Муслиҳиддин Саъдии Шерозиро халқи тоҷику форс ва умуман мардуми олам ҳамчун муаллими ахлоқ, устоди панду андарз мешиносанд ва эътирофаш кардаанд. Албатта, чунин волоияту қадрдонӣ бесабаб нест. Гӯё малоик хоки ӯро бо панду андарз сиришта бошанд. Ҳар як соҳибдил, марди бомаърифат, чӣ дар замони гузашта ва чӣ имрӯз ҳам дар ҳар як нишаст, базму хурсандӣ, ҷойи сухангустарй аз гуфтори шакаррези Саъдӣ панде меорад, андарзи муносиб мегӯяд ва бо ин камоли дониш ва фаросату маънавияти хешро назди ҳозирин илқо мекунад, ки арзанда ва писандида бошад.
«Гулистон» ҳам хазинаи панд аст. Ин шоҳасар бо панд огоз ёфта, бо панд анҷом пазируфтааст. Ва он танҳо аз ҳамин нигоҳ инсонро роқнамост ва сухани нобро боргоҳ. Аз ин боргоҳ ҳар фард ба қадри фаросати хеш дуру гуҳар, зару зевар мегирад. Вале агар чун фард ба «Гулистон» ворид нагардад, чӣ донад, ки гулистон чӣ гуна гулҳои ранг ба рангу хушбӯй дорад:
Забои дар даҳон, эй хирадманд, чист?
Калиди дари ганҷи соҳибҳунар.
Чу дар баста бошад, чӣ донад касе,
Ки ҷавҳарфурӯш аст, ё пилавар.
Акнун, ки ба «Гулистон» ворид гардидӣ, мебинӣ, ки дар дебочаи шоҳасараш Саъдӣ дар кадом маврид ба шахе сухан гуфтанро лоиқ донистааст, то дар назди дӯсту душман шармандаю шармсор нагардад:
Агарчи пеши хирадманд хомӯшӣ адаб аст,
Ба вақти маслиҳат он беҳ, ки дар сухан кӯшӣ.
Воқеан, Саъдӣ дуруст таъкид менамояд, ки хомӯшӣ адаби шоиста аст ва бояд адаб ба ҷо орию дар нишастҳо, дар шабнишиниҳо, дар сӯҳбату баҳсҳо хомӯширо ихтиёр кунӣ. Ammo ҳамеша ин тавр рафтор кардан низ ба назари Саъдӣ писандида нест. Агар донишу фаросат дошта бошӣ, агар таҳаммул бикунӣ, ки қодирй дар ҳалли ин масоил ё мушкилот, хомӯш истоданат ҳам арзанда нест, балки ба забои ою ҳарфи шоиста гӯй:
Ду чиз тираи ақл аст: дам фурӯ бастан
Ба вакт гуфтану гуфтан ба вақти хомӯшӣ.
Вале ин Сухан маънои онро надорад, ки ҳар вақт, ки хоҳӣ сухан гӯию, дар байни сухани гӯянда сухан орй. Ин амал аз рӯйи одоб нест. Вақте гӯянда суханашро тамом кард ва ахди нишаст хомӯш монданд, он лаҳза бояд сухан бигӯйӣ. Ва ин рафтор яке аз шартҳои шоистаи адаб бошад.
Саъдӣ дар анҷоми «Гулистон» боз сари ҳамин масъала баргашта, таъкид менамояд, «Барои соҳибдилон, ки рӯйи сухан бар эшон аст, пӯшида намонад, ки дурри маънӣ дар силки иборат кашидаанд ва дорӯи талхи насиҳат ба шахди зарофат баромехта, то табъи малули эшон аз давлати қабул маҳрум намонад:
Мо насиҳат ба ҷойи худ кардем,
Рӯзгоре дар ин ба cap бурдем.
Гар наояд ба гуши рагбати кас,
Бар расулон наём бошаду бас.
