§59. ШӮРИШИ УСМОН

Сабабҳои шӯриш. Амир Олимхон ҳангоми аз Бухорои Куҳна гурехтан баҳри халосии ҷони худ бо хазинаи пурбораш хайрбод гуфт ва ҳар чизе, ки бо худ гирифта буд, онро ҳам дар роҳ, махсусан ҳангоми гузаштан аз дарёи Зарафшон, талаф дод. Бинобар ин ӯ худро дар Бухорои Шарқӣ бечора меҳисобид, вале бо чунин аҳвол қаноат накарда, ба гардани ҳокимон ва заминдорони ин диёр андозҳои зиёде бор кард. Ҳокимон ва феодалон дар навбати худ андози ба амир супоридаашонро аз мардуми бечора ба микдори дучанд ва ҳатто аз он ҳам зиёд меситониданд. Чунонки маълум мешавад, охири соли 1920 танҳо аз бекигарии Қаротегин барои амир 800 асп ва 300 бухча «туҳфаҳо»-и қиматбаҳо фиристодаанд. Чунин аҳвол, албатта, ба дигар бекигариҳои Бухорои Шарқӣ низ хос буд.

Аммо сиёсати дар Бухорои Шарқӣ пешгирифтаи амир, махсусан, тадбирҳо оид ба сафарбарии ҳарбии ӯ боз ҳам фоҷиабортар менамуд, зеро чун ҳарвақта ба чунин рӯйхат боз бечорагон, ки имкони пора додан надоштанд, дохил карда мешуданд. Ҳамин сиёсат дар водии Қаротегин сабаби cap задани шӯриши калонтарин бо сарварии Усмон гардид.

Сарвари шӯриш Усмон Муҳаммадамини 35-сола, зодаи деҳаи Янғолики Қаротегин, буд. Ӯ мисли дигар ҳамватанонаш ба хазинаи амир хироҷ месупорид. Аз бойи маҳаллӣ Муҳаммадсаид қарздор буд. Бо шарофат ва кумаки бародараш Худойдод ва язнааш Хоркаш тамоми қарзашро супорида, соли 1916 барои кор ба водии Фарғона рафта, дар корхонаҳои пахтатозакунии Андиҷон, Фарғона ва Асака кор кард. Дар ҳамон вақт дӯстони қарини ҳамватанаш Одина ва Мулло Тош ҳамроҳи вай буданд. Онҳо якҷоя воқеаҳои сиёсии охири соли 1917 ва аввали соли 1918и водии Фарғонаро аз сар гузаронидаанд. Баъди ба Қаротегин баргаштан, яъне аввали соли 1918, қисме аз чизу чора ва пули онҳоро амалдорони ҳоким, «барои ҳоким» гӯён ғасб намудаанд. Усмон ба чунин ғоратгарӣ тоб наоварда, яке аз навкарони ҳокимро зада, худ ба кӯҳ мегурезад ва якчанд вақт пинҳон мешавад.

Баҳонаи шӯриш. Моҳи декабри соли 1920 беки Қаротегин Абдулҳафиз ҳангоми гузаронидани маъракаи сафарбаркунии ҳарбӣ хост, ки аз деҳқонони гарданшахе, чун Усмон, халос шавад. Бо ҳамин мақсад Усмонро бо Мулло Тош, инчунин, дигар ҳамфикронаш ба сифати навкар ба Душанбе, ба хидмати амир фиристод, вале онҳо дар роҳ аз Файзобод ба қафо, ба Қаротегин гурехтанд. Ҳокими Қаротегин аз хонаводаҳое, ки намояндагонашон аз хизмати навкарии амир гурехтанд (аз ҷумла аз Усмон ва Мулло Тош), талаб кард, ки андоз – хироҷи ҳафтсоларо пешакӣ супоранд. Чунин тадбири ҳоким ба саршавии шӯриш баҳона гардид, зеро маҳз баъди ин воқеа Усмон вазъияти баамаломадаро ба эътибор гирифта, роҳи ягонаи халосиро дар шӯриш дида, ҳатто ба дӯсти худ – Одина, ки дар Ҳоит мезист, барои ёрӣ бо мактуб муроҷиат кард. Одина низ ҷавобан ба ин мактуб деҳқонони Ҳоит ва Қалъаи Лабиобро ҳамроҳи худ гирифта, ба ёрии Усмон, ба деҳаи Янғолик, ки маркази шӯриш буд, шитофт.

