Ба сари ҳокимият омадани Дониёлбий атолиқ. Баъд аз марги Муҳаммадраҳимхон, соли 1758 дар Бухоро шӯриш сар зад. Шӯришиён молу амволи сарватмандонро ғорат карда, хонаи онҳоро оташ мезаданд. Сабаби шӯриш ҷорӣ намудани андозҳои наву вазнин буд, аммо шӯриш ба хун оғушта гардид. Дар чунин шароити вазнин Дониёлбий атолиқ ҳукуматро ба дасти худ гирифт, лекин вай тахти хониро қабул накарда, Абдулғозӣ ном набераи Абулфайзхонро расман ба тахти Бухоро нишонид ва худаш маъмури вазифаи атолиқӣ гардид.
Дар солҳои ҳукмронии Дониёлбийи атолиқ (1758–1785) парокандагии ҳокимият ва маҳдудшавии ҳудуди хонии Бухоро ба амал омад. Вилояти Балх истиқлолият ба даст овард ва мулки Ӯротеппа низ истиқлолияти худро нигоҳ медошт. Ташаккули ҳукумати хонии Хӯқанд дар нимаи дуюми асри XVIII ба анҷом мерасид.
Баъд аз ба Бухоро баргаштани Атолиқбий мулки Ҳисор боз мустақил гардид. Қаротегин ва Дарвоз мулкҳои мустақил буданд. Мулкҳои хурди дигар – Рӯшон, Шуғнон, Вахон танҳо ҳудуди як ё ду водиро ишғол мекарданд. Дар байни ҳокимони Ҳисор, Кӯлоб, Қаротегин ва Дарвоз аксар вақт ҷангҳои дохилӣ ба вуқӯъ меомад. Масалан, яке аз ҷангҳои хунин байни Дарвоз ва Қаротегин соли 1790 дар ҳудуди деҳаи Муҷихарфи ноҳияи Нурободи имрӯза ба амал омад. Дар чунин шароити вазнин хони Хева ва подшоҳи Афғонистон ба Бухоро ҳуҷум оварданд. Ба Дониёлбий ва писари ӯ Шоҳмурод (1785 – 1800) лозим омад, ки таҳдидҳои ба сари хонигарӣ омадаро бартараф намояд. Онҳо бояд ҳокимияти худро ба сарзаминҳои бекигариҳои саркаш барқарор намуда, хонии Бухороро аз вазъияти вазнини буҳрони сиёсӣ мебароварданд.
Соли 1770 ба Дониёлбийи атолиқ муяссар гашт, ки Қаршӣ, Шаҳрисабз ва Ҳисорро ба худ тобеъ кунад, вале ин пирӯзӣ дер давом накард. Баъди вафоти Дониёлбийи атолиқ дар ҳама гӯшаю канори хонии Бухоро муборизаи ҳокимони хурд барои баромадан аз ҳайати хонигарӣ сар шуд. Ин истиқлолхоҳии ҳокимони вилоятҳо бо муборизаи мардум ба муқобили худсариҳо ва фишори ҳокимон дар як вақт давом дошт. Махсусан, дар маркази хонигарӣ – шаҳри Бухоро шӯриши калон ба амал омад. Норозигии оммаи халқ тамоми аморати Бухороро фаро гирифт.
Чорабиниҳои Шоҳмурод барои мустаҳкам кардани аморат. Пас аз вафоти Дониёлбийи атолиқ валиаҳди ӯ Шоҳмурод соли 1785 ба тахти Бухоро нишаст. Дар ин сол косаи сабри аҳолии Бухоро лабрез шуда, онҳо шӯриш бардоштанд. Дар ин шӯриш беш аз ҳазор нафар кушта шуд. Муборизаи халқ вусъат пайдо мекард ва Шоҳмурод маҷбур шуд, то савганд хӯрад, ки аҳолии Бухороро аз ҷабру зулм ва хироҷу андозҳои аз ҳад зиёд озод хоҳад кард. Формони ӯро ба рӯйи санг сабт намуда, дар пештоқи масҷиди ҷомеи Бухоро гузоштанд.
Аҳди салтанати Шоҳмурод (1785–1800) дар таърихи сулолаи Манғития давраи нисбатан устувор гардидани ҳокимият ба шумор меравад. Ӯ аз унвони хонӣ даст кашида, худро амир эълон кард. Ин чунин маъно дошт, ки вай ҳокими танҳо як пораи давлати мусулмонӣ, яъне танҳо хонигарии Бухоро мебошад. Аз ин давра сар карда, хонии Бухоро ба худ номи «аморати Бухоро»-ро гирифт.
