Шурои Исломия ва Шурои Уламо. Дар шароити кишвари Туркистон яке аз ташкилотҳои сернуфуз Шурои Исломия ба шумор мерафт. Он 9-уми марти соли 1917 дар шаҳри Тошканд ташкил ёфт. Яке аз ташкилкунандагони он Мунавварқорӣ Абдуррашидов буд, ки дар марҳалаи аввал ба фаъолияти ин ташкилот сарварӣ намудааст. Дар таъсиси ин Шуро инчунин Мустафо Чоқаев (хатмкардаи шуъбаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Петроград) ва Абдулвоҳидқорӣ; намояндагони буржуазияи миллӣ: Миркомил Муъминбоев ва Аҳмадбек Темирбеков ҳисса гузоштаанд. Худи ҳамон моҳ шуъбаҳои он қариб дар тамоми шаҳрҳои кишвари Туркистон ва ҳатто маҳаллаҳои руснишини аморати Бухоро ташкил шуданд. Ба Шурои Исломия намояндагони зиёиёни миллӣ, аз ҷумла ҷадидон, буржуазияи ба тозагӣ ташаккулёбандаи миллӣ, руҳониён, заминдорони калон (феодалон), коргарон, косибон, ҳунармандон ва деҳқонони маҳаллӣ дохил мешуданд.
Шурои Исломия дар ҳайати Русия аз ҷиҳати миллӣ ва динӣ мухтор будани кишвари Туркистонро мехост. Нисбат ба замин тарафдори нигоҳ доштани моликияти хусусӣ буд. Он муқобили ҷудоии синфӣ буда, хостори муттаҳидии тамоми мусалмонон, аз ҷумла, мусалмонони кишвари Туркистон, яъне дар мавқеи исломгароӣ буд. Дар масъалаи миллӣ аксари сарварони он мавқеи туркпарастиро ишғол мекарданд.
16 – 23-юми апрели соли 1917 дар Тошканд анҷумани аввалини Шурои Исломия барпо гардид. Дар он намояндагони 42 шуъбаи Шуро иштирок доштанд. Анҷуман қарор кард, ки кишвари Туркистон бояд аз ҷиҳати сиёсию фарҳангӣ кишвари мухтор ва мустақил бошад. Анҷуман Ҳукумати муваққатии Русияро эътироф намуда, сиёсати онро нисбати кишвари Туркистон маъқул шуморид. Дар анҷуман Шурои кишварии мусалмонони Туркистон дар ҳайати М. Абдуррашидов, М.Чоқаев, М.Беҳбудӣ ва дигарон интихоб шуд. Аммо дар ҳайати сарварони Шурои Исломия якдилӣ вуҷуд надошт. Муборизаи гурӯҳҳо барои ба даст овардани сарварии Шуро мушоҳида мешуд. Махсусан, намояндагони руҳониён аз фаъолияти он чандон қаноатманд набуданд, зеро онҳо мехостанд, ки Шуро танҳо дар асоси талабҳои Қуръон ва шариат амал кунад. Инчунин тамоми фаъолияти Шуроро дар зери назорати худ гирифтанӣ буданд, то ин ки он аз рӯйи нақшаи онҳо амал кунад. Аксари аъзои Шурои Исломия Қуръон ва шариатро муқаддас донанд ҳам, кори шуроро мувофиқи талаботи замон пеш бурданӣ буданд. Дар натиҷа намояндагони руҳониён аз амалӣ гардидани мақсадҳои худ ноумед шуда, моҳи июни ҳамон сол аз ҳайати Шурои Исломия баромаданд ва ташкилоти мустақили худро бо номи Шурои Уламо бунёд карданд.
Ба Шурои Уламо намояндагони руҳониён, заминдорони ка- лон, қисман зиёиён, умуман онҳое, ки мақоми динро дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ баланд бардошта, асосҳои шариатро пурра ҷорӣ карданӣ буданд, дохил гардиданд. 17–20-уми сентябри соли 1917 онҳо низ дар шаҳри Тошканд анҷуман даъват карданд. Дар он қарор карда шуд, ки шуъбаҳои Шуроро дар ҳамаи шаҳрҳои кишвари Туркистон бунёд намоянд.
