§ 6. ТАЪСИСИ ГЕНЕРАЛ - ГУБЕРНАТОРИИ ТУРКИСТОН

Ташкили генерал-губернатории Туркистон. Аввали соли 1865 аз ҳисоби заминҳои аз хонигарии Хӯқанд ишғолкардаи лашкари рус вилояти Туркистон дар ҳайати Генерал-губернатории Оренбург ташкил ёфт. Сарвари ин вилояти навбунёд генерал М. Черняев таъин гардид.

Соли 1867 ҳукуматдорони подшоҳӣ натиҷаи амалиёти ҷангии худро дар сарзамини Осиёи Марказӣ гӯё ҷамъбаст намуданд. Бо марказ дар Тошканд Генерал-губернатории Туркистонро ташкил доданд, ки он заминҳои аз соли 1847 то он лаҳза аз мулкҳои хонигарии Хӯқанд ва Аморати Бухоро забтнамудаи қӯшунҳои русро дар бар мегирифт. Дар ибтидо генерал-губернаторӣ аз ду вилоят: Сирдарё (марказаш Тошканд) ва Ҳафтрӯд (марказаш Верний) иборат буд. Мувофиқи ин тақсимот, мулкҳои Хуҷанд, Нов, Ӯротеппа, Ҷиззах ва ғайра ба ҳайати вилояти Сирдарё дохил шуданд. Соли 1875 тақсимоти нави маъмурии кишвари Туркистон анҷом дода шуд, ки мувофиқи он уезди Хуҷанд (ба он Нов ва Ӯротеппа низ дохил мешуданд) ба ҳайати вилояти Самарқанд дохил гардид. Қаламрави генерал-губернаторӣ ва микдори вилоятҳои он минбаъд аз ҳисоби мулкҳои тозаишғоли қӯшунҳои рус меафзуд. Баробари бунёди генерал-губернаторӣ округи ҳарбии Туркистон низ ташкил ёфт.

Константин фон Кауфман – аввалин генерал-губернатори Туркистон. 14-уми июли соли 1867 аввалин генерал-губернатори Туркистон генерал-адъютант барон фон К. Кауфман таъин гардид. Подшоҳи Русия Александри II дар асоси «Ярлиқи заррин»-и худ ба Кауфман ҳуқуқи васеъ дода буд, ки мувофиқи он, ӯ бо давлатҳои ҳамсоя масъалаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, сарҳаддӣ, ташкили сафоратҳо, имзои шартномаҳо ва ғайраро мустақилона ҳал менамуд. Кауфман дар асоси он санад минбаъд ваколат дошт, ки ба давлатҳои ҳамсоя, аз ҷумла, Аморати Бухоро, хонигариҳои Хеваю Хӯқанд мустақилона ҷанг эълон кунад ва ё бо онҳо сулҳ имзо намояд. Ӯ маҳз тавассути чунин ҳуқуқи номаҳдудаш дар байни халқ ҳамчун «нимподшоҳ» ном баровард.

