Мусаллам аст, ки то Саъдӣ, яъне то асри XIII жанри ғазал дар адабиёти мо буд. Ин анъанотро Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ давом дод ва боз бо навовариҳои худ ғазалро болу пари тоза бахшид ва шӯҳрати онро ба Арш расонд. Ба ҳамин хотир, ҳанӯз дар асри XV азамати Саъдиро дар ин ҷода бузургон эътироф карда, ӯро паямбари ғазал гуфтаанд. Имрӯз ҳам ин андеша дар байни хосу ом, донишмандону ҳунармандони дунё дигар нашудааст:
Мавзӯъи ишқ дар ғазалиёти Саъдӣ мақоми аввал дорад. Вожаи ишқ маънои васеъ дорад: ишқи илоҳӣ, яъне ишқи Худо, ишқи заминӣ, яъне ишқи табиии байни марду зан, духтару писар ва ишқи инсон. Шайх Саъдӣ дар ғазалиёташ аз ҳамин нигоҳ ишқро ситудааст ва ғазалҳои оламгир эҷод кардааст.
Саъдӣ на танҳо аз китоб ва устодонаш илму дониш омӯхтааст, балки таҷрибаи зиндагӣ, мушоҳидаҳои ҳаёт, одамон дар рушду камолоти маънавии ӯ сарчашмаи муҳим гардидаанд. Аз ин ҷост, ки образи инсон ва маънавиёти ӯ дар эҷодиёти шоир дар пояи олӣ меистад. Худи шоир инсони комил, инсони ҳақиқӣ аст ва ӯ ҳам инсони комилро мадҳу ситоиш кардааст.
Ба ақидаи Саъдӣ, инсон гавҳари ноёб аст. Бояд инсонҳо бо якдигар дуст, бародар, ғамхор бошанд.
Саъдӣ сифатҳои асосии инсонро тавсиф карда ҷавонмардӣ, фазлу эҳсон доштани одамро таъкид менамояд.
Агар инсон ин сифатҳоро надошта бошад, ӯ, ба ақидаи шоир, ба мисли нақши девор аст. Ҷамъ намудани молу сарват ҳунар нест. Агар инсон шахсеро некӣ кунад, дили ӯро ба даст орад, ҳамон вақт ҳунарманд, оқил ва инсони ҳақиқӣ мешавад:
Ҷавонмардиву лутф аст одамият,
Ҳамин нақши ҳаюлоӣ мапиндор!
Чу инсонро набошад фазлу эҳсон,
Чӣ фарқ аз одамӣ то нақши девор?!
Ба даст овардани дунё ҳунар нест ,
Якеро, гар тавонӣ, дил ба дастop!
Худи шоир бо ин сифатҳои нек ороста буд. Ӯ максади зиндагии хешро дар хизмати халқ медонист ва аз дигар инсонҳои ҷомеъа низ инро талаб мекард:
Ибодат ба ҷуз хизмати халқ нест,
Ба тасбеҳу саҷҷодаву1 далқ нест.
Саъдӣ ба ахлоқу одоби табақаҳои ҷамъият баҳо дода, аз ҳамаи гурӯҳҳои ҷамъият: бечорагон, дарвешон ва оммаи меҳнаткашро беҳтару накӯтар ҳисоб мекунад. Шоир ҳақиқатгӯӣ, ҳақиқатҷӯй ва ҳақшиносии онҳоро бо як ҳиссиёти баланд тасвир менамояд.
Саъдӣ саъю талош намудааст: ки беҳтарин, шевотарин каломи сеҳрофаринро дар ҳаққи онон бигӯяд.
Ки ҳаққониву хақгӯянду, ҳақҷӯянду ҳақ бошад,
Ҳар он маънӣ, ки ояд дар дили донои дарвешон.
Саъдӣ зебоии инсонро ҳам дар зоҳир ва ҳам дар ботин мебинад.
Аз мисоли боло равшан гардид, ки дарвешон ҳам бо зоҳири худ (хулқони гардолуд ва ҳам бо ботини хеш (поквичдонӣ, хоксорӣ, накӯкорӣ, инсондӯстӣ ва ғайра) аз табақаи болоии ҷамъиятӣ болотар меистанд.
Шайх Саъдӣ дар ғазали «Бигзор, то бигирям» симои ботинии инсонро хеле ҷозибу форам ба қалам додаст. Ин ғазал ифшогари ғаму андӯҳи инсонҳост:
1. Бигзор, то бигирям чун абр дар баҳорон,
К-аз санг нола хезад рӯзи видои ёрон.
