Забти Тошканд. Диққати Черняевро махсусан, Тошканд ба худ ҷалб карда буд. Аз рӯйи баъзе маълумот, ҳукумати марказии Русия ба ӯ ҳукуқи забти Тошкандро надода буд, яъне ӯ умед дошт, ки ин шаҳр ихтиёран ба ҳайати Русия дохил мешавад, аммо таъкид шуда буд, ки агар хавфи аз тарафи лашкари Бухоро забт карда шудани Тошканд ба вуҷуд ояд, он гоҳ М. Черняев ба сӯйи ин шаҳр лашкар кашад. Ҳадафи асосии тохтутозҳои амири Бухоро Музаффархон дар он солҳо Хӯқанд буд. Ин воқеа барои М. Черняев кофӣ буд, ки ихтиёран ба Тошканд ҳуҷум кунад. 1-уми октябри соли 1864 қӯшунҳои рус бо сарварии М. Черняев ба Тошканд аввалин бор ҳуҷум карданд, вале бебарор ба Чимкент баргаштанд. Ин бебарорӣ ҳарбиёни русро водор сохт, ки барои фатҳи Тошканд ҷиддитар омода гарданд.
Дар таърихи 28-уми апрели соли 1865 Черняев ба Тошканд бори дуюм ҳуҷум кард. Ӯ дар аввал сарбанди дарёи Чирчиқро вайрон карда, канали Анҳорро хушк намуд ва шаҳрро аз об маҳрум сохт. Ҷангҳои шадид ба вуҷуд омаданд. Ниҳоят, шаби 15уми июни соли 1865 ба М. Черняев муяссар гардид, ки лашкараш вориди шаҳр шавад. Дар натиҷа, ҷанги сахти кӯчагӣ оғоз ёфт, ки он се рӯз давом кард. Ниҳоят, 17-уми июн Тошканд аз тарафи М. Черняев забт карда шуд. Байни намояндагони шаҳр ва Черняев шартнома ба имзо расид.
Моҳи сентябр генерал-губернатори Оренбург ҳангоми дар Тошканд буданаш ин шаҳрро бо мақсади аз таъсири Хӯқанду Бу- хоро озод нигоҳ доштан мулки мустақил эълон кард, вале он вақт ҷангҳои байни Бухорою Хӯқанд (яъне бо мухолифони Худоёрхон) давом мекард. Амири Бухоро баъди забти Хуҷанд ба сӯйи шаҳри Хӯқанд ҳаракат карда, ҳамзамон, аз сарварони қӯшунҳои рус та- лаб кард, ки Тошкандро ба ихтиёри ӯ гузошта, худ аз шаҳр бе- рун раванд. Ҳукумати подшоҳӣ чунин таҳдиди Музаффархонро ба эътибор нагирифта, моҳи октябри соли 1865 расман ба ҳайати Русия дохил шудани Тошкандро эълон кард.
Муҳорибаҳои нахустини байни Русия ва Бухоро. Барои ама- лиёти минбаъдаи лашкари рус дар пеши роҳи он истеҳкоми нисбатан мустаҳкам – Ҷиззах меистод, ки мулки Бухоро ба ҳисоб мерафт. Дар Бухоро воқеаи аз тарафи қӯшунҳои рус забт гардидани Тошканд мардумро ба ҳаракат оварда буд. Баъзе гурӯҳҳо амирро барои дар ҷангҳои муқобили Русия иштирок накарданаш, на танҳо сарзаниши сахт, балки қасди ҷон карданд. Аз ҳамин сабаб ӯ маҷбур шуд, ки ба ҷанги муқобили Русия омодагӣ бинад.