Шурои Исломия ва Шурои Уламо доир ба тақдири минбаъдаи кишвари Туркистон асосан ҳамфикр буданд, яъне онҳо мухторияти фарҳангию сиёсии кишварро тарафдорӣ мекарданд. Ба ин Анҷумани III мусалмонони кишвари Туркистон, ки бо ташаббуси шуроҳои номбурда моҳи сентябри соли 1917 дар Тошканд ҷамъ омад, гувоҳӣ медиҳад.
Фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ. Ғалабаи Инқилоби феврал дар ав- вал ба фаъолияти ҳизбҳои Русия такони ҷиддӣ дод. Махсусан, он ҳизбҳое, ки тарафдори сарнагун карда шудани мутлақият буданд (аз ҷумла, болшевикон, меншевикон, эсерон, сотсиалистони халқӣ ва трудовикҳо), аз натиҷаи инқилоб, асосан, қаноатманд буданд. Акнун онҳо фаъолияти худро ба шароити нав мутобиқ менаму- данд. Масалан, болшевикон дар Русия аз фаъолияти пинҳонкорӣ баромада, бо сарварии асосгузори ҳизби худ В.И.Ленин барои ба таври осоишта ба инқилоби сотсиалистӣ табдил додани инқилоби буржуазию демократӣ тайёрӣ медиданд. Дар шароити кишвари Туркистон дар арафа ва рӯзҳои Инқилоби феврал болшевикон ва меншевикон дар доираи ташкилоти ягонаи сотсиал-демократӣ пинҳонӣ амал мекарданд. Назар ба марказ ҷудоии байни болше- викон ва меншевикон дар шароити кишвар ба зудӣ ба амал нао- мад. Ғайр аз ин болшевикон ва меншевикони кишвар мақсади ҷудогона амал карданро ҳам надоштанд. Махсусан, меншевико- ни кишвар, ки нисбат ба болшевикон сершумор буданд, мақсади ягона нигоҳ доштани ташкилоти сотсиал-демократиро доштанд.
21–27-уми июни соли 1917 дар шаҳри Тошканд Анҷумани II кишварии Ҳизби Сотсиал-Демократӣ барпо гардид. Дар он аз 31 намоянда 11 нафар ва аз 22 ташкилот 12-тоаш – ба болшевикон, боқӣ ба меншевикон тааллуқ доштанд. Дар анҷуман масъалаи «Дар бораи ягонагии ҳизбӣ» ба тарзи васеъ баррасӣ гардид. Ин аз он далолат мекунад, ки болшевикони Туркистон ҳанӯз дастури марказ «Ба муттаҳидӣ хотима гузоред!»-ро нагирифта буданд, зеро мувофиқи он болшевикон бояд аз ҳар гуна созиш бо меншевикон худдорӣ мекарданд. Дар ин анҷуман ягон нафар болшевик масъалаи ҷудоӣ аз меншевиконро ба миён нагузошт, баръакс, мувофиқи қарори анҷуман, муттаҳидии тамоми қувваҳо ва равияҳо зарур шуморида мешуд. Инчунин таъкид карда мешуд, ки ҷудоӣ, фраксиябозӣ боиси ҳалокати ҳаракати сотсиалдемократии Русия мегардад. Ба андешаи онҳо, гуногунии ақида аҳаммият дошта бошад ҳам, он набояд сабаби азҳампошии ташкилот гардад.
Аввали моҳи июли соли 1917 дар Петроград Ҳукумати Муваққатӣ намоиши коргаронро тирборон кард ва бо ин давраи дуҳокимиятӣ дар Русия ба охир расид. Баъд аз ин ҷудоии бай- ни болшевикон ва меншевикон боз ҳам зиёдтар шуд. Як қисми меншевикҳо мавқеи ростро ишғол карда, ба ҳизбҳои буржуазӣ наздик шуданд ва муқобили болшевикон буданд. Қисми дигари меншевикон мавқеи чапро ишғол намуда (онҳоро меншевикони интернатсионалист ҳам мегӯянд), ба болшевикон нисбатан наз- дик шуданд.
