Сайид Ҷамолиддини Афғонӣ. (1838 –1897) маорифпарвар ва яке аз ходимони муътабари ҷамъиятии Афғонистони нимаи дуюми асри XIX ба ҳисоб меравад. Ӯ дар замони Аъзамхон вазифаи садри аъзамро ба уҳда дошт, барномаи ислоҳоти дохилиро тавассути гузориши махсус ба Шералихон тақдим карда буд.
Дар ҳақиқат, Сайид Ҷамолиддини Афғонӣ як нобиға, мутафаккири бузург ва муслиҳи ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии олами Шарқ ба ҳисоб меравад. Вай дар мамлакатҳои гуногуни Шарқу Ғарб, аз ҷумла солҳои 1887–1889 дар Русия будааст. Бар зидди фишору тазйиқи хориҷиён, пеш аз ҳама, англисҳо мубориза мебурд. Иттиҳоде, ки Ҷамолиддини Афғонӣ таб лиғ мекард, ҷанбаи динӣ дошт ва аз ин рӯ, вайро асосгузори ҷараёни иттиҳоди исломӣ (исломпарастӣ ё худ панисломизм) меҳисобиданд. Вале ақидаҳои сиёсӣ, фалсафӣ ва ахлоқии ӯ руҳи динӣ дошта бошанд ҳам, амалан, ҳадафашон бартараф кардани ақибмондагии моддӣ ва фарҳангӣ, таассуби динӣ, истибдоди феодалӣ ва зулми мустамликадорӣ буд.
Вай дар хитоба ва мақолаҳояш иттиҳоди мусалмонон, адолати иҷтимоӣ ва маърифатнокии мусулмонон, ба замони нав мутобиқ сохтани таълимоти динро ташвиқ мекард, халқро ба сарнагун кардани режими пӯсидаи истибдодӣ ва барпо намудани ҳукумати миллии машрута даъват менамуд. Бинобар ин Ҷамолиддини Афғониро пешоҳанги ислоҳот ва тағйироти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Афғонистони нимаи дуюми асри XIX ва ибтидои асри XX, аз ҷумла ислоҳоти Шералихон ҳисоб мекунанд.
Ислоҳоти Шералихон. Баъди ба охир расидани ҷангҳои хонаводагӣ Шералихон ба гузаронидани ислоҳоти иҷтимоӣ ва фарҳангӣ шуруъ намуд. Дар ин ҷода ӯ маҳз ба неруҳои миллӣ ва иҷтимоии мардумони ғайриафғон, аз ҷумла тоҷикон, такя на- мудааст. Мақсади асосии ин ислоҳот мустаҳкам кардани ҳукумати марказӣ ва хотима бахшидан ба худсариҳо ва худхоҳиҳои амал- дорон буд.
Шералихон сараввал ба тарзи таъин кардани амалдорон тағйироти ҷиддие ворид кард. Масалан, Дӯстмуҳаммадхон ба сарварии вилоятҳо ва маҳалҳо ҳатман писарони худро таъин мекард ва ба кордонии онҳо аҳаммият намедод. Аммо Шералихон ба лаёқат, садоқат ва шоистагии ҳар яке аз авлодаш, ки ба мансаб таъин мекард, диққати махсус медод. Чунончи, бо сабаби аз уҳдаи вазифа баромада натавонистанаш, писараш Иброҳимхонро аз вазифаи ҳокимии вилояти Ҳирот озод намуд, вале ӯ ба садоқати амалдорони ғайриафғон, аз ҷумла тоҷикон нисбат ба худ бовар надошт, бинобар ин, онҳоро ба мартабаҳои баланд таъин намекард. Аз ҳамин сабаб тамоми мансабҳои асосии вилояту ноҳияҳои тоҷикнишин ба паштунҳо тааллуқ дошт. Ба ҳар ҳол, бо ташаббуси Шералихон, дар таърихи нави Афғонистон аввалин бор ба маънои имрӯза як ҳайати ҳукуматие ташкил карда шуд, ки он аз шахсиятҳои нисбатан кордон, лоиқ ва сазовор таркиб ёфта буд. Ба ҳамаи онҳо аз хазина маош таъин гардид.
Ислоҳоти Шералихон дар марказ низ мушоҳида мегардид. Масалан, бо супориши ӯ иборат аз 12 нафар як Шурои давлатӣ ташкил карда шуд. Амир масъалаҳои муҳимми мамлакатдори- ро бо онҳо маслиҳат ва машварат мекард. Соли 1865 бори аввал дар Афғонистон Маҷлиси бузурги машваратӣ (Луяи Ҷирга) даъ- ват гардид, ки дар он 2 ҳазор нафар вакилони тамоми қавмҳо ва вилоятҳои мамлакат ҳамроҳ бо аҳли дарбор иштирок карданд.