К. Кауфман

Кауфман эҳсос намуд, ки хони Хӯқанд – Худоёрхон дигар қудрати ҷанг кардан надорад, аммо амири Бухоро – Музаффархон ҳанӯз тавоност. Ӯ комилан бовар дошт, ки Бухорою Хӯқанд дигар муташаккилона ба муқобили лашкари рус баромада наметавонанд, зеро баробари ба ихтиёри Русия гузаштани Хуҷанду Ӯротеппа ва Ҷиззах амиру хон аз робитаи байниҳамдигарӣ маҳрум гардиданд. Бинобар ин Кауфман соли 1868 бо Худоёрхон шартномаи барои Русия мувофиқеро имзо кард. Мувофиқи он, ҳуқуқи мустақилии хон аз даст рафт. Акнун савдогарони рус ҳуқуқи дар сарзамини хонӣ озодона амал карданро ба даст оварданд. Яъне мувофиқи ин шартнома хонигарии Хӯқанд тобеи Русия гардид. Ҳамин тавр, дар сарзамине, ки аз тарафи лашкари Русияи подшоҳӣ забт гардида буд, генерал-губернатории Туркистон ташкил ёфт. Ҳарчанд вилоятҳои он номҳои таърихии худро соҳиб шуданд, яъне Сирдарё, Ҳафтрӯд, минбаъд Самарқанд, Фарғона ва ҳатто Моварои Хазар, вале «Туркистон» ном гирифтани ин кишвари бузург ҳақиқати ҳолро ифода намекард. Аввалан, мулкҳое, ки ба ҳайати генерал-губернаторӣ дохил гардиданд, ғайр аз як ҳиссаи сарзамини вилояти Ҳафтрӯд, боқӣ ба Туркистони таърихӣ ҳеҷ алоқа надоштанд. Сониян, дар ҳудуде, ки соли 1867 генералгубернатории Туркистон ташкил ёфт, мардуми туркнажод нисбат ба мардуми эронинажод аз ҷиҳати шумора бартарии зиёд надоштанд.

Идораи генерал-губернаторӣ. Маъмурияти кишвари Туркистон аз ҷиҳати идоракунӣ ба мисли дигар губернияҳои Русия на ин ки ба вазорати корҳои дохилӣ, балки ба вазорати ҳарбии он итоат мекард. Аз ҷиҳати маъмурӣ генерал-губернатории Туркистон ба вилоятҳо, вилоятҳо ба уездҳо, уездҳо ба волостҳо тақсим мешуданд. Генерал-губернатор дар ихтиёри худ идоракунии маъмурӣ ва ҳарбиро дошт. Дар назди ӯ муовин ва шурои махсус аз амалдорони ҳарбӣ ва мулкии кишвар вуҷуд доштанд. Органи иҷроия канселярияи ӯ ба ҳисоб мерафт, ки он аз се шуъба иборат буд: шуъбаи аввал бо масъалаҳои маъмурӣ ва ҳайати шахсии маъмурияти кишвар; шуъбаи дуюм бо масъалаҳои замину андоз, сохтмон, алоқа ва масъалаҳои молия, воридоту содирот, назорат ба моликияти вақфӣ, назорат ба хориҷиёни дар кишварбуда машғул буданд; шуъбаи сеюм шуъбаи махсуси дар назди канселярия буда, бахши дипломатӣ ба ҳисоб мерафт, ки он аз соли 1899 амалдори дипломатии намояндаи вазорати корҳои хориҷӣ шуморида мешуд ва ба воситаи он сиёсати мустамликадории ҳукумати подшоҳӣ бар Аморати Бухорою хонигарии Хева низ амалӣ мегардид.

Дар вилоятҳо губернаторҳои ҳарбӣ ва дар уездҳо сарваро- ни уездҳо роҳбарӣ мекарданд. Ҳамаи онҳо шахси ҳарбӣ ва якҷоя маъмурияти ҳарбии кишварро ташкил мекарданд. Бояд зикр кард, ки қисме аз онҳо дар қатори рутбаи ҳарбӣ доштан, аз таъри- ху фарҳанги кишвар хабардор буданд, забонҳои маҳаллиро медонистанд, баъзеашон шарқшиносони номӣ (ба монанди Н. Ликошин – губернатори ҳарбии вилояти Самарқанд) ба ҳисоб мерафтанд.

Сарварони вилоятҳо ҳокимияти маҳаллӣ – оқсақолони деҳаҳо ва авулҳоро аз ҳисоби сарватмандони маҳаллӣ интихоб мекар- данд. Аз ҳамин сабаб ҳокимияти маҳаллиро «ҳокимияти халқӣ» мегӯянд. Ин ҳокимияти халқӣ якҷо бо маъмурияти ҳарбӣ номи «идоракунии ҳарбию халқӣ»-ро гирифтааст.

Хонандагон бояд: ташкилёбии Генерал-губернатории Тур- кистон ва қаламрави онро дуруст муайян карда тавонанд.

Реклама