Ҳукмронии Шоҳрух дар Хуросон ва Улуғбек дар Мовароуннаҳр. Шоҳрух баъд аз марги Халил султон ва ба дунболи он қатли султон Ҳусайн (набераи духтарии Темурланг) ва Пирмуҳаммад саҳнаи ҳукуматро барои худ холӣ дид ва ҷойнишини Темурланг гардида, аз Ҳирот ба ҳукмронӣ пардохта, ҳокимияти Мовароуннаҳрро ба Улуғбек чун вобастаи худ вогузор кард. Фарғона дар ин замон аслан дар зери итоати Самарқанд буд, вале ҳокими он Мирзо Мирак Аҳмад, писари Умаршайх, сиёсати мустақилро пеш гирифта, ба Улуғбек итоат намекард ва ба муқобили ӯ муборизаи ошкоро мебурд. Амири Кошғар Саид Алӣ дар ин мубориза Мирзо Мирак Аҳмадро ёрмандӣ мекард. Бинобар ин, Улуғбек ба Фарғона лашкар кашида, соли 1414 ин сарзаминро ба мулки худ ҳамроҳ намуд. Баъдтар ӯ Кошғарро ҳам зери тасарруфи худ даровард.
Улуғбек аз неруманд шудани ӯзбекони бодиянишин ва амирони муғул дар ташвиш афтода буд, зеро онҳо ба ӯ итоат намекардагӣ шуданд. Соли 1425 Улуғбек бо лашкари сершумор бар зидди амирони муғул ҳуҷум намуд. Дар ноҳияи Иссиқкӯл ва наҳри Или амирони муғулро мағлуб карда, бо ғаниматҳои зиёд ба Самарқанд баргашт.
Пас аз чанде муносибати Улуғбек бо яке аз ашхоси наздикаш Буроқхон – пешвои ӯзбекони бодиянишин, ки дар соҳили дарёи Сир зиндагӣ мекарданд, бад гардид. Буроқхон мехост заминҳои дар поёноби дарёи Сир воқеъбударо соҳибӣ намояд.
Тобистони соли 1427 Улуғбек бар зидди Буроқхон лашкар кашид, вале дар он муҳориба шикаст хӯрд. Сипоҳиёни Буроқхон мамлакатро талаву тороҷ намуданд ва панҷ ҳазор нафар кӯчманчиёни ӯзбек ба вилояти Сиғноқ кӯчонида шуданд. Барои наҷот ва ёрии Улуғбек Шоҳрух бо лашкараш ба ин сарзамин омад ва ӯзбекони бодиянишин рӯ ба гурез ниҳоданд. Пас аз ин Улуғбек то вафоти падараш дигар ба ҳеҷ ҷой лашкар накашид. Дар давраи салтанати Шоҳрух (1405–1447) давлати Темуриён гарчанде як қисми қаламрави худро аз даст дода бошад ҳам, то андозае иқтидори пешинаи худро нигоҳ медошт ва дар лаҳзаҳои зарурӣ метавонист бар зидди душмани худ мубориза кунад. Шоҳрух ҳокими давлати ягонаи Темуриён ба шумор мерафт ва амалан ҳукумати Темуриёнро дар саросари Эрон дубора барқарор намуда, қаламрави собиқи падарашро соҳиб гашт ва дар байни аҳли ин хонадон шахси аввал гардид.
Аз дасти хонадони темурӣ хориҷ шудани фармонравои Ғарби Эрон. Ба ҳукумати Озарбойҷон, Гурҷистон, Қазвин соҳиб шудани Қароюсуфи туркман. Дар давраи ҳукмронии Шоҳрух сулолаи туркмании Қароқуйюнлу (Сиёҳгӯспандиён) бо Темуриён ҳамеша дар ҷангу ҷидол буданд. Пешвои ин сулола Қароюсуф аз вазъияти дар давлати Темуриён бавуҷудомада истифода намуда, қисматҳои ғарбии империяро, ки Озарбойҷону Ироқи Арабро дар бар мегирифт, ба зери итоати худ даровард. Баъдтар қисмати бузурги Гурҷистон, Қазвин ва Табрез низ таҳти тасарруфи Қароюсуфи туркман қарор гирифтанд. Ба Шоҳрух лозим омад, ки барои барқарор намудани қаламрави аздастрафтаи давлати Темуриён бо авлодони Қароюсуф муборизаҳои шадид намояд.
