§55. ТАЪСИСИ ҲИЗБҲОИ СИЁСӢ

Муҳоҷирати ҷавонбухороиён ба кишвари Туркистон. Баъд аз таҷовузи Колесов барои ҷавонбухороиён на танҳо дар сарзамини аморати Бухоро, балки ҳатто дар Бухорои Нав (Когон), ки шаҳри руснишин ҳисоб мешуд, зистан имконнопазир гардид, зеро фи- ристодагони ҳукумати амирӣ ҳар лаҳза ба ҷони онҳо қасд мекар- данд. Аз ин рӯ ҷавонбухороиён маҷбур шуданд, ки барои хало- сии ҷони худ ба дарунтари кишвари Туркистон ҳиҷрат намоянд. Аксари онҳо бо Кумитаи Марказии ҳизби худ ба шаҳри Тошканд кӯчиданд.

Дар шаҳри Тошканд дар байни ҷавонбухороиён доир ба сабабҳои фоҷиаи содиршуда (яъне таҷовузи Колесов) баҳсу мунозираҳо авҷ гирифт. Дар натиҷа, на танҳо Кумитаи Мар- казии Ҳизби Ҷавонбухороиён, балки худи ҳизб ҳам ба гурӯҳҳо тақсим шуд. Онҳо якдигарро барои фоҷиаи содиршуда гунаҳкор меҳисобиданд.

Абдуллохоҷа Тӯраев (дap байн), сар- дори шуъбаи ҲК Бухоро воқеъ дap шаҳри Бухорои Куҳна

Дар Тошканд гуруснагӣ ва қаҳтӣ ҳукмфармо буд. Ҳизб- ҳои гуногун – болшевикон, мен- шевикон ва эсерҳо, инчунин гурӯҳҳою ҷамъиятҳои гуногун амал мекарданд. Албатта, ин ба фаъолияти ҷавонбухороиён бетаъсир намонд.

Ҳизби Ҷавонбухороиёни Сотсиал-Инқилобӣ. Ҷавонбухороиён дар шаҳри Тошканд бо фаъолияти ҳизбҳои гуногун шинос шуданд, вале диққати онҳоро дар аввал бештар Ҳизби Эсерҳо ба худ ҷалб кард. Зеро ин ҳизб, ки асосан ҳимояи манфиати деҳқононро мақсади худ қарор дода буд (аксари мардуми аморати Бухоро ҳам деҳқонон буданд), бинобар ин, ба андешаи ҷавонбухороиён, барномаи Ҳизби Эсерҳо ба шароити Бухоро бештар мувофиқат менамуд. Дар натиҷа, баҳори соли 1918 як гурӯҳи ҷавонбухороиён бо сарварии Усмонхоҷа Пӯлодхоҷаев, Ато Хоҷаев ва Қорӣ Ғулом аз ҳайати Ҳизби Ҷавонбухороиён баромада, дар асоси барномаи эсерони чап Ҳизби Ҷавонбухороиёни Сотсиал-Инқилобчиро ташкил намуданд.

Саидризо Ализода (1892–1944) – сармуҳаррири маҷаллаи форсии тоҷикии «Шуълаи Инқилоб»

7-уми июли соли 1918, баъди суиқасд ба ҷони сарвари Ҳокимияти Шуравӣ В.И.Ленин, Ҳизби Эсерони Чап аз тарафи Давлати Шуравӣ пароканда карда шуд. Ин воқеа ба тарафдорони туркистонӣ ва бухороии ин ҳизб низ бетаъсир намонд, дақиқтараш, фаъолияти онҳо аз тарафи Ҳокимияти Шуравӣ манъ карда шуд. Дар натиҷа, дар ҳайати Ҳизби навбунёди Ҷавонбухороиёни Сотсиал-Инқилобчӣ боз ҷудоӣ ба амал омад.

Таъсиси Ҳизби Коммунистии Бухоро. 25-уми сентябри соли 1918 дар шаҳри Тошканд ҷамъомади 86 нафар собиқ узви Ҳизби Ҷавонбухороиёни Сотсиал-Инқилобчӣ барпо гардид. Дар он ҳозирон қарор карданд, ки онҳо аз ҳайати ҳизб ва аз мавқеи эсерҳои чап баромада, ба мавқеи ҳизби болшевикӣ мегузаранд ва ҳизби навро бо номи «Ҳизби Ҷавонбухороиён – Коммунистон – Болшевикон» бунёд мекунанд. Дар ҷамъомад Кумитаи Марказии ҳизби нав интихоб гардид, ки Азимҷон Ёқубов (Ёқубзода) раис ва Муҳаммад Қулмуҳаммадов муовин интихоб шуданд.

Ҳамин тавр, Ҳизби Коммунистии Бухоро ташкил ёфт. Он дар шаҳрҳои Самарқанд, Бухорои Нав, Бухорои Куҳна, Чорҷӯйи Нав, Каттақӯрғон, Каркӣ ва дигар ҷойҳо шуъбаҳо дошт. Ма- салан, ба шуъбаи дар шаҳри Бухорои Куҳна буда Абдуллохоҷа Тӯраев сарварӣ менамуд, ки ӯ минбаъд яке аз қаҳрамонҳои мус- бати романи «Дохунда»-и С.Айнӣ гардид.

