Инсондустӣ, башардӯстӣ монанди Як хати сурх аз байни «Куллиёт»-и Шайх Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ мегузарад. Ин ғоя яке аз рукнҳои асоси осори бузургони қарнҳои пешин ва бахусус дини мубини Ислом аст. Ҳануз дар ҳадисҳои расули акрам (с) ин масъала ёд шуда буд. Масалан, дар ҳадисе омада, ки мӯъминон мисли аъзои як пайкаранд. Оре, ҳамин тавр ҳам буданд. Агар ин тавр намебуданд, Ислом ин тавр ҷаҳонгир намешуд. Шайх Саъдӣ бошад, ҳамин ғояро инкишоф дода, пас аз 600 сол чунин гуфтаанд:
Бани одам аъзои як пайкаранд,
Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.
Чу узве ба дард оварад рӯзгор,
Дигар узвҳоро намонад қарор.
Ту, к-аз меҳнати дигарон беғамӣ,
Нашояд, ки номат ниҳанд одамӣ.
Агар ин ду гуфтаро дар қиёс бисанҷем, мусаллам хоҳад гашт, ки Шайхи бузургвор маънии ҳадисро боз ҳам пурдоманатар, ҷолибтар гардондаанд. Аз ҳамин нигоҳ сухани Саъдӣ тафсири ҳадис аст ва Шайх инсонҳои сайёраро ба аъзои пайкари як одам, ба як гавҳар шабеҳ намудааст. Ба андешаи Саъдӣ ва воқеан ҳар яке аз мо медонем, ки агар ягон ҷои бадан (чашм, гӯш, даст, пой ва ғ.) дардманд бишавад ва дард бикунад, тамоми узвҳои дигар низ бероҳат мешаванд ва гуё ба дард меоянд. Оре, ҳамин аст гуманизми олии Саъдӣ ва аз ҳамин гуфтор маншаъ мегирад. Ба чунин хулоса омадани як инсон кори осон нест. Саъдӣ сафари тӯлонӣ кард, дунёро дид, бо мардуми табақаҳои гуногун вохӯрд, сӯҳбат кард, бо мардуми оддӣ ҳамкоса шуд, асир афтод, аз замонаю зимомдорон ранҷу озори зиёд дид ва боз бо чашми хеш дид, ки раият ва инсонҳои кишварҳои зиёди дунё дар чӣ ҳол буданд ва чӣ дарду алам доштанд. Беҳуда нест, ки Саъдӣ мегуяд:
Ман аз бемуродӣ паям рӯйзард,
Ғами бемуродон маро хаста кард.
Нахоҳад, ки бинад хирадманд реш,
На бар узви мардум, на бар узви хеш.
Яке аввал аз тандурустон манам,
Чу реше бубинам, биларзад танам.
Чу бинам, ки дарвеши мискин нахӯрд,
Ба ком андарам луқма заҳр асту дурд.
Воқеан, ғами бемуродон, дарвешон қалби адиби инсонпарварро ба дард овард. Зеро хешро як узви эшон маҳсуб медонист, ки мо дар боло гуфтем. Бинобар ин, сабаби рӯйзардии ӯ ғаму дарди ҳаёти нохуши дарвешон, хирадмандон ва инсонони ҷомеъа будааст.
Ба ҳамин гуна гуфтанҳои ошкор, ифшои дарду алами хеш шоир қаноат намекунад, балки болотар меравад ва шоҳони бедодгар, золимони зулмпарварро, ки дар чунин роҳ гом задаанд ё гом мезаданд, ҳушдор медиҳад, аз хашму ғазаби халқи бечора огоҳашон месозад: Ӯ мегӯяд, ки пашшаи бисёр пилро аз по меафтонанд. Мӯрчагон агар бо ҳам иттифоқ кунанд, шери жаёнро пӯст мекананд:
Пашша чу пур шуд, бизанад пилро,
Бо ҳама сахтию салобат, ки ӯст.
Мӯрчагонро чу фитад иттифоқ,
Шери жаёнро бидаронанд пӯст.
Дар ин ҷо Саъдӣ бо овардани тамсил ҷондорҳои хурди табиат - пашша ва мӯрча андешаро баён кардааст. Қаҳрамони лирикӣ гуфтан мехоҳад, ки агар пашшаю мӯрча ҷонашон ба хатар ояд, зулму бедодӣ бинанд, иттифоқ баста ҳатто фил ва подшоҳи ҳайвонот - шерро маглуб хоҳанд кард. Дар ин маврид Саъдӣ аз санъати маҷозу киноя бамаврид истифода бурда, дар симои пашшаю мӯрча халқ, кувваю нерӯи раиятро нишон додааст.
Саъдӣ бо ин гуфтор қаноат накарда, пасон фикрашро ба он ҷабборон ошкор баён мекунад:
Сари панҷаи нотавон бар мапеч,
Ки гар даст ёбад, бароӣ ба ҳеч.
Набинӣ, ки чун бо ҳам оянд мӯр,
Зи шерони ҷангӣ бароранд шӯр.
Дар ҷои дигар Саъдӣ ҳикояте овардааст ва дар он мардуми халқозор, шоҳону ҳокимони ҷабборро сахт накӯҳиш менамояд ва хари боркашро аз онон болотар мегузорад: «Омилеро шунидам, ки хонаи раият ҳароб кардӣ, то хазинаи султон обод кунад. Бехабар аз қавли ҳакимон, ки гуфтаанд: «Ҳар кӣ Худойро биозорад, то дили халқе ба даст орад, Худованди Таъоло ҳамон халқро бар ӯ гуморад, то димор аз рӯзгораш барорад»
Оташи сӯзон накунад бо сипанд,
Он чӣ кунад дуди дили дардманд.