Қароюсуф моҳи ноябри соли 1420 вафот кард. Шоҳрух соли 1429 дар Озарбойҷон бар зидди яке аз писарони Қароюсуф Қароискандар мубориза бурда, бар ӯ ғолиб омад ва Табрезро зери тасарруфи худ даровард. Сипас соли 1431 Қароискандар бори дигар Табрезро ишғол кард. Шоҳрух дар соли 1434 бори сеюм ба тарафи ғарби Эрон лашкар кашид. Ниҳоят, бо ризояти Шоҳрух идораи Озарбойҷон ва ҳукумати Табрез ба дасти яке аз намояндагони сулолаи туркманӣ, бародари Қароискандар, Ҷаҳоншоҳ супорида шуд.
Барқароршавии дубораи ҳукумати Темуриён дар саросари Эрон ва эҳёи империяи Темуриён бо сардории Шоҳрух. Бо вуҷуди ин ки империяи Темурланг дар замони ҳукумати Шоҳрух комилан ҳифз нашуд, аммо давлати ӯ дар муддати қариб 40 сол аз харҷу марҷе, ки баъди марги Темурланг интизори хатари он мерафт, дар амон монд. Дар замони ҳукмронии Шоҳрух ғояи идораи давлат бар асоси андешаҳои исломӣ бар усули давлатдории саҳронишинӣ афзалият пайдо намуд. Дар дарбори Шоҳрух дар Ҳирот хонҳои гумоштаи чингизӣ дигар вуҷуд надоштанд. Дар ҳуҷҷатҳои расмӣ эълон шуда буд, ки ёсои чингизӣ, яъне қарору қонунҳои онҳо беэътибор дониста, тамоми масъалаҳои давлатдорӣ дар асоси шариати исломӣ татбиқ шаванд. Ёсо – маҷмӯи қонунҳои муғулиест, ки аз тарафи Чингиз мураттаб шуда, соли 1206 дар маҷлиси умумимуғулӣ, ки онро қурултой меномиданд, қабул гардида, соли 1218 ба он тағйирот дохил карда шуд. Таҳрири ниҳоии он соли 1225 анҷом ёфтааст.
Усули идоракунии хилофат дар замони салтанати Шоҳрух эҳё гардида буд. Аз пойтахти давлати Шоҳрух – Ҳирот ба ҳамаи ҳокимони мусулмон аз Ҳиндустон то ба Мисру Осиёи Хурд нома фиристода, талаб карданд, ки онҳо худро ҷойнишини Шоҳрух шуморида, номи ӯро дар хутбаҳо зикр кунанд ва ба исмаш сикка зананд.
Салтанати тӯлонии Шоҳрух дар назари аввал тасвири хуберо ба назар ҷилва медиҳад, зеро дар баъзе аз ноҳияҳои ин империя пешрафтҳои фарҳангӣ ва ислоҳоти иқтисодӣ сурат гирифт. Аммо эътибори ин беҳбудӣ ва таҳаввулоти умедвор– кунанда ҳама аз они Шоҳрух набуд. Шоҳрух дар муқоиса бо сахтгирӣ ва ваҳшониятҳои падараш бо мулоимат рафтор мекард, аммо далелҳои қонеъкунанда вуҷуд надорад, ки баёнгари маҳорат ва чирадастии ӯ дар корҳои сиёсат ва давлатдорӣ бошад. Зеро дар дарбори Ҳирот шахсиятҳое вуҷуд доштанд, ки нисбат ба худи Шоҳрух аз нуфузи бештаре дар ҳукумат бархурдор буданд. Хусусан, ҳамсари Шоҳрух Гавҳаршод ҳамроҳ бо фарзандонаш ва иддае аз маъмурони давлатӣ, ки низоме дар корҳои давлатдорӣ ба вуҷуд оварда, боиси фароҳам сохтани вазъияти босубот дар империя гардиданд, аз ҷумлаи онҳо ба ҳисоб мераванд. Аммо мақомҳо ва мансабҳои муҳимми давлатӣ ҳамоно ба касони белаёқат ва нотавон вогузор мешуд, ки муҳимтарин натиҷаи корашон пур кардани ҷайби худашон буд. Аз ин гуна шахсиятҳо, масалан, Ҷалолиддини Фирӯзшоҳро, ки муддати 35 сол фармондеҳи кулли қувваҳои мусаллаҳ, Ғиёсиддин Пиралиро, ки муддати 35 сол муншии олӣ ва амир Алайкай Кӯкалтошро, ки вазири молия ба муддати 43 сол буданд, метавон ном бурд. Дар замони салтанати Шоҳрух пешрафтҳои муҳиме дар ҳаёти фарҳангӣ, бахусус, дар бахши ҳунари наққошӣ, нигоргарӣ (минётура), хушнависӣ, меъморӣ, мусиқӣ, таърихнигорӣ, фиқҳ ва калом сурат гирифтанд. Вале бо ин ҳама марги Шоҳрух сабаби заволи империяи Темуриёнро, ки қудрати сиёсии неруманде дар Осиёи Марказӣ ва Шарқи Наздик буд, фароҳам овард.
