§ 10. ВАЗЪИ МУНОСИБАТҲОИ МОЛИЮ ПУЛӢ

§ 10. ВАЗЪИ МУНОСИБАТҲОИ МОЛИЮ ПУЛӢ

     Ислоҳоти пулии Улуғбек дар соли 1428. Таҳқиқи мадракҳои сиккашиносӣ нишон медиҳад, ки дар асри XV муносибатҳои молию пулӣ рушд намуда буд. Дар ин давра ҳаҷми умумии истеҳсоли молҳои сермасраф афзун гардида, табақаҳои васеи ҷамъияти шаҳр ва қисман аҳолии деҳот ба муносибатҳои молию пулӣ робита доштанд. Тиҷорати пулӣ дар доираи истеъмоли умум ба василаи сиккаҳои мисӣ ба вуқӯъ мепайваст.

     Улуғбек соли 1428 ислоҳоти пулӣ ҷорӣ кард. Мақсади асосии ин ислоҳот аз он иборат буд, ки барои савдои чаканаи молҳои сермасраф шароити мусоид фароҳам оварда шавад. Сокинони шаҳр ва аҳолии деҳот ба ин беш аз ҳама манфиатдор буданд. 

   

Сиккаҳои дар аҳди Темуриён зарбшуда 

    Мазмун ва моҳияти ин ислоҳот чунин буд: дар соли 1428 ҳамаи сиккаҳои мисии пастқурби пешина аз эътибор соқит шуданд. Дорандагони сиккаҳои мисии пастқурб метавонистанд онро дар давоми як муддати муайян ба сиккаҳои нави нисбатан баландқурб иваз намоянд. Сиккаҳои нав аз соли 1428 сар карда дар шаҳрҳои Бухоро, Самарқанд, Тошканд, Шоҳрухия, Андиҷон, Қаршӣ ва Тирмиз зарб мешуданд. Пас аз ба анҷом расонидани ивази ин сиккаҳо зарби сиккаҳои мисӣ фақат дар Бухоро иҷро мегардид. Ҳамаи зарбхонаи шаҳрҳои дигар баста шуданд. Бо пулҳои Бухоро дар тамоми гӯшаву канори Мовароуннаҳру Хуросон мол харидан мумкин буд.

Ислоҳоти пулии соли 1428 ба гардиши тиҷорати дохилӣ мувофиқ буда, барои рушди минбаъдаи мубодилаи молҳои хурд мусоидат менамуд ва ба талаботи аҳолии шаҳру деҳот ҷавобгӯ буд.

    Ислоҳоти пулии Хусравшоҳ. Баъдтар дар даҳсолаи охири асри XV гардиши умумидавлатии сиккаҳои мисӣ тамоман нобасомон гардид. Соҳибони мулкҳо бо мақсади ҳарчи бештар фоида гирифтан, ба зарби сиккаҳои худ шурӯъ намуданд. Дар натиҷа дар мамлакат буҳрони гардиши пул сар зад. Дар чунин вазъият ҳокими Ҳисор Хусравшоҳ соли 1501 ислоҳоти пулӣ гузаронид. Дар асоси ин ислоҳот вилояти Ҳисор ба ҷойи сиккаҳои гуногун ва беэътиборшуда сиккаҳои якхела дарёфт намуд. Зарбхонаи шаҳрҳои хурд баста гардид. 

    Тибқи ислоҳоти Хусравшоҳ тангаҳои қаблӣ қобили истифода набуданд. Ҳамаи тангаҳои куҳна аз гардиш гирифта шуда, ба ҷойи онҳо тангаҳои нав истифода гардиданд. Солҳои 1501 – 1502 дар Ҳисор, Қундуз ва Тирмиз ба зарби сиккаҳои мисии дудинора шурӯъ намуданд, ки дар як тарафи он ҷойи зарбхона ва қурби он бо забони тоҷикӣ сабт гардида, дар тарафи дигараш тасвири оҳу буд. 