Сари ҷумлаи ҳайвонот, гӯянд, ки шер аст ва камтарини ҷонварон хар. Ва ба иттифоқ хари борбар беҳ, ки шери мардумдар.
Мискин хар агарчи бетамиз аст,
Чун бор ҳамебарад, азиз аст.
Говону харони борбардор
Беҳ з-одамиёни мардумозор.
Оварданд, ки яке аз ситамдидагон бар ӯ бигзашт ва дар ҳолати табоҳи ӯ тааммул карду гуфт:
Намонад ситамгори бадрӯзгор,
Бимонад бар ӯ лаънати пойдор.
Ҳикоёти “Гулистон„-ро метавон ифшогари дарди зиндагии инсонҳо номид. Лавҳаҳои ҳаёти воқеии инсонҳо бисёр одилонаю оқилона, бисёр табиию ҳақиқатнигорона ба қалам омадаанд. Чунин тасвирҳо, чунин нигоришоти воқеии пурмӯҳтаво, ки маҳз эҷодиёти Саъдиро фаро гирифтаанд, ҳамин инсондӯстӣ - гуманизми олии ӯст.
Ба мо маълум аст, ки замони Саъдии Шерозӣ яке аз давраҳои пурошӯбтарини ҳаёти халқамон бо шумор меравад. Мамлакат аз дасти чингизиён хароб ва бисёр шаҳрҳои калон ба хок яксон гардида буданд. Дар ин давр истилогарони хориҷӣ — муғулҳо ва истисморкунандагони дохилӣ — феодалони маҳаллӣ бо ҳам забои як карда, раиятро талаю тороҷ мекарданд. Андозҳои зиёд аз деҳқонон меситонданд.
Саъдӣ дар ҳамин замона зиндагӣ карда ва ин ҳодисаю воқеъаҳои рӯйдодаистодаро бо чашмони худ дида, ҳаргиз дар канор истода наметавонист. Махсусан дар «Гулистон» ба воситаи ҳикоятҳои хурди пандомез ҳаёти иҷтимоӣ—сиёсии давраашро нағз нишон додааст. Аз ин сабаб, мо ин асарро на фақат асари ахлоқӣ, балки маҷмӯи ҳодисаю воқеаҳои ҳақиқии ҳаёти онрӯза ҳисоб карда метавонем.
Масалан, дар ҳикояти зер беадолатӣ, зулму золимии мугулҳоро нисбат ба деҳқонон хеле барҷаста нишон додааст:
«Султон шоҳи золим ва ҷафокор буд ва раият аз вай норизо. Боре Султон ба шикор мебарояд ва дар шикоргоҳ, иттифоқан, аз одамонаш чудо мешавад. Пас вай ба деҳае меояд ва аз пеши хонае гузашта мардеро мебинад, ки чорпои худро хобонда бо таёқе зада истодааст. Султон аз ин кори деҳқон ҳайрон мешавад ва аз ӯ сабабашро мепурсад. Деҳқон дар ҷавоб мегӯяд: «Ман инро аз он сабаб занам, ки фақат устухонаш ба подшоҳ монад, то ин ки ӯ ҳайвонро аз аз ман бекор наситонад». Ба ғайр аз ин, марди деҳқон ба ӯ дар бораи беадолатии подшоҳи диёр, зулми ӯ бисёр гапҳо зад. Рӯзи дигар шоҳ ба пойтахти худ рафта, деҳқонро ҷег зада меорад. Деҳқон фаҳмид, ки он меҳмон шоҳи диёр будааст, метарсад, аммо мардонагиро аз даст надода, ба шоҳ хитоб карда чунин мегуяд:
На танҳо манат гуфтам, эй шаҳриёр,
Ки баргаштабахтиву бадрӯзгор.
Чаро хашм бар ман гирифтию бас,
Манат пеш гуфтам, ҳама халқ пас.
Typo чора аз зулм баргаштан аст,
На аз зулм бечорае куштан аст.
Зи номеҳрубонӣ, ки дар даври туcm ,
Ҳама олам овораи ҷаври туст.
А ҷаб, к-аз манат бар дил омад дурушт,
Бикуш, гар тавонӣ ҳама халқ кушт.
Махсусан, мисраъҳои:
Зи но меҳрубонӣ, ки дар даври туст,
Ҳама олам овораи ҷаври туст,
воқеаҳои соли 658 ҳиҷриро дар назар дорад. Яъне, дар ин ҳангом Салчуқшоҳ дар ҳолати мастӣ намояндаи Ҳалокуро, ки барои гирифтани молу хироҷ дар Шероз меистод, кушт ва бо ҳамин кушокушй cap туда, харобии мамлакат ба нуқтаи олии худ расид.
Эҷодиёти Шайх Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ хеле бой аст. Шоир орзу дошт, ки дар ҷамъият адолат барқарор карда шавад. Он вақт хурсандона ва хушбахтона зиндагӣ хоҳанд кард. Аз ин ҷиҳат ӯ ба муфтхӯрон ва ҳаромхӯрон хитоб карда чунин мегӯяд:
Бихӯр, то тавонй ба бозуи хеш,
Ки саъят бувад дар тарозуи хеш.
Чу мардон бубар ранҷи роҳатрасон,
Муханнас хӯрад дастращи касон.
Ба ақидаи шоир меҳнат на танҳо воситаи ба вуҷуд овардани неъматҳои моддй, инчунин воситаи хуби тарбияи ҳусни зоҳирй ва ботинии инсон мебошад.
Реклама