МАЗМУН ВА ҒОЯИ ҲИКОЁТИ «МАСНАВӢ»

МАЗМУН ВА ҒОЯИ ҲИКОЁТИ «МАСНАВӢ»

Мавлоно Ҷалолидини Балхӣ барои ифодаи андешаҳои ирфонӣ ва ахлоқии хеш ҳикоёту латоифу нақлу ривоёти зиёдеро дар «Маснавии маънавӣ» мавриди истифода қарор додааст. Ҳикояти «Луқмон ва ғулом» аз ҷумлаи онҳост. Мазмуни ҳикоят чунин аст: Хоҷае чанд ғулом дошту Луқмон сарвари онон буд. Онхо кор мекарданд. Зоҳири Луқмон бад буд, яъне мисли шаб сиёҳ ва сурати безеб дошт. Боре хӯҷаин ба онҳо фармуд, ки рафта аз боғ мева оранд. Ғуломон меваҳои пухтагию ширинро хӯрданд. Вақте ки хӯҷаин сабабашро пурсид, гуфтанд, ки меваҳои ширину гувороро Луқмон хӯрд. Хӯҷаин бовар кард ва Луқмонро маломат кардан гирифт. Аз ин Луқмон ранҷид, ки ӯро ғуломон тӯҳмат мекунанду хӯҷаин бовар дорад. Пае Луқмон маҷбур ба хоҷааш чунин маслиҳат дод:

Гуфт Луқмон: Саййидо, пеши Худо

Бандаи хоин набошад муртаҷо!

Имтиҳонро кор фармо, эй киё![1] [2]

Шарбати гармоб деҳ баҳри бало.

Имтиҳон кун ҷумла моро, эй карим,

Серамон дардеҳ ту аз оби ҳамим.[3]

Баъд аз он моро ба саҳрои калон,

Ту савора, мо пиёда бардавон.

Он гаҳон бингар ту бадкирдорро,

Сунъҳои кошифи асрорро[4] .

Хӯҷаин ҳамин корро сомон дод. Шикамашонро аз оби ифлос пур намуд ва дар дашту саҳро онҳоро гардонд. Ғуломон пас қай кардан гирифтанд ва он чӣ нӯшидаю хӯрда буданд, аз даҳон берун бароварданд. Маълум гардид, ки ҳамаи меваҳоро ғуломон хӯрдаанд. Ammo Луқмон оби тозаи мусаффо қай кард. Яъне, дарунаш тозаю озода будааст:

Қай дарафтоданд эшон аз ано,

Об меовард з-эшон меваҳо.

Чунки Луқмонро даромад қай зи ноф,

Мебаромад аз дарунаш оби соф.

Ҳамин тавр, ба воситаи тадбири Луқмон сирри гуломон ошкор шуд ва бегуноҳии Луқмон дар назди хоҷааш маълум гардид.

Он чизе, ки фаҳмидед, мазмуни зоҳирии ҳикоя буд. Вале мақсади асосии Мавлоно аз овардани ҳикояи боло чизи дигар аст. Бояд ба ботини он назар кард ва бояд фаҳмид, ки муроди Ҷалолиддин аз баёни ҳикоя чист?

Мавлоно гуфтан меҳоҳад, ки дар роҳи Хақ, пеш аз ҳама, шогирдони пок, росткору ростқавлро бояд интихоб кард. Яъне «Илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ» гуфтаанд. Роҳи Ҳақ ё ба Ҳақ расидани солик кори осон нест, қалбаш бояд тоза мисли Луқмони Ҳаким бошад, на чун он гуломон. Ҳамон зайле ки дидед, зоҳири Луқмон хуб набуд, вале қалбаш тозаю озода буд. Ана чунин инсонҳои поку нексириштро бояд илм омӯзонанд. Ба хулосаи Мавлоно таваҷчӯҳ намоед:

Пас ту ҳар ҷуфте, ки мехоҳӣ, бигир!

Маҳви ӯ бошу сифоти ӯ пазир.

Нур ҳоҳӣ, мустаиди нур шав!

Дурр ҳоҳӣ, хешбину дур шав!

Агар ҳамин корҳоро сомон бидиҳӣ ва аз нахуст ашхоси арзанда ё мардони роҳи Ҳақро дуруст интихоб намой, он вақт ба мақсаду мароми хеш муваффақ хоҳӣ гашт.

[1] Муртачо -умедвор

[2] Киё - хучаин, сардор

[3] Оби хамим - оби ифлоси ногувори чарм

[4] Пае хохи дид хилахои пинхонии онҳоро.

Реклама