1. Шеъри Ҳиётеро дар ситоиши Хоҷа Ҳофиз хонед ва ҳифз намоед.
2. Дар огози мавзӯъ ё фасл овардани чунин намунаҳоро дар адабиётшиноси чӣ мегӯянд?
3. Дар бораи давраи кӯдакии Шамсиддин нақл кунед.
4. Шамсидҷини хурдсол ба чӣ кор бештар майлу рағбат дошт?
5. Чаро Шамсиддин Муҳаммадро Ҳофиз ва Хоҷа мегӯянд?
6. Чаро Ҳофиз ба Ҳиндустон нарафт?
7. Дар бораи поёни рӯзғори Хода Ҳофиз накд кунед.
8. Ғазалҳои Ҳофиз аз ғазалҳои шоирони гузашта бо кадом хусусиятҳояшон фарқ мекунанд?
9. Дар бораи вохӯрии Ҳофиз бо Темури Ланг чӣ андеша доред? Оё ривояти нақлшуда ҳақиқати воқеист ё бофтаи Давлатшоҳ?
10. Рафтори Хода Ҳофиз нисбати шоҳ дуруст буд?
11. Дар бораи мероси адабии Ҳофиз нақл кунед. Аз ӯ то замони мо чанд ғазал боқӣ мондааст?
12. Ҳофиз дар қасидаҳояш киҳоро мадҳ кардааст?
13. Рубоиёти Ҳофиз бо рубоиёти халқй чӣ ҳамбастагӣ ва чӣ муносибат доранд?
14. Ғазали «Воизон»-ро ҳифз намоед ва гӯед, ки чаро воизонро мазаммат намудааст?
15. Чаро Шоҳ Шудоъ Ҳофизро бад дид?
16. «Гурбаи зоҳид намозхон шуд». Оё сухани Хрфиз қобили қабул аст?
17. Имрӯз намояндагони дини Ислом Ҷашни Наврӯзро чӣ гуна ид мекунанд?
19. Муносибати Хрфиз нисбати Ҷашни Наврӯз чӣ хел аст?
20. Шумо дар мактаб Иди Наврӯзро чӣ хел мегузаронед? Кадом суннатҳои мардумиро вобаста ба ин ҷашн медонед?
21. Ғазали «Боди наврӯзӣ»-ро байт ба байт маънидод намоед.
22. «Мири наврӯзӣ» кист? Дар бораи расму русуми қадима ҳикоячае нависед.
23. Ҳофиз аз кадом санъатҳои бадеӣ бештар истифода бурдааст?
24. Ҳофиз дар бораи ҳунари ғазалсароии худ чӣ мегӯяд?
25. Чаро Ҳофизро лисонулгайб мегӯянд?
26. Шоири олмонй Ҳиёте дар пайравии Ҳофиз кадом асарашро офарид?
27. Шоирони рус дар бораи бузургии Ҳофиз чӣ ғуфтаанд?
28. Чаро С. Есенин ба Ҳофиз эътиқодманд гардидааст? 28.Чаро Лоиқ мегӯяд:«Ҷони мо чун риштаи дубофтаст».Мисраъро шарҳ диҳед.
29. Дар бораи шӯҳрати ҷаҳонии Шамсиддин Мухаммад Ҳофизи Шерозӣ иншо нависед.
РӮЙХАТИ АДАБИЁТИ ИЛМӢ ВА МЕТОДӢ:
1. Маҷмӯаи дастаҷамъии «Ҷашнномаи Ҳофиз». Душанбе, «Дониш», 1971.
2. Адабиёти форсу тоҷик дар асрҳои XII -XIV, китоби дуюм (гурӯҳи муаллифон). Душанбе, «Дониш», 1983.
3. Туйчӣ Мирзод. Таълиму таҳлили асарҳои лирикӣ. «Маориф», Душанбе, 1992.
Реклама