МЕРОСИ АДАБӢ

МЕРОСИ АДАБӢ

Саъдии Шерозӣ умри пурбаракат дидааст. Дар таърихи халқамон кам бузургеро медонем, ки аз сад сол зиёд умр дида бошад. Саъдӣ 108 сол умр дид. Баъзе муҳаққиқон ва мусташриқон умри ӯро ба се қисмат бахш кардаанд.

Саъдии Шерозӣ дар таърихи адабиёти тоҷику форс яке аз адибони сермаҳсул маҳсубмешавад. Ӯ хам ба назм ва ҳам ба наср асарҳои сершумору пурмаънӣ иншо кардааст. Ба хотири асарҳои бузургаш дар замони зиндагиаш обрӯ, шӯҳрат, мақому манзалат пайдо кард. Саъдӣ асарҳояшро ба ду забон нигоштааст: ба забони модариаш - форсӣ-тоҷикӣ ва ба забони арабӣ. Аммо бештари офаридаҳояш бо забони модарияш иншо шудаанд.

Пас аз 35 соли вафоти Саъдӣ яке аз шогирдонаш - Алӣ ибни Аҳмад ибни Абӯбакри Бесутун куллиёти Саъдиро мураттаб сохт, ки он ба тариқи зайл тартиб ёфтааст:

 

Дар асрҳои пасин ҳар хаттоте, ки асарҳои Саъдиро рӯбардор ё хаттотӣ мекард, ба ҳамин нусхаи Бесутун такя менамуд.

ҚАСОИДИ САЪДӢ. Жанри қасида дар эҷодиёти Шайх Саъдӣ мақоми босазо дорад. Қасидаҳои адиб аз нигоҳи шакл, яъне устухонбандӣ, мисли қасидаҳои асрҳои пешанд. Танҳо тавофут дар мазмун ва ғояи онҳо ба назар мерасад. Асосан, қасидаҳои Саъдӣ ҷанбаи тарбиявию ахлоқӣ доранд. Адиб мадҳу ситоиши шоҳон ва ҳокимонро ҳадафи хеш карор надодааст. Баръакс, адибони хушомадгӯ, тамаъкорро ба зери тозиёнаи танқид гирифтааст. Масалан, байти хушомадғуёнаи Зоҳири Фарёбӣ-

Нӯҳ курсии фалак ниҳад андеша зери пой,

То бӯса бар рикоби Қизил Арслон диҳад.

-ро холисона мазаммат намудааст:

Чӣ ҳоҷат, ки нӯҳ курсии осмон

Ниҳӣ зери пойи Қизил Арслон!

Магӯ: Пойи иззат бар афлок неҳ!

Бигӯ: Рӯйи ихлос бар хок неҳ!

Дуруст аст, ки Саъдӣ дар ҳаққи шоҳони дудмони Атобакон чанд қасидае гуфтааст, вале дар ин қасоид ононро панд додаст. Аз ин нигоҳ, қасидаҳои Саъдӣ аз қасидаҳои Унсурӣ, Фаррухӣ, Анварӣ ва дигар қасидасароёни маддоҳ фарқ доранд.

Мураттиби куллиёти Саъдӣ Бесутун ҳикояте меорад, ки басе пандомӯз аст. Ӯ чунин нигоштааст: дар замони подшоҳии Абоқохон (набераи Чингизхон, писари Ҳалоку), ки пойтахташ шаҳри Табрез буд, Саъдӣ дар бозгашти сафари Ҳиҷоз ба он ҷо ворид шуд. Ӯ дар роҳе Шамсуддин Муҳаммади Соҳибдевон ва бародари ӯ Алоуддинро дид, ки бо подшоҳ (Абоқохон) савора меоянд. Саъдӣ хост, ки дар гӯшае пинҳон шавад, то онҳо гузашта раванд. Аммо муяссар нашуд. Соҳибдевон ва бародараш, ҳамин ки Саъдиро диданд, филҳол худҳоро аз асп партофта, ба пойи ӯ афтоданд.

Подшоҳ ин ҳолро дида, аз наздикони худ пурсон шуд: Ин кӣ бошад, ки онҳо ӯро ин қадар ҳурмат карданд? Маро, ки подшоҳи рӯи заминам, Шамсуддин ҳеҷ гоҳ ин қадар ҳурмат накардааст.

Баъд аз ин мулокоти Саъдӣ бародарон боз ба пеши подшоҳ омаданд. Подшоҳ аз худи онҳо кӣ будани меҳмони олиқадрро пурсид. Онҳо «падари маънавии мост» гӯён як қадар аз аҳволи Саъдӣ баён намуданд. Подшоҳ толиби мулоқоти Саъдӣ шуда, ба бародарон фармуд, ки Шайхро ба ҳуҷрааш оранд.

