1. Дар Осиёи Миёна дар арафаи ҳуҷуми қӯшунҳои рус чанд давлат ва кадомҳо ҳамчун давлати мустақил вуҷуд доштанд?
A) 4 адад, Аморати Бухоро, хониҳои Хӯқанд, Тошканд ва Хева;
B) 3 адад, Аморати Бухоро, хониҳои Хӯқанд ва Хева;
C) 2 адад, Аморати Бухоро ва хонии Хӯқанд;
D) 1 адад, Аморати Бухоро.
2. Дар арафаи ҳуҷуми қӯшунҳои рус муносибати байни давлатҳои мустақили Осиёи Миёна чӣ тавр буд?
A) Бо ҳам душман буданд;
B) Бо ҳам иттифоқ буданд;
C) Нисбат ба якдигар бетараф буданд;
D) Дар ҳайати давлати ягона буданд.
3. Роҳи обии байни Русия ва Осиёи Миёна кай ва аз куҷо ку- шода шуд?
A) Соли 1846, аз баҳри Арал;
B) Соли 1850, аз баҳри Арал;
C) Соли 1853, аз баҳри Арал;
D) Соли 1865, аз баҳри Арал.
4. Натиҷаи ҳайати сафорати ҳукумати рус бо сарварии пол- ковник Н.Игнатев ба Бухоро чӣ тавр буд?
A) Натиҷаи хуб надод.
B) Амири Бухоро онро қабул накард.
C) Амири Бухоро талабҳои вазнин гузошт.
D) Амири Бухоро хуш қабул кард ва ба тоҷирони рус имтиёзҳо ваъда дод.
5. «Ҳуҷуми хевагӣ» кай ба амал омадааст ва бо чӣ анҷом ёфт?
A) Солҳои 1839 – 1840, бо шикасти қӯшунҳои рус;
B) Солҳои 1850 – 1856, бо ғалабаи қӯшунҳои рус;
C) Солҳои 1858 – 1860, бо сулҳ;
D) Солҳои 1861 – 1865, бе натиҷа.
6. Қӯшунҳои самти оренбургӣ ва сибирии рус, ки барои забти Осиёи Миёна ҳаракат мекарданд, кай ва дар куҷо муттаҳид шуданд?
A) Соли 1865, дар Тошканд;
B) Соли 1864, дар дар Чимкент;
C) Соли 1863, дар Оқмачит;
D) Соли 1861, дар соҳили баҳри Арал.
7. Аз тарафи қӯшунҳои рус шаҳри Тошканд кай ва дар натиҷаи ҳуҷуми чандум забт карда шуд?
A) Соли 1864, дар натиҷаи ҳуҷуми сеюм;
B) Соли 1865, дар натиҷаи ҳуҷуми дуюм;
C) Соли 1865, дар натиҷаи ҳуҷуми сеюм;
D) Соли 1865, дар натиҷаи ҳуҷуми якум.
8. Муҳорибаи нахустини байни Русия ва Бухоро кай, дар куҷо ва бо чӣ анҷом ёфт?
A) Соли 1866 дар Хуҷанд, ба ғалабаи русҳо;
B) Соли 1866 дар Нов, бо ғалабаи бухориён;
C) Соли 1866 дар Ӯротеппа, бо ғалабаи русҳо;
D) Соли 1866 дар Ҷиззах, бо ғалабаи бухориён.
9. Аз тарафи қӯшунҳои рус шаҳри Хуҷанд кай забт карда шуд ва талафоти хуҷандиён чанд нафар буд?
A) Соли 1866, 2,5 ҳаз нафар;
B) Соли 1866, 5,6 ҳаз нафар;
C) Соли 1866, 6,3 ҳаз нафар;
D) Соли 1866, 7,3 ҳаз нафар.
10. Генерал-губернатории Туркистон кай таъсис ёфт ва аввалин генерал-губернатори он кӣ буд?
A) Соли 1866, К.Кауфман;
B) Соли 1867, К.Кауфман;
C) Соли 1867, М.Черняев;
D) Соли 1867, Д.Романовский.
11. Дар кишвари Туркистон ҳокимияти маҳаллӣ – оқсақолони деҳаҳо ва авулҳоро аз ҳисоби киҳо интихоб менамуданд?
A) Аз ҳисоби афсарони рус;
B) Аз ҳисоби тоҷирони рус;
C) Аз ҳисоби бойҳои маҳаллӣ;
D) Аз ҳисоби муллою мударрисҳо.
12. Муҳорибаи Чӯпонато кай ва бо ғалабаи киҳо анҷом ёфт?