    Минбаъд сиккаҳои мисӣ фақат дар Ҳисор, Тирмиз ва Қундуз бароварда мешуд. Он вақтҳо сиккаи мисиро динор мегуфтанд. Маҳсули зарбхонаи ин се шаҳр дар тамоми мулк як хел гардиш мекард. Барои осонтар намудани амалиёти тиҷоратӣ сиккаҳоро ба се арзиш – якдинора, дудинора ва тангаи майда зарб мезаданд.

    Вазъи тиҷорати дохилӣ. Темурланг ҳангоми лашкаркашиҳояш аз минтақаҳои мухталиф ҳунармандони касбу кори гуногун ва косибонро ба Мовароуннаҳр, хусусан, ба Самарқанд мефиристод. Дар натиҷаи тараққӣ намудани касбу ҳунар вазъи тиҷорати дохилии мамлакат беҳтар гардид. 

    Барои рушди савдо ва ҳунармандӣ дар бисёр шаҳрҳои Мовароуннаҳру Хуросон бозорҳои болояш пӯшида ва иншооти мухталифи тиҷоративу ҳунармандӣ сохтанд. Чунин иншоотҳои тиҷоратӣ, ки гӯшаю канори шаҳрро зинат медоданд, бештар дар Самарқанду Ҳирот қомат афрохтанд.  

    Байни шаҳрҳои мухталифи Мовароуннаҳру Хуросон тиҷорат сурат мегирифт. Косибону ҳунармандон молу ашёи худро дар бозорҳо ба аҳолӣ пешкаш менамуданд.

    Аз Шероз ба Самарқанд ва Султония матоъҳои абрешимӣ, пашмӣ, пахтагӣ ва ашёи дигар ворид мегардид. Яке аз шаҳрҳое, ки дар он тиҷорати дохилӣ тараққӣ ёфта буд, шаҳри Табрез буд. Дар ин шаҳр дар байни манзилҳои зист барои тиҷорат растаҳои махсус сохта шуда буданд, ки дар онҳо ҳунармандон молҳои худро ба аҳолӣ пешкаш менамуданд.

    Тоҷирон аз Самарқанд ба шаҳрҳои дигари Мовароуннаҳру Хуросон шириниҳои мухталиф, астарҳои мӯйина ва абрешимӣ, рангҳо ва ашёи дигар мебурданд. 

     Умуман, дар ин давра дар шаҳрҳои Мовароуннаҳру Хуросон дар соҳаҳои гуногун рушди босамари меҳнат ба чашм расида, ҳаҷми истеҳсоли молҳои гуногун инкишоф меёфт. Вале истисмори аз ҳад зиёди аҳолии шаҳр, ба дасти феодалони алоҳида мутамарказ гардидани иншооти тиҷоративу ҳунармандӣ ва шаклҳои феодалии идоракунии шаҳрҳо ба рушди онҳо монеъ мегардид.

     Барои боз ҳам беҳтар гардидани вазъи тиҷорат зарби сиккаҳои мисӣ ва иштироки бештари сокинони шаҳру деҳот дар муносибатҳои молию пулӣ нақши калон бозид.

     Равобити тиҷорӣ ва дипломатиии Темуриён бо мамолики хориҷӣ. Ишғоли мамлакатҳои дигар ва аз ин ҳисоб васеъ намудани ҳудудҳои мамлакат ба Темуриён имконият дод, ки вазъи иқтисодии кишварро беҳтар намуда, қудрати ҳарбии онро баланд бардоранд. Ин шароит фароҳам овард, ки дар охири асри XIV – ибтидои асри XV равобити тиҷорӣ ва сиёсии Мовароуннаҳру Хуросон бо як қатор мамолики хориҷии дуру наздик вусъат ёбад.

    Темурланг соли 1393 намояндаи худ Савоиро барои барқарор намудани равобити тиҷоративу дипломатӣ ба Сурия ва Миср фиристод. 1 августи соли 1402 Темурланг ба подшоҳи Фаронса Карли VI нома фиристода, аз ӯ хоҳиш намуд, ки ҳар ду давлат бояд барои густариши равобити тиҷорӣ тоҷирони худро ба мамлакати якдигар фиристонанд ва ба ҳамаи онҳо амният фароҳам оварда мешавад.