Мувофиқи андешаи дигар дар Ҳоит яке аз рӯзҳои бозор, ҳангоми ба Душанбе, барои амир фиристодани аспҳои пурбор, тарафдорони Усмон ба Қӯрғон, ки он ҷо амлокдор менишаст, якбора ҳуҷум карда, онро гирифтаанд. Бо ҳамин гӯё шӯриш ба дигар деҳаҳои Қаротегин паҳн гардидааст.

Дар ҳақиқат ҳам, шӯришгарон дар деҳаи Янғолик ҷамъ омадаанд. Онҳо дар ҷамъомади худ сарварии шӯришро ба уҳдаи Усмон гузошта, Одинаро муовини аввал ва Мулло Тошро муовини дуюм таъин намудаанд. Он лаҳза миқдори шӯришгарон аз 2500 нафар пиёда ва 650 нафар савора иборат буд, вале онҳо дар ихтиёри худ ҳамагӣ 400 дона камонҳои пилтагии худсоз ва тақрибан ҳазор дона шамшер доштаанд. Боқимонда бо корду табар мусаллаҳ буданд. Ҳокими Қаротегин бошад, дар ихтиёри худ ҳамагӣ 15-20 нафар навкарони мусаллаҳ дошту халос.

Оғоз ва ғалабаи шӯриш. Шӯришгарон аз деҳаи Янғолик ба маркази бекигарии Қаротегин – шаҳраки Ғарм ҳаракат карданд. Онҳо ба деҳаи Навдӣ омада, якчанд рӯз он ҷо истоданд. Намояндагони ҳоким барои музокира ва имзои сулҳ ба ин ҷо омаданд, вале Усмон он таклифҳоро рад намуда, ҳаракат ба сӯйи Ғармро давом дод. Вақте ки шӯришгарон ба Ғарм наздик омаданд, бек аз муқобилат даст кашида, ба Усмон ваъда дод, ки гуноҳи ҳамаи шахсони аз хидмати навкарӣ гурехтаро афв мекунад, онҳоро аз андоз озод менамояд, ба худи Усмон унвони «бий» медиҳад. Усмон ба ин ваъдаҳои ҳоким бовар накард. Беки Қаротегин Абдулҳафиз аз тарс гурехтанӣ шуд, вале дастгир ва ҳабс карда шуд. Шаҳраки Ғарм бе ҷанг ба дасти шӯришгарон гузашт. Онҳо ҳамаи маҳбусонро озод карданд, тамоми ҳуҷҷатҳои дар ихтиёри ҳоким буда, аз ҷумла васиқаҳоро сӯзонданд. Ба муносибати ғалаба ҳафт рӯз шодиву хурсандӣ эълон карданд.

Ҳамин тавр, дар маркази Қаротегин – шаҳраки Ғарм ҳокимият пурра ба ихтиёри шӯришгарон гузашт, ки он дар таърих бо номҳои «Ҳокимияти халқӣ» ва «Ҳокимияти халқии Усмон» маълум аст. Дар он ҳокимият Усмон – раис, Одина ва Мулло Тош – муовинони ӯ гардиданд, вале онҳо бо гирифтани ҳокимият ором гардида, дигар аз чӣ cap кардани корро намедонистанд. Бинобар ин, шӯришгарон маҷбур шуданд, ки қисме аз амалдорони ҳокими собиқро аз ҳабс озод намуда, ба амалҳои гуногун бигузоранд. Яъне бо ном «ҳокимияти омехта – коалитсионӣ» барпо намуданд. Масалан, аз амалдорони собиқ Давлатбекбий – сарвари таъминот, Мулло Абдураҳим судур – қозӣ, Мулло Мирзо Умед муфтӣ таъин гардиданд.