23-юми октябри соли 1918 дар маҷлиси навбатии Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Бухоро барномаи ҳизб қабул карда шуд. Мувофиқи он, ҳизб бояд: барои сарнагун кардани тартиботи амирӣ дар Бухоро ва бунёди ҷумҳурии халқӣ; мусодираи замини амиру бекҳо ва дар байни деҳқонон тақсим намудани онҳо; ба ҷойи қозӣ ҷорӣ кардани суди интихобӣ; баробарҳуқуқии ҳамаи мил- латҳо, занону мардон, озодии сухан, матбуот, таълиму табо- бати бепул мубориза мебурд.

Аз 30-юми май то 11-уми июни соли 1919 дар шаҳри Тошканд Анҷумани якум (муассисон)-и Ҳизби Коммунистии Бухоро барпо гардид, ки он таъсиси ҳизбро ба қонуният даровард. Аз 28-уми июни соли 1920 коммунистони Бухоро аввал дар Тошканд, баъд дар Бухорои Нав (Когон) ба нашри рӯзномаи худ «Қутулиш» (Озодӣ) cap карданд. Ин рӯзнома ҳамчун нашрияи ҷамъиятию сиёсӣ ва адабӣ ҳафтае ду дафъа ба забонҳои узбекӣ ва форсии тоҷикӣ то 3 ҳазор нусха нашр гардида, ройгон паҳн карда мешуд. Дар байни бухороиён инчунин, аввалин маҷаллаи форсии тоҷикии «Шуълаи инқилоб», ки дар Самарқанд нашр мегардид ва сармуҳарририи онро Саидризо Ализода ба уҳда дошт, паҳн карда мешуд.

Таъсиси Ҳизби Ҷавонбухороиёни Инқилобӣ. Дар аввали соли 1920 вазъи Ҳукумати Шуравии Русия нисбатан беҳтар гардид. Қувваҳои зиддишуравӣ асосан шикаст хӯрданд. 2-юми феврали соли 1920 хонигарии Хева ҳам сарнагун карда шуд ва ба ҷойи он Ҷумҳурии Халқии шуравии Хоразм ба вуҷуд омад. Аморати Бухоро дар Осиёи Марказӣ ҳамчун ягона такягоҳи қувваҳои зиддишуравӣ боқӣ монд.

Вазъи баамаломада тамоми қувваҳои зиддиамирӣ, аз ҷумла қисми боқимондаи ҷавонбухороиёнро низ ба ҷунбиш овард, зеро як қисми онҳо Ҳизби Коммунистии Бухороро ташкил дода, ба он дохил шуда бошанд ҳам, қисми дигар худро канор гирифта, то ин лаҳза фаъолияти худро чандон нишон надода буданд. Масалан, яке аз пешвоёни ин ҳаракат Файзулло Хоҷаев ба Москва рафта, аз фаъолияти Ҳизби Ҷавонбухороиён то андозае канда шуда буд. Моҳи январи соли 1920 ӯ аз Москва ба Тошканд омада, Ҳизби Ҷавонбухороиёнро аз нав ташкил дод. Дар ҷамъомади ҳизб, ки дар Тошканд гузашт, Бюрои Марказии Ҳизби Ҷавонбухороиёни Инқилобӣ интихоб карда шуд. Он бо номи Бюрои Марказии

Туркистонии Ҳизби Ҷавонбухороиёни Инқилобӣ низ маълум аст.

Ҳизби Ҷавонбухороиёни Инқилобӣ барнома дошт, ки аз тарафи худи Файзулло Хоҷаев тартиб дода шуда буд ва конфронси ҳизбӣ онро 14-уми июни соли 1920 қабул намуд. Аз барномаи он бармеояд, ки ҳизб мақсадҳои низомӣ доштааст: сарнагун намудани тартиботи амирӣ ва барқарор кардани ҷумҳурии халқӣ; баробарҳуқуқии ҳамаи миллатҳо. Дар барномаи ҳизб доир ба масъалаи дин таъкид карда мешуд, ки «дин ва шариат ифодакунандаи ҳақиқат ва ҳимоятгари камбағалон мебошад». Бинобар ин, ҳизб ният дошт, ки дин ва шариатро ба муқобили ҳукуматдорони аморат ва капитализм истифода кунад. Нисбати масъалаи замин Ҳизби Ҷавонбухороиёни Инқилобӣ ният дошт, ки замини дар ихтиёри амир, бекҳо ва дигар истисморгарон буда- ро мусодира намуда, дар байни деҳқононе, ки дар ҳамон заминҳо кор мекарданд, тақсим намояд. Барои ба таври қатьӣ ҳал намудани масъалаи замин онҳо Анҷумани деҳқононро даъват карданӣ буданд. Дар барнома инчунин, рушди саноат дар Бухоро, рӯзи кории ҳаштсоата, рушди илму фарҳанг дар назар дошта шуда буд. Мувофиқи он, таълим дар мактабҳои ибтидоӣ бояд ба забони ҳамон халқе ҷорӣ карда мешуд, ки он ҳалқ дар он маҳал аксариятро ташкил менамояд, вале дар донишкадаҳои олӣ таълим бояд танҳо бо «забони адабии туркӣ» ҷорӣ мегардид. Тоҷикон дар барнома яке аз қабилаҳои турк ҳисоб карда мешуданд. Мувофиқи низомномаи ҳизб, ҷазо барои узви гунаҳкори ҳизб аз хориҷ намудан аз ҳизб то қатл муайян карда шуда буд.