    Барои барқарор намудани равобити хориҷии тиҷорӣ ва дипломатии давлати Темуриён нақши Самарқанд, ки дар роҳи муҳимми тиҷорӣ–аз Чин ба мамлакатҳои ҳудуди баҳри Миёназамин ва Ҳиндустон воқеъ аст, хеле муҳим буд, Тибқи ахбори сафири испанӣ Руи Гонсалес де Клавихо, ки солҳои 1403 – 1406 ба Самарқанд сафар карда буд, ҳар сол аз Ҳиндустон, Чин ва мамлакатҳои дигари дуру наздик корвонҳои пурбор бо молҳои гуногун барои тиҷорат ба Самақанд меомаданд.

    Равобити Темуриён, махсусан бо Чин хеле устувор буд. Темурланг соли 1387 намояндагони дипломатии худро бо сардории Мавлоно Ҳофиз ба Чин фиристод ва бо онҳо чун туҳфа 15 асп, 2 шутур ва матоъҳои гуногун ирсол намуд. Аспҳои фиристодаи темуриҳо ба хитоиҳо хеле маъқул афтод ва ҳар сол ба Чин шумораи зиёди асп фиристода мешуд. Бар ивази ин аз Чин сангҳои қиматбаҳо ва ашёи дигар мефиристоданд. Ҳамин тариқ, байни давлати Темуриён ва Чин робитаҳои тиҷориву дипломатӣ густариш ёфт. Дар байни ҳар ду-се сол ба Самарқанду Ҳирот сафирҳои хитоӣ меомаданд ва дар навбати худ аз Мовароуннаҳру Хуросон ба Чин сафирҳо фиристода мешуданд. Корвонҳои хитоӣ ба воситаи уқёнуси Ҳинд ба Самарқанд мемаданд. Ҳангоми дар Самарқанд будани сафири испанӣ Клавихо аз Чин ба Самарқанд қариб 800 шутури сербор омада буд.  

    Солҳои баъдӣ низ робитаҳои дипломатии ҳар ду кишвар густариш ёфтанд. Соли 1421 дар ҳайати сафирони темурӣ, ки ба Чин рафта буданд, шахси маъруфи он давр Хоҷа Ғиёсуддини Наққош низ шомил буд. Ба ӯ супориш дода шуда буд, ки рӯзномаи сафарро тартиб диҳад ва он минбаъд ба яке аз асарҳои арзишманд табдил ёфт, ки олимони дигар аз он истифода бурдаанд.

    Дар нимаи дуюми асри XV рафтуомади сафирон байни ин ду кишвар каме коҳиш ёфт ва сабаби онро императори Чин дар номааш ба Шоҳрух бо бесарусомониҳои дар давлати Темуриён рӯй дода алоқаманд медонад.

    Дар ин давра равобити тиҷориву дипломатии Мовароуннаҳру Хуросон бо мамлакатҳои дигар, мисли Миср, Ҳиндустон Русия ва ғайра низ барқарор буданд.

    Соли 1439 султони Миср Зоҳир Сайфуддин Чақмоқбек сафири худ Ҷиҷқабуқро ба Ҳирот фиристод ва дар номааш аз Шоҳрух хоҳиш намуд, то ӯ барои вусъати равобити тиҷориву дипломатии байни ҳар ду кишвар кӯшиш намояд. Шоҳрух дар ҷавоб соли 1444 сафорати худро бо сардории Шамсиддин Муҳаммад Замзамӣ ба Миср фиристод, ки он аз ҷониби ҳокими Миср хуб пазируфта шуд. Пас аз як сол ба Миср ба сифати сафир ду шахси маъруфи он давр – Шайх Нуриддин Муҳаммад ал-Муршидӣ ва Мавлоно Шамсиддин Муҳаммад Абҳарӣ фиристода шуданд.  

    Чунин равобит байни Мовароуннаҳру Хуросон бо Ҳиндустон низ устувор буд. Соли 845ҳ.қ./1441 – 1442 Темуриён бо сардории муаррихи маъруф Абдурраззоқи Самарқандӣ ба дарбори ҳокими Ҳиндустон Бинҷиғор ҳайти сафоратеро фиристоданд. Ин муаррих натиҷаи сафарашро дар китоби машҳури худ «Матлаъ-ус-саъдайн ва маҷмаъ-ул-баҳрайн» баён намудааст. Пас аз ба ватан баргаштани ин сафорат Бинҷиғор дар ҷавоб сафорати худро ба Ҳирот фиристод. 