Ислоҳоти ҳарбии Шералихон ҳам ҷолиби диққат аст. To замони ӯ неруҳо қавмӣ ва ғайримунтазам буда, ҳамеша боиси шиддат ёфтани ҷангҳои байнимулкӣ мешуданд. Бо ташаббуси ӯ як неруи мунтазами ҳукуматӣ ба вуҷуд оварда шуд. Афсарони калонсолро ба нафақа гусел карда, ҷавононро ба хизмати озод ва умумӣ ҷалб менамуданд. Артиши миллӣ аз се қисм: савора, пиёда ва тӯпхона иборат буд, ки дар маҷмуъ, 50 ҳазор нафарро ташкил медод. Маоши аскари пиёда 7 рупия ва аскари савора 14 рупия буд, ки ҳар моҳ нақд аз хазина пардохта мешуд.
Дар андозу хироҷ ва тарзи рӯёнидани онҳо тағйироти куллӣ ба вуҷуд оварда шуд. Масалан, сеяки андози замин чанд моҳ қабл аз расидани ҳосили замин аз деҳқонон рӯёнида мешуд, ки Шера- лихон чунин тартибро бекор кард. Акнун андоз аз замин вақте ситонида мешуд, ки ҳосил ҷамъоварӣ шуда бошад. Инчунин ба воситаи таксилдорон ва мустаҷирон ҷамъоварии хироҷи замин бекор карда шуд ва ҳар як молиядиҳанда худаш мустақиман хироҷро супорида, расидхат мегирифт. Бо сабаби зиёд гарди- дани хароҷот Шералихон андози нав – сарихонагиро ба унвони «ғазои муҳаммадӣ» (4-рупиягӣ аз сари ҳар хонае) ҷорӣ намуд. Дар натиҷаи ин даромади умумии хазинаи амирӣ ба 20 млн ру- пия расид.
Дар ҳаёти фарҳангӣ низ дигаргуниҳо ба вуҷуд омаданд. Бо кӯшиши Мирзо Абдуллохон дар Кобул аввалин чопхонаи литографӣ ташкил карда шуд. Роҳҳо ва пулҳо сохта шуда, ҳунармандӣ рушд ёфт.
Ҷанги дуюми Англияю Афғонистон (солҳои 1878 – 1880). Ҳукумати Англияро мустаҳкамшавӣ, ягонагӣ ва пешрафти Афғонистон ба ташвиш овард. Сиёсати пешгирифтаи Шералихон ба онҳо маъқул набуд. Ӯ дар қаламрави мулки худ ҷой додани агентҳои дипломатии англисро намехост, ки ин гуна мавқеъгирӣ ҳукумати Ангияро ба ғазаб меовард. Англисҳо доир ба масъалаи Афғонистон аз Русия хавфи ҷиддӣ надоштанд, зеро ҳанӯз соли 1873 мувофиқи қарордоди байни Русияю Англия дарёи Ому хатти сарҳаддии нуфузи байни онҳо қарор дода шуда буд. Яъне бо ин Русия расман эътироф кард, ки Афғонистон аз минтақаи нуфузи ӯ хориҷ аст, вале баъди он ки қӯшунҳои рус соли 1873 хонигарии Хеваро забт ва ба ишғоли даштҳои Қароқум шуруъ карданд, ин ташвиши англисҳоро зиёд намуд. Ғалабаҳои қӯшунҳои рус дар ҷанги Русияю Туркия (солҳои 1877 – 1878) онҳоро хеле бетоқат кард.
Англисҳо бим доштанд, ки Русия ба воситаи Афғонистон ба муқобили Ҳиндустон лашкар кашиданист. Чунин тарсу бими онҳоро соли 1878 ба Кобул омадани ҳайати сафорати рус бо сарварии генерал Столетов қувват бахшид. Ҳангоми гуфтушуниди байни Русияю Афғонистон маълум гардид, ки ҳукумати Шералихон дар ҷанги муқобили Англия бо Русия ҳамкорӣ кардан мехоҳад. Ҳукумати Русия дар чунин ҳолат ба Афғонистон гӯё аз ҷиҳати моддӣ ва таҷҳизоти низомӣ ҳамаҷониба мусоидат мекард. Ин гуна қарордоди байни Русияю Афғонистон барои ҳуҷуми навбатии қӯшунҳои англис баҳонаи асосӣ гардид.
20-уми ноябри соли 1878 Англия ба муқобили Афғонистон ҷанг эълон кард. Рӯзи дигар қӯшунҳои 30-ҳазорнафараи англисҳо дар самтҳои Қандаҳор, Курам ва Хайбар якбора ба ҳуҷум гузаштанд, вале дар чунин лаҳзаи мураккаб Шералихон ба ҷойи ба ҷанги муқобили англисҳо сафарбар намудани лашкари 50-ҳазорнафарааш, онҳоро ба ақибнишинӣ ва парешонӣ ҳидоят намуд. Ӯ Кобулро бо писараш Яъқубхон гузошта, 13-уми январи соли 1879 ба Мазори Шариф омад ва мехост, ки ба Петербург рафта, конгресси байналмилалӣ оид ба Афғонистонро даъват кунад, вале 21-уми феврали соли 1879 Шералихон дар Мазори Шариф вафот кард. Яъқубхон баробари шунидани хабари вафоти падараш гуфтушунид бо англисҳоро оғоз кард.
