошад ва Бобур ба ҷониби Ҳисор фирор кард. 

Дигар аз ҳодисаҳои фалокатбори ин давр, ки мо тасвири онро дар «Таърихи Рашидӣ»-и Муҳаммад Ҳайдари Дуғлот мебинем, ин фоҷиаи қаҳтии Ҳисор дар соли 1512 аст. Тибқи ахбори «Таърихи Рашидӣ» баъди шикаст дар соли 1512 дар Бухоро ва қатли Наҷми Сонӣ аз ҷониби Убайдуллоҳи Шайбонӣ Бобур ба ҷониби Ҳисор паноҳанда мешавад ва муддате дар қалъаи он ба сар мебарад. Шабе гурӯҳе аз сарбозони муғулии Бобур бо сарварии Аюббекҷӣ, Мир Муҳаммад, Ёдгор мирзо ва Назар мирзо бар зидди ӯ шӯриш мебардоранд. Бобур наметавонад ба онҳо муқовимат кунад ва шабе аз қалъаи Ҳисор пинҳонӣ ба ҷониби Қундуз фирор мекунад. Муғулҳои исёнгар ба ҷуз аз қалъаи Ҳисор тамоми навоҳии онро ғорат мекунанд. Ин замон дар Ҳисор барфи зиёде борида буд ва хунукии шадиде ҳукмфармоӣ мекард. Бар асари ғоратгариҳо ва бедодгариҳои сарбозони муғулии Бобур Ҳисор дучори гуруснагӣ ва қаҳтӣ мегардад. Тибқи ахбори ин сарчашма дар шаҳри Ҳисор бар асари ин қаҳтӣ ва хунукӣ танҳо 60 нафар зинда мемонанд, ки онҳо барои бақои зиндагии хеш ҷасади ақрабои фавтидаи худро мехӯрданд.

Заҳируддин Бобур баъд аз шикасти сеюм дар Мовароуннаҳр ба Кобул омад ва то соли 1526 дар Кобулу Қандаҳор ҳукмронӣ карда, дар хаёли тасхири Ҳиндустон афтод. Ӯ ба он ҷониб лашкар кашид ва 20 апрели 1526 султон Иброҳими Лудиро дар Панипат шикаст дода, Агра, Деҳлӣ ва шимоли Ҳиндустонро аз рӯди Синд то Бангол ба тасарруфи худ дароварда, давлати Бобуриёни Ҳинд, ки онро муҳаққиқони аврупоӣ давлати Муғулони Кабир номидаанд, таъсис дод. Ӯ ҳамагӣ панҷ сол дар Деҳлӣ ҳукмронӣ намуда, 26 декабри 1530 вафот кард. Ҷасади ӯро дар ибтидо дар шаҳри Ҷамна андаруни боғчае бо номи Нурафшон ба хок супориданд. Дар замони ҳукумати Шаҳобиддин Шоҳҷаҳон (1628 – 1657) ҷасади ӯро ба Кобул интиқол дода, барои ӯ дар хориҷи шаҳри Кобул оромгоҳе сохтанд, ки то ҳанӯз вуҷуд дорад. Намояндагони ин сулола беш аз се аср дар Ҳиндустон ҳукумат карда, барои густариши забон ва фарҳанги форсии тоҷикӣ дар ин қаламрав хидмат кардаанд. Дар асари шӯриши бузурге, ки соли 1858 дар Ҳиндустон ба таҳрики англисҳо сурат гирифт, ҳокимияти Бобуриёни Ҳинд завол ёфт.  

Сарчашма:

Амир Маҳмуди Хондамир дар бораи кушта шудани Шайбонихон менависад: «…баъд аз тафаҳҳус (ҷустуҷӯ)-и бисёр ҷасади ӯро (Шайбонихонро) дар зери аҷсоди ӯзбекони мақтул ёфтанд, безахмеву ҷароҳате, дарҳол сараш аз тан ҷудо карданд, назди наввоби комёб (Исмоили Сафавӣ) оварданд. Он ҳазрат пас аз эҳзори сар ҷасади пурҳасади ӯро талаб дошт…Филҳол ҷасади ӯро ҳозир оварданд ва қаҳрамони сафдар (Исмоили Сафавӣ) се зарбати шамшер бар шикамаш зада… баъд аз он фармуд, ки косаи сари ӯро дар тилло гирифта, ба ҷавоҳири гаронмоя тарсеъ дода, қадаҳе сохтанд ва дар суҳбати шароб аз он қадаҳ шароб менӯшиданд». 