Дар Бухоро омодагии амир ба ҷанг ҳанӯз давом дошт, вале охири январи соли 1866 як гурӯҳи нисбатан хурди лашкари рус бо сарварии генерал Черняев ба Ҷиззах расид. Дар қалъаи Ҷиззах аскарони бухороӣ хеле кам буданд. Бинобар ин мудофиаи қалъаро худи ҷиззахиён ба уҳда гирифта, ба Черняев зарба заданд. Дар натиҷа, ҷанги аввали Ҷиззах бо ғалабаи бухороиён, дақиқтараш, ҷиззахиён ва бо мағлубияти Черняев анҷом ёфт. Ғалаба дар ҷанги якуми Ҷиззах бухороиёнро хеле руҳбаланд кард. Амир Музаффар низ бо мақсади идомаи ғалаба бо қувваи зиёд ба Ҷиззах ҳозир шуда, дар Сасиқкӯл (маконе дар соҳили чапи дарёи Сир) манзил гирифт. Аз ин ҷо як қисми сарбозони амир ба сӯйи Чирчиқ, қисми дигар ба сӯйи қалъаи Чордара фиристода шуданд. Сарварии умумии ин амалиётро Музаффархон ба уҳда гирифт, вале вай ба ҷойи сарварӣ ва назорати омодагии амалиёти ҷангӣ дар ҳамон лаҳза ҳам бо базму шатранҷбозӣ машғул шуда, на танҳо ба ғалабааш комилан бовар дошт, балки ҳатто дар фикри мусодираи хазинаи петербургии ҳукумати Русия ва роҳҳои минбаъд истифода кардани «асирон»-и ҳарбии рус буд.
Баъди шикаст дар Ҷиззах Черняев аз Осиёи Марказӣ бозхонд шуд ва ба ҷояш генерал Д.Романовский таъин гардид. Вай нисбат ба амири Бухоро ба ҷанги навбатӣ аз ҳар ҷиҳат омода буд. 8-уми майи соли 1866 дар Майдаюлғун ё худ Эрҷор (дар роҳи Ҷиззах ва Хуҷанд) байни қӯшунҳои русу бухороӣ ҷангҳои шадиде ба вуқуъ омад ва он бо ғалабаи русҳою мағлубияти бухороиён анҷом ёфт. Дар асл ин ҷанги нахустини байни лашкарҳои Бухоро ва Русия ба ҳисоб меравад. Амир Музаффар бо наздикон ва посбонони худ аз майдони ҷанг ба сӯйи Самарқанд гурехт.
Забти Хуҷанд ва Ӯротеппа. Баъди ғалаба дар муҳорибаи Майдаюлғун, мақсади фармондеҳони ҳарбии рус роҳ надодан ба муттаҳидшавии қӯшунҳои амири Бухоро ва хони Хӯқанд буд. Бо ҳамин мақсад онҳо ба сӯйи Хуҷанд ҳаракат карданд. Шаби 19ум ба 20-уми майи соли 1866 қӯшунҳои рус ба ин шаҳр наздик шуда, аз 18 тӯп ва 8 тӯпи кӯтоҳмил шаҳрро тирборон карданд.
Саҳарии 21-уми май муҳосираи шаҳр оғоз ёфт, вале аз сабаби муқобилати сахти муҳофизони шаҳр аскарони рус ба шаҳр ворид шуда натавонистанд. Барои мудофиаи шаҳр на танҳо мардуми бумии он – тоҷикон, балки узбекҳо низ мардонагӣ нишон доданд.
Артиши бағазабомадаи подшоҳӣ шаҳрро се шабонарӯз гулулаборон кард. 24-уми май қӯшунҳои рус шаҳри вайрону валангоршударо соҳиб шуданд. Аз рӯйи баъзе маълумот шумораи ҳалокшудагон аз ҳисоби муҳофизони шаҳри Хуҷанд ба 2,5 ҳазор нафар расидааст, ки маросими дафни ҷасади онҳо як ҳафта давом кардааст. Аз тарафи истилогарон ҳамагӣ 5 нафар ҳалок шудааст. 28-уми май Нов аз ҷониби лашкари рус забт гардид.
Баъди муҳорибаи Майдаюлғун ва забти Хуҷанду Нов ҳайати фармондеҳии қӯшунҳои рус умед доштанд, ки амири Бухоро аз ҷангҳои нав даст кашида, худро мағлуб меҳисобад, аммо чунин умеди онҳо хом баромад. Музаффархон ба ҷангҳои нав омодагӣ медид. Ҳарбиёни рус аз ин воқиф гардида, тирамоҳи ҳамон сол амалиёти ишғолгаронаи худро идома доданд. 1-уми октябр аз тарафи онҳо Ӯротеппа муҳосира гардид, ки онро 4 ҳазор нафар муҳофизат мекарданд. 2-юми октябр шаҳр аз тарафи ишғолгарон забт карда шуд. Талафоти ҷонии муҳофизон хеле бузург буд.