Ҳизби эсерҳо дар кишвари Туркистон баъди сотсиал- демократҳо аз ҳизбҳои бонуфузтарини марказӣ ба ҳисоб мерафт. Он солҳои 1907–1910 ба парокандагӣ дучор шуда, баъди Инқи- лоби феврали соли 1917 фаъолияти худро, аз ҷумла, дар кишвари Туркистон аз нав оғоз намуд ва то моҳҳои июл-август бо болше- викон якҷо амал мекард. Дар шароити кишвари Туркистон эсерҳо дар шуроҳо аксариятро ташкил медоданд. Моҳи майи соли 1917 дар шаҳри Тошканд анҷумани эсерҳои кишвар баргузор шуд.
Эсерҳо ба қанотҳои чап ва рост тақсим шуда буданд. Дар бис- ёр шаҳрҳои кишвар: Самарқанд, Хӯқанд, Бухорои Нав, Хуҷанд нуфузи эсерони чап назаррастар буд. Онҳо сиёсати нисбат ба деҳқонон номаълуми Ҳукумати Муваққатиро зери танқид мегирифтанд, созиши ин ҳукуматро бо заминдорон ва буржуази- яи калон сарзаниш мекарданд. Чунин мавқеъ эсерони чапро бо сотсиал-демократҳо наздик менамуд. Эсерҳои рост, баръакс, сиё- сати Ҳукумати Муваққатии буржуазиро аз ҳар ҷиҳат тарафдорӣ мекарданд.
Сарчашма:
Яке аз фаъолони ҳаракати ҷадидӣ Абдуррауф Фитрат дар хитобааш ба мардуми кишвари Туркистон гуфтааст: «Мусул- монони Туркистон! Биёед, аз барои Пайғамбар, аз барои дин, аз барои илм муттаҳид шавем: ба низои байнихудӣ ва тафриқаи синфӣ чашм пӯшем, худро бо риштаҳои дӯстию иттиҳод барбан- дем, ки нахустпанди ислом аст, биёед, даст ба ҳамдигар диҳем».
(Рӯзномаи «Ҳуррият», 1917, 25-уми июн).
Санаҳои муҳим:
1917, 9-уми март – ташкилёбии Шурои Исломия.
1917, 16 – 23-юми апрел – Анҷумани 1-уми Шурои Исломия.
1917, май – Анҷумани Ҳизби эсерҳои кишвари Туркистон.
1917, 21 – 27-уми июн – Анҷумани II кишварии Туркистонии Ҳизби Сотсиал-Демократ.
Савол ва супоришҳо:
1) Шурои исломия кай ташкил ёфт ва ташкилкунандагони он киҳо буданд?
2) Ба Шурои Исломия кадом табақаҳои аҳолӣ дохил мешуданд?
3) Мақсади Шурои Исломия аз чӣ иборат буд?
4) Тарафдорони Шурои Уламо чӣ мехостанд ва чаро онҳо аз Шурои Исломия ҷудо шуда, ташкилоти алоҳида бунёд карданд?
5) Муносибати ҳизбҳои сиёсии Русия нисбати ғалабаи инқилоби буржуазию демократии феврал чӣ тавр буд?
6) Дар шароити кишвари Туркистон фаъолияти ҳизбҳо, аз ҷумла сотсиал-демократҳо, дар арафа ва баъди (Инқилоби феврали соли 1917)-и Русия чӣ тавр буд?
7) §§ 27 ва 46-ро такрор кунед.
8) Маводди сарчашмаро таҳлил намоед.
Хонандагон бояд: ҳаракати ҷамъиятию сиёсӣ кишвари Туркистонро баъди барҳам додани ҳукумати подшоҳии Русия дуруст шарҳ дода тавонанд.
Реклама