    Равобити тиҷоративу дипломатии давлати Темуриён бо Русия барқарор буд. Соли 1464 сафорати шоҳи Русия Ивани III аз Москва ба Ҳирот омада буд. 

    Дар ин давра равобити тиҷоративу дипломатии Темуриён бо давлатҳои дигар низ вуҷуд дошт. Бисёр тоҷирон аз Туркия, Ироқ, Феодесия, Сурия, Малайзия ва ғайра барои тиҷорат ба шаҳрҳои Мовароуннаҳру Хуросон меомаданд.

    Рушди тиҷорат бо мамолики хориҷӣ барои инкишофи соҳаҳои мухталифи косибиву ҳунармандӣ, зиёдшавии ҳаҷми истеҳсолот ва рушди савдои дохилӣ мусоидат менамуд.

Сарчашма:

    Дар бораи гардиши сиккаҳои давраи Темуриён дар китоби «Таърихи Эрон» чунин маълумот омадааст: «Ҳатто дар давраи темурӣ ҳам сиккаҳои мухталифи роиҷ дар ҷараён буд. Шавоҳиде дар бораи вуҷуди сиккаҳои зер аз соли 1440 дар даст аст: дар Мовароуннаҳр динори капакии нуқра бо вазни 8 грамм, дар ғарби Эрон беш аз се навъ динори роиҷ мавҷуд буд, ки робитаи онҳо бо динори капакӣ шинохта шудааст, яъне динори Бағдод ва ё Шероз, динори ироқӣ ва динори Табрез. Ба зоҳир динори ироқиро мустақиман метавон аз динори роиҷи мутақаддими Табрез пайгирӣ кард ва ҳол он ки динори табрезии қарни понздаҳум барои нахустин бор дар замони Темуриён зоҳир шуд. Дар он замон робита байни ин чаҳор навъ динори нуқра роиҷ ба қарори зер буд: як динори капакӣ муодил бо се динори бағдодӣ (ё шерозӣ), шаш динори ироқӣ ва нуҳ динори табрезӣ буд».

    Таърихи Эрон. Давраи Темуриён. Пажӯҳиши Донишгоҳи Кембриҷ, тарҷумаи Яъқуб Ожанд, Теҳрон, 1378, саҳ. 273. 

    Дар китоби «Таърихи Эрон» доир ба вазъи тиҷорат дар шаҳрҳои Султония ва Самарқанд ахбори зерин оварда шудааст: «Султония шаҳри пурҷамоате аст, вале аз ҳайси бузургӣ ба пояи Табрез намерасад. Аммо Султония муҳимтарин маркази мубодилаи коло барои туҷҷор ва колои онҳост. Бахусус дар моҳҳои июн, июл ва август корвонҳои бузурге аз муштариён бо молуттиҷора ба ин шаҳр мерасанд. Ин шаҳр дар моҳҳои ёдшуда пурҷанҷол ва шулуғ аст ва маболиғи ҳангуфте (зиёде) вориди хазона мекунад. Бинобар ин, ҳарсола гурӯҳи азиме аз бозаргонони Ҳинд меоянд ва ҳама гуна адвия (дору) меоваранд. Беҳтарин анвои адвияеро, ки дар бозорҳои Сурия барои фурӯш арза мешавад, ба ин шаҳр меоваранд. Ин адвия иборатанд аз: мехак ва ҷавзи ҳиндӣ ва газонгабин ва пӯсти ҷавз ва ғайра. Ин адвия ҳаргиз ба бозори Искандария намерасад, то битавон аз махозини он ҷо харид… Ҳар гуна абрешим аз Гелон…, ки дар он колоҳо ва маҳсулоти бисёре сохта ва таҳия мешавад, ба ин шаҳр ҳамл мегардад. Абрешими Гелон аз Султония ба Димишқ ва низ дигар манотиқи Сурия ва Туркия ва Кифо (дар Қрим) содир мешавад. 

