§ 16. ҲУНАРИ НАҚҚОШӢ ВА МИНЁТУРА

§ 16. ҲУНАРИ НАҚҚОШӢ ВА МИНЁТУРА

   Ҳирот ҳамчун маркази асосии рушди ҳунари наққошӣ, минётура ва рассомӣ. Ҳирот дар ин давра ба яке аз марказҳои асосии рушди ҳунари наққошӣ, минётура ва рассомӣ табдил ёфт. 

                      

Минётураи Беҳзод «Низомӣ 

фарзандашро панд медиҳад»

   Дар нимаи аввали асри XV писари Шоҳрух Бойсунғур дар Ҳирот китобхонае ташкил кард, ки он дар баробари махзани китобҳои нодир будан, боз вазифаи коргоҳи аҳли ҳунарро ҳам адо мекард. 

   Дар он ҷо беҳтарин минётурасозҳо, хаттотон, наққошон ва саҳҳофҳо кор мекарданд. Шумораи хушнависон ба чил нафар мерасид. Дар нимаи дуюми асри XV султон Ҳусайн Бойқаро онҳоро аз ҳар гӯшаю канори мамлакат ба ин ҷо оварда буд.  

   Дар асри XV аксари деворҳои иморатҳои бошукӯҳи Ҳирот монанди Самарқанд бо тасвирҳои гуногун зебу зинат дода шуда, муҳтавои он тасвирҳоро манзараҳои ҷангу муҳосираи шаҳрҳо, базму зиёфат, русуми пазироӣ ва амсоли онҳо  ташкил медоданд. Дар  тасвирҳои рӯйи девори он иморатҳо инчунин,суратҳои ҳокимон, фарзандону наберагон, дарбо-риён ва маликаҳои хонадони темурӣ акс меёфтанд. 

   Дар ин давра бисёр минётурасозони машҳур асарҳои нодирро бо санъати баланд меофариданд. Дар онҳо ба нафосати тасвир, обуранги фаровон ва ифодаи ҳолати рӯҳӣ диққати махсус дода мешуд. Дар китобхонаи Бойсунғур солҳои 1429–1430 нусхаи «Шоҳнома» китобат гардида буд, ки он бо 20 минётура ороиш ёфта ва он намунаи беҳтарини мактаби минётурасозии он замон ба шумор мерафт. 

   Мактаби минётурасозии Ҳирот. Камолиддин Беҳзод ва шоҳкориҳои ӯ. Мактаби минётураи Ҳирот дар нимаи дуюми асри XV тавассути як зумра ҳунармандони моҳир ба авҷи тараққиёти худ расид. Дар байни ин ҳунармандон машҳуртарини онҳо Камолиддини Беҳзод (таваллудаш байни солҳои 1450 – 1460, вафоташ соли 1536/37) ба ҳисоб мерафт. Беҳзод дар ҳунари рассомию минётурасозӣ равияи тоза ба вуҷуд оварда, устоди як мактаби махсуси наққошии замон гардид. Ӯ шогирдони бисёре тарбия намуд, ки яке аз онҳо наққоши машҳури он аср Қосим Алӣ буд. Беҳзод ба усул ва услубҳои маълуму муқаррарии тасвиркашӣ эҷодкорона муносибат карда, ба онҳо навигарӣ ворид мекард. Чунин муносибати эҷодкорона ба вай имкон дод, ки минётураҳои беҳамтову беназир офарад. Таъсири мактаби минётурии Ҳирот дар асрҳои минбаъда дар офаридаҳои мусаввирони Табрезу Бухоро ва шаҳрҳои дигар мушоҳида мешавад. 

                             

  Минётураи Беҳзод «Мӯйсафед» 

   Беҳзод суратгари мумтоз буд. Ӯ дар офаридаҳояш қиёфаи шахсони маъруфи сиёсиро низ инъикос менамуд. Тасвирҳои султон Ҳусайн ва Муҳаммади Шайбонихон аз шоҳкориҳои Беҳзод дар ҳунари рассомӣ ба шумор мераванд.

   Асарҳои бо маҳорати баланд офаридаи ҳунармандони забардасти Ҳирот яке аз қуллаҳои баланди фарҳанги бадеии Шарқ ба шумор мераванд. 

   Самарқанд ва Ҳирот ҳамчун марказҳои бузурги фарҳанг. Самарқанду Ҳирот дар ин давра ҳамчун пойтахт марказҳои бузурги фарҳангӣ ба шумор мерафтанд. Темурланг дар Самарқанд бисёр намояндагони илму фарҳанг, мисли олимон, шоирон, меъморон ва ашхоси касбу кори гуногунро аз дигар кишварҳо асир карда оварда буд, ки онҳо минбаъд дар рушду нумӯи фарҳанги ин давра таъсири муҳим расониданд. Дар Самарқанд рӯшанфикрони зиёде умр ба сар бурда, дар соҳаи илм, адабиёт, таърих, ҳунарҳои меъморию наққошӣ ва амсоли онҳо асарҳо эҷод кардаанд. 