Забти Ҷиззах. 11-уми октябри соли 1866 аз тарафи лашкари рус муҳосираи нав ё худ ҷанги дуюми Ҷиззах оғоз ёфт. Ба он дар ин муҳориба генерал-адъютант Н. Крижановский сарварӣ мекард. Ҷиззах аз ҳар ҷиҳат ба истеҳкоми қавӣ табдил ёфта буд.
Онро се қатор деворҳои баланд ва канали жарф иҳота мекард. Барои мустаҳкам намудани он дар муддати ҳашт моҳ ҳазорҳо нафар мардуми тоҷику узбек кор кардаанд. Ҳангоми ҷангҳо шумораи муҳофизони қалъаи Ҷиззах 10 ҳазор нафарро ташкил дод. Аз ҳамин сабаб, барои забти ин қалъа ҷангҳои шадид 7 шабонарӯз давом кард. Муҳофизон, ки асосан тоҷикону узбекон буданд, матонату далерӣ нишон доданд, вале дар рафти ҷангҳои шадид қӯшунҳои рус пеши роҳи обро баста, бо ин муҳофизонро аз таъминоти об маҳрум намуданд. Чунин амалиёт муҳофизонро дар ҳолати мураккаб гузошт. Ниҳоят, 18-уми октябр шаҳри вайрона бо 2,5 ҳазор нафар қурбоншудагон ва маҷруҳони бисёр таҳти назорати аскарони рус қарор гирифт.
Баъди мағлубияти Ҷиззах қувваҳои зиёди зиддирусӣ дар Янгиқӯрғон ҷамъ шуда буданд, ки дар байни онҳо на танҳо сар- бозони амир, балки дастаҳои собиқ бекҳои Ӯротеппа, Ҷиззах, дастаҳои туркманҳо, афғонҳо ва дигарон низ буданд. Дар байни онҳо қисми асосиро сарбозони амири Бухоро ташкил медоданд, вале дар муҳорибаи Янгиқӯрғон ҳам ғалаба насиби лашкари рус гардид, ки ба он генерал А. Абрамов сарварӣ мекард. Қӯшунҳои рус баъди забти Ҷиззах ва Янгиқӯрғон аз идомаи амалиёти ҷангӣ муваққатан худдорӣ намуда, ба муҳорибаҳои минбаъда омодагӣ медиданд. Ҳукумати подшоҳӣ дар ин муддат масъалаҳои идоракунии мулкҳои забтшударо ҳал менамуд.
Санаҳои муҳим:
1865, 17-уми июн – забти Тошканд.
1864, охири моҳи январ – муҳорибаи якуми Ҷиззах.
1866, 8-уми май – муҳорибаи Майдаюлғун ё худ Эрҷор, нахус- тин муҳорибаи байни қӯшунҳои Бухоро ва Русия.
1866, 24-уми май – забти Хуҷанд.
1866, 2-юми октябр – забти Ӯротеппа.
1866, 11–18-уми октябр – муҳорибаи дуюми Ҷиззах ва забти он.
Савол ва супоришҳо:
1) Қӯшунҳои рус шаҳри Тошкандро кай ва чӣ тавр забт намуданд?
2) Ҷанги якуми Ҷиззах бо ғалабаи кӣ анҷомид?
3) Чаро муҳорибаи Майдаюлғун ё худ Эрҷорро муҳорибаи аввалини байни қӯшунҳои Бухоро ва Русия ҳисоб мекунанд ва он чӣ гуна анҷом ёфт?
4) Муҳорибаи Хуҷанд кай ба амал омад ва чӣ натиҷа дод?
5) Ҷиззах аз тарафи лашкари Русия кай забт гардид?
6) Амалиёти ҷангиро аз рӯйи харита муайян кунед.
7) § 2 ва 3-ро такрор кунед.
8) Аз рӯйи харита нуқтаҳои муҳорибаҳоро муайян намоед.
Хонандагон бояд: амалиёти ҷангии солҳои 1864 – 1866-ро пай- дарпай мантиқан дуруст шарҳ дода тавонанд.
Реклама