2. Бо сорбон бигӯед аҳволи оби чашмам,
То бар шутур набандад маҳмил ба рӯзи борон.
3. Ҳар к-ӯ шароби фуркат рӯзе чашида бошад,
Донад, ки сахт бошад қатъи умеди ёрон.
4. Бигзоштанд моро дар дида оби ҳасрат,
Гирён чу дар қиёмат чашми гуноҳкорон.
5. Эй субҳи шабнишинон, ҷонам ба тоқат омад,
Азбаски дер мондӣ, чун шоми рузадорон.
6. Саъдӣ, ба рӯзгорон меҳре нишаста бар дил,
Берун наметавон кард, илло ба рӯзгорон!
7. Чандон кунам ҳикоят, шарҳ ин қадар кифоят,
Боқӣ наметавон гуфт, илло ба ғамғусорон!
Шоир ғаму андуҳи ҷудоиро ёд карда, онро ба боридани борони баҳорӣ, борони найсон шабеҳ намудааст. Шоир таъкид менамояд, ки аз рафтани азизон, хатто аз санг низ нола хезад. Дуруст аст, ки аз санг ҳаргиз нола намехезад. Шоир дар ин маврид аз санъатҳои ташхис, киноя ва муболиға истифода бурдааст. Дар ғазал суханони шоирона, тавсифи воқеъбинона бамаврид омадаанд. Як лаҳзаи зиндагии инсон, ки басе нохушу дардомез аст, воқеӣ ба қалам дода шудааст. Дигар, Саъдӣ солҳои зиёд сафар карда, ғарибию мусофириро дид, бори ҳузнангезу дардомези онро бар дӯш дошту аз cap гузаронид. Ҳамаи ин ба шоир имкон дод, ки чунин ғазали дардомезу шӯрангезро эҷод кунад.
Мавзӯи ишқу муҳаббати инсонӣ дар ғазалиёти Саъдӣ мақоми воло дорад. Гузаштагон ва имрӯзиён Саъдиро сарояндаи ишқи пок гуфтаанд, ки ин бесабаб нест. Асрҳост, ки қалби ошиқон аз сурудаҳои ошиқнавозу ҷонбахши Саъдӣ ғизои маънавӣ мегиранд. Шоири дунёдида дар ғазали «Қимати гул» маҳбубаашро бисёр самимӣ васф намудааст:
Қимати гул биравад, чун ту ба гулзор ой,
В-оби ҳайвон бичакад, чун ту ба гуфтор ой.
Ин ҳама ҷилваи товусу хиромидани кабк,
Бори дигар накунад, гар ту ба рафтор ой.
Чанд бор, охират эй дил, ба насиҳат гуфтам,
Дида бардӯз, набояд, ки гирифтор ой.
Дар байти аввал маҳбубаи қаҳрамони лирикӣ чунон зебову раъност, ки ӯ ба гулзор қадам мениҳад, гулзор зеби хешро аз даст медиҳад, қимаги гул паст мешавад ва шармандавор аз ҷамоли ёри қаҳрамони лирикӣ сарафканда мешавад. Дар мисраи дуюм оби ҳайвон ҳамчун талмеҳ истифода шудааст. Оби ҳайвон ҳамчун кинояву рамз омадааст ва касе, ки аз он қатрае нӯш кунад, умри ҷовидонӣ меёфтааст. Шоир ҳамин оби ҳаётбахшро ёд карда гуфтан мехоҳад, ки агар ту ба гулзор оиву ба гуфтор, ин мисли чакидани оби ҳаёт дар гулзор аст.
Дар байти дувум бошад, маҳбубаашро чунон воло тасвир кардааст, ки дар назди хиромидани ёраш ҷилва кардани товусу хиромидани кабк ҳеҷ аст, қимату арзиш надорад. Ва агар товусу кабк хиромидани туро бинанд, дигар онҳо ҷилва накунанд, ба рафтор наоянд. Саъдӣ дар тасвири чунин лаҳзаҳо аз санъати тазоду муқобала, тавсифу ташбеҳ истифода бурдааст.
Дар байти сеюм қаҳрамони лирикӣ ба дилаш эътироз, шиква мекунад, ки борҳо насиҳатат кардам, ки ба ин роҳ марав, чашм пӯшон, то гирифтораш нашавӣ. Аммо чӣ метавон кард, дил дил аст ва шоир ба ишқаш гирифтор шудааст ва маҳбубаашро дӯст медорад.