Шоҳрух тадриҷан фарзандони бародарони худро аз ҳокимият дур карда, қаламрави давлати Темуриёнро ба фарзандонаш тақсим намуд. Соли 1409 идораи ҳукумати Самарқандро ба писараш – Улуғбеки понздаҳсола супорида, худаш ба сӯйи Эрон лашкар кашид. Ӯ дар соли 1414 писари худ – Иброҳим султонро ҳокими Шероз ва соли 1418 писари дигараш – Сиюрғотмишро ҳокими Кобул, Ғазнин ва Қандаҳор таъйин намуд. Писари дигари ӯ Бойсунғур бошад, дар Ҳирот вазифаи вазириро иҷро мекард.
Соли 1442 Шоҳрух қаламрави зиёдеро аз мамлакати худ бо шаҳрҳои Султония, Рай, Қазвин ва Ҳамадон ба ихтиёри наберааш султон Муҳаммад, писари Бойсунғур супорид. Ҳангоме ки султон Муҳаммад ба сарзамини муқарраргаштааш расид, нахост, ки ӯ чун волии тобеи Шоҳрух ба ҳисоб равад. Султон Муҳаммад бо мақсади васеъ намудани қаламрави худ ва инчунин, ба даст овардани даромади бештар хост, ки шаҳрҳои ғарбии Эрон – Исфаҳон ва Шерозро забт намояд. Сабаби асосии забти ин шаҳрҳо аз он иборат буд, ки даромади аз қаламрави худ гирифтааш ҳатто барои харҷи корҳои дарбор кифоят намекард. Илова бар ин, дар Эрон овозаи беморӣ ва фавти эҳтимолии Шоҳрух паҳн гашта буд ва ба ақидаи аксарият имконияти ба сари қудрат омадани султон Муҳаммад нисбат ба дигар намояндагони хонадони темурӣ бештар буд. Соли 1446 Шоҳрух бар зидди султон Муҳаммад лашкар кашида, ӯро торумор кард. Бо ин шикаст султон Муҳаммад натавонист барномаи ба қаламрави худ ҳамроҳ кардани шаҳрҳои ғарбии Эронро амалӣ намояд.
Кӯчидани пойтахти Темуриён ба Ҳирот. Шоҳрух ошкоро алоқамандӣ ва дилбастагӣ ба шаҳри Ҳирот мекард ва аз омадан ба Самарқанд, ки як замон пойтахти давлати Темурланг буд, худдорӣ менамуд. Шоҳрух то замони марги худ, ки дар соли 1447 фаро расид, аз шаҳри Ҳирот бар сартосари империяи Темурланг ҳукумат ронд.
Соли 1452 Ҳирот дар зери тасарруфи набераи Шоҳрух – Абулқосим Бобур буд. Абулқосим Бобур баҳори соли 1454 аз Ҳирот ба Мовароуннаҳр лашкар кашид ва Самарқандро муҳосира намуд. Абӯсаид – яке аз наберагони Мироншоҳ, ки бо Абулқосим Бобур муносибати душманона дошт, бо ёрии Убайдуллоҳи Аҳрори нақшбандӣ тавонист, ки шаҳрро дифоъ намояд. Пас онҳо аҳдномаи сулҳ баста, дарёи Омуро ҳамчун марзи тарафайн эътироф намуданд, ки он то марги Абулқосим Бобур эътибор дошт. Абулқосим Бобур соли 1457 дар Машҳад вафот кард. Дар ин муддат ба ҳеҷ кадоме муяссар нагардид, ки ҳудуди мавҷударо тағйир диҳад.
Баъд аз он вазъият дигаргун шуд. Иброҳим ибни Алоуддавла, фарзанди ёздаҳсола ва ҷонишини Абулқосим Бобурро пас аз чанд ҳафтаи фавти падараш аз Ҳирот ронд. На дар Хуросон ва на дар Ҳирот касе пайдо нашуд, ки ҳокимиятро ба даст гирад. Абӯсаид аз фурсати муносиб истифода бурда, соли 1457 Хуросонро ба даст овард ва онро бо Мовароуннаҳр пайваст намуда, Ҳиротро пойтахти худ интихоб кард.
