§ 24. ҶУНБИШҲОИ МАРДУМӢ ДАР СОЛҲОИ 70 – 80-УМИ АСРИ XIX.

Ҷунбишҳои мардумӣ дар кишвари Туркистон. Ба тасарруфи Русия гузаштани Осиёи Марказӣ аҳволи мардумро чандон беҳ на- кард. Рушди муносибатҳои молию пулӣ як қисми деҳқонон, коси- бон ва ҳунармандонро хонахароб намуд. Худсариҳои амалдоро- ни маҳаллӣ ҳадду канор надошт. Истеҳсолкунандагон маҳсулоти зиёд ба даст оранд ҳам, он бо роҳҳои гуногун: ба воситаи андозҳо, баргардонидани қарз насиби ҳаннотон мегардид. Бинобар ин халқи мазлуми заҳматкаш ба душвориҳои давр тоб оварда натавониста, ба мубориза бармехост.

Баъди дар сарзамини Осиёи Марказӣ, махсусан, кишвари Туркистон, ҷорӣ гардидани ҳукуматдории бевоситаи Русияи подшоҳӣ, соли 1872 дар соҳили Қарасуи уезди Тошканд ва дар Хуҷанд, соли 1873 дар Пошӣ ном деҳаи Ӯротеппа ва дигар ҷойҳо ҷунбишу шӯришҳои халқӣ ба вуқуъ омаданд.

Аз ҷумла ҷунбиши мардумии соли 1880-и Хуҷанду Ӯротеппа ба тарзи зайл ба амал омадааст. Аввали моҳи ноябри ҳамон сол сарвари уезди Хуҷанд А.Путинсев фармон дод, ки аз ҳар раияти ноҳияҳои Хуҷанду Ӯротеппа иловагӣ андози земствогӣ рӯёнанд, агарчанде мардуми ин ноҳияҳо тамоми андозҳои пештар муайяншударо аллакай адо карда буданд. Мардум, ки дигар имкони иҷро намудани андози навро надошт, муқобили фармони нав баромада, онро ғайриқонунӣ ҳисобида, бо шикоят ба сӯйи идораи Путинсев равон шуданд. Вале сарвари уезд ба эътирози мардум аҳаммият надод ва баръакс, ба политсия фармуд, ки сарварони ҳаракат Раҳмонқулхоҷа, Миркомилбой ва дигаронро ҳабс намоянд. Дар ҳамон лаҳза ба ҳимояи мардуми Хуҷанду Ӯротеппа ҳисобчии хазинаи дар шаҳри Хуҷанд доштаи ҳукумати подшоҳӣ Воробёв баромада, андози навро ғайриқонунӣ ва худи Петинсевро «ғораткунандаи мардум» ҳисобид. Вале чорабиниҳои сарвари уезд, ки ба генерал-губернатори Туркистон маъқул буд, бинобар ин Воробёвро барои шаккокиаш ба ҳабси муваққатии ҳарбӣ шинонидаанд.

Ҳайати оилаи камбизоати водии Фарғона (охири асри XIX ва аввали асри XX)

Бояд ба инобат гирифт, ки аллакай дар солҳои 80-уми асри ХIХ дар кишвари Туркистон аввалин тазоҳуроти коргарон ба амал омадааст. Ин тазоҳуроти соли 1885 дар кони ангишти Заврон-Киштути волости Панҷакент (тобеи уезди Самарқанд) мебошад, ки дар он тақрибан 80 нафар коргар кор мекарданд. Соҳиби кон полковники баистеъфобаромадаи қӯшунҳои подшоҳӣ Заленский ба ҳисоб мерафт. Коргарон аз шароити вазнини кор норозӣ буда, аз хӯҷаини кон зиёд намудани маоши худро талаб карданд, вале роҳбарияти кон аз иҷрои талаби коргарон саркашӣ намуд. Пас коргарони бақаҳромада мудири кон ва ду нафар назоратчиёни конро зада, худ барои шикоят ба Панҷакент рафтаад. Аммо ҳукуматдорони маҳаллии волостӣ ба муқобили онҳо қувваро истифода бурда, се нафар фаъолонашонро ҳабс ва як қисми дигарро аз кор озод намуданд. Он вақт ягон талаби коргарон қонеъ нагардид. Тазоҳуроти коргарӣ бошад, дар шароити Осиёи Миёна, махсусан кишвари Туркистон, чун худи Русия, амри воқеӣ гардида, зуд-зуд дар нуқтаҳои гуногун ба амал меомаданд.

Ҷунбишҳои мардумӣ дар Аморати Бухоро. Аҳволи халқи заҳматкаш дар Аморати Бухоро боз ҳам вазнинтар ва худсарии ҳукуматдорони маҳаллӣ зиёдтар буд. Маҳз чунин ҳолат соли 1871 боиси шӯришҳои халқӣ дар бекигариҳои Қаршӣ ва Ғузор гардид.

