1. Ибни Ямин дар куҷо касби илм намудааст?
2. Аз харита Сабзаворро ёбед.
3. Яминуддин кӣ буд ва чӣ ҳунар дошт?
4. Ибни Ямин чаро ба Сарбадорон ҳамроҳ шуд?
5. Дар бораи Сарбадорон маълумот диҳед.
6. Чаро онҳоро Сарбадор ғуфтанд?
7. Қиссаи ғорат шудани девони шоирро нағз хонед ва аз рӯи он саҳначае тартиб диҳед.
8. Дар поёни рузгораш шоир ба кадом кор машғул шуд?
9. Дар девони шоир кадом жанр мақоми хоса дорад?
10. Шоир дар кадом мавзӯъҳо бештар ғазалҳояшро эҷод кардааст?
11. Чаро мавзӯи ғарибӣ дар ғазалиёти ӯ бештар ба назар мерасад?
12. Дар бораи хуш гузаронидани ҷавонӣ Ибни Ямин чӣ андеша дорад?
13. Ба чӣ мақсад адиб оташро ситоиш кардааст?
14. Шумо дар бораи ҷашни Меҳргон чӣ медонед?
15. Ибни Ямин дар бораи Абулқосими Фирдавсӣ чӣ гуфтааст?
16. Қитъаро ҳифз намоед.
17. Шинондани сикка чӣ маъно дорад?
18. Оё метавон Ибни Яминро шоири худшинос номид?
19. Қитъа чист?
20. Дар кадом мавзуъҳо қитъаҳои Ибни Ямин эҷод шудаанд?
РУЙХАТИ АДАБИЁТИ ИЛМӢ ВА МЕТОДӢ
1 С.Имронов. Ибни Ямини Фарюмадӣ. Душанбе, 1966.
2. Гулшани адаб, дилди 2. «Ирфон», Душанбе, 1975.
3. Т.Мирзод, К.Хоҷаев, Ш. Исломов. Методикаи таълими адабиёти тоҷик. «Маориф», Душанбе, 1991.
Реклама