Дар асрҳои XIII ва XIV. яъне дар як давраи пурошӯбу фоҷиабор то андозае шамъи фарҳангу адаб фурӯзон буд ва дар кулли намуд, шакл, навъ ва жанрҳои адабӣ нависандагон асар эҷод кардаанд.
Дар ин давра баъзе жанрҳои адабӣ нисбати асрҳои пешин мақоми хешро аз даст дода, теъдоди дигари навъҳои адабӣ ғановати бештар касб намудаанд.
ҚАСИДА. Жанри қасида таърихи кӯҳан дорад ва дар асрҳои XIII ва XIV низ мавриди истифодаи адибон қарор дошт Вале он шукуҳу камолоте, ки дар асрҳои пешин дошт, аз даст дод. Сабаби ин, пеш аз ҳама, дар он буд, ки вазъи замон, яъне ҳаёти сиёсӣ ноором, муташанниҷ буд. Мулк вайрону адибон сарсону саргардон ва дар ғами ҷон буданд. Ғайр аз ин, дар кишвар мадҳшаванда, яъне харидорони қасида хеле кам буданд. Сеюм, дили адибон аз шоҳони бегона, ҳокимони лаббайгӯй монда буд. Дигар онҳоро мадҳ кардан намехостанд. Баъзе адибоне, ки қасида гуфтаанд, ба хотири девонҳои худ ин анъанаро давом доданд. Ба ҳар ҳол қасидаҳои ахлоқӣ, фалсафӣ, иҷтимоӣ дар эҷодиёти адибони пешқадам Амир Хусрав, Ҳасани Деҳлавӣ,
Аҳвадии Марогӣ, Хоҷуи Кирмонӣ, Саъдии Шерозӣ, Сайфи Фарғонӣ бештар ба назар мерасанд. Мавзӯи қасидаҳои онҳо бештар панду андарз, мазаммати золимон, таърифу тавсифи илм ва ашхоси ҳунарманду ҳунарпарвар, насиҳати шоҳону ҳокимон, таблиги онон ба доду диҳиш ва амсоли ин буд.
ҒАЗАЛ. Ин шакли шеьрӣ дар адабиёти асрҳои XIII ва XIV мақоми хоса дошт. Аз нигоҳи банду баст чун асрҳои пешин бетағйир монд. Вале дар мазмуну мундариҷаи ғоявӣ андак тағйирот ворид гардид. Бештар мавзӯъҳои ирфонӣ ба ғазал ворид ғардид. Таваҷҷӯҳи намояндагони ин ҷараён ба ғазал зиёд буд ва андешаҳои ирфонии хешро бештар дар ғазал ифшо карданд.
Ғайр аз ин, ғазалҳое низ эҷод шудаанд, ки бевосита дар бораи зиндагии қаҳрамони лирикӣ мебошанд. Ҳамин тавр ғазалҳои ҳасбиҳолӣ арзи вуҷуд намуданд. Чунончӣ ба ин ғазали Ҳоҷуи Кирмонӣ таваҷҷӯҳ намоед:
Хуррам он рӯз, ки аз хиттаи Кирмон биравам,
Дилу ҷон бода зи даст, аз пайи ҷонон биравам.
Бо чунин дард надонам, ки чӣ дармон созам,
Магар ин, к-аз пайи он мояи дармон биравам.
Бояд ин қофила дар роҳ ба киштӣ гузарад,
Чу мани дилшуда бо дидаи гирён биравам ...
Ҳамчу Хоҷу гарам аз ганҷ насибе надиҳанд,
Рахт барбандаму з-ин манзили вайрон биравам.
РУБОӢ. Рубоӣ ҳам мисли ғазал дар ҳамин давра мақоми хешро аз даст надод. Он ҳаваскор ва он шавқманде, ки ба шеъру шоирӣ мепардохт, нахуст аз эҷоди рубоӣ кори хешро оғоз мекард, зеро ин жанри шеъри кӯтоҳ ва барои баёни андеша осонтар ва сабуктар менамуд. Дигар, дар байни халқи тоҷик аз қадимулаём сурудани рубоӣ ба ҳукми анъана даромада буд ва имрӯз ҳам давом дорад.