Сарчашма:
Маълумоти Хондамир дар бораи аз тарафи Буроқхон шикаст хӯрдани Улуғбек: «Буроқ уғлон, ки аз набоири (набераҳои) Урусхон буд… дар авоили санаи 830 ҳ.қ (1426-27) ба ҳудуди Сиғноқ даромада, қосиде назди мирзо Улуғбек ирсол намуд ва пайғом фармуд, ки дар ин айём, ба ҳиммати худдоми (ходимони) олимақом аз забти улуси Ҷӯчихон фароғат ёфтам, ба инояти беғояти шаҳриёрӣ мустаҳзар буда ба ин ҳудуд шитофтам.Ҷаноби Улуғбекӣ чун шунида буд, ки Буроқ уғлон мегуфта, ки алафи хивори Сиғноқ шаръан ва урфан (аз рӯйи шариат ва таомул) тааллуқ ба ман медорад. Элчии ӯро мувофиқи муддао ҷавоб надод ва муқорини он ҳол Арслонхоҷа тархон, ки ҳокими он сарҳад буд, арзадошт намуд, ки навкарони Буроқ дар ин вилоят харобии бисёр мекунанд ва худро соҳибихтиёри мутлақ тасаввур карда, лофи салтанат мезананд. Бинобар он, Мирзо Улуғбеки Курагон яроқи ҷанги Буроқ фармуда, ҷиҳати истиҷоза (иҷозат хостан) қосиде ба доруссалтанаи Ҳирот фиристод. Ҳазрати хоқонӣ аз низоъ ва хусумат, ки муҷиби вайронист, манъ намуд, аммо лашкаре муқаррар фармуд, ки дар зилли рояти (сояи байрақи) Мирзо Муҳаммади Ҷӯкӣ мутаваҷҷеҳи Мовароуннаҳр карданд ва шоҳзода дар ҳафдаҳуми рабеъулохир аз Ҳирот мутаваҷҷеҳи Самарқанд гашт. Ва қабл аз вусули ӯ Мирзо Улуғбек ба тарафи Сиғноқ наҳзат кард (равон шуд) ва Мирзо Муҳаммади Ҷӯкӣ аз суръати он азимат хабар ёфт ва бешоиба (беосеб) таваққуф аз ақиби бародари олигуҳар дар ҳаракат омада, худро ба вай расонид. Ва шоҳзодагон ҳаминони якдигар тайи масофат намуда, ба ғурури ҳарчи тамомтар азми разми (ҷанги) Буроқ ҷазм карданд (яъне ба қарори қатъӣ омаданд) ва ӯ низ ба қадами муқобала ва муқотила пеш омада. Чун ҳар ду лашкар дар баробари ҳам сафи қиттол биёростанд, Буроқ тамоми иттибоъ (пайравони) худро дар қавл муҷтамеъ сохт (ҷамъ намуд) ва ба якбор бар сипоҳи Мовароуннаҳр тохт ва амвоҷи дарёи пайкор (муҳориба) дар талотум омада, киштии ҳаёти ҷамъе касир (зиёд) аз мардони корӣ ғарқи гирдоби фано гашт ва хун чун рӯди Ҷайҳун дар фазои дашту ҳомун (водӣ) равон шуд».
Хондамир. Таърихи ҳабиб-ус-сияр. Бо муқаддимаи Ҷалолиддин Ҳумоӣ. Теҳрон, 1380 ҳ.қ. саҳ. 614 – 615.
Санаҳои муҳим:
1414 – ба тасарруфи Улуғбек даромадани Фарғона
1414 – ҳокими Шероз таъйин шудани Иброҳим султон
1418–ҳокими Кобул, Ғазнин ва Қандаҳор таъйин шудани Сиюрғотмиш
1420 (ноябр) – вафоти Қароюсуф
1425 – бар зидди амирони муғул ҳуҷум намудани Улуғбек
1427 – ба шикаст дучор гардидани Улуғбек аз тарафи Буроқхон
1429 – фатҳи Табрез аз тарафи Қароюсуф
1431 – дубора Табрезро ба даст даровардани Қароискандар
1442 – ба ихтиёри султон Муҳаммад супоридани шаҳрҳои Султония,
Рай, Қазвин ва Ҳамадон
1446 –аз тарафи Шоҳрух торумор намудани султон Муҳаммад
1447 –(14 март) – вафот кардани Шоҳрух дар Рай
1452 – Ҳиротро забт намудани Абулқосим Бобур
1457 – вафот кардани Абулқосим Бобур дар Машҳад
1457 – ба Хуросон соҳиб шудани Абӯсаид
Савол ва супориш:
1) Улуғбек кай Фарғонаро ба мулки худ ҳамроҳ намуд?
2) Дар бораи муборизаи Улуғбек бо Буроқхон маълумот диҳед.
3) Қароюсуф кӣ буд?
4) Дар бораи зудухӯрди Шоҳрух бо Қароискандар нақл кунед.
5) Шоҳрух қаламрави давлати худро дар байни фарзандонаш чӣ гуна тақсим кард?
6) Чаро Шоҳрух бар зидди наберааш султон Муҳаммад лашкар кашид?
7) Дар бораи кӯчидани давлати Темуриён ба Ҳирот маълумот диҳед.
8) § 11-ро такрор намоед.
Реклама