§20. ПАЙДОИШИ САНОАТ

Ба вуҷуд омадани аввалин корхонаҳои саноатӣ. Барои Осиёи Марказӣ солҳои 80-ум ва 90-уми асри XIX, асосан, солҳои бавуҷудоӣ ва рушди соҳаҳои гуногуни саноат ба ҳисоб меравад, зеро мувофиқи баъзе маълумот, то соли 1880 дар кишвари Туркистон ҳамагӣ 21 корхонаи саноатӣ амал мекардаанд. Аз ҷумла: 1 корхонаи пахтатозакунӣ, 2 корхонаи пӯст, 1 корхонаи собунпазӣ, 1 чопхона, 5 корхонаи спирттозакунӣ, 1 корхонаи пиллахушккунӣ, 1 корхонаи биринҷтозакунӣ.

To солҳои 80-уми асри XIX гумоштагони рафоқатҳо ва ширкатҳои Русия пахтаи аз Осиёи Марказӣ харидаашонро ба шаҳрҳои марказӣ, аз ҷумла, Маскав ва атрофи он фиристода, дар ҳамон ҷо онҳоро аз пунбадона тоза мекарданд, ки ин баро- яшон хеле гаронӣ мекард. Аз ин рӯ аз солҳои 80-ум бо ташаб- буси онҳо дар маҳалҳои гуногуни пахтакор (бештар дар назди деҳаҳо) корхонаҳои пахтатозакунӣ сохта шуданд. Дар аввал барои ҳаракати он корхонаҳо қувваи гов ё асп истифода мешуд. Минбаъд онҳоро бо техника иваз карданд. Дар натиҷаи чунин тадбирҳо аз соли 1880 то соли 1890 танҳо дар кишвари Туркистон боз 63 кор- хонаи нави саноатӣ ба кор шуруъ намуд, ки 22-тоашон корхонаҳои пахтатозакунӣ буданд. Солҳои 1890–1900 боз 111 корхонаи нави саноатӣ сохтанд, ки аз онҳо: 52 корхонаи пахтатозакунӣ, 3 корхонаи равғанкашӣ, 6 чопхона буданд. To соли 1900 шумораи умумии корхонаҳои саноатии кишвари Туркистон ба 195 адад расида буд. Аз ин миқдор 75 корхонаро корхонаҳои пахтатозакунӣ ташкил мекарданд.

Корхонаи равғанкашии бародарон Вадяевҳо дap шаҳри Хӯқанд

Рушди саноат дар ибтидои асри XX. Дар ибтидои асри XX корхонаҳои саноатӣ дар Осиёи Марказӣ миқдоран хеле зиёд гар- дида, сифатан ҳам тағйир ёфтанд. Бисёре аз онҳо аз таҷҳизоти нави замонавӣ истифода мекарданд. Махсусан, чунин тағйирот дар корхонаҳои пахтатозакунӣ бештар мушоҳида мегардид.

Корхонаҳои пахтатозакунӣ ба соҳибонашон даромади зиёд медоданд, зеро онҳо пахтаро аз деҳқонон нисбатан арзон харида, онро дар корхонаи худ тоза карда (яъне, нархашро аз пунбадонааш ҷудо намуда) нахашро бо нархи хеле гарон ба корхонаҳои бофандагӣ мефурӯхтанд. Аз ҳамин сабаб шумораи корхонаҳои пахтатозакунӣ дар Осиёи Марказӣ босуръат меафзуд ва дар соли 1914 ба 378 адад расид, ки аз он 338 корхона фақат дар кишвари Туркистон (аз ҷумла дар вилояти Фарғона 240 корхона), дар Аморати Бухоро 29 ва дар хонигарии Хева 11 корхона ҷой гирифта буд.

Сохтмони корхонаҳои пахтатозакунӣ минбаъд ҳам идома ёфт. Аз ҷумла, соли 1916 дар Саройкамар (ноҳияи Панҷи ҳозира) ягона дар Бухорои Шарқӣ корхонаи пахтатозакунӣ сохта шуд, ки он то барқароршавии Ҳукумати Шуравӣ амал кард. Он корхона ба ширкати «Бухорои Шарқӣ» тааллуқ дошт.

Дар аввал пунбадонаро аз пахта ҷудо карда, онро бештар ба ҷойи сӯзишворӣ истифода мекарданд, яъне қисми зиёди пун- бадона ҳамчун ашёи хом бе ягон фоида нобуд мешуд. Бо мақсади истифодаи ин ашё ва аз он гирифтани равған аз аввали солҳои 90-уми асри XIX бо ташаббуси ширкатҳо ва тоҷирон корхонаҳои равғанкашӣ сохта, ба истифода дода шуданд, ки шумораи онҳо соли 1914 ба 29 адад расид. Масалан, корхонаи равғанкашии баро- дарон Вадяевҳо, ки ибтидои асри XX дар шаҳри Хӯқанд сохта шуда буд, аз ҷиҳати таҷҳизот яке аз пешқадамтарин корхонаҳои ҷаҳон ба ҳисоб мерафт.

Мувофиқи ашёи хоми кишвар, инчунин корхонаҳои дигар, ба монанди: хиштпазӣ, ордкашӣ, собунпазӣ, коркарди чӯб, коркарди пӯст, гӯгирд, корхонаҳои шоҳибофӣ ва ғайра ба вуҷуд омаданд. Дар натиҷаи рушди шаклҳои гуногуни саноат шумораи умумии корхонаву коргоҳҳои кишвари Туркистон соли 1912 ба 852 ва соли 1917 ба 1100 адад расидааст. Албатта, аксари мутлақи онҳо корхонаҳои хурд буданд. Миқдори зиёди корхона ва коргоҳҳои нав низ дар вилояти Фарғона ҷой гирифта буданд. Бо рушди корхонаҳои саноатӣ шаҳрҳои Хӯқанд, Намангон, Андиҷон (дар вилояти Фарғона), Самарқанд, Хуҷанд (дар вилояти Самарқанд), Тошканд (дар вилояти Сирдарё), Когон (дар Аморати Бухоро) ва ғайра ба марказҳои саноатӣ табдил ёфтанд.

Хонандагон бояд: ба вуҷуд омадани аввалин корхонаҳои саноатӣ ва рушди онро дар Осиёи Марказӣ дар замони мустамликавӣ дуруст шарҳ дода тавонанд.

Реклама