A) Соли 1865, бо ғалабаи бухориҳо;
B) Соли 1866, бо ғалабаи хӯқандиҳо;
C) Соли 1867, бо ғалабаи хевагиҳо;
D) Соли 1868, бо ғалабаи русҳо.
13. Муҳорибаи Зирабулоқ кай ва бо ғалабаи киҳо анҷом ёфт?
A) Соли 1868, бо ғалабаи русҳо;
B) Соли 1868, бо ғалабаи бухороиҳо;
C) Соли 1868, бо ғалабаи хӯқандиҳо;
D) Соли 1868, бо ғалабаи хевагиҳо.
14. Тақдири шартномаи 23-юми июни соли 1868 байни Русия ва Бухоро чӣ шуд?
A) Онро амири Бухоро қабул накард;
B) Онро подшоҳи рус тасдиқ накард;
C) Бо ташаббуси Бухоро бекор карда шуд;
D) Ҳар ду тараф аз он даст кашиданд.
15. Эъзомияи Искандаркӯл кай ва бо кадом мақсад ташкил карда шуд?
A) Соли 1868, бо мақсади сохтани роҳи оҳан;
B) Соли 1869, бо мақсади ба даст даровардани кони ангишт;
C) Соли 1870, бо мақсади тобеъ намудани болооби Зарафшон;
D) Соли 1871, бо мақсади кандани нақб (туннел).
16. Шартномаи 28-уми сентябри соли 1873 дар байни Русия ва Бухоро то кай амал кард?
A) То Инқилоби якуми рус, солҳои 1905–1907;
B) То сарнагун шудани Ҳукумати подшоҳӣ дар Русия;
C) То оғози Ҷанги якуми ҷаҳон;
D) То Инқилоби Октябри соли 1917.
17. Ҳуҷуми аввали қӯшунҳои амири Бухоро ба Бухорои Шарқӣ кай ба амал омад?
A) Охири соли 1866 ва аввали соли 1867;
B) Охири соли 1867 ва аввали соли 1868;
C) Охири соли 1868 ва аввали соли 1869;
D) Охири соли 1869 ва аввали соли 1870.
18. Ҳуҷуми дуюми қӯшунҳои амири Бухоро ба Бухорои Шарқӣ кай рӯй дод ва натиҷааш чӣ буд?
A) Соли 1869, водиҳои Ҳисор ва Вахш ба аморати Бухоро ҳамроҳ карда шуданд;
B) Соли 1870, водии Ҳисор, Кӯлобу Балҷувон ва водии Вахш ба Бухоро ҳамроҳ карда шуданд;
C) Соли 1871, водиҳои Ҳисор ва Сурхондарё ба аморати Бу- хоро ҳамроҳ карда шуданд;
D) Соли 1872, водиҳои Ҳисор ва Қаротегин ба аморати Бухо- ро ҳамроҳ карда шуданд.
19. Дарвоз ба Аморати Бухоро кай ҳамроҳ карда шуд?
A) Соли 1875;
B) Соли 1876;
C) Соли 1878;
D) Соли 1879.
20. Хонигарии Хӯқанд кай барҳам дода шуд?
A) Соли 1869;
B) Соли 1870;
C) Соли 1872;
D) Соли 1876.
21. Хонигарии Хева кай тобеи Русияи подшоҳӣ гардид?
A) Соли 1873;
B) Соли 1875;
C) Соли 1878;
D) Соли 1880.
22. Марзҳои нуфузии байни Русияю Англия аз дарёи Ому то ҳудуди давлати Эрон кай муайян гардид?
A) Соли 1884;
B) Соли 1887;
C) Соли 1890;
D) Соли 1895.
23. Ба Помир эъзомияи якуми русҳо бо сарварии полковник М. Ионов кай таъсис дода шуд?
A) Соли 1885;
B) Соли 1890;
C) Соли 1891;
D) Соли 1895.
24. Сарҳадди нуфузи байни Русия ва Англия дар Бадахшон кай муайян гардид?
A) Соли 1885;
B) Соли 1888;
C) Соли 1891;
D) Соли 1895.
25. «Низомнома оид ба идоракунии кишвари Туркистон» аз тарафи подшоҳи рус кай тасдиқ гардид?
A) Соли 1886;
B) Соли 1888;
C) Соли 1890;
D) Соли 1895.
26. Сарзамини имрӯзаи Тоҷикистони шимолӣ ва Бадахшон (Помири шарқӣ) дар ҳайати кадом вилоятҳои кишвари Туркистон буданд?