Шоҳмурод ба мақсади бартараф намудани норизоятии умумӣ баъзе ислоҳот гузаронид. Вай танҳо андозҳои шаръӣ, монанди хироҷ ва закотро боқӣ гузошта, дигар ҳамаи молиёт, боҷ ва ҷаримаҳоро барҳам дод, лекин ба ивази ин ҷизя – андози аз мардуми ғайримусулмон ситонидашавандаро хеле зиёд кард. Ба аскарон моҳона муқаррар намуд. Бисёр заминҳои вақфро, ки хонҳои собиқ мусодира карда буданд, дубора барқарор кард. Ӯ ислоҳоти пул гузаронид, ки ба ривоҷу равнақи тиҷорат мусоидат намуд.
Шоҳмурод бо мақсади афзудани иқтидори ҳокимияти марказӣ ҳокими вилоятҳоро аз кор барканор карда, ҳокимони нав таъйин намуд. Муқобилати ҳокимони ҷудогона дарҳам шикаста шуд. Ҳатто саркаштарини онҳо назди ӯ сари итоат хам карданд, ки яке аз онҳо ҳокими Шаҳрисабз Ниёзалӣ буд.
Амири Бухоро ба ҳар шаҳру деҳа қозӣ таъйин карданро ҷорӣ намуд. Умури маҳкамаро низ як дараҷа ба тартиб овард. Шоҳмурод рисолае роҷеъ ба ҳуқуқ таълиф намуд, ки барои қозиҳо ҳамчун дастуруламал хизмат мекард. Дар он замон қонуне ҷорӣ гардид, ки мувофиқи он агар касе нисбат ба моликият ҷинояте содир кунад, сарфи назар аз мақоми ҷамъиятии ӯ, ба сахттарин ҷазо гирифтор мешуд. Чунин тадбир ба манфиати табақаҳои гуногуни аҳолӣ буд, зеро он то як андозае пеши роҳи ғорату тороҷҳои аз ҳад зиёдро гирифт. Ҳама медонистанд, ки барои роҳзанӣ ва дуздӣ дасти рости шахсро мебуранд ва аз ин рӯ ба ин кор ҷуръат намекарданд. Шоҳмурод барои муҳофизати расму оин мансаби раисиро ҷорӣ сохт, ки ӯ мебоист иҷрои тамоми фармудаҳои шариатро назорат мекард.
Мустаҳкам шудани ҳокимияти марказӣ боиси таъмини амнияти роҳҳо гардид ва ин дар баробари ислоҳоти пул барои равнақи тиҷорат заминаи мусоид фароҳам овард. Кишоварзӣ дубора рӯ ба инкишоф овард. Наҳрҳои нави обёрӣ канда шуданд. Дар натиҷаи пешрафти корҳои обёрӣ ба зиндагонии муқимӣ гузаштани тоифаҳои бодиянишин дар заминҳои навобод бештар гардид. Дар боби афзудани нуфуси ноҳияҳои камодам чораҳо меандешиданд. Яке аз ин чораҳо аз як ноҳия ба ноҳияи дигар кӯчонидани аҳолӣ буд. Аксар вақт ин тадбир бар хилофи хоҳиши одамон сурат мегирифт.
Баъд аз каме беҳтар гаштани вазъияти дохилии аморат, Шоҳмурод ҷангҳои ғоратгаронаро оғоз кард. Ӯ чанд маротиба ба Хуросон лашкар кашид ва бисёр маҳалҳои онро тороҷу хароб намуд. Дар ин лашкаркашиҳо ҳар каси қобили меҳнатро аз аҳолии Хуросон асир карда, ба Бухоро меовард. Ба ин восита бозори ғуломфурӯшии Бухоро хеле авҷ гирифт.
Дар охирҳои асри XVIII Шоҳмурод дубора Марвро ишғол кард. Пас аз чанде вай ба муқобили бародари худ Умарбий, ки дар Марв ҳоким буд ва барои ҷудо шудан аз Бухоро кӯшиш мекард, мубориза бурда, сарбанди дарёи Марғобро вайрон намуд, ки дар натиҷа сокинони ин водӣ бе об монданд. Шоҳмурод қисмати зиёди аҳолии ин воҳаро ба Самарқанду Бухоро кӯчонида, дар таъмири харобаҳое, ки аз ҷангҳои собиқ ба амал омада буданд, истифода бурд. Вилояти Марв ба харобазор табдил ёфт. Ӯ мекӯшид, ки мулкҳои саркаше чун Ҳисор ва Ӯротеппаро ба худ тобеъ кунад, аммо дар ин роҳ натиҷе ба даст наовард. Ба ҳангоми лашкаркашӣ аҳолии қобили меҳнати атрофи Хуҷанд, Ӯротеппа, Зомин ва Ёмро иҷборан ба Самарқанд бурда, дар сохтмони биноҳо ва иншооти обёрӣ истифода мебурд. Маҳз бо қувваи ин одамон дар Самарқанд 24 масҷид ва дигар иморатҳои гуногун сохта шуданд.