   Ҳирот, ки пойтахти дуюми давлати Темуриён ба шумор мерафт, дар он давра ба пояи баланди тараққӣ расида, дар Шарқи Миёна ба яке аз бузургтарин марказҳои илму фарҳанг табдил ёфт. Дар Ҳирот Абдурраҳмони Ҷомӣ, Алишер Навоӣ, Ҳофизи Абрӯ, Беҳзод барин намояндагони барҷастаи илм, фарҳанг ва ҳунар зиндагӣ ва эҷод кардаанд. 

   Дар айёме, ки султон Аҳмади Ҷалоир дар Ироқ ва Озарбойҷон ҳукмронӣ дошт, дар Бағдоду Табрез як зумра мусаввирон, хушнависон, наққошон ва ҳунармандонро даъват намуд, ки ба нусхабардорию ороиши китобҳо машғул шаванд. Минбаъд намояндагони Оли Ҷалоир, ки аз авлоди муғул буда, даъвои бевоситаи элхониро доштанд, дар пешбурди ҳунар ва дастгирии нависандагону ҳунармандон саҳм гузоштанд. Дар солҳои 1386 – 1387 аз тарафи хаттот Маҳмуд ибни Муҳаммади Бағдодӣ нусхаи «Хамса»-и Низомӣ бо хатти настаълиқ рӯйнавис шуд, ки он бо 23 минётура ороиш дода шуда буд. Соли 1392 «Калила ва Димна» барои Шоҳвалад писари султон Аҳмад бо хатти насх рӯйнавис шуд, ки он 72 минётураро дар бар мегирифт, шарҳи «Ҳафт иқлим» бо 78 минётура офарида шуд. Яке аз ҳунармандони барҷастаи дарбори султон Аҳмади Ҷалоир – Абдулҳай шогирди Шамсиддин буд, ки баъдтар Темурланг ӯро маҷбурӣ ба Самарқанд овард.  

   Дар ин давра дар соҳаи ҳунари коркарди филизот як қатор пешрафтҳо ба чашм мерасанд. Маснуот бештар аз тилло, нуқра, мис ва хӯлаҳои биринҷӣ сохта мешуд ва усули коркард ва тазйини онҳо хеле мураккаб буд. Дар асрҳои XIV – XV баъзан маснуоти филизӣ бо устухони кандакоришуда хотамкорӣ мешуд. Намунаи равшани ҳунари коркарди филизоти ин давр деги мақбараи Аҳмади Ясавӣ ва шаш чароғест, ки дар соли 1397 аз ҷониби ҳунарманд Изуддин ибни Тоҷиддини Исфаҳонӣ рехтагарӣ шуда буд. 

   Маснуоти тиллоии ин давр бо латофату назокати худ шуҳрат дошт. Махсусан, маснуоти тиллоии барои ороиши занҳо истифода мешуда бо як маҳорати хеле хоси он давр сохта мешуд. 

   Дар ин давра санъати ҳаккокӣ дар рӯйи санг низ ба таври васеъ истифода мегардид. Хусусан, сангҳои мазор бо нақшу нигори хосе омода карда мешуданд. 

   Ҳунари кулогарӣ низ дар ин давра ниҳоят рушд ёфта буд. Наққошон маснуоти сафолинро бо нақшҳои мухталифи ранга оро дода, аксар вақт дар рӯйи маснуоти нисбатан калонҳаҷм расмҳои паранда ва ҳайвоноти гуногунро мекашиданд. 

   Ҳангоми ороиши иншооти меъморӣ аз кандакориҳои рӯйи чӯб ба таври васеъ истифода карда мешуд. 

Сарчашма: 