Амир Маҳмуди Хондамир. Таърихи шоҳ Исмоил ва шоҳ Таҳмосби Сафавӣ (Зайли таърихи «Ҳабиб-ус-сияр»). Ба нашр омодакунанда Муҳаммадалии Ҷарроҳӣ. Теҳрон, 1370 ш., саҳ. 71 – 72. 

Бобур, ки худ аз қабилаи барлос буд ва барлос низ яке аз қабилаҳои муғули туркшудаи омада ба қаламрави Мовароуннаҳру Хуросон мебошад, бегонагии ӯзбекон ба ин сарзаминро чунин менависад: «Ҳудуди саду чиҳил сол шаҳри Самарқанд тааллуқ ба хонадони мо дошт. Ӯзбеки номаълум, бегона ва душман омада онро тасарруф кард». 

Захириддин Мухаммад Бабур. Бабур-наме. Перевод М.Салье. Ташент, 1958, саҳ 101. 

Номаи имдодхоҳии Бобур аз Исмоили Сафавӣ барои гирифтани ҳокимият дар Мовароуннаҳр: «Эй шаҳриёр, бузургон бардоштаи худро наяндохтаанд. Чун маро бардоштӣ, умедворам, ки ба тасаддуқи сари худ наяндозӣ, ки Мовароуннаҳр ба беақлӣ аз даст додам. Бори дигар гирифта ба ғуломи худ супоред…» 

Муаллифи номаълум. Оламорои Сафавӣ. Ба чоп омодакунанда Я.Шукрӣ. Теҳрон, 1363 ҳ.ш., саҳ.358. 

Фазлуллоҳ ибни Рӯзбеҳони Хунҷӣ дар бораи ба кумаки Исмоили Сафавӣ дар Самарқанд ба тахт нишастани Бобур менависад: «Бобур ибни Умаршайхи ҷағатоӣ ба имдоди муртадони тоқисурх (Сафавиён) ба Самарқанду Бухоро даромад ва лашкари азими зиёда аз ҳафтод ҳазор савор аз ҷағатоию муғул ва туркману лашкари Бадахшон то билоди Ҳиндустон ҳамроҳ дошт. Ситораи арбоби дин сӯхта гашт ва оташи бидъати тоифаи мулҳидин афрӯхта шуд. Дар дину дувал (давлатҳо) ва мулуку милал анвои фасоду халал рӯй намуд. Овозаи рафзу илҳод, ки ҳаргиз аз оби Ҷайҳун нагузашта буд, аз авҷи гардун гузашт ва фасоду бидъат, ки осори ӯ аз садри ислом боз бад-ин диёр нарасида буд, ба камоли эътибор расид… Агар, наъузамбиллоҳ, шарори оташи фитнаи эшон боло мегирифт ва давлати нопойдори эшон дар он билод сурати бақо мегирифт, анқариб аз маросими имон осоре ва аз дори ислом дайёре (касе) боқӣ намемонд. 

Фазлуллоҳ ибни Рӯзбеҳони Хунҷӣ. Сулук-ул-мулук. Бо тасҳеҳ ва бо муқаддимаи Алии Муваҳҳид. Теҳрон, 1362 ҳ.ш., саҳ.50. 

Санаҳои муҳим:

1507 – ислоҳоти пулии Шайбонихон

1510 (октябр) – ба Хуросон лашкар кашидани Исмоили Сафавӣ

1510 (2 декабр) – кушта шудани Шайбонихон дар ҷанги Марв 1512 – ғалабаи Бобур бар Шайбониён дар ҷанги наздики Пули Сангин ва ҳокимияти Самарқандро ба даст овардани ӯ 

1512 – шикасти лашкари Наҷми Сонӣ дар наздикии Ғиждувон 

1530 (26 декабр) – вафоти Бобур дар Деҳлӣ 

Савол ва супориш: 

1) Мақсад аз гузаронидани ислоҳоти пулӣ аз чӣ иборат буд? 

2) Дар ҳукуматдории Шайбониён давлат моли кӣ ба ҳисоб мерафт? 

3) Низоми давлатии идорӣ дар замони ҳукумати Шайбониён дар асоси чӣ бунёд ёфт? 

4) Сабабҳои мухолифати Исмоили Сафавӣ ва Шайбонихонро баён кунед. 

5) Чаро ҳокимияти Бобур дар Мовароуннаҳр дер давом накард? 

6) Дар бораи қаҳтии Ҳисор дар соли 1512 нақл кунед. 

Реклама