Дар девонҳои Амир Хусрав пас аз ғазал қасида мақоми арзанда дорад. Ҳамчуноне ки пажӯҳишгарони эҷодиёти адиб муайян кардаанд, Хусрав беш аз 300 қасида иншо намудааст, ки дар панҷ девони ӯ ба тарзи мухталиф омадаанд. Масалан, дар девони аввал камтар ва девони сеюм, ки давраи ҷавонӣ («Ғуррат-ул-камол») буд, бештар ба ин жанри адабӣ майл намудааст.Маҳз дар ҳамин давраи ҳаёташ дар дарбори султонҳои Ҳинд мақому манзалаташ бештар буд ва худ дар дил хоҳиши мадҳи онҳоро дошт. Аз тарафи дигар, дар муборизаю ҳарбҳои султонҳо иштирок кард ва он чизе, ки дид, саъю талош варзид, ки он ҳодисаю воқеаҳоро либоси бадеӣ бипӯшонад ва ононро мадҳу ситоиш намояд. Аз ин рӯ аксарияти қасидаҳои Амир Хусрав ҷанбаи таърихӣ доранд ва барои муайян намудани ҳаёти сиёсии ҳамонасраи Ҳинд, дар баробари достонҳои таърихиаш ба таърихнигорони имрӯза маводи пурарзиш дода метавонанд.
Вале дар баробари ин Амир Хусрав дар мавзӯъҳои пандуаҳлоқӣ, фалсафӣ-ирфонӣ қасидаҳои бисёр дорад.
Дар асрҳои минбаъда баъзе қасидаҳои Хусрав дар байни хосу ом шӯҳрати калон пайдо карданд ва боиси пайравӣ ва татаббӯи адибони бузурги асрҳои пасин, аз ҷумла Абдураҳмони Ҷомӣ, Алишери Навоӣ ва дигарон гардиданд. Масалан, ба қасидаи «Дарёи аброр»-и шоир пайравӣ намуда, Ҷомӣ қасидаи «Луҷҷатуласрор» ва Навоӣ қасидаи «Тӯҳфатулафкор»-ро иншо кардаанд.
Амир Хусрав дар ин жанри шеърй дасти тавоно ва фикри расо доштааст ва мазмуну мундариҷаи қасидаи Хусрав ба ин ду шоири бузург писанд афтода, ҷавоби шоиста гуфтанд ва дурри маънӣ суфтанд. Қасидаи «Наёбӣ» аз лиҳози мазмун ва мундариҷаи ғоявй хеле баланд аст, ки дар ин ҷо таҳлили онро зарур медонем. Қасидаи «Наёбӣ» дар поёни рӯзгори шоир иншо шудааст. Зеро чунин қасидаро касе гуфта метавонад, ки таҷрибаи бойи ҳаётӣ дошта бошад, гармию сардй, ширинию талхӣ, баландию пастии рӯзгорро дар давоми умраш дида бошад. Ҳамин тавр, дар қасида афкори ахлоқӣ, танқидӣ ва сиёсию иҷтимоии Амир Хусрав ҷамъбаст гардидаанд. Номи қасида «Наёбӣ» ба мазмуни он пайванди ногусастанй дорад. Аз тарафи дигар, он дар қасида ҳамчун радиф омадааст: Матлаи он қасида чунин аст:
Дар даҳр яке ёри вафодор наёбӣ,
Дар боғи ҷаҳон як гули бехор наёбӣ.
Ҳамин тавр, Хусрав қасидаро аз шикоят огоз кардааст. Ӯ ба чунин хулоса омадааст, ки дар ин замона дусти вафодор, ёри ғамхору меҳрубонро пайдо кардан маҳол аст.
Амир Хусрав умри хешро дар дарбори султонҳои Ҳинд гузаронида ва аз ин ҷиҳат рафтору кирдори аҳли дарборро хеле хуб медонист. Илова бар ин, аз авзои аҳли ҷоҳу мансаб, ки ба дарбор доду гирифт ва рафту омад доштанд, хуб огоҳ буд. Бинобар ин мегӯяд:
1. Султон ҳама руз ар ҳазён гӯяду камош,
Таҳсин куниву pyxcamu инкор наёбӣ.