A) Дар ҳайати вилоятҳои Самарқанд ва Сирдарё;
B) Дар ҳайати вилоятҳои Самарқанд ва Фарғона;
C) Дар ҳайати вилоятҳои Самарқанд ва Хӯқанд;
D) Дар ҳайати вилоятҳои Самарқанд ва Бухоро.
27. Ба кишвари Туркистон муҳоҷир намудани деҳқонони рус кадом сол оғоз гардид?
A) Соли 1866;
B) Соли 1867;
C) Соли 1868;
D) Соли 1869.
28. Хатти гумрукии Русия бо Афғонистон кай муайян карда шуд?
A) Солҳои 1891 – 1892;
B) Солҳои 1892 – 1893;
C) Солҳои 1893 – 1894;
D) Солҳои 1894 – 1895.
29. Таркиби маъмурии Аморати Бухоро дар аввали асри XX чӣ тавр буд?
A) Аз 28 бекӣ ва 9 туман иборат буд;
B) Аз 30 бекӣ ва 8 туман иборат буд;
C) Аз 35 бекӣ ва 5 туман иборат буд;
D) Аз 40 бекӣ ва 10 туман иборат буд.
30. Сохтмони роҳи оҳан дар Осиёи Миёна кай ва бо кадом мақсад оғоз гардид?
A) Соли 1880, бо мақсади ҳарбӣ;
B) Соли 1880, бо мақсади тиҷорат;
C) Соли 1880, бо мақсади инкишофи сайёҳӣ;
D) Соли 1880, бо мақсади кашонидани пахта.
31. Дар кишвари Туркистон тақдири заминҳои амлокӣ чӣ шуд?
A) Ба муҳоҷирони рус тақсим карда доданд;
B) Ба деҳқонон бепул тақсим карда доданд;
C) Ба бойҳои маҳаллӣ фурӯхтанд;
D) Моликияти давлати рус гардид.
32. Кишти пахтаи амрикоӣ дар Осиёи Миёна кадом сол натиҷаи хуб дод?
A) Соли 1862;
B) Соли 1872;
C) Соли 1880;
D) Соли 1882.
33. Шумораи корхонаҳои пахтатозакунӣ дар Осиёи Миёна соли 1880 чанд адад буд ва соли 1914 ба чанд адад расид?
A) 5 адад буд, ба 578 адад расид;
B) 4 адад буд, ба 278 адад расид;
C) 2 адад буд, ба 300 адад расид;
D) 1 адад буд, ба 378 адад расид.
34. Кассаҳои қарздиҳии уездӣ дар кишвари Туркистон аз ка- дом сол ва бо кадом мақсад таъсис дода шуданд?
A) Аз соли 1876, бо мақсади дастгирии истеҳсолкунандагони хурд;
B) Аз соли 1880, бо мақсади дастгирии тоҷирони хурд;
C) Аз соли 1885, бо мақсади дастгирии заминдорони калон;
D) Аз соли 1890, бо мақсади дастгирии ширкатҳои калон;
35. Аввалин ташкилоти бонкӣ дар Осиёи Миёна кай ба вуҷуд омад ва он кадом буд?
A) Соли 1870, шуъбаи бухороии Бонки русию осиёгӣ;
B) Соли 1875, шуъбаи тошкандии Бонки давлатии Русия;
C) Соли 1880, шуъбаи Хӯқандии Бонки Тиҷоратии Русия;
D) Соли 1885, шуъбаи тошкандии Бонки азовию донии Русия.
36. Аввалин иттиҳодияи монополистӣ дар Осиёи Миёна кай ба вуҷуд омад ва он кадом буд?
A) Соли 1910, рафоқати Вадяевҳо;
B) Соли 1911, рафоқати Потеляхов;
C) Соли 1912, рафоқати Вадяевҳо;
D) Соли 1913, рафоқати Потеляхов.
37. Шаклҳои пешниҳодгардидаи ташкилотҳои хурди қарздиҳиро муайян кунед.
A) Колхозҳо, совхозҳо ва межхозҳо.
B) Рафоқатҳо, ширкатҳо ва межхозҳо.
C) Соҳибкорон, ассотсиатсияҳо ва ширкатҳо.
D) Рафоқатҳои қарздиҳӣ, рафоқатҳои қарздиҳию амонатӣ ва кассаҳои ҷамъиятии қарздиҳию амонатӣ.
38. Шӯриши Восеъ кай ва дар куҷо ба амал омад?
A) Соли 1888, дар Ҳисор;
B) Соли 1888, дар Файзобод;
C) Соли 1888, дар Кӯлоб;
D) Соли 1888, дар Балҷувон.