Ҷанги Шоҳмурод бо подшоҳи Афғонистон, ки муттаҳиди ҳокими Ӯротеппа Худоёрбий девонбегӣ буд, ба нокомӣ анҷомид.
Сарчашма:
Маълумоти Аҳмади Дониш дар бораи харобии назми аморат дар замони амир Дониёл: «Бидон, ки дар айёми ҳукумати амир Дониёл (1758–1785) ба доруламорати Бухоро хеле тафовути фоҳиш (ошкор) дар умури миллатӣ воқеъ шуда, аксар мадрасаҳо ва масоҷид аз дарсу намоз таътил ёфта, ҳуҷраоти мадорис коҳхонаи хари обкашу ғалладони баққол шуда, ба сабаби он, ки мардуми ӯзбек (сулолаи хонадони минғитияро номидааст) дар умури давлатӣ тадохул ёфта, ҷиҳати безабтии салтанат шуда, ҳарчи аз ҳар ҷо ёфтаанд, мутасаррифу молик (соҳиб) шуда, шӯъла аз чароғи бевазан ва нон аз анбори ӯ қоқ дуздида, ба масрафи шикаму харҷи худ мерасониданд ва касеро маҷоли бозхост набуд ва бозори хамр (майнӯшӣ), қимор ва фисқу фасод бисёр роиҷу гарм буда, дар миёни умаро ва ҳукком. Лекин фуқаро ва раоёро маҷоли ҳаракату сукун (бепарвоӣ, беҳаракатӣ) набуд аз фарти (барзиёдии) зулму зарҷ ва олқу солуқ, мисли аминонаю вакилона ва арзонии никоҳу қиматии никоҳона. Масалан, маҳри муаҷҷал даҳ дирам ва никоҳонаи қозӣ даҳ динор ва як ман гандум даҳ танга, ҳаққулмизон (тарозупулӣ) понздаҳ танга ва ало ҳазо.
...Ва дар аксари маносиби (мансабҳои) аморат худи писарони амир Дониёл мансуб буда, ишоати фисқу фасод менамуданд.
...Ва худи амир Дониёл аз ҷиҳати пирӣ хазаф шуда, аз тансиқу тадбири мулкӣ оҷиз монда, саранҷоми фатҳу ратқи (идора кардани) муҳимоти мамлакатро ба дасти авлоду аъмол ва умаро дода, аз шебу фарози адлу зулм бехабар будааст ва ҳамаи аҳкому ҳудуди шаръӣ муатталу муҳмал (беэътибор) монда, ба доду фарёди мазлуме касе илтифот (таваҷҷуҳ) наменамуд».
Аҳмади Дониш. Рисола ё мухтасаре аз таърихи салтанати хонадони Манғития. Душанбе, 2010, саҳ. 20.
Санаҳои муҳим:
1758 – сар задани шӯриш дар Бухоро
1770 – аз ҷониби Дониёлбийи атолиқ ишғол шудани Қаршӣ,
Шаҳрисабз ва Ҳисор
1785 – ба тахти Бухоро нишастани Шоҳмурод
1790 – ҷангҳо байни Дарвоз ва Қаротегин
Савол ва супориш:
1) Дар кадом шароит Дониёлбийи атолиқ соҳиби ҳукумат гардид?
2) Дар солҳои ҳукмронии Дониёлбийи атолиқ дар мамлакат чӣ гуна тағйирот ба вуҷуд омад?
3) Дар бораи муборизаи истиқлолхоҳии ҳокимони хурд баъди марги Дониёлбийи атолиқ маълумот диҳед.
4) Дар бораи шӯриши аҳолии Бухоро ҳангоми ба тахт нишастани Шоҳмурод чӣ медонед?
5) Дар давраи ҳукмронии кадом ҳоким хонигарии Бухоро ба худ номи «аморати Бухоро»-ро гирифт? 6) Шоҳмурод барои пурзӯр гардондани мамлакат чӣ гуна тадбирҳо андешид?
7) Дар бораи лашкаркашиҳои Шоҳмурод ба мулкҳои Хуросон маълумот диҳед.
Реклама