…  Самарқанд бозори бузурге барои тавлиди колоҳо буд, чаро ки Темурланг пешаваронро (ҳунармандонро) аз ҳар синф маҷбур ба иқомат дар он сохта буд. Дар ин шаҳр бозаргонони зиёде аз туркон, аъроб, марокашӣ аз анвои тираҳо, масеҳиёни чун Юнон ва арманиён, католикҳо ва настуриҳо дар канори ҳиндуён тиҷорат мекарданд, чаро бозорҳои Самарқанд мамлӯ аз колоҳое буд, ки аз сарзаминҳои дурдасту бегона назири Русия, Тотористон, Чин ва Ҳинд вориди он ҷо мешуд.

    Ин колоҳо шомили чарм, катон, парниён, равған, гиёҳони тиббӣ, адвия…. буд, ки харидорон бо таъкиди фаровон бар кайфияти болои маҳсулоти чинӣ буд, ки пешаваронаш ҳам монанди пешаварони хитоӣ аз тарафи муҳимот ва устодӣ дар ҷаҳон шинохта шуда буданд, толиби хариди онҳо буданд. Клавихо аз корвоне бо 800 шутур суҳбат медорад, ки аз Чин коло ва молуттиҷора ба Самарқанд меовардааст…. Яке аз муҳимтарин далоили арзиш ва аҳамияти тиҷорӣ ва бозаргонии Самарқанд ва Султония дар ин буд, ки ин ду шаҳр иқоматгоҳ ва урдугоҳи низомии Темурланг ва ҳокими ғарби Эрон – шоҳзода Мироншоҳ буд». 

   Таърихи Эрон. Давраи Темуриён. Тарҷумаи Яъқуб Ожанд, Теҳрон, 1378, саҳ. 196 – 197. 

    Маълумоти Абдурраззоқи Самарқандӣ дар бораи омадани сафирони Хитой ба Самарқанд: «Дар ин вило аз вилояти Хитой элчиён аз пеши Дой Минкхон–подшоҳи Чину Мочин ва соири ин мамолик расиданд. Фармони ҳумоюнӣ нифоз пайваст, ки шаҳру бозорҳо оина банданд ва ҳар санъат дар камоли ҳунар зоҳир карда ва дукони худро орояд ва умаро ба расми истиқбол берун рафта муқаддами эшонро бар худ муборак доштанд ва ҳамаро ба таъзими тамом дари шаҳр оварданд….Ҳазрати хоқони саид фармон фармуд, ки Боғи Зоғонро чун боғи ҷинон ороста, ясовулони баҳромсавлати зарғомсутуват ҳар касро маҳал ва мақом таъйин фармуданд ва ҳазрати хоқони саиди хуршедталъат чун офтоб бар авҷи риқъат ва сарири салтанат баромад ва узамои умаро элчиёнро ба шарафи дастбӯсӣ расонида ва табрикот гузаронида, суханони эшон арза доштанд».

    Абдурраззоқи Самарқандӣ. Матлаъ-ус-саъдайн ва маҷмаъ-улбаҳрайн. Ҷилди 2, китоби 1. Бо эҳтимоми доктор Абдулҳусайни Навоӣ. 1383, саҳ. 158. 

     Маълумоти Абдурраззоқи Самарқандӣ дар бораи ба Хитой ҳамчун сафир фиристодани Муҳаммади Бахшӣ: «Чун муҳимоти элчиёни Хитой кифоят шуд, иҷозати инсироф ёфта, муовидат фармуданд ва Шайх Муҳаммади Бахшӣ ба расми рисолат бо эшон равон шуд ва чун подшоҳи Хитой то ғоят дини ислом қабул накарда бар муқтазои шариат намераванд. Ҳазрати хоқони саид аз рӯйи дӯстӣ ду насиҳатномаи арабӣ ва форсӣ фиристод, то бошад, ки ба нури ҳидояти имон мушарраф шаванд…. Ва дар ин вақт аз он тараф элчиён расиданд ва туҳфаҳо оварданд ва хабари саломатии эшон ва маъмури он мамолик гуфтанд. Муҳаббат ва дӯстӣ, ки миёни падарон буд, бар муҷиби муҳаббатулобои қаробатулабно тоза гашт. Мо низ аз ин тараф Муҳаммади Бахшӣ элчӣ (сафир) фиристодем то хабари саломатӣ расонад. Муқаррар он аст, ки ин маънӣ сабаби ободонии мамолик ва некномии дунё ва охират аст. Тавфиқи риояти иттиҳод ва муроқибати шароити видоди рафиқи аҳл тариқ бод. 

