Кишвари Туркистон – қисми таркибии империяи Русия. Дар замони ҳукуматдории мустамликавии Русияи подшоҳӣ дар Осиёи Марказӣ (солҳои 1867–1917) дар ин сарзамин Генералгубернатории Туркистон, Аморати Бухоро ва хонигарии Хева мавҷудияти худро нигоҳ доштанд. Кишвари Туркистон ба қисми таркибии Русияи подшоҳӣ табдил ёфт. Тамоми қонун ва тадбирҳои зарурии ҳукумати подшоҳӣ дар ин сарзамин бевосита ҷорӣ карда мешуд.
Ҳукумати подшоҳӣ дар кишвари Туркистон низоми мус- тамликавии хоссеро ҷорӣ кард, зеро ба андешаи баъзе амалдоро- ни ҳукумати подшоҳӣ, усули идоракунии фаронсавӣ (нисбати Ту- нис ва Алҷазоир) хеле либералӣ менамуд. Ба ақидаи амалдор К. Абаза, ин усул барои «мардуми нимваҳшии кишвари Туркистон» гӯё мувофиқ набудааст. Бинобар ин, дар кишвар нисбат ба марду- ми маҳаллӣ низоми вазнини истисморӣ ҷорӣ карда шуд.
Соли 1886 «Низомнома оид ба идоракунии кишвари Туркис- тон» тасдиқ гардид ва он чун қонуни асосии идоракунии ин киш- вар бо баъзе тағйироту иловаҳо то Инқилоби октябри Русия (соли 1917) амал кард. Дар он инчунин сохти судии кишвар, шаклҳои заминдорӣ, шаклу миқдори андозҳо ва ғайра муайян шуда буд. Низомнома ҳукуматдории мустамликавии Русияро дар кишвари Туркистон мустаҳкам менамуд.
Чунонки дар § 6 ишора рафт, Генерал-губернатории Туркис- тон ҳангоми ташкилёбӣ (соли 1867) аз ду вилоят (Сирдарё , марка- заш – дар Тошканд ва Ҳафтрӯд – марказаш дар Верний) иборат буд. Соли 1876 баъди барҳам дода шудани хонигарии Хӯқанд сарзамини боқимондаи он (яъне қисми ҷанубии хонӣ) бо номи вилояти Фарғона ба ҳайати Генерал-губернатории Туркистон дохил карда шуд. Округи Зарафшон соли 1887 ба вилояти Самарқанд табдил ёфт.
Соли 1882 вилояти Ҳафтрӯдро як муддат ба Генерал-губернатории Степной ва соли 1899 боз ба ҳайати Генерал-губернатории Туркистон ҳамроҳ намуданд. Шуъбаи Моварои Хазар соли 1891 ба вилоят табдил дода шуд ва он то солҳои 1890 – 1897 бевосита дар итоати вазорати ҳарбӣ буда, аз соли 1897 ба Генерал-губернатории Туркистон дохил карда шуд.
Сарзамини имрӯзаи Тоҷикистони Шимолӣ ва Бадахшон (Помир)-и Шарқӣ ба ҳайати ду вилояти кишвари Туркистон: Самарқанд ва Фарғона мансуб буданд. Ба ҳайати вилояти Самарқанд уезди Хуҷанд ва болооби Зарафшон, ба ҳайати вилояти Фарғона Бадахшони Шарқӣ, ноҳияҳои Конибодом, Исфара ва Ашт дохил мешуданд.
Ҳукумати подшоҳӣ аз фаъолияти Генерал-губернатории Туркистон чандон қаноатманд набуд ва аз ҳамин сабаб онҳоро тез-тез иваз мекард. Аз байни 15 нафари онҳо танҳо К.Кауфман (солҳои 1867–1882) ва А.Самсонов (солҳои 1903–1913) муддати нисбатан тулонӣ сарварӣ намудаанд. Бо мақсади самаранок истифода кардани Осиёи Марказӣ ҳукумати подшоҳӣ солҳои 1882–1883 бо сарварии сенатор Ф.Гирс ва солҳои 1909–1910 бо сарварии граф К.Пален ба ин сарзамин комиссияҳои махсус фиристода, маҳал ва соҳаҳои ҷудогонаро ба тарзи васеъ омӯхт.
Ба кишвари Туркистон омадани муҳоҷирони рус. Ҳукумати подшоҳӣ Осиёи Марказиро ба мустамликаи худ табдил дода, барои босамар истифода кардани он шуруъ намуда бошад ҳам, ба садоқати мардуми таҳҷойии ин кишвар нисбати худ бовар надошт. Аз ҳамин сабаб ҳукумати подшоҳӣ бо мақсади ба вуҷуд овардани такягоҳи боварбахш аз губернияҳои сераҳолии маркази Русия қисме аз деҳқонони русро ба ноҳияҳои гуногуни кишвари Туркистон кӯчонид.
Ҳукумати подшоҳӣ бо чунин тадбир бо як тир ду нишон заданӣ буд. Яъне, ӯ аз як тараф қисмате аз деҳқонони русро аз губернияҳои сераҳолии марказ кӯчонида, дар он маҳалҳо мехост ба зиёд намудани миқдори замини деҳқонони боқимонда муваффақ гардад ва бо ҳамин аз норизоии деҳқонон ҷилавгирӣ намояд. Аз тарафи дигар, ҳукумати подшоҳӣ мехост деҳқонони кӯчонидашудаи русро дар ин ё он маҳалли кишвари Туркистон ҷойгир намуда, ба онҳо замини зиёд дода, аз ҳисоби онҳо ба худ такягоҳи боэътимод тайёр намояд, зеро чунин такягоҳ ҳангоми болоравии норизоии мардуми маҳаллӣ ба муқобили сиёсати мустамликавии ҳукумати подшоҳӣ хеле зарур ҳисобида мешуд.