Ҳамин тавр, Саъдӣ ба хонанда гӯшзад менамояд, ки ҳар дурру гуҳаре буд, нисорат кардам. Гоҳ дар насиҳат сухани талхат гуфтаму гоҳ сухани шахдрези бозарофат. Қабулашон фармо, биёмӯз ва дар зиндагият истифода бар, то ба мурод бирасӣ.
Дигар аз рукнҳои сухан гуфтан, панду андарз додан бо мулоиматӣ, хушгуфторӣ ва билохира сухани лутфомез аст.
Латофат кун он ҷо, ки бинӣ ситез,
Набуррад қази нармро теги тез.
Ба ширинзабонию лутфу хушӣ,
Тавонӣ, ки пиле ба мӯе кашӣ.
Саъдӣ дар ин порча бамаврид аз санъати муболига истифода бурдааст. Яъне, бо лутфу хушӣ метавон бо мӯйе пили бузургҷуссаро бикашӣ.
Ба ҳамин тариқ, Шайх Саъдӣ адаби сӯҳбатро ба ҳар як марди солимфикр зарур медонад. Зеро дар ҳалли бисёр масъалаҳои сиёсии додугирифти байни давлатҳо, байни одамони ҷомеа силоҳ ҳамин аст ва сухани хубу лутфомез дар ҳар маврид тире ба нишон хоҳад буд. Саъдӣ ба ин масъала бештар аҳамият до да, ду боби «Гулистон» - бобҳои чор «Дар фавоиди хомӯшӣ» ва ҳашт «Дар одоби сӯҳбат» ба ҳамин мавзӯъ бахшидааст. Ба мазмуни ҳикоя таваҷҷӯҳ кунед:
«Ҷолинус аблаҳеро дид, ки даст дар гиребони донишманде зада беҳурматӣ мекунад. Гуфт:
- Агар ин доно мебуд, кори вай бо нодон ба ин ҷо намерасид:
Ду оқилро набошад кину пайкор,
На доное ситезад бо сабукбор.
Агар нодон ба ваҳшат сахт гӯяд,
Хирадмандаш ба нармӣ дил биҷӯяд.
Ду соҳибдил нигоҳ доранд мӯйе,
Ҳамедун саркаше в-озармҷӯе.
В-агар ба ҳарду ҷониб ҷоҳилонанд,
Агар занҷир бошад, бигсилонанд.
Дар ҳикоёти боло ҳадафи муаллиф асосан дар байти охир басо возеҳ ва шоирона ба қалам дода шудааст. Умуман дар зиндагӣ кам иттифоқ афтодааст, ки гаи ё маслиҳати ду аблаҳ, ду ҷоҳил, ду аҳмақ пухта, ба муроди дил расида бошанд.
Дар ҳикояти «Муаллими магрибӣ» нависанда ҳамчун тарбиятгар ва педагог зоҳир шудааст. Биёед, нахуст ба мазмуни он шинос шавем.
Муаллимеро дар диёри Магриб дидам туршрӯй, талхгуфтор, бадхӯй, мардумозор, гадотабъ, нопарҳезкор, ки айши мусулмон ба дидани ӯ табаҳ гаштӣ ва хондани «Қуръон»-аш дили мардум сиёҳ кардӣ. Ҷамъе писарони покиза ва духтароне ба дасти ҷафои ӯ гирифтор; на заҳраи ханда ва на ёрои гуфтор. Гаҳ орази симини якеро тапонча задию гоҳ соқи булурини дигареро шиканҷа кардӣ. Алқисса, шунидам, ки тарфе аз хабоиси нафси ӯ маълум карданд ва бизаданду биронданд ва мактаби ӯро ба муслиҳе бидоданд: порсову салим, некмарди ҳалим, ки сухан ҷуз ба ҳукми зарурат нагуфтӣ ва муҷиби озори кас бар забонаш нарафтӣ. Кӯдаконро ҳайбати устоди нахустин аз cap бирафт ва муаллими дуюминро ахлоқи малакӣ диданду як-як дев шуданд, бо эътимоди ҳилми ӯ тарки илм доданд. Аглаби авқот ба бозича фароҳам нишастандй ва лавҳ дуруст нокарда, дар сари ҳам шикастандӣ:
Устоду муаллим чу бувад бе озор,
Хирсак бозанд кӯдакон дар бозор.
