1. Чаро Восифӣ сафар кард?
2. Бо адиб чӣ ҳодиса рӯй дод?
3. Кадом сифатҳои зан ба шумо маъқул шуданд?
4. Вазъияти сиёсии замони адиб чӣ хел буд?
5. Чаро Восифӣ хизмати дарборро рад мекунад?
6. Ҳаёти Восифӣ дар Тошканд чӣ хел мегузарад?
7. Восифӣ кай ва дар куҷо вафот мекунад?
8. Чаро Восифӣ ба асараш номи «Бадоеъулвақоеъ»-ро мегузорад?
9. Сохти композитсионии асарро шарҳ диҳед.
10. Чаро «Бадоеъулвақоеъ»- ро асари ёддоштӣ мегӯем? Хусусиятҳои онро баён кунед.
11. Ақидаи Восифӣ дар бораи интихоби касбу ҳунар чӣ гуна
аст?
12. Бароӣ беҳтар шудани ҳаёти мардум ва ободии кишвар Восифӣ аз подшоҳ ва дигар соҳибмансабон амалӣ гардидани кадом масъалаҳоро талаб мекунад?
13. Ақидаи Восифӣ дар бораи аҳли хунар чӣ гуна аст? 14.Фикрҳои пандуахлоқии Восифӣ дар ҳаёти имрӯза чӣ аҳамият доранд?
14. «Бадоеъулвақоеъ» ҳамчун сарчашмаи илмиву адабӣ ба адабиётшиносон ягон кӯмаке расонда метавонад?
15. Муносибати Восифӣ ба адибони гузашта ва гӯяндагони халқӣ чӣ гуна аст?
РУЙХАТИ АДАБИЁТИ ИЛМӢ ВА МЕТОДӢ
1 . С. Айнӣ. Восифӣ ва хулосаи «Бадоеъулвақоеъ». Куллиёт, ҷилди 13. «Ирфон», Душанбе, 1978.
2. А. Н. Болдирев. Зайнаддин Васифи. Сталинабад, 1957.
3. Т. Миров. Дастури методии «Адабиёти тоҷик барои синфи 9». «Маориф», Душанбе, 1986.
Реклама