Сабаҳои шикастхӯрӣ. Дар «ҳукумати халқии Усмон» ягонагӣ вуҷуд надошт. Амалдорони собиқ ба ҳукумати нав содиқ набуданд. Баръакс, онҳо камтаҷрибагии Усмонро ба назар гирифта, ӯро бо фиреб, гӯё «барои пешвозгирии ихтиёриёни қисми поёни Қаротегин» фиристоданд. Ҳангоми дар Ғарм набудани Усмон, Давлатбекбий Одинаро ба хонаи худ, гӯё ба зиёфат даъват намуда, ба қатл расонид ва ҳокимро бо дигар тарафдоронаш аз ҳабс озод намуд. Бо шунидани ин ҳодиса тарафдорони Одина, ки аз Ҳоит ва Қалъаи Лаби Об омада буданд, ба деҳаҳои худ баргаштанд. Бо ҳамин «ҳукумати халқии Усмон» баъди 10-15 рӯзи мавҷудияташ амалан барҳам хӯрд.

Усмон аз фоҷиаи Ғарм баъди ду рӯз огоҳ гардида, ба Ғарм баргашт. Дар наздикии Ғарм ӯ аз тарафдорони беки собиқ шикаст хӯрд. Баъди ин ҳамроҳи Усмон ҳамагӣ 12 шӯришгар монд, вале ӯ аз мақсади худ даст накашид. Вай барои гирифтани Ғарм боз қувва ҷамъ кард. Миқдори қувваҳо ин дафъа ба 150 нафар расид. Баъди 20 рӯзи фоҷиаи Ғарм Усмон бори дигар ба он ҳуҷум кард, вале шикаст хӯрд ва дастгир гардид. Дар муддати як моҳ тақрибан 50 нафар иштирокчии шӯриш ҳабс карда шуданд. Сарварони он – Усмон, Мулло Тош ва дигарон қатл шуда, ҷасадҳояшон ба дарёи Сурхоб партофта шуданд. Дӯстон ва авлоди Усмон ҷасади ӯро аз дарё бароварда, пинҳонӣ гӯрониданд. Аз ин кор яке аз сипоҳиёни бонуфузи маҳаллӣ Муҳаммадсаидбий огоҳ гардида, бо мақсади ибрати дигарон, ба гардани онҳое, ки ҷасади Усмонро гӯрониданд, 1500 танга ҷарима бор карда, молу мулкашонро мусодира намуд.

Ҳамин тавр, шӯриши Усмон шикаст хӯрд. Он ҳарчанд дар сарзамини Қаротегин нисбат ба шӯриши Қаландаршоҳ аз ҷиҳати ташкилӣ ва фаъол будани мардум қадаме ба пеш буд, вале бетаҷрибагии сарварони «Ҳокимияти халқӣ» имкон надод, ки муваффақиятҳои бадастовардаро мустаҳкам намоянд, мардуми атрофро ҳарчи зудтар ба тартиботи нав ҷалб карда, дар тамоми водӣ назорати қатъӣ ҷорӣ намоянд.

Сарчашма:

«Ҳукумати Бухоро дар солҳои охир ба ҷамъоварии аскар иқдом намуда, шумораи сарбоз ва элнавкарҳоро афзуд. Элнавкарҳо аз ашхоси талабгор иборат, тӯдае савора ва ғайримунтазам буданд. Сарбозҳо бошад, бо усули тақсим ва қуръа ҷамъоварӣ нашуда, балки ба гузар, кент ва деҳаҳо ҳар сари чанд вақт «фалон миқдор аскар ҷамъ карда дихед», гӯён фармон фиристода, бо ин роҳ ҷамъ оварда мешуд. Аксари ба мавҷиби ин фармон ҷамъшавандаро мардуми маҳалҳо харида медоданд. Масалан, агар як нафар бо музди даҳ ҳазор сӯм ба рафтан ба аскари розӣ бошад, арбоб ва маъмурони миёнарав аз халқ маблағи сад ҳазор сӯм ҷамъ мекарданд. Ба ҳамин тариқ, аз кисаи мардум маблағи зиёде баромада, ба сафи аскари як гурӯҳ кӯр, кар, ланг, дузд, пирамардони аз кор афтода ва бачагони ҳанӯз ба балоғат норасида мерафтанд.

Ҳамин гуна сафарбарӣ дар ду соли охир панҷ маротиба такрор шуда бошад ҳам, ҳукумат аз аскар таъмин нашуд ва халқ ҳам ҷулу ҷиҳозашро ба ҷамъоварии аскар дода, лекин аз он нафъе надид». (С. Айнӣ, «Таърихи инқилоби Бухоро»)

Хонандагон бояд: сабабҳо, баҳона, оғоз ва ғалабаи шӯриши Усмонро дуруст шарҳ дода тавонанд.

Реклама