Аз тарафи дигар, барои ифшои ҳолатҳои рӯҳӣ, вазъи зиндагӣ, баёни афкори иҷтимоию сиёсӣ рубоӣ созгортар маҳсуб мешуд. Сайфи Исфарангӣ дар рубоисароӣ табъи баланду қалами расо доштааст:
Ранги шафақ аз акси рухи зарди ман аст,
Боди саҳарӣ аз нафаси сарди ман аст.
Дар чашми хушат. ки ҷони ман куштаи уст,
Он сурхии хуни дили пурдарди ман аст.
Сироҷиддини Қумрӣ дар аҳди муғул рӯзгори нохуш дошт. Ин шоири хушзавқ дар сурудани рубоӣ табъи болидае дошт. Ба табъи болидаи ӯ рубоии зер мисолест равшан:
Эй абри баҳор, хор парвардаи туст,
В-эй хор, даруни ғунча хун кардаи туст.
Гу л сархушу лола масту наргис махмур,
Эй боди сабо, ин ҳама овардаи туст.
Ҳамин тавр, дар эҷодиёти адибони асрҳои XIII ва XIV жанрҳои мухаммас, қитъа, тарҷеъбанд, таркиббанд ба назар расиданд ва мавриди истифода қарор доштанд. Ба хусус жанри достон ё маснавӣ инкишоф ёфт. Достон аз нигоҳи сохт ва устухонбандӣ чун асрҳои пешин ҳамон тавр монда бошад ҳам, вале аз лиҳози мазмун ва мундариҷаи ғоявӣ тағйир ёфт. Мисоли барҷастаи ин «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолиддини Балхӣ (Румӣ) шуда метавонад. «Маснавии маънавӣ» аз нигоҳи шакл, яъне қофиябандӣ (аа, бб, вв ва ғайра) бетағйир мондааст. Аммо аз нигоҳи мазмун ва мӯҳтаво фарқ дорад.
Анъанаи достонсароӣ дар ин асрҳо давом кард. Дар пайравии «Хамса»-и Низомии Ганҷавӣ «Хамса»- хои дигар иншо шуданд. Амир Хусрави Деҳлавӣ ба Низомии Ганҷавӣ пайравӣ намуда, чанд «Хамса» офарид. Агар «Хамса»-и Низомӣ аз панҷ достони мустақил иборат бошад, Хусрав се «Хамса» офарид ва миқдори достонҳоро се маротиба зиёд намуд. Яъне, ба ҷойи панҷ достон 15 достон эҷод кард. Дар ин давра достонҳои ахлоқӣ, ҳамосӣ ва ишқӣ низ ба майдон омаданд. Масалан, Соҳиби Шерозӣ дар бораи қаҳрамонию диловарии Қутбиддини Мубориз достоне офарид. Дар он муборизаҳои мардуми тоҷику форсро ба муқобили истилогарони муғул, турку ғузҳо ва афғонҳо, ки ҳамеша барои забти Эрон омода буданд, мавзӯи достони хеш «Дафтари дилкушо» қарор дод. Дар фасли охири достон муаллиф Абулқосим Фирдавсиро ситоиш намуда, аҷнабиёни истилогар, аз ҷумла муғулҳоро ба зери тозиёнаи танқид мегирад. Достонҳои «Ҷоми Ҷам»-и Авҳадии Мароғӣ, «Бӯстон»-и Саъдии Шерозӣ, «Фироқнома» ва «Ҷамшеду Хуршед»-и Салмони Соваҷӣ, «Сӯҳбатнома»-и Ҳайдари Шерозӣ асарҳои ишқӣ ва ахлоқӣ буда, дар ин асрҳо эҷод шудаанд.