Дӯст дорам, ки касат дӯст надорад чун ман,
Ҳайф бошад, ки ту дар хотири ағёр ой.
Дар ҳамин мавзӯъ ғазали «Эй сорбон» бисёр ҷолибу хушоянд аст. Бароӣ намуна чанд байт аз ин шоҳғазал:
Эй сорбон, оҳиста рон, к-ороми ҷонам меравад,
В-он дил, ки бо худ доштам, бо дилситонам меравад.
Ман мондаам маҳҷур аз ӯ, бечораву ранҷур аз ӯ,
Гӯйӣ, ки неше дур аз ӯ дар устухонам меравад.
Бо ин ҳама бедоди ӯ в-аз аҳди бебунёди ӯ,
Дар сина дорам ёди ӯ, то бар забонам меравад.
Махмил бидор, эй сорбон, тундӣ макун бо корвон,
К-аз ишқи он сарви равон гӯйӣ равонам меравад.
Дар рафтани ҷон аз бадан гӯянд ҳар навъе сухан,
Ман худ ба чаиши хештан дидам, ки ҷонам меравад.
Саъдӣ, фиғон аз дасти мо, лоиқ набуд, эй бевафо,
Тоқат намеорам ҷафо, кор аз фиғонам меравад.
Мавзӯи дӯстӣ мақоми шоистае дорад. Ин мавзӯъ монанди як хати сурх аз байни асарҳои назмӣ ва насрии Саъдӣ мегузарад. Ситоиши дӯсти ҷонӣ, рафиқи меҳрубон дар ғазалиёти шоир пурдомана аст. Ғазали «Моро биҳишт сӯҳбати ёрони ҳамдам аст» маҳз дар ҳамин мавзӯъ суруда шудааст:
1. Моро биҳишт сӯҳбати ёрони ҳамдам аст,
Дидори ёри номутаносиб ҷаҳаннам аст.
2. Ҳар дам, ки дар ҳузури азизе бароварӣ,
Дарёб, к-аз ҳаёти ҷаҳон ҳосил он дам аст.
3. Гар хуни тоза меравад аз решҳои дил,
Дидори дӯстон, ки бубинанд, марҳам аст.
4. Дунё хуш асту мол азиз асту тан тариф,
Лекин рафиқ бар ҳама чизе муқаддам аст.
5. Мумсик барои мол ҳамасола тангдил,
Саъдӣ ба рӯи дӯст ҳамарӯза хуррам аст.
Асоси байти нахусти ғазалро санъати тазоду муқобала ташкил додааст. Дар мисраи якум сӯҳбати ёрон, дӯстони мушфиқу меҳрубонро ба биҳишт ва дидори ёрони номувофиқу номуносибро ба ҷаҳаннам шабеҳ намудааст. Дар байт биҳишту ҷаҳаннам ва ёрони ҳамдам, ҳаммаром ва мувофиқро ба ёрони номутаносиб муқобил гузоштааст, ки басо гуворо баромадаст.
Дар байти дувум Саъдӣ таъкид менамояд, ки агар дар суҳбати ёри мувофиқ, оқилу фозил бошӣ, бидон, ки ширинии ҳаёти ту ҳамон лаҳзаҳо ҳастанд. Боз ҳамин фикр дар байти сеюм идома меёбад. Шоир мегуяд, ки ғамгину дилреш шуда бошӣ, ҳамон вақт ҳам дидори дӯстон, сӯҳбати онон барои дили реш- реш марҳам шуда метавонад. Асоси ин байтро ҳам санъати тазоду муқобала ташкил намудааст.
Дар байти чорум, қаҳрамони лирикӣ гӯшрас менамояд, ки барои инсон аз ҳама чиз арзишмандтар бояд дӯст бошад. Дунёву давлат, молу сарват бе дӯст, бе рафиқи меҳрубон чизе нест. Ниҳоят, дар мақтаи ғазал Саъдӣ таъкид кардааст. ки агар шахси мумсик барои молу сарваташ ҳамеша тангдил, ғамгин бошад, ман доимо аз дидори дӯстони шариф шоду хуррамам. Хулоса, шоир дӯстиро ситоиш карда, касонеро, ки дуст доранд ва эшон рафиқони ҷонианд, саодатманд мешуморад ва мақсаду мароми зиндагиро дар ҳамин мебинад, дар ҳамин меҷӯяд ва инсонҳои покдилу покрӯзгорро ба ин ҷониб ҳидоят менамояд.
Реклама