39. «Исёни вабо» кай ва дар куҷо ба амал омадааст?
A) Соли 1892, дар Тошканд;
B) Соли 1892, дар Бухоро;
C) Соли 1892, дар Самарқанд;
D) Соли 1892, дар Хӯқанд.
40. Соли 1906 аз мардуми маҳаллии кишвари Туркистон ба Думаи давлатии Русия чанд нафар вакил интихоб шуда буданд?
A) 15 нафар;
B) 10 нафар;
C) 9 нафар;
D) 6 нафар.
41. Фоҷиаи байни суннимазҳабон ва шиамазҳабон дар Бухоро кай ба амал омадааст?
A) Соли 1910;
B) Соли 1915;
C) Соли 1917;
D) Соли 1920.
42. Ҷанги якуми ҷаҳон кай сар шуд ва дар он чанд давлати ҷаҳон иштирок намудаанд?
A) Соли 1914, 28 давлат;
B) Соли 1914, 38 давлат;
C) Соли 1914,48 давлат;
D) Соли 1914, 58 давлат.
43. Ҷанги якуми ҷаҳон кадом солҳоро дар бар мегирад?
A) Солҳои 1914 – 1920;
B) Солҳои 1914 – 1919;
C) Солҳои 1914 – 1918;
D) Солҳои 1914 – 1917.
44. Шӯриши соли 1916 аввал дар куҷо оғоз гардид?
A) Дар Тошканд;
B) Дар Самарқанд;
C) Дар Бухоро;
D) Дар Хуҷанд;
45. Нахустин мактаби русии маҳаллӣ дар Осиёи Миёна кай ва дар куҷо кушода шуд?
A) Соли 1884, дар Тошканд;
B) Соли 1890, дар Самарқанд;
C) Соли 1894, дар Бухоро;
D) Соли 1896, дар Хуҷанд.
46. Нахустин мактаби усули нав – ҷадидии форсии тоҷикӣ дар Осиёи Миёна кай, дар куҷо ва бо ташаббуси кӣ таъсис ёфт?
A) Соли 1898, дар Тошканд, бо ташаббуси М. Беҳбудӣ;
B) Соли 1901, дар Самарқанд, бо ташаббуси А. Шакурӣ;
C) Соли 1905, дар Бухоро бо ташаббуси С. Айнӣ;
D) Соли 1910, дар Хуҷанд, бо ташаббуси Т.Асирӣ.
47. Рӯзномаи «Бухорои Шариф» кай нашр гардид?
A) 11-уми марти соли 1910;
B) 11-уми марти соли 1911;
C) 11-уми марти соли 1912;
D) 11-уми марти соли 1913.
48. Ҷанги аввалини Англияю Афғонистон кай ба амал омад?
A) Солҳои 1828 –1832;
B) Солҳои 1838 –1842;
C) Солҳои 1848 –1852;
D) Солҳои 1858 –1862.
49. Муттаҳидшавии сарзамини Афғонистон, асосан, кай ба ит- мом расид?
A) Соли 1850;
B) Соли 1853;
C) Соли 1860;
D) Соли 1863.
50. Ҷанги дуюми Англияю Афғонистон кай ба амал омад?
A) Солҳои 1878–1880;
B) Солҳои 1881–1883;
C) Солҳои 1884–1885;
D) Солҳои 1885–1886.
51. Афғонистон кай давлати мустақил гардид?
A) 28-уми феврали соли 1918;
B) 28-уми феврали соли 1919;
C) 28-уми феврали соли 1920;
D) 28-уми феврали соли 1921.
52. Дар Русия Ҳукумати подшоҳӣ кай барҳам хӯрд?
A) 27-уми феврали соли 1916;
B) 7-уми ноябри соли 1916;
C) 27-уми феврали соли 1917;
D) 7-уми ноябри соли 1917.
53. Кумитаи Туркистонии Ҳукумати Муваққатӣ кай таъсис ёфт?
A) 27-уми феврали соли 1917;
B) 7-уми марти соли 1917;
C) 27-уми марти соли 1917;
D) 7-уми апрели соли 1917.
54. Аз тарафи амири Бухоро лоиҳаи ислоҳот кай эълон карда шуд?
A) 7-уми апрели соли 1917;
B) 7-уми апрели соли 1918;
C) 7-уми апрели соли 1919;
D) 7-уми апрели соли 1920.
55. Дар Русия Ҳокимияти Шуравӣ кай таъсис ёфт?
A) 7-уми октябри соли 1917;
B)7-уми ноябри соли 1917;
C) 7-уми декабри соли 1917;
D) 17-уми декабри соли 1917.