Ҳукумати подшоҳӣ нақшаи ба вилояти Ҳафтрӯд кӯчонидани деҳқонони русро соли 1869 тартиб додааст, аммо ба муҳоҷиркунии деҳқонони рус ба вилояти номбурда ҳанӯз соли 1868 шуруъ кар- да буд. To соли 1882 дар ин вилоят 29 маҳаллаи руснишин бо аҳолии 25 ҳазор нафар ба вуҷуд омад, вале он вақт танҳо бо ви- лояти Ҳафтрӯд маҳдуд нагардида, муҳоҷирони русро дар дигар вилоятҳои Туркистон низ ҷойгир намуданд. Масалан, соли 1881 дар вилояти Сирдарё 19 маҳаллаи руснишин бо аҳолии 1300 на- фар вуҷуд дошт. Ё худ соли 1896 танҳо дар уезди Хуҷанди вило- яти Самарқанд 6 маҳаллаи руснишин мавҷуд буд, ки дар онҳо қариб ҳазор нафар зиндагӣ мекард.
Дар натиҷаи чунин сиёсат дар гӯшаю канори кишвари Туркистон маҳаллаҳои гуногуни руснишин ба вуҷуд омада, сол то сол меафзуданд. Ба зиёдшавии онҳо сохтмони роҳҳои оҳан ва сиёсати муҳоҷиркунии Столипин низ таъсир расониданд. Соли 1910 шумораи чунин маҳаллаҳо дар кишвари Туркистон ба 124 адад расид, ки дар онҳо 70 ҳазор нафар зиндагӣ мекарданд. Дар ин давра шумораи умумии мардуми русзабони кишвар якҷо бо шаҳриён зиёда аз 200 ҳазор нафарро ташкил медод.
Маҳаллаҳои руснишин ва сарҳаддии Аморати Бухоро, ба монанди Бухорои Нав (Когон), Чорҷӯйи Нав, Тирмиз аз ҷиҳати идоракунӣ ва маъмурӣ ба ҳайати кишвари Туркистон дохил мешуданд, вале бояд таъкид кард, ки ғайричашмдошти ҳукуматдорони подшоҳӣ, муҳоҷирони рус бо мардуми маҳаллӣ бештар унс гирифта, талхию ширинии замони подшоҳиро якҷоя мечашиданд. Онҳо инчунин, ба якдигар барои ғанӣ гар- донидани таҷрибаи деҳқонӣ ва истифодаи техникаи нав кума- ки амалӣ мерасониданд. Ҳангоми ба вуҷуд омадани ҳаракатҳои зиддимустамликавӣ ин муҳоҷирон такягоҳи боэътимоди ҳукумати подшоҳии Русия нашуданд. Аз ин ҷиҳат ҳукуматдорони подшоҳӣ то андозае ба мақсади худ нарасиданд. Бинобар ин комиссияе, ки граф К.Пален сарварӣ мекард, чунин ҳолатро дарк карда, пешниҳод намуд, ки минбаъд ба ин кишвар ба ҷойи деҳқонони рус помешикон (заминдорон)-и рус фиристода шаванд.
Санаҳои муҳим:
1868 – оғози ба қаламрави кишвари Туркистон муҳоҷир кар- да шудани деҳқонони рус.
1882 – 1883 ба Осиёи Марказӣ омадани Комиссияи махсуси ҳукумати подшоҳӣ бо сарварии сенатор Ф.Гирс.
1886 – аз тарафи ҳукумати подшоҳии Русия тасдиқ шудани
«Низомнома оид ба идоракунии кишвари Туркистон».
– 1910 ба Осиёи Марказӣ омадани Комиссияи махсуси ҳукумати подшоҳӣ бо сарварии граф К.Пален.
1910 – шумораи умумии русу русзабонҳо дар кишвари Туркистон ба зиёда аз 200 ҳазор нафар, шумораи маҳаллаҳои руснишин ба 124 адад расид.
Савол ва супоришҳо:
1) Ба маълумоти § 6 ва мавзуи мавриди омӯзиш такя намуда, оид ба ташкилёбии Генерал-губернатории Туркистон ва усули идораи он муфассалтар ҷавоб гардонед.
2) Чаро кишвари Туркистонро қисми таркибии империяи Русия ҳисоб мекунанд?
3) Дар бораи «Низомнома оид ба идоракунии кишвари Туркистон» чӣ медонед?
4) Сарзамини имрӯзаи шимоли Тоҷикистон ва Бадахшон ба ҳайати кадом вилоятҳои кишвари Туркистон дохил мешуданд?
5) Ҳукумати подшоҳӣ бо кадом мақсад деҳқонони русро ба қаламрави кишвари Туркистон муҳоҷир кард?
6) Оё ҳукумати подшоҳӣ бо муҳоҷир намудани деҳқонони рус ба кишвари Туркистон ба мақсади асосии худ расид?
7) §§ 2 ва 6-ро такрор кунед.
8) Аз рӯйи харита ҷойгиршавии вилоятҳои кишвари Туркистон ва давлатҳои Бухоро ва Хеваро муайян намоед.
Хонандагон бояд: вазъи кишвари Туркистонро дар замони мустамликавӣ дуруст таҳлил карда тавонанд.
Реклама