ТАҲЛИЛИ АСАРҲОИ НАСРИ И НАВИСАНДА

ТАҲЛИЛИ АСАРҲОИ НАСРИ И НАВИСАНДА

 Муҳимтарин асарҳои насрии Убайди Зоконӣ инҳоянд:

1) «Ахлоқ-ул-ашроф», 2) Рисолаи «Дилкушо», 3) «Сад панд», 4) «Даҳ фасл», 5) «Ришнома», 6) «Мактуботи қаландарон» ва ғайра, ки то замони мо омада расидаанд. Акнун шоиста он аст, ки дар бораи мазмуну мӯҳтавои баъзе асарҳои дар боло ёдшуда маълумоти мухтасар диҳем.

«Ахлоқулашроф». Маънои асар ахлоқи ашрофзодагон ё бузургзодагон аст. Асари мазкур дар соли 1340 иншо гардида, мавзӯи он нишон додани рафтору кирдори асилзодагон мебошад. Убайди Зоконӣ солҳои зиёд бо ин табақаи болои ҷомеа шишту хез, доду гирифт дошт. Аз ин нигоҳ он чизе, ки аз ахлоқи онон гуфтааст, ҳақиқати воқеист. Бо камоли боварӣ метавон гуфт, ки таҷрибаи чандинсолаи нависанда дар асар ҷамъбаст гардидааст.

«АХЛОҚ-УЛ-АШРОФ» аз ҳафт боб иборат аст. Нависанда дар қисмати аввал ё муқаддимаи асар дар бораи моҳияти асар, бобҳои он ва сабаби таълифи он сухан меронад.

Боби аввал дар ҳикмат, боби дувум дар шуҷоъат, боби сеюм дар иффат (покдоманӣ), боби чорум дар адолат, боби панҷум дар саховат, боби шашум дар ҳилм (боодобӣ) ва вафо, боби ҳафтум дар ҳаё, сидқ, раҳмат ва шафқат омадааст. Нависанда нахуст доир ба масъалаҳои асосӣ андешаҳояшро баён намуда, баъд аз ҳаёти бузургони пешин ва ҳамзамонаш нақлу ҳикоёт меорад, ки онҳо фикри ӯро тақвият мебахшанд. Барои тасдиқи фикр танҳо овардани як мисолро мо зарур медонем. «Касе шаҳси гуруснаеро агар сер кардӣ, ё бараҳнаеро пӯшондӣ, ё дармондаеро даст гирифтӣ, аз он op надоштӣ ва то ба ҳадҷе дар ин боб муболига кардандӣ, ки агар касе ин сират варзидӣ, мардум ӯро сано гуфтандӣ ва қатъан ӯро бад-ин сабаб айб накардандӣ. Уламо дар тахдияи (таърифу тавсиф) зикри ӯ кутуб (китоб) пардохтандӣ (иншо карданд) ва шуаро мадҳи ӯ гуфтандӣ». Пас аз баёни ин нависанда аз ҳаёти бузургону асилзодагони замонааш ҳикоятеро нақл кардааст, ки он мухолифи андешаҳои боло ҳаст:

«Бузургеро аз акобир, ки дар сарват Қоруни замони худ буд, аҷал даррасид. Умед аз зиндагонӣ қатъ кард. Ҷигаргӯшагони (фарзандони) худро, ки тифлони хонадони карам буданд, ҳозир кард. Гуфт: « Эй фарзандон! Рӯзгоре дароз дар касби мол заҳматҳои сафар кашидаам ва ҳалқи худро бо сарпанҷаи гуруснагй фишурдам, то ин чанд динор захира кардам. Зинҳор аз муҳофизати он гофил мабошед ва ба ҳеҷ ваҷҳ дасти харҷ бад- он маёзед ва яқин донед, ки байт:

Зар азиз офаридааст Худой,

Ҳар ки хораш бикард, хор бишуд.

Агар ҳар касе бо шумо сухан гӯяд, ки падари шуморо дар хоб дидам, қаля ва ҳавло мехоҳад, зинҳор бо макри он фирефта нашавед, ки он ман нагуфта бошам ва мурда чизе нахӯрад. Агар ман худ низ ба шумо дар хоб намоям ва ҳамин илтимос кунам, бад-он илтифот набояд кард, ки онро хобҳои парешон хонанд. Ман он чӣ дар зиндагӣ нахӯрда бошам, дар мурдагй таманно накунам». Ин бигуфт ва ҷон ба хазонаи молики дӯзах супурд».

Рисолаи «Дилкушо». Ин асар маҷмӯи ҳикоёту латоифи Убайди Зоконист. Гузашта аз ин, аз байни халқ бисёр латифаю мутоибаҳои халқиро ҷамъ намуда, ба асараш ворид намудааст.

Мавзӯи қикоёту латоифи «Дилкушо» гуногунанд. Дар онҳо масъалаҳои мухталифи рӯзгори нависанда инъикос ёфтаанд. Дар он вазъи ноорому мазаммати зулму тааддии ахди ҷоҳ нисбати мардуми бечораю бесарпаноҳ хеле нишонрас тасвир ёфтааст. Мазаммати шоирони хушомадгу, рафтору кирдори риёкорон танқиди воизон, фиребу найранги қозиён дар зимни ҳикоёту латоифи ширину намакин ба қалам дода шудаанд. Инчунин дар рисола дар бораи шаҳсони таърихӣ нақлу ривоят ва латифаҳо оварда шудаанд, ки як қисми онҳо латифаҳои тоҷикиро ба ёд меоваранд.

Нависанда дар ҳикояи «Худо монд» зулму тааддии соҳибмансабонро сахт мазаммат кардааст.

«Деҳқоне дар Исфаҳон ба дари Хоҷа Баҳоуддини Соҳибдевон рафт. Ӯ ба Хоҷасаро гуфт:

- Ба Хода бигӯй, ки Худо берун нишастааст, бо ту коре дорад.

Ба Хода бигуфт. Ба эҳзори ӯ (омадани ӯ) ишорат кард. Чун даромад, пурсид, ки:

-Ту Худойй?!

Гуфт:

-Ope!

Гуфт:

-Чӣ гуна?

Гуфт:

- Ҳол он ки ман пеш деҳхудо ва боғхудо ва хонахудо будам. Наввоби ту (волии нукарони ту) деҳ ва боғ ва хона аз ман ба зулм бистуданд, Худо монд».

Нависанда дар бисёр маврид аз ҳаёти шоҳони золим ҳикоят оварда, кору амали онҳоро сахт ба зери тозиёнаи танқид гирифтааст. Дар ин мавридҳо Убайд андешаҳояшро аз номи Талҳак ва дигар қаҳрамонони латифаҳои халқӣ баён кардааст.

Реклама