56. Дар Хуҷанд кай ҳокимият ба ихтиёри Шуроҳо гузашт?
A) 1-уми ноябри соли 1917;
B) 11-уми ноябри соли 1917;
C) 17-уми ноябри соли 1917;
D) 27-уми ноябри соли 1917.
57. «Мухторияти Хӯқанд» кай вуҷуд дошт?
A) Солҳои 1915–1916;
B) Солҳои 1916–1917;
C) Солҳои 1917–1918;
D) Солҳои 1918–1919.
58. Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Туркистон кай таъсис ёфт?
A) 30-юми феврали соли 1918;
B) 30-юми апрели соли 1918;
C) 30-юми апрели соли 1919;
D) 30-юми апрели соли 1920.
59. Дар Кӯҳистони Бадахшон Ҳокимияти Шуравӣ кай барпо карда шуд?
A) Баҳори соли 1918;
B) Тирамоҳи соли 1918;
C) Баҳори соли 1919;
D) Тирамоҳи соли 1919.
60. Таҷовузи Колесов кай ба амал омад?
A) Моҳи марти соли 1915;
B) Моҳи марти соли 1916;
C) Моҳи марти соли 1917;
D) Моҳи марти соли 1918.
61. Шаҳри Бухорои Куҳна аз тарафи аскарони сурх кай забт гардид?
A) 7-уми ноябри соли 1919;
B) 2-юми августи соли 1920;
C) 2-юми сентябри соли 1920;
D) 7-уми ноябри соли 1920.
62. Ҷумҳурии Халқии Шуравии Бухоро кай таъсис ёфт?
A) Сентябри соли 1919;
B) Сентябри соли 1920;
C) Сентябри соли 1921;
D) Сентябри соли 1922.
63. Шӯриши Усмон кай ва дар куҷо ба амал омад?
A) Солҳои 1918–1919, дар Ҳисор;
B) Солҳои 1919–1920, дар Кӯлоб;
C) Солҳои 1920–1921, дар Қаротегин;
D) Солҳои 1921–1922, дар водии Вахш.
64. Отряди эъзомии ҳарбии Ҳисор бо кадом мақсад таъсис дода шуд?
A) Бо мақсади мустаҳкам намудани сарҳад;
B) Бо мақсади кумак ба аскарони сурх;
C) Бо мақсади муҳофизати Ҷумҳурии Бухоро;
D) Бо мақсади барпо намудани Ҳокимияти шуравӣ дар Бухо- рои Шарқӣ.
65. Душанбе аз тарафи қисмҳои аскарони сурх кай забт гар- дид?
A) 21-уми феврали соли 1921;
B) 21-уми феврали соли 1922;
C) 21-уми феврали соли 1923;
D) 7-уми ноябри соли 1923.
66. Дар Бухорои Шарқӣ тартиботи шуравӣ кай барпо карда шуд?
A) Феврал – июни соли 1920;
B) Феврал – апрели соли 1920;
C) Август – октябри соли 1921;
D) Сентябр – декабри соли 1921.
67. Аҳмади Дониш кӣ буд?
A) Инқилобчӣ;
B) Вазир;
C) Маорифпарвар;
D) Сардори шӯриш.
68. То соли 1916 сарварони ҳаракати ҷадидии Бухоро киҳо буданд?
A) Беҳбудӣ ва Шакурӣ;
B) Асирӣ ва Фитрат;
C) Айнӣ ва Беҳбудӣ;
D) Айнӣ ва Мунзим.
69. Ҳаракати маорифпарварӣ дар Осиёи Миёна кай ба вуҷуд омад?
A) Дар нимаи дуюми асри XIX;
B) Дар нимаи якуми асри XIX;
C) Дар аввали асри XX;
D) Дар охири асри XIX ва аввали XX.
70. Ҳаракати ҷадидӣ дар Осиёи Миёна кай ташаккул ёфт?
A) Дар нимаи якуми асри XIX;
B) Дар нимаи дуюми асри XIX;
C) Дар охири асри XIX ва аввали XX;
D) Дар аввали асри XX.
71. Қаландаршоҳ кӣ буд?
А) Амалдор;
В) Инқилобчӣ; С) Маорифпарвар;
D) Шӯришгар.
72. «Ҳукумати халқӣ» бо номи кӣ алоқаманд аст?
А) Восеъ;
В) Нозим;
С) Қаландаршоҳ;
D) Усмон.
. Максималистон – гурӯҳе, ки ҳанӯз соли 1904 дар ҳизби эсерҳо ба вуҷуд омада буд. ↑
Реклама