§23. ТАРКИБИ ИҶТИМОИИ ХАЛҚҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

Миллату халқҳо ва табақаҳои иҷтимоӣ. Дар нимаи дую- ми асри XIX ва ибтидои асри ХХ дар Осиёи Марказӣ асосан тоҷикон, узбекҳо, туркманҳо, қирғизҳо, қазоқҳо, қароқалпоқҳо, ки мардуми муқимии ин сарзамин ба ҳисоб мерафтанд, зиндагӣ мекарданд. Ғайр аз онҳо, махсусан, дар шаҳрҳои бостонии Бухо- ро, Самарқанд ва дигар шаҳрҳо яҳудиён зиндагӣ мекарданд, ки онҳоро ба таври умум «яҳудиёни бухороӣ» мегуфтанд. Дар баъ- зе шаҳру ноҳияҳо, махсусан, дар шаҳрҳои Бухорою Самарқанд ва атрофи онҳо эрониён, дар баъзе ноҳияҳои кишвар арабҳо низ мезистанд. Шуруъ аз нимаи дуюми солҳои 60-уми асри ХХ дар ҳудуди Осиёи Марказӣ муқимшавии русҳо ва дигар халқҳои аврупоӣ, ки онҳоро ба таври умум «русзабонҳо» мегуфтанд, оғоз гардид.

To рушди муносибатҳои молию пулӣ дар қаламрави Осиёи Марказӣ мардуми асосӣ аз рӯйи табақаҳои иҷтимоӣ ба деҳқонон, чорводорон, феодалон (сарватмандон ё худ заминдорони ка- лон), руҳониён, тоҷирон, ҳунармандон ва косибон тақсим мешу- данд. Бо рушди муносибатҳои молию пулӣ, ки аз нимаи дуюми асри XIX оғоз гардид, аз ҳисоби халқҳои маҳаллӣ низ ташаккул- ёбии табақаҳои нави иҷтимоӣ – коргарон ва буржуазияи миллӣ оғоз шуд. Амалдорони маҳаллӣ асосан аз ҷумлаи феодалон ва руҳониён, баъзан тоҷирон буданд.

Оғози ташаккулёбии синфи коргари миллӣ. Ибтидои ташак- кулёбии синфи коргар дар Осиёи Марказӣ, асосан, ба солҳои 80–90-уми асри XIX мувофиқ меояд, зеро бавуҷудоӣ ва рушди соҳаҳои гуногуни саноат ва сохтмони роҳҳои оҳан маҳз ба ин солҳо мансуб аст.

Шумораи коргарон ба иқтидори корхонаҳо ва корҳои сохтмони роҳҳои оҳан вобастагӣ дошт. Мувофиқи баъзе маълумот, танҳо дар кишвари Туркистон то охири асри XIX шумораи умумии коргарони корхонаҳои саноатӣ тақрибан 10 ҳазор нафар буд, ки аз онҳо 70,7%-ро намояндагони халқҳои маҳаллӣ ташкил мекарданд. Ҳиссаи коргарони маҳаллӣ, махсусан, дар вилояти Фарғона зиёд буда, он 79,3%-ро ташкил медод. Сабаби ин, пеш аз ҳама, он аст, ки аксари коргарони корхонаҳои пахтатозакунӣ аз мардуми маҳаллӣ буданд. Тақрибан сеяки коргарони корхонаҳои пахтатозакунии вилояти Фарғонаро мардуми водии Қаротегин, ки бечоратарин мардуми аморати Бухоро ба ҳисоб мерафтанд, ташкил мекарданд.

