ТАВСИФИ ГУРӮҲҲОИ ПОЁНИ ҶОМЕА

ТАВСИФИ ГУРӮҲҲОИ ПОЁНИ ҶОМЕА

Бисёр ҳикоёту қиссаҳои «Тӯтинома» ба кору зиндагии мардуми оддӣ, ахди ҳунар бахшида шудаанд. Зиёи Нахшабӣ, ки худ аз байни ҳамин мардум баромадааст ва ҳунари волои нигорандагӣ дорад, рафтору кирдор ва гуфтори ин табақаи ҷамъиятиро хеле хуб медонад ва дар асараш симои онҳоро вокеъӣ ба қалам додааст. Дар ҳикоёту қиссаҳои ӯ наҷҷору заргар, меъмору бинокор, дарзию кишоварз, деҳқону боғбон, мутрибу шоир, кулолу ранграз, сайёҳу сайёд, сипоҳию тирандоз ва амсоли онҳо амал намуда, нависанда бо камоли эҳтиром дар бораи онон сухан меронад. Махсусан, ба косибони чирадаст, бофандагон, заргарон муносибати хайрхоҳона дорад ва таъкид менамояд, ки аҳли ҳунар мардуми хушбахтанд.

Нахшабӣ дар ҳикоёти шабҳои 27, 28, 34, 44, 48-ум ҳунармандӣ, меҳнатдӯстӣ, ҳалолкорӣ ва истеъдоди ахди ҳунарро хеле табиӣ инъикос намудааст.

Дар бисёр ҳикояҳо рӯзгори нохуш, ҳаёти талху ногувори мардуми овора, ҷилои ватаншуда ба қалам дода шудааст. Чунин ҳикояҳоро дар шабҳои 3, 27 ва 47 пайдо карда метавонем. Мазмуни чунин ҳикоёт аз он иборат аст, ки чунин ашхоси аз ватан дур дар ин ҷо ҳам рӯзгори бад доранд. Ба қадри онон аҳли ҷоҳу сарват намерасанд. Онҳо барон пайдо кардани қути лоямут шабу рӯз меҳнат мекунанд, аммо онҳоро озор медиҳанд. Аз гуфтори нависанда мусаллам мегардад, ки зимни баёни ин ҳолатҳои ногувор дилаш ба дард меояд ва бо як ҳиссиёти ғайриоддӣ ҳаёти талхи ононро баён менамояд. Охир, худи Зиёи Нахшабӣ ҳам ба ҳамин табақа дохил мешуд ва ӯ низ аз Ватан беватан шуда, мисли садҳо оворагон ранҷу озор мекашид. Аз ин нигоҳ тасвири нависанда ҳақиқати воқеъист ва чунин ҳикояҳо ҳақиқати воқеъии зиндагии ин гурӯҳҳои ҷамъиятии онрӯзаро воқеъбинона инъикос мекунанд.

Зиёи Нахшабӣ дар баробари нишон додани ҳар гуна зулму золимӣ, ифшои ҳаёти қашшоқонаи мардуми оддӣ шоҳону ҳокимонро аз оқибати ногувори амалашон огоҳ мекунад ва ононро аз мукофоти амал метарсонад ва таъкид менамояд, ки золимон беҷазо намемонанд:

Нахшабӣ, нест бе ҷазо ама.зе,

Чанд бошӣ ту дар ризои бадӣ?!

Ҳар кӣ бад мекунад, ҳамеёбад,

Ҳам ба дунёи дун ҷазои бадӣ.

Хулоса, Зиёи Нахшабӣ ҳамчун як нависандаи ҳақгӯй бар зидди золимон баромада, мазлумонро ба ҳар роҳу восита ҳимоя кардааст. Маҳз асари «Тӯтинома» ва худи ӯро ҳамин ҷанбаҳои гуманистӣ, инсонпарварӣ, некандешию хайрхоҳӣ нисбати бечорагон, мазлумон ва оммаҳои меҳнаткаш дар байни халқ мақбулу машҳур гардонд. Ба хотири ҳамин ғояҳои олӣ таъсири «Тӯтинома» дар асрҳои пасин зиёд шуд ва дар пайравии он даҳҳо

«Тӯтиномаҳо» иншо шуданд ва «Тӯтинома»-и Зиёи Нахшабӣ ба бисёр забонҳои дунё тарҷума ва нашр гардид.

Реклама