«Шартномаи Гандумак» ва идомаи ҷанг. 26-уми майи соли 1879 дар мавзеи Гандумак байни Афғонистон ва Англия шартномае ба имзо расид, ки барои Афғонистон шартномаи хеле нангин ва вазнин ба ҳисоб мерафт. Дар асоси он равобити хориҷии Афғонистон ба ихтиёри ҳукумати Англия гузашт, дар Кобул намояндаи англисҳо бо дастаи низомии муҳофиз муқим гардид. Яъне дар асоси ин шартнома Афғонистон аз истиқлоли сиёсӣ ва ҳамкорӣ бо мамлакатҳои дуру наздик маҳрум гашта, ба замимаи Ҳиндустон табдил ёфт. Баъди имзои «Шартномаи Гандумак» намояндагии сиёсӣ ва низомии англисҳо дар Кобул таҳти сарпарастии майор А.Каваняри, ки ба ҳайси вазири мухтор шинохта шуда буд, ҳуқуқи васеъ дошт, ки ба корҳои дохилии Афғонистон ҳам худсарона мудохила намояд.
Носозгориҳои рӯзгор, баланд рафтани нархҳо, рафтору кир- дори англисҳо, бесалоҳиятии амир Яъқубхон ва ғайра 3-юми сентябри соли 1879 сабаби шӯриши умумихалқии мардуми Ко- бул гардид. Шӯришгарон пайдарпай ба маҳалли зисти англисҳо – Болоҳисори Кобул ҳамла мекарданд. Аз англисҳо низомиёни бисёре кушта шуданд.
Ҳукуматдорони англис бо шунидани воқеаҳои фоҷиавии Кобул фавран ба хоки Афғонистон лашкари зиёд равон кар- данд. Англисҳо баробари ба Кобул расидан бо мақсади ни- шон додани қудрат ва тавоноии худ дар шаҳр намоиши расмии қӯшунҳояшонро ташкил намуданд. Ба чунин ҳол Яъқубхон тоқат накарда, ба истеъфо рафт ва декабри соли 1879 ба Ҳиндустон фи- ристода шуд. Баъди он генерали англис Ф. Робертс худро ҳокими мутлақи Афғонистон ҳисоб мекард.
Ҳамаи ин воқеаҳо мардуми Афғонистонро хеле ба ғазаб овард. 2-юми декабри соли 1879 бар зидди истилогарони англис ҷиҳоди умумӣ эълон карда шуд. Дар натиҷа аз чаҳор тараф дастаҳои фидоиён якбора ба Кобул ҳуҷум карда, 14-уми декабри соли 1879 қувваҳои низомии англисҳоро аз Кобул хориҷ карданд.
Сарчашма:
Гуфтори як сиёсатмадори англис доир ба ҷанговарони Афғонистон: «Мо, англисҳо, на танҳо як бор, балки чандин бор бо таҳаммули хисоратҳои сангини ҷонӣ ва молӣ, ки бар мо ворид омадааст, дарсҳои муҳимме дар мавриди Афғонистон ёд гириф- таем, мо аз неруи муқовамати нажоди Афғонистон огоҳ шудем, ин миллати рашид ва ҷанговар дар даштҳои хавфнок ва кӯҳҳои душворгузари ватани аҷдодии худашон нишон доданд, ки бо чӣ фидокорӣ ҷангиданд ва аз он дифоъ карданд. Афғонҳо, ки дар солҳои 1842 ва 1880 бо мо ҷангида буданд, таълимоти низомӣ ва аслиҳаи кофӣ надоштанд, бо ин ҳол мардона муқовимат кар- данд ва қасдашон дар ин ҷангҳо ин буд, ки аз ҳуҷуми кофирон ҷилавгарӣ кунанд ва мардона ҷилавгарӣ карданд». (Ниг.: Назаров Ҳ. Мақоми тоҷикон дар таърихи Афғонистон. - С. 226).
Санаҳои муҳим:
1838 – 1897 – солҳои зиндагии Сайид Ҷамолиддини Афғонӣ.
1865 – бори аввал дар Афғонистон Маҷлиси бузурги машваратӣ (Луяи Ҷирга) даъват гардид.
1878 – 1880 – ҷанги дуюми ватанӣ дар Афғонистон.
1879, 26-уми май – имзои «Шартномаи Гандумак».
Савол ва супоришҳо:
1) Сайид Ҷамолиддини Афғонӣ кӣ буд ва таълимоти ӯ аз чӣ иборат аст?
2) Ислоҳоти Шералихон кадом ҷабҳаҳоро дар бар мегирифт?
3) Усули идоракунии Шералихон чӣ тавр буд ва он аз усули идоракунии Дӯстмуҳаммадхон бо чӣ фарқ мекард?
4) Дар бораи ҷанги дуюми ватании Афғонистон чӣ медонед?
5) «Шартномаи Гандумак» чӣ гуна шартнома буд?
6) § 39-ро такрор кунед.
7) Ба расмҳо аҳаммият дода, маводди сарчашмаро таҳлил намоед.
Хонандагон бояд: кӯшишҳо баҳри пойдор намудани ягонагии Афғонистонро дуруст шарҳ дода тавонанд.
Реклама