2. Осудадило! Маънии марҳам нашиносй,
То сӯҳбати мардони дилафгор наёбӣ.
3. Ҳар кунҷнишине қадами сидқ надорад,
Сиддиқваше дар буни ин гор наёбӣ,
4. Он ҷо, ки бувад ҷаҳл, ба таъриф чӣ ҳоҷат?
Нуқсони харе нест, гар афсор наёбӣ.
Шоир таъкид менамояд, ки султон ба ҷуз суханони беҳуда, яъне ҳазёнгӯӣ, кори хайре ба манфиати раият намекунад. Ашхоси аз ин огоҳ ҷуз хомӯшӣ илоҷи дигар надоранд, ки ман ҳам аз ҷумлаи онҳо ҳастам. Боз ноилоҷ кору рафтори ононро таърифу таҳсин менамоям.
Дар байти дуввум ба садрнишинон, ашхоси доро хитоб кард мегӯяд, ки шумо дили осуда, яъне ҳаёти осуда доред, аз зиндагии беғаразона воқиф нестед, дарди дили онҳоро намедонед. Дар байти сеюм мантиқан боз ҳамин маъниро тақвият бахшида, афсӯс мехӯрад, ки дар ин гор, дар ин кунҷи узлат (шояд дарбори султон бошад) ашхоси ғамхор (содиқаш)-ро ёфтан маҳол аст. Бинобар ин, дар байта чорум фикрашро ҷамъбаст намуда, Хусрав афсус мехӯрад, ки дар дарбор, ки бунёдаш аз ҷаҳл аст, ҳамин зайл ҳоҳад буд ва ин маконро мадҳу ситоиш кардан ҳоҷат надорад. Агар сарвар ва роҳбари ҷоҳил ё хар бошад сару афзалаш чандон ороста бикунӣ, ҳамон хар аст.
Дар ҷойи дигар шоир ба ин гуна ашхос ёдрас мекунад, ки ба хотири ба Биҳишт рафтану аз оби ҳавзи Кавсар нӯшиданат намоз бихонию тоату ибодат бикунӣ ва дили халқро реш бигардонӣ, ҳаргиз ба мурод нарасй:
1. Гар савму намозат зи пайи Ҷаннату наҳр аст,
Ё Раб, ки ту он Ҷаннату анхор наёбӣ.
2. В-ар бими Худо нест, тӯро бим зи нор аст,
Ё Раб, ки халос аз дараку кор наёбӣ!
3. Чашми ғазаболуди ту дар Дӯзаху Хулд аст,
Тарсам, ки бад-ин дида ту дидор наёбӣ.
Дар байти дуюм шоир таъкид менамояд, ки, эй нокасон, шумо бандагони Худоро аз Дузаху азобҳои он метарсонед. Вале худи шумо ба хотири ба Ҷаннату Хулд рафтанатон рӯзаю намоз мегиред. Шумо аз тарси азоби Дузах ин корро мекунед, дилатон пок нест. Бинобар ин шумо ҳаргиз ба мурод намерасед ва харгиз ба Биҳишт нахоҳед рафт.
Амир Хусрав ба шоҳону ҳокимон, ба қозию сӯфиён ва дигар соҳибмансабони замонааш гӯшзад менамояд, ки роҳи Хдкро пеша бисозед, халқро озору ранҷ надиҳед, зеро халқ, раият, ашхоси мазлуму бечора мисли сарви Биҳишт росткору ростқавланд:
Бо халқ мачӯ он, ки шуд озод зи дунё,
К-он сарви Биҳишт аст, зи гулзор наёбӣ.
Дар ин қасида Хусрав ҳамчун ифодакунандаи ақидаҳои пешқадам баромад карда, ахди ҷоҳу мансабро ба инсофу адолат, ба накӯкорию растагорӣ ҳидоят намудааст.
Реклама