   Китоби «Таърихи Эрон» дар бораи сабки мактаби Ҳирот чунин маълумот додааст: «Суннати зебо, ки аз муддатҳо пеш дар Ҳирот барқарор шуда буд – ҳиротӣ, ки Бойсунғур, бародари ҷавонтари Иброҳим пуштибони барҷастаи ҳунари насли худ дар ин шаҳр буд, – фаротар аз соли 1425 намерафт. Дарвоқеъ, дар қаламрави хушнависӣ аҳамияти Ҳирот аз соли 1420 ба баъд шурӯъ шуд ва дар замоне буд, ки Бойсунғур барои гӯшмолии ҳокими Табрез дар раъси лашкаре ба он ҷо рафт ва Мавлоно Ҷаъфари Табрезӣ, устоди хатти настаълиқ, Саидаҳмади наққош, Хоҷаалии мусаввир ва Қивомиддини саҳҳофро ҳамроҳи худ ба Ҳирот овард. Ҷаъфар дар соли 1421 аз сабки бойсунғурӣ баҳра гирифт, вале куҳнатарин нусхаҳои хаттӣ бо нигораҳое, ки барои ӯ таҳия шуда буд, шомили ду ҷилди кӯчаки зариф ба таърихи 1426 – 1427 буд ва ин ду ҷилд иборат буданд аз: «Гулистон»и Саъдӣ, ки худи Ҷаъфар онро таҳрир кард ва як гулчин, ки ба василаи Муҳаммад ибни Ҳисом маъруф ба Шамсиддини Султонӣ мусаннибардорӣ шуд. Ва як нусхаи севум як сол баъд аз рӯйи «Ҳумой ва Ҳумоюн»-и Хоҷӯи Кирмонӣ ба василаи ҳамон хушнавис таҳия гардид. «Гулистон», ки имрӯза дар китобхонаи Частрбеатии Дублин қарор дорад, аз зеботарин нусхаҳои хаттии форсӣ ба шумор меравад, ҳашт нигораи сода ва фиребандаи он иҷрои тоза ва бадеи фазои тасвирҳоро пӯшонидааст. Дар сето аз онҳо корбасти девори хамида ҳамроҳ бо дари бози он таҷриба шуда ва саҳнаи бастае барои амалу куниш ба вуҷуд овардааст, дар ҳоле ки нишондиҳандаи иртиботи дунёи дарун бо дунёи берун аз тариқи дари нимабоз аст. Ҳолатҳои ҳар пайкарае, ки комилан бо рӯҳу гӯё аст, дар иртибот бо дигар пайкараҳост. Пайкараҳои хушк ва расми мактаби Ҷалоирӣ дар ин ҷо зинда шудааст. Дар иҷрои манзараҳо ҳам як чунин пешрафте сурат гирифта. Ин амал то андозае бо тарс ва ларз дар «Хамса»-и Низомӣ солҳои 1376 – 1377 дар мактаби Ҷалоирӣ кор шуда, вале вуруди пайкараҳо ба ҷилва таркиббандӣ аз таъсири зиёди он костааст ва ҳол он ки дар ин замон ҳунармандони Бойсунғур ёд гирифтаанд, ки чӣ гуна уфуқро ба ақиб бибаранд. Матни ашъор дар ҷилватар таркиббандӣ шиновар аст ва ба сони пардае амал карда, ки уфуқи дар дурдастро пӯшонидааст. Рангпардозии он сард аст… Дарвоқеъ, рангҳои фирӯзаӣ, обӣ ва сабз ғалаба дорад. Ин нигораҳо назири нигораҳои Ҷунайдӣ ҳама ҷой баргро пӯшонида ва мисли онҳо катибаҳои тазйини зебои болои сохтмонҳо ироа шудааст. Дар ин ҷост, ки сабки дарбории Ҳирот зода шудааст». 

   Таърихи Эрон. Давраи Темуриён. Тарҷумаи Яъқуб Ожанд, Теҳрон, 1378, саҳ. 391 – 392. 

   Дар хусуси пастравии ҳунар дар қаламрави Ҳирот дар китоби «Таърихи Эрон» ахбори зерин оварда шудааст: «Ошуфтагии сиёсӣ баъд аз марги Шоҳрух ва Улуғбек аввало дар 1447 ва дуюми дар соли 1449 ва низ коҳиши манобеи хонадони темурӣ дар тавлидоти ҳунарии Эрон вақфае эҷод кард. Аз инҳо гузашта Ҳирот, ки ба муддати сӣ сол маркази ин мактаб ба ҳисоб мерафт, дар арзи бист соли оянда таърихи бесубот ва пурошӯберо аз сар гузаронд. Султон Абӯсаид ибни Мироншоҳ Ҳиротро дар даҳаи 1458 – 1469 пойтахти худ қарор дод. Аз ин давра нусхае, ки дорои нигора бошад, чизе мавҷуд нест, ҷуз гулчине, ки ба Абӯсаид тақдим шуда».

   Таърихи Эрон. Давраи Темуриён. Тарҷумаи Яъқуб Ожанд, Теҳрон, 1378, саҳ. 399. 

Санаҳои муҳим:

1386 – 87 – рӯйнавис шудани нусхаи «Хамса»-и Низомӣ 

1392 – рӯйнавис шудани «Калила ва Димна» бо хати насх 

1429 – 30 – китобати нусхаи «Шоҳнома» дар китобхонаи Бойсунғур 

Савол ва супориш: 

1) Дар бораи рушди ҳунари наққошӣ, минётура ва рассомии Ҳирот маълумот дода, ёдгориҳои меъмории онро номбар кунед. 

2) Дар бораи Камолиддин Беҳзод ва шоҳкориҳои ӯ нақл кунед. 

3) Мавқеи Самарқанд ва Ҳиротро дар рушди илм, фарҳанг ва ҳунари асри XV шарҳ диҳед. 

4) § 14-ро такрор намоед.