Чунонки дар боби аввал ишора рафт, Бухорои Шарқӣ асосан солҳои 70-уми асри ХIХ ба зери итоати ҳукумати амирӣ кашида шуд, вале дар ин гӯша аллакай солҳои 80-ум вазъият хеле ноором гардида буд. Зеро дар ин қисми аморат зиндагии мардум боз ҳам тоқатфарсотар ва худсарии ҳокимони маҳаллӣ боз ҳам зиёдтар ба ҳисоб мерафт. Бо ибораи академик Б. Ғафуров: «Ҳукумати амирӣ аслан Бухорои Шарқиро чун мустамликаи худ қарор дода, дар ин ҷо назар ба қисми ғарбии аморат тартиботи сахттаре ҷорӣ намуд». Амир ба сипоҳиёни дарбории худ, ки дар ин гӯша «хизмат» мекарданд, ба ивази маош чун танҳо ситонидани андози як ё худ якчанд деҳаҳоро бахшида буд. Дар натиҷа деҳқонони ин гуна деҳаҳо «амалан дар ҳолати крепостноӣ» буданд.

Ҳукумати амирии Бухоро барои пешгирӣ ва ё худ пахш намудани ҳар гуна хуруҷҳои халқӣ дар Ҳисор ва Ғарм сарбозони эътимодбахше дошт. Чӣ тавре таъкид шуд, аз сабаби аз маркази аморат хеле дар канор будани ин гӯша, ба яке аз ҳокимони он ҳуқуқи васеъ дода шуда буд. Сараввал соҳиби чунин ҳуқуқи васеъ ҳокими Ҳисор Яъқуббек-қӯшбегӣ ба ҳисоб мерафт. Баъди ӯ ҳокими Ҳисор Салим-дастархончӣ гардид, вале ӯ ҳуқуқи васеъро бо зудӣ аз даст дод. Сабаби чунин тағйирот воқеоти зерин гардидааст: Вақте Салим-дастархончӣ ҳокими Ҳисор гардидааст (тахминан соли 1878), аз ҳуқуқи васеи худ истифода бурда, духтари соҳибҷамолеро, ки Яъқуббек барои амир Музаффархон тахмин карда буд, ба ҳарами худ даровард. Амир ба чунин «гуноҳи азим» Салим-дастархончиро ба Бухоро даъват карда, инчунин, шикоятҳои гуногунро низ ба эътибор гирифта, аввал ба тахтапушташ бо дурра занонд ва баъд ҳукм кард, ки дар корхонаи хишт чун коргари одӣ кор кунад. Сипас мансаби ҳокимии Ҳисор насиби авлодони наздиктарини амир гардид: беки навбатии Ҳисор писари амир Музаффархон – Саид Абдумуъмин гардид, вале амир аз сабаби он ки баногоҳ писараш ташаббускори суиқасди муқобили амир нагардад, ба писараш ҳуқуқи васеъ (чун барои Яъқуббек-қӯшбегӣ) надод. Дар ихтиёри вай фақат мулкҳои Ҳисору Қаратоғ буду халос, вале дар Ҳисор чун пештара амир як ҳисса сарбозонро нигоҳ медошт.

Баъди Яъқуббек дар идоракунии Бухорои Шарқӣ нуфузи ҳокими Қаротегин Худойназар афзуд. Ба вай супорида шуда буд, ки Ғармро ба маркази қароргоҳи худ табдил дода, барои мустаҳкамии ҳокимияти амирӣ дар ин гӯша тамоми чораҳои заруриро бинад. Худойназар низ чун ҳоким – намояндаи амир, аз Ғарм истода, аз баҳори соли 1878 то соли 1886 идоракунии Бухорои Шарқиро ба уҳда дошт. Бо ташаббуси ӯ, барои осон гардидани идоракунии бекигариҳои Бухорои Шарқӣ, онҳо боз ба амлокдориҳо тақсим карда шуданд. Баҳори соли 1886 беки нави Ҳисор Останақул қӯшбегиро таъин намуданд. Дар замони ӯ ҳуқуқи волигии амир дар Бухорои Шарқӣ боз насиби беки Ҳисор, яъне Останақул қӯшбегӣ, гардид.