Ҳизби Ҷавонбухороиёни Инқилобӣ дар баробари Тошканд ва Москва, инчунин, дар худи аморат: Бухорои Куҳна, Бухорои Нав (Когон), Чорҷӯйи Нав, Каркӣ, Шаҳрисабз ва дигар нуқтаҳо шуъбаҳо дошт. Онҳо 15-уми апрели соли 1920 дар Тошканд ба нашри рӯзномаи худ – «Учқун» (Шарора) cap карданд, ки он моҳе ду дафъа, ба миқдори 5 ҳазор нусха ба забони узбекӣ нашр мешуд.

Фарқи барномаи Ҳизби Ҷавонбухороиёни Инқилобӣ аз барномаи Ҳизби Коммунистии Бухоро. Фарқи ҷиддии барномаи Ҳизби Ҷавонбухороиёни Инқилобӣ аз барномаи Ҳизби Коммунистии Бухоро он буд, ки барномаи коммунистон дар асоси барномаи Ҳизби Коммунисти (болшевикон)-и Русия тартиб ёфта буд ва аз ин рӯ, худро қисми таркибии он ҳизб ва ҷумҳурии ояндаи Бухороро қисми таркибии Ҷумҳурии Туркистон ҳисоб мекард. Аммо Ҳизби Ҷавонбухороиёни Инқилобчӣ худро ҳизби мустақил ва ҷумҳурии ояндаи Бухороро низ мустақил мешуморид. Такя ба дину шариат ба ҷавонбухороиёни инқилобӣ имкон медод, ки минбаъд мардуми зиёди аморатро ба тарафи худ кашанд, зеро ин нукта дар барномаи коммунистон ҷой надошт. Баръакс, ба ақидаи пешвоёни коммунистони Бухоро, дар аморат бо такя ба коргарон ва камбағалони шаҳру деҳот инқилоби сотсиалистӣ имконпазир будааст. Ба ақидаи пешвоёни ҷавонбухороиёни инқилобӣ, инқилоби Бухоро бояд инқилоби халқии демократӣ бошад ва дар он бояд доираи васеи мардуми Бухоро, ҳатто буржуазияи миёна ва хурд, иштирок намоянд.

Ҳамин тавр, дар арафаи сарнагун карда шудани тартиботи амирӣ дар Бухоро ду ҳизб амал мекард. Мувофиқи баъзе маълу- мот, Ҳизби Коммунистони Бухоро гӯё 5 ҳазор нафар узв ва 20 ҳазор нафар хайрхоҳ, Ҳизби Ҷавонбухороиёни Инқилобӣ – 800 нафар узв ва 10 ҳазор нафар хайрхоҳ доштаанд. Аммо дар байни ин ду ҳизб иттифоқи мустаҳкам вуҷуд надошт.

Сарчашма:

Садриддин Айнӣ дар бораи зиёд шудани аъзо ва тарафдорони коммунистони Бухоро ва ҷавонбухороиёни инқилобӣ, ки онҳоро «Кумитаи Ҷавонбухороиён» ном бурдааст, менависад: «Ба Кумитаи Ҷавонбухороиён сиёсати дохилӣ ва хориҷии амир Олимхон бисёр ёрмандӣ кард. Ҳар касе, ки ҳар қадар зулм медид, ҳамон қадар ба идораи ҳукумати Бухоро бо чашми нафрат ва ба кумита ба назари дӯстӣ нигоҳ мекард. Зулмдидаеро, ки ҳукумати Бухоро таъқиб мекард ё дастгир карданӣ мешуд, агар маҷол меёфт, ба кумита илтиҷо мебурд». (С. Айнӣ. Куллиёт. Ҷилди

10. С. 184).

С.Айнӣ дар асари дигараш оид ба муносибати байни ташкилотҳои коммунистии Бухоро ва ҷавонбухороиёни инқи- лобӣ навиштааст: «Ин ташкилотҳо дар шаҳри Бухоро ва вилоят- ҳои вай ҳам шуъбаҳои махфии худро доштанд. Аммо хоҳ дар Тошканд бошад ва хоҳ дар маҳалҳо, ҳамеша дар байни ин ду таш- килот низоъ ва ҷанҷол буд, ки ин ба пеш бурдани инқилоби Бу- хоро сакта меовард...». (Ниг.: Айнӣ С. Куллиёт. Ҷилди 1. С. 92).

Хонандагон бояд: аз тарафи муҳоҷирони бухороӣ дар қаламрави кишвари Туркистон бунёд гардидани ҳизбҳои сиёсиро дуруст шарҳ дода тавонанд.

Реклама