     Ҳазрати хоқони саид фармуд, ки элчиёни атрофро чун элчӣ Муҳаммад Қаромон, ки бо туҳафи Рум омада буд ва малик Қутбиддини Систонӣ ва элчӣ Пирак аз Гармсер… ва ҳамаро ба инъом ва икром навохта, иҷозати муроҷаат намуд». 

    Абдурраззоқи Самарқандӣ. Матлаъ-ус-саъдайн ва маҷмаъ-улбаҳрайн.Ҷилди 2, китоби 1. Бо эҳтимоми доктор Абдулҳусайни Навоӣ. 1383, саҳ. 161 – 164. 

     Маълумоти Абдурраззоқи Самарқандӣ дар бораи аз ҷониби Темурланг ба Сурия ва Миср фиристодани сафирҳо: «Дар соли 795 ҳ.қ. /1392-1393 ҳазрати Соҳибқирон Шайх Совиро, ки фарзонаи аср буд, бо булукоти шоҳона ба ҷониби волии Шом (Сурия) ва Миср ал-малик аззоҳир Барқуқ ба расми рисолат фиристода буд ва пайғом дода, ки пеш аз ин подшоҳон, ки аз насли Чингизхон буданд, бо мулуки он мамолик низоъ доштанд ва ба он сабаб заҳмат ба аҳолии Шом ва он ҳаволӣ мерасид ва дар охир ба мусолиҳат анҷомид ва чун подшоҳи саид Абӯсаид (ба) ҷивори раҳмати ҳақ пайваст ва аз насли Чингизхон подшоҳи нофизфармон намонад, мулуки тавоиф падид омаданд. Ин замон чун собиқаи инояти моликулмулк азза шаънаҳу, тамоми мамолики Эрон бо Ироқи Араб, ки дар ҷивори он мулк воқеъ аст, мусаххари фармони мо гардонид, некхоҳии халоиқ иқтизои он мекунад, ки ҳаққи ҳамсоягиро риоят карда, абвоби муросала ва мукотибат мафтуҳ гардад ва элчиён даромадшуд бошанд, то роҳҳо эмин шавад ва тиҷорат ба амн ва ҳузур тараддуд намоянд ва ин маонӣ муҷиби оромиши билод ва осоиши ибод бошад, вассалом. 

     Бинобар он истидъои султон Исо ҳокими Мордийн намуда фармуд, ки азимати Шом ва Миср мусаммам аст, мебояд, ки лашкарҳо ҷамъ оварда, ҳарчанд зудтар ба мо пайвандад ва чанд рӯз интизор бурда маълум шуд, ки ҷонибаш ба чунин ҳазрате тағофул мефармояд». 

    Абдурраззоқи Самарқандӣ. Матлаъ-ус-саъдайн ва маҷмаъ-улбаҳрайн. Ҷилди 1, китоби 2. Бо эҳтимоми доктор Абдулҳусайни Навоӣ. 1383, саҳ. 689–690.