Шамсуддин ва Алоуддин ба манзили Саъдӣ рафта, ӯро ба ҳузури подшоҳ даъват карданд. Шайх қабул накард. Онҳо қариб як ҳафта ба пеши ӯ меомаданд. Дар ҳар бор Саъдӣ «Ин балоро аз сари ман дафъ кунед, ягон узр гӯед, ман намеравам» - мегуфт. Оқибат аз хотири онҳо гузашта натавониста, ба мулокоти подшоҳ рафт. Чун сӯҳбати эшон поён ёфт, подшоҳ дар анҷоми сӯҳбат аз Саъдӣ илтимос кард, ки ӯро (яъне Абоқохонро) насиҳат кунад. Саъдӣ ин байтро хонд:

Шаҳе, ки носи раият нигоҳ медорад,

Ҳалол бод хироҷаш, ки музди чӯпонист.

Ва гар на роии ҳалқ аст, заҳри мораш бод,

Ки ҳар чӣ мехӯрад, аз ҷизъяи мусулмонист.

Абоқохон: «Ман чӯпони халқам ё не?»- гуфта аз Саъдӣ пурсид.

- Агар чӯпони халқ бошӣ, байти аввал дар ҳаққи туст ва агар набошӣ, байти дувум,- гуфт ӯ ва ҷавоби дигар надод.

Саъдӣ дар иншои қасида баъзан қисматҳои анъанавии онро риоя накардааст. Масалан, қисмати талаб дида намешавад. Ба ҷойи он мамдӯҳро панд медиҳад. Ё қисмати тағаззул ҳам дар қасоиди Саъдӣ бисёр мухтасар аст. Баъзе қасидаҳои адиб тагаззул бештар доранд ва ҳамон қисмат мадҳу ситоиши зебоиҳои табиат, фасли баҳор. Наврӯзи Аҷаманд, ки cap то по дар қасида васф шудаанд. Ин навъ қасидаҳоро баҳория низ гӯянд. Инак, як пора аз қасидаи «Баҳория» ё «Алами давлати Наврӯз»:

Алами давлати Наврӯз ба саҳро бархост,

Заҳмати лашкари сармо зи сари мо бархост.

Ба арӯсони чаман баст сабо ҳар гуҳаре,

Ки ба ғаввосии абр аз дили дарё бархост.

То рабояд кулаҳи қоқуми барф аз сари кӯҳ,

Язаки тобиши Хуршед ба яғмо бархост.

Табақи боғ пур аз нуқлу раёҳин карданд,

Шукр онро, ки замин аз таби сармо бархост. Мавсиме нағмаи чанг аст, ки дар базми сабӯҳ, Булбулонро зи чаман нолаву ғавғо бархост...

Ҳар дилеро ҳаваси рӯи гуле дар cap шуд,

На ки ин валвала аз булбули танҳо бархост.

Гӯиё пардаи маъшуқ барафтад аз пеш,

Қалами офият аз ошиқи шайдо бархост.

Қасидаи боло cap то по тавсифи зебоиҳои табиати афсункор, оғози баҳори нозанин, фаро расидани Наврузи Аҷам аст. Шоир дар байти аввал аз ҳусну ҷамоли арӯси сол - Наврӯз мужда мерасонад, шод аст. Аз он бозгӯӣ дорад, ки Наврӯз парчами давлаташро ба дашту даман, боғу саҳро барафрохтааст ва инсонро зери парчамаш ҳидоят менамояд ва мегӯяд, ки зери ин парчам, зери ин дирафш Наврӯзи Аҷамро хуш истиқбол гиред ва аз давлати Наврӯз баҳра бардоред. Ибораи «давлати Наврӯз» хеле сермаъност. Дар он санъатҳои киноя, ташбеҳ, маҷоз, истиора ва талмеҳ басо устокорона истифода шудаанд. Дар мисраи дуюми байт рахти сафар барбастани фасли зимистон ва сардиҳои он ёд шудааст. Дар ин маврид шоир аз санъати тазоду муқобила бамаврид истифода бурдааст. Яъне, мисраи якуму дуюм ба ҳам муқобиланд.

Қасидаи «Бозгашт» ё «Саъдӣ инак ба қадам рафту ба cap боз омад» аз навъи қасидаҳои ҳасбиҳолист. Саъдӣ дар ин қасида аз ранҷу озорҳои дар ғарибӣ дидааш, аз сафарҳои тӯлонӣ, аз сӯҳбату панду андарзҳои шунидааш қисса мекунад, ӯ аз ҳамдиёрон, аз мардуми Шероз узр мехоҳад, ки муддати зиёд ёдашон накард, дар ҳаққашон бевафоӣ намуд. Саъдӣ мардона гуноҳашро гуфт ва боз аз пайвандон, аз ёру дустон ва ҳамдиёрон илтиҷо менамояд, ки аз гуноҳаш гузаранд:

Ҷурмнок аст маломат макунедаш, ки карим Бар гунаҳкор нагирад, чу зи дар боз омад.