НАСР ВА МАВЗӮЮ МӮҲТАВОИ ОН
Дар асрҳои XIII ва XIV насри бадеӣ мақоми хешро аз даст надод. Вале бояд ёдовар шуд, ки дар асарҳои насрии ин давра забони арабӣ нуфузи зиёд пайдо кард, ки ин як хусусияти насри маснӯъ аст ва маҳсули эҷоди адибони ҳамин давр аст. Маҳз «Калила ва Димна»-ро Абулмаолӣ Насруллоҳ бо ҳамин сабк таҳрир кард. Дар он калимоту ибороти забони арабӣ фаровон истифода шуданд.
«Тӯтинома»-и Зиёи Нахшабӣ, «Ҷомеъ-ул-ҳикоёт»-и Муҳаммади Авфии Бухороӣ, «Гулистон»-и Саъдии Шерозӣ, «Ахлоқ-ул-ашроф», «Сад панд», «Рисолаи Дилкушо», «Ришнома»-и Убайди Зоконӣ бо насри сода иншо гардидаанд. Мавзӯи асарҳои ёдшуда панду андарз буда, масъалаҳои муҳими тарбиявиро дар бар мегиранд. Ҳикоёти дилнишин ва рангини адибон барои тарбияи худшиносӣ, ифтихори миллӣ, ҳисси ватандӯстии хонандагон аҳамияти бузург дорад. Гузашта аз ин, асарҳо нигоҳдори умри абадии забони адабӣ ҳастанд. Инчунин, ба воситаи чунин асарҳо забони мо рушду камол ёфт ва аз тундбоди ҳар гуна ҳаводиси рӯзгор бегазанд монд, ки мову шумо бо ин забон ҳарф мезанем. Аз ин нигоҳ хизмати адибони ин асрҳо басо арзишманд аст.
САВОЛ ВА СУПОРИШ:
1. Назари шумо нисбат ба кору кирдори Чингиз ва чингизиён чӣ аст?
2. Оё онҳоро истилогар гуфтан равост?
3. Темури Ланг аз кадом ҷиҳат ба Чингиз монандӣ дошт?
4. Онҳо бо якдигар чӣ муносибати хешу табортӣ доштанд?
5. Ба чӣ хотир устод Айнӣ Ҳитлерро «Чингизи асри XX» номид?
6. Ҳаёти иқтисодӣ ва маданӣ чӣ гуна буд?
7. Чингизиён кадом адибонро ба қатл расонданд ва чаро?
8. Дар бораи доираи адабии ин асрҳо маълумот диҳед.
9. Чаро Темур Исфаҳонро хароб карда, аз сари мардуми он (75 ҳазор) калламанора сохт?
10. Дар бораи навъҳои адабӣ маълумот диҳед.
11. Чаро жанри қасида тараққӣ накард?
12. Мавзӯи ғазал, рубоӣ ва қитъа аз чӣ иборат аст?
13. Сабаби инкишоф ёфтани жанри ғазалро шумо дар чӣ мебинед?
14. Дар ғазалиёти адибон кадом мавзӯъҳо бештар мавқеъ доштанд?
15. Рубоӣ ва қитъа бештар дар кадом мавзӯъҳо суруда мешуданд?
16. Мавзӯъҳои асосии адабиёти ин давраҳоро номбар кунед!
17. Дар бораи анъанаи хамсасароӣ дар ин асрҳо маълумот диҳед.
18. Чаро дар ин асрҳо достонҳои таърихӣ бештар ривоҷ ёфтанд?
19. Насри ин давра чӣ гуна хусусият дошт ва аз асрҳои гузашта бо кадом хусусиятҳояш фарқ мекард?
20. Дар кадом мавзӯъҳо бештар асарҳои насрӣ иншо шудаанд?
РУЙХАТИ АДАБИЁТИ ИЛМИ ВА МЕТОДӢ:
1. Б. Ғафуров, Тоҷикон, Душанбе, Ирфон, 1983
2. С. Айнӣ, Чингизи асри XX, Қаҳрамони халқи тоҷик- Темурмалик
3. X. Мирзозода, Таърихи адабиёти тоҷик, қисми II, Душанбе, 1989
4. С. Саъдиев, Адабиёти тоҷик дар асрҳои XIII ва XIV, Душанбе, 1983.
Реклама