    Маълумоти Абдурраззоқи Самарқандӣ дар бораи ба назди Темурланг омадани сафирони волии Кашмир Искандаршоҳ: «16 моҳи ҷумодилохири соли 801 (23 феврали соли 1399) мавкаби ҳумоюн дар баробари қарияи Поила, ки аз навоҳии Ҷамуст, нузул фармуд ва қосидон, ки аз Деҳлӣ ба Кашмир пеши Искандаршоҳ рафта буданд, бо элчиёни ӯ расиданд ва арза доштанд ки Искандаршоҳ эҳроми бандагӣ баста, рӯйи ниёз ба қиблаи иқбол оварда, ба мавзеи Ҷабҳон омад ва қосидони ӯ бо элчиён аз ҷониби урдуи аъло расиданд ва тақрир карданд, ки умаро маслиҳат чунон дидаанд, ки Искандаршоҳ се ҳазор асп ба расми пешкаш овард ва машорилайҳи ҷиҳати тавҷеҳи он ба Кашмир бозгашт то баъд аз итмоми он муҳим дигарбора мутаваҷҷеҳи пойбӯс шавад. Он ҳазратро ин сурат писандида нанамуд. Фармуд, ки Искандаршоҳ моро таклифи моло ятоқ кардаанд ва ба зиёдат гунҷойиши ҳавсалаи ӯ талаб доштаанд ва ҳаждаҳ моҳ элчиёни ӯро иноят ва иҷозат намуда, муқаррар фармуд, ки ба ҳеҷ чиз боз намонад ва чун 28 рӯз аз ин таърих гузарад, дар лаби оби Синд ба урдуи ҳумоюн ояд ва Муътамад Зайниддин аз ҷумлаи амирзода Рустам, ки як навбат аз Деҳлӣ ба Кашмир рафта буд, боз бо элчиёни Искандаршоҳ ӯро равон фармуд».

    Абдурраззоқи Самарқандӣ. Матлаъ-ус-саъдайн ва маҷмаъ-улбаҳрайн. Ҷилди 1, китоби 2. Бо эҳтимоми доктор Абдулҳусайни Навоӣ.1383, саҳ. 793-794. 

     Маълумоти Клавихо дар бораи тиҷорати Самарқанд бо мамлакатҳои хориҷӣ: «Самарқанд на танҳо бо маводи хӯрокворӣ, балки бо матоъҳои абрешимӣ ва пашмин, атлас, камка (матои шоҳии гулдори қадимӣ), ки дар он ҷо истеҳсол менамоянд, инчунин бо астарҳои мӯйина ва абрешимӣ, шириниҳо, рангҳои лоҷвардӣ ва амсоли онҳо маъруф аст. … Ин шаҳр бо молҳое, ки аз давлатҳои дигар ворид мешаванд, хеле ғанӣ аст. Аз Русия ва Тарталия чарм ва матоъҳои катонӣ, аз Хитой матоъҳои абрешимӣ, ки навъи беҳтарини онҳо дар ин ҷо истеҳсол мешавад ва атлас, ки мегӯянд он дар олам беҳтарин аст, махсусан, навъи бенақшу нигори он қимати арзандатаре дорад. Аз Хитой инчунин мушк ворид мешавад, ки он ба ҷуз аз Хитой дар ҷойи дигар нест. Аз он ҷо инчунин ёқути сурх ва алмос, марворид ва ғайра меоранд. Аз Ҳиндустон ба Самарқанд шириниҳо. чормағзи қаранфул, гули дорчин, занҷабил ва ғайра ворид мешаванд…. 

     Аз Самарқанд то шаҳри асосии Хитой, ки Камолак (Хонбалиқ) ном дорад ва яке аз шаҳрҳои бузурги он империя ба шумор меравад, шашмоҳа роҳи пиёдагард аст, ки дар давоми ду моҳи он дар роҳ ба ҷуз аз галабонон, ки дар саҳроҳо галаҳои худро мечаронанд, касе во намехӯрад. Моҳи июни ҳамин сол аз Камолак ба Самарқанд қариб ҳаштсад уштури сербор омад». 

     Руи Гонсалес де Клавихо. Рӯзномаи сафар ба Самарқанд, ба дарбори Темур (1403 – 1406). Тарҷумаи И.С. Мирокова. Москва: Наука, 1990. саҳ. 138 – 141.

Санаҳои муҳим: 

1428 – ислоҳоти пулии Улуғбек 

1464 –ба Ҳирот омадани сафорати Русия 

1501 – ислоҳоти пулии Хусравшоҳ 

Савол ва супориш:

1) Барои чӣ Улуғбек дар соли 1428 ислоҳоти пулӣ гузаронид?

2) Дар бораи ислоҳоти пулии Хусравшоҳ нақл намоед.

3) Вазъи тиҷорати дохилӣ ва хориҷии давлати Темуриёнро шарҳу эзоҳ диҳед. § 8-ро такрор намоед. 

Реклама