Намои дохилии хонаи яке аз сарватмандони шаҳри Самарқанд (аввали асри XX)

Дар ибтидои асри XX қисме аз корхонаҳои Осиёи Марказӣ ҳаҷман васеъ ва сифатан беҳтар гардида, дорои шумораи зиёди коргарон мешуданд. Масалан, дар вилояти Фарғона, мувофиқи маълумоти соли 1914, дар се корхонаи пахтатозакунии Миркомил Муъминбоев – 125 коргар, дар корхонаи қаннодӣ (аз лаблабуи қанд)-и Қовунчии уезди Тошканд аз ҳама зиёд – 1000 коргар кор мекард, вале ҳанӯз корхонаҳое низ буданд, ки ҳамагӣ 8-10 коргар доштанд.

Дар сарзамини имрӯзаи Тоҷикистон аввалин намояндагони сннфи коргар дар гурӯҳи ноҳияҳои шимолӣ, махсусан дар шаҳри Хуҷанд ва атрофи он ташаккул меёфт. Масалан, соли 1916 танҳо дар корхонаҳои саноатии уезди Хуҷанд – 416 коргар, дар кони ангишти Сулукта – 580 коргар кор мекарданд. Вале дар Хуҷанд ҳам ба монанди бисёр дигар шаҳрҳои қадимаи Осиёи Марказӣ ҳанӯз миқдори зиёди коргаронро коргарони корхонаҳои ҳунармандӣ ва косибӣ ташкил медоданд. Мувофиқи баъзе маълумот соли 1912 шумораи чунин коргарон дар уезди Хуҷанд ба 2492 нафар расидааст. Аз ин аснод маълум мешавад, ки дар уезди Хуҷанд миқдори коргарони корхонаҳои ҳунармандию косибӣ нисбат ба коргарони корхонаҳои саноатӣ хеле зиёд будааст.

Аҳли оилаи тоҷири бадавлати яҳудии бухороӣ

Миқдори муайяни коргарон дар корхонаҳои ҳунармандию косибии Ӯротеппа, Исфара, Конибодом, Панҷакент, Ҳисор, Қаротоғ, Душанбе, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, Дарвоз, Ғарм ва дигар ҷойҳо низ кор мекарданд. Дар бисёри ин корхонаҳо фаъолияти меҳнатии коргарон мавсимӣ ё худ оилавӣ буд. Қисме аз коргарон бо корҳои деҳқонӣ (кишоварзӣ) ва чорводорӣ низ машғул буданд.

Дар сарзамини Тоҷикистони Марказӣ ва Тоҷикистони Ҷанубии имрӯза марҳалаи ташаккулёбии синфи коргар дар ибтидои асри XX ҳанӯз суст буд. Вале яке аз хусусиятҳои фарқкунандаи ташаккулёбии синфи коргар дар ин қисми Тоҷикистони тошуравӣ он аст, ки як ҳиссаи мардуми он ҳар сол ба шаҳрҳои гуногуни кишвари Туркистон ва маркази Аморати Бухоро рафта, дар корхонаҳо, коргоҳҳо, корхонаҳои хурди ҳунармандию косибӣ ва ҳатто дар хоҷагиҳои заминдорони водиҳои Зарафшону Фарғона кор мекарданд. Яъне дар ин сарзамин синфи коргар аз ҳисоби ҳамин гуна мардикорон ташаккул меёфт.

Оғози ташаккули буржуазияи миллӣ. Ҷараёни ташаккулёбии буржуазияи миллиро рушди муносибатҳои молию пулӣ ва ва- сеъ гардидани амалиёти сармояи бонкӣ тезонид, зеро шуъбаҳои осиёимиёнагии бонкҳои марказӣ дар шароити кишвар аз кумаки миёнаравҳо васеъ истифода мекарданд. Аксари миёнаравҳо аз мардуми маҳаллӣ, махсусан, тоҷикон, узбекҳо ва яҳудиён иборат буданд. Онҳо баробари қарзро ба истеҳсолкунандагон ба ивази суди баланд расонидан, инчунин маҳсулотро аз истеҳсолкунандагон харида, ба рафоқату ширкатҳо ва савдо- гарони калон мефурӯхтанд ё агар худашон намояндаи онҳо бо- шанд, он маҳсулотро ба нуқтаҳои таъиншуда мерасониданд. Дар натиҷаи чунин амалиёт миёнаравҳо оҳиста-оҳиста бадавлат мешуданд, худ соҳиби маблағ ва мулкҳои зиёд гардида, ба ташак- кулёбии буржуазияи миллӣ ибтидо мегузоштанд.