Баъд аз ду ҳафта бар он масҷид гузар кардам ва муаллими аввалинро дидам, ки дилхуш карда буданд ва ба ҷойи хеш оварда. Инсоф биранҷидам ва лоҳавл (тавба кардам) гуфтам, ки дигарбора Иблисро муаллими малоика чаро карданд? Пирамарде зарифи ҷаҳондида гуфт:
Подшоҳе писар ба мактаб дод,
Лавҳи симин-ш бар канор ниҳод
Бар сари лавҳи ӯ навишта ба зар:
«Ҷаври устод беҳ зи меҳри падар!»
Аз мазмуни ҳикоя бармеояд, ки муаллими аввал зоҳири нохуб, амали номатлуб дошта. Вале педагоги хуб будааст. Пеш аз ҳама, шогирдон аз устод тарсу ҳарос доштанд ва ба суханаш гӯш медоданду боадаб буданд ва вазифаро иҷро мекарданд, аммо муаллими дуюм, ки ҳалиму меҳрубон буд, шогирдон сухани устодро нашниданд ва ба корҳои беҳуда машғул шуданд.
Чунин рафтори омӯзгор бачаҳоро ба кӯчаи сарбаста раҳнамо сохт. Боз волидайни шогирдон маҷбур шуданд, ки муаллими авваларо ба мактаб оранд.
Ба воситаи ин ҳикоят Саъдӣ таъкид менамояд, ки интизом дар таълим суду самараи бештар дорад. Муаллим ҳам бояд босалобат ва сахтгир бошад, то ки кӯдакон дониш омӯзанд. Имрӯз ҳам андешаи Саъдӣ аҳамияти калони амалӣ дорад, имрӯз ҳам агар ба суханони устод шогирдон гӯш надиҳанду беҳурматӣ намоянд, дониши дуруст гирифта наметавонанд. Омӯзгор, пеш аз ҳама, бояд синфро идора кунад, шогирдон интизом дошта бошанд ва ба сухани муаллим гӯш диҳанд. Вагарна саъю талоши омӯзгор беҳуда аст.
Саъдӣ дар ҳикояти дигар овардааст, ки шахси хирасаре буд, ки корҳои нолоиқ бикард ва мардумонро озор бидод. Насиҳаташ кардам, аз дидаю шунидаҳо барояш масал задам, аммо қабулаш наафтод ва амали хеш ҳамчунон идома бидод:
“Дидам, ки насиҳат намепазирад ва дами гарми ман дар оҳани сарди ӯ асар намекунад, тарки муносибат (насиҳат) кардаму рӯй аз мусобиҳат бигардондам ва қавли ҳукаморо кор бастам, ки гуфтаанд:
Гарчи донӣ, ки нашнаванд, бигӯй
Ҳар чӣ донӣ зи некхоҳиву панд!
Зуд бошад, ки хирасар бинӣ,
Ба ду пой уфтода андар банд.
Даст бар даст мезанад, ки дарег,
Нашунидал1 ҳадиси донишманд.”
Чун рӯзгоре бигзашт, амали ношоиста бикард, пушаймон бишуд ва кунҷи зиндонро манзили абад ихтиёр бикард. Дигар пушаймонй судаш накард».
Саъдӣ ба ин восита гуфтан мехоҳад, ки инсони боакл бояд панди бузургонро бигирад ва аз амали ношоистаи хеш даст бишуяд. Агар напазирад, ба ин ҳолат бирасад. Беҳуда нагуфтаанд: «Илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ» бошад.
Реклама