ТАҲЛИЛИ НАҚШҲОИ АСОСИИ ДОСТОН

ТАҲЛИЛИ НАҚШҲОИ АСОСИИ ДОСТОН

Достони «Юсуф ва Зулайхо» аз нигоҳи сарчашмаҳои пайдоиш ва нақлу ривоятҳои мардуми яҳудӣ ва, махсусан, сураи «Юсуф» -и «Қуръон» динист, дар он ишқи илоҳӣ ситуда шудааст. Ин тоя дар симои Юсуф - писари Яъқуби пайғамбар инъикос ёфтааст. Яъкуб медонист, ки фарзанди хурдиаш Юсуф оянда пайғамбар мешавад, бинобар ин аз нахуст ӯро аз фарзандқои дигараш боло гузошт. Барои ӯ аз Биҳишт асо овард. Ин бошад, хашму ғазаби фарзандони дигарашро зиёд намуд. Аммо вақте ки бародарон Юсуфро бурданд ва боз ӯро ба назди падар барнагардонданд, Яъкуб дигар коре накард ва ҳамин тавр дар достон амалиёти ӯ қатъ гардид аз ин нигоҳ нақши Яъқуб чун дар «Таврот», «Инҷил» ва «Қуръон» муаассир нест. Ҷомӣ дар достон ба нақши Юсуф бештар таваҷҷӯҳ намудааст ва андешаҳои ирфонии хешро дар симои ӯ ба қалам додааст. Юсуф соҳибҷамол аст, ҳусни расо дорад, ки ба ӯ ин ҳусну ҷамолро Худованд додааст. Ана ҳамин ҳусну чамол сабабгори ба вуҷуд овардани амалиётҳои зиёди достоин шоир гардидааст. Дар достоин Ҷомӣ Юсуф ба ҷуз муҳаббат ба Худо дигар мурод надорад ва ҳамаи амалиёте, ки дар ӯ зоҳир шуд, ба ин тобеъ ҳастанд. Ҷомӣ дар симои Юсуф марди роҳи Худоро нишон додааст. Ӯ бисёр хислатҳои наҷиби инсонӣ дорад. Муҳимаш он аст, ки гуфтори нек, рафтори нек ва кирдори нек дорад. Юсуф пок аст ва то охир ба покӣ дар роҳи Ҳақ содиқ мемонад. У ба роҳи бад нарафт, ба зани Азизи Миср Зулайхо хиёнат накард. Агарчи дар ин роҳ азобу машаққат кашида бошад хам, покизагиро нигоҳ дошт. Хдтто дар охир, вақте ки Азизи Миср вафот карда бошад ҳам, ба ӯ то аз Худо амр нашуд, ба Зулайхо издивоҷ накард. Гузашта аз ин, ба воситаи ин нақш Ҷомӣ нишон додан хост, ки марди роҳи Ҳақ, покдоман, накӯкор, саховатпеша, инсондӯст, хайрхоҳ ва бомаърифат мешавад. Вақте ки ба ҷойи Азизи Миср подшоҳ шуд, барои мардуми кишвар дари хайру саховат ва адолатро кушод. Омадани соли қаҳтиро амри Худо донист ва дар сари вақт тадбири ин корро ҷуст ва раиятро аз ин балои гуруснагӣ раҳонид. Ба халқ хайру саховат намуд.

Ҳатто ба тадбирҳои маккоронаи Зулайхо тан надод. Зулайхо ба канизонаш фармуд, то Юсуфро аз роҳ зананд. Аммо ба мурод нарасид. Юсуф ин кори нопокро накард ва пок буду пок монд. Юсуф дар достон ҳамчун шахеи меҳнатдӯст ва хоксору фурӯтан тасвир ёфтааст. Ин хисоли наҷиб ҳангоми иҷро кардани корҳои чӯпонӣ ва дигар хизматҳои дар дарбори Азизи Миср кардан ӯ баръало намудор гардид. Марги Юсуф ҷанбаи динӣ дорад. Юсуф ҳама корҳои муҳимро дар роҳи Аллоҳ кард, ба инсонҳо нишон дод, ки ҳар як фард, хоҳ шоҳ бошаду хоҳ гадо, бояд дар роҳи Ҳақ қадам ниҳад, устувор бошад ва содиқона, ҳамчун бандаи вафодору содиқ хизмат намояд. Юсуф чун дид, ки ҳама корҳо ба некӣ ба сомон расиданд, дигар орзую ормон дар дилаш намонд ва аз Парвардигор хоҳиш кард, то ҷонашро ситонад. Хулоса, пок омаду пок рафт, бо ишқи Аллоҳ омаду бо ишқи Аллоҳ рафт. Аз назари шоири бузург Абдураҳмони Ҷомӣ инсон бояд нисбати холиқи худ ҳамин тавр бошад, ҳамин тавр кору зиндагӣ намояд, ҳамин тавр дар роҳи Ҳақ содиқ бимонад ва, ниҳоят, ҳамин тавр бо ишқи саршор ва поку беолоиш нисбати Худой азза ва ҷалла ҷон диҳад.