Дар шароити Осиёи Марказӣ дар ҳайати буржуазияи ба тозагӣ ташаккулёбанда фарқи ҷиддие мавҷуд буд. Масалан, на- мояндагони буржуазияи миллии водии Фарғона даромади худ- ро бештар барои ба вуҷуд овардани соҳаҳои гуногуни саноат сарф менамуданд. Аз ҳамин сабаб дар шаҳру ноҳияҳои водӣ, аз ҷумла, дар уезди Хуҷанд (агарчи он аз ҷиҳати маъмурӣ ба ви- лояти Самарқанд дохил мешуд), соҳаҳои гуногуни саноат сол то сол меафзуд. Дар натиҷа, буржуазияи тоза ташаккулёбандаи во- дии Фарғона аз намояндаи буржуазияи тиҷоратӣ ба буржуазияи саноатӣ ё худ саноатию тиҷоратӣ табдил меёфт.

Аммо тарзи ташаккулёбии буржуазияи миллӣ дар аморати Бу- хоро аз тарзи ташаккулёбии буржуазияи миллии водии Фарғона тамоман фарқ мекард. Чунончи, ҳарчанд дар Аморати Бухоро миллионерҳои маҳаллӣ хеле зиёд буданд, аксари онҳо даромади худро бештар ба тилою нуқра ва дигар сангҳои қиматбаҳо таб- дил дода, ба сохтани корхонау коргоҳҳои нав чандон ҳавасманд набуданд. Аз ин рӯ тараққиёт дар соҳаҳои гуногуни саноати сар- замини Аморати Бухоро хеле суст ба назар мерасид. Ҳол он ки эҳтиёҷ ба навъҳои гуногуни он, чун дар водии Фарғона, дар Бухо- ро ҳам зиёд буд.

Дар натиҷа, буржуазияи тоза тавлидёбандаи Бухоро на бур- жуазияи саноатӣ, балки буржуазияи тиҷоратӣ ва судхӯр ба ҳисоб мерафт. Ин ба буржуазияи Самарқанд ва Хева ҳам хос аст.

Таркиби табақаҳои иҷтимоии тоҷикон. Чун дигар халқҳои муқимии Осиёи Марказӣ таркиби табақаҳои иҷтимоии тоҷикон низ яксон набуд. Масалан, дар шароити Аморати Бухоро ва киш- вари Туркистон аз байни тоҷикон шахсоне баромада буданд, ки мансабҳои гуногун, ҳатто дар шароити аморат мансабҳои масъ- улро ба уҳда доштанд. Масалан, дар Бухоро оилаи Арабовҳо, Мансуровҳо, Қосимхӯҷаевҳо ва дигарон чун миллионерҳои давр – намояндагони буржуазияи миллӣ – ташаккул ёфта буданд. Дар шаҳрҳои Бухоро, Самарқанд, Хуҷанд ва Ӯротеппа аксари тоҷирон, косибон, ҳунармандон аз ҷумлаи тоҷикон буданд. Дар қаламрави Аморати Бухоро ва баъзе ноҳияю вилоятҳои кишвари Туркистон аз ҳисоби тоҷикон заминдорони калон – феодалон ҳам бисёр буданд, вале аксари тоҷикон дар охири асри XIX ва ибти- дои асри XX бо деҳқонӣ машғул буда, зиндагии фақирона дош- танд.

Хонандагон бояд: таркиби иҷтимоии халқҳои Осиёи Марказиро дар замони мустамликавӣ дуруст муайян карда тавонанд.

Реклама