Умуман «Бозгашт» қасидаи хонданист ва бисёр бо дарду алам иншо шудааст. Ба ҳамин хотир чанд пораашро меорем ва таҳлил хоҳем кард:

1.   Саъдӣ инак ба қадам рафту ба cap боз омад.

Муфтии миллати асҳоби назар боз омад.

2.   Фитнаи шоҳиди савдозадаи боди баҳор,

Ошиқи нағмаи мурғони саҳар боз омад.

3.   Солҳо рафт, магар ақлу сукун омӯзад,

То чӣ омӯхт, к-аз он шефтатар боз омад.

4.   То бидонӣ, ки ба дил нуқтае побарҷо буд,

Ки чу паргор бигардиду ба cap боз омад.

5.   Ваҳ, ки чун ташнаи дидори азизон мебуд,

Гӯиё оби ҳаёташ ба ҷигар боз омад.

6.   Хоки Шероз ҳамеша гули хушбӯӣ диҳад,

Лоҷарам булбули хушгӯй дигар боз омад.

7.   Пойи девонагиаш бурду сари шавқ овард,

Манзалат бин, ки ба по рафту ба cap боз омад.

8.   Майлаш аз Шом ба Шероз ба Хусрав монад,

Ки ба андешаи Ширин ба Шакар боз омад.

9.   Ҷурмнок аст, маломат макунедаш, ки карим

Ба гунаҳгор нагирад, чу зи дар боз омад.

10.    Чӣ ситам, к-ӯ накашид аз шаби дайҷӯри фироқ.

То бад-ин рӯз, ки шабҳои қамар боз омад.

11.    Булаҷаб буд, ки рӯзе ба муроде бирасид

Фалаки хиракуш аз ҷавр магар боз омад?

12.    Духтари бикри замираш ба ятимӣ пас аз ин

Ҷаври бегона набинад, ки падар боз омад...

13.    Чу мусаллам нашудаш мулки ҳунар, чора надид,

Ба гадоӣ ба дари аҳли ҳунар боз омад.

Саъдӣ дар байти аввал таъкид менамояд, ки қаҳрамони лирикӣ, яъне шоир «ба қадам рафту ба cap боз омад». Дар ин ҷо мафҳумҳои қадам ва cap бори маънӣ ба дӯш доранд. Қадам мондану гаштугузор кардан мумкин. Ин узвест, ки ба cap тобеъ аст. Аммо инсон дар баъзе мавридҳо бе андешаи амиқ қадам мегузораду ба ҷойгоҳе меравад ва ба cap чандон эътибор намедиҳад. Яъне cap, ки мағзи cap он пост, махзани ақлу хиради инсон аст. Аз ҳамин нуктаи назар, Саъдӣ ба сафар баромаданашро ба қадам ва бозгашгашро ба cap шабеҳ намудааст, ки дар ин ҷо санъатҳои киноя, маҷоз ва иҳом басо бамаврид истифода шудаанд. Ҳамин тавр, ба Ватан омаданашро камоли акду хирад ва дилбастагӣ донистааст. Мисраи дуввуми ҳамин байт бошад, мисраи аввалро қувват медиҳад. Яъне, шоир хешро ба муфтии миллати асҳоби назар шабеҳ намуда, шукрона дорад, ки ба диёр бозгаштааст. Дар байтҳои пасин андешаҳои ватандӯстона, пазмони ёру диёр буданашро ифшо кардааст. Каҳрамони лирикӣ дар байта 4 хешро ба паргор монанд карда, шукронаи он дорад, ки ҷаҳонгардӣ карду боз ба зодгоҳ омад. Шукрона аз он дорад, ки дар ғарибӣ ранҷу озори зиёд дида бошад ҳам, боз ба назди пайвандон, ба Шероз, ба Ватан кадам гузошт.

Саъдӣ дар ин қасида ба як масъалаи муҳими дигар ишорат бинмудааст. Ин ҳам бошад масъалаи худшиносӣ, ифтихори миллӣ ва меҳру садоқати бепоён нисбати Ватан, марзу бум, халқи диёр, ёру дӯст аст, ки монанди як хати сурх, мисли як оташи сӯзони амиқ мегузарад. Аз қасидаи «Бозгашт» нидои шодию фараҳ бармеояд, ки онро қаҳрамони лирикӣ басо самимӣ ба қалам додаст.