Худсарию бедодгариҳои ҳукуматдорони амирӣ, ки дар Бухорои Шарқӣ «адои вазифа» доштанд инчунин, зиндагии тоқатфарсои мардуми ин диёр солҳои 1885 – 1886 сабабгори мавҷи ҳаракатҳои халқӣ дар Муъминобод, Кӯлоб, Балҷувон, Ҳисор ва Деҳнав, соли 1887 дар дараи Ромит гардидаанд. Аз байни ин шӯришҳои номбурда шӯриши соли 1885, ки дар ҳудуди Муъминободи бекигарии Кӯлоб ба вуқуъ омадааст, боиси ташвиши сахти ҳукуматдорони амирӣ гардид. Баҳонаи ин шӯриш хеле афзудани иштиҳои амалдорони ҳоким дар ситонидани андоз аз ҳосили соли 1885 буд. Чунонки маълум мешавад, онҳо дар натиҷаи камҳосилию беҳосилии солҳои гузашта (бо сабаби хушксолиҳо ва ҳуҷуми малахҳо), аз деҳқонон андозро ба миқдори дилхоҳ ситонида натавонистаанд. Инак, соли 1885 ҳосил нисбатан фаровон гардид. Амалдорони ҳоким чунин вазъиятро ба фоидаи худ истифода бурдани шуда, аз деҳқонон қарзҳои солҳои пешина, яъне андозҳои солҳои беҳосилию камҳосилии гузаштаро низ талабиданд. Чунин кирдори худсаронаи амалдорони маҳаллӣ аз як тараф, сабабгори аз тарафи мардуми мазлум барои шикоят ба назди амир фиристодани ҳайати вакилон гардида бошад, аз тарафи дигар, баҳонаи сар задани шӯриш шуд, ки он бо зудӣ сарзамини Муъминободро фаро гирифт. Иштирокчиёни фаъол ва роҳбарони ин шӯриш Мулло Мирзо, Мулло Барот, Мулло Давлат, Мулло Назрӣ, Одинамуҳаммад ва дигарон ба ҳисоб мерафтанд. Шӯриш агарчанде пахш карда шуд, вале амири Бухоро махсусан аз ин ҷунбиш сахт ба ташвиш афтода, маҷбур шуд, ки ҳокими Кӯлоб Назарбойро аз вазифааш озод кунад.

Маълумоти дар боло овардашуда аз он гувоҳӣ медиҳад, ки чи дар кишвари Туркистон ва чи дар Аморати Бухоро, мардуми меҳнаткаш зиндагии вазнинро аз сар мегузаронидаанд, аммо бо сабаби худсарии ҳокимони маҳаллӣ вазъияти мардум дар Аморати Бухоро, махсусан дар Бухорои Шарқӣ боз ҳам вазнинтар буд. Бо ҳамин сабаб дар ин гӯшаи дурдаст ҳаракатҳои мардумӣ тез-тез ба амал меомаданд.

Сарчашма:

Садриддин Айнӣ ба даромад ва масрафи ҳукумати Бухоро дахл намуда, чунин далелҳои аҷибро пешниҳод мекунад:

«Ба ҳисобҳои тахминӣ соли 1913 даромади ҳукумати Бухоро 30 миллион рубл буд. Ин маблағ фақат ҳисоби маблағе буд, ки ба хазинаи амир медаромад, пулҳое, ки маъмурон ва одамони онҳо аз халқ мегирифтанд, ба ин намедарояд.

Масрафҳои асосии ҳукумати Бухоро маблағҳое буд, ки ба сарбоз ва элнавкарҳо пардохта мешуд. Пеш аз инкилоби соли 1917 сарбози амир шаш ҳазор нафар буда, моҳона ва дигар хароҷоти онҳо як миллион рубл тахмин мешуд. Элнавкарҳо ҳазор нафар буда, хароҷоташон тахминан сад ҳазор рубл буд. Хилъат ва маблағҳое ҳам, ки ба саркардагони ба нафақа баромада ва муллоҳо дода мешуд, тахмин соле як миллион рубл буд.

Ба ҳамин ҳисоб хароҷоти умумии амир солона ду миллиону дусад ҳазор рубл буда, харочоти дигар, зебу ороиши дарбор ва разолатҳое аз қабили ишратҳои шабонаи махсус буданд.

Ба маъмурони идораҳои мулкӣ, ба хидматгорони дарбор, ба қозӣ, раис ва бекҳо ва ба одамони онҳо ҳеҷ маоше дода нашуда, тамоми маишати онҳо ба таври ғайримаҳдуд ба гардани фуқаро бор мешуд. Аммо барои соҳиби аслии мамлакат – халқ, ки хазинаи ҳукуматро пур ва шиками тамоми маъмуронро сер мекард, як пул ҳам сарф намешуд.

Ба корҳое, аз қабили маорифи халк, нигаҳдории тандурустӣ, таъмири роҳҳои умумӣ, тақсими об, дастгирии камбағалон ва ёрӣ ба деҳқонон пул сарф кардан он сӯ истад, ҳатто номи ин қабил масъалаҳо ҳам дар миён набуд.

Хулоса, аз 30 миллион рубле, ки ҳар сол ҷамъ мешуд, як қисмаш фақат ба айшу ишрати амир сарф шуда, дигараш барои муҳофизати тахти амирӣ аз шӯришу исёнҳои эхтимолии мардум захира мешуд.

Дар ҳукумати Бухоро, чун ҳеҷ як идораи мунтазаме набуд, дафтари мадохил ва махориҷи мунтазаме низ вучуд надошт. Бинобар ин тамоми рақамҳои дар боло нишон додашуда тахминӣ ва қиёсӣ мебошанд». (С. Айнӣ. Таърихи инқилоби Бухоро).

Хонандагон бояд: сабабу оқибатҳои ҷунбишҳои мардумии Осиёи Марказиро дар замони мустамликавӣ дуруст шарҳ дода тавонанд.

Реклама