Вазъи мулкҳои Бадахшон дар арафаи тақсимот. Маълум аст, ки дар миёнаи асри XIХ мулкҳои Бадахшон (Помир) низ пароканда ва то андозае мустақил буданд, вале ба ин мулкҳо аз як тараф, амири Афғонистон (баъд бо ёрии Англия), аз тарафи дигар, амири Бухоро (баъд бо ёрии Русия) таҳдид мекарданд. Аз соли 1850 амирони Афғонистон Дӯстмуҳаммадхон ва Шералихон, баъди забти Балх, Тошқӯрғон ва Қундуз борҳо ба сарзамини Бадахшон ҳуҷум карданд. Ҳокими Бадахшон Ҷаҳонгиршоҳ баҳри нигоҳ доштани оромӣ ва мустақилӣ, барои ба ҳукумати Афғонис- тон супоридани андоз розӣ шуд. Амири Афғонистон Шералихон (соли 1868 ба тахт нишаст) духтари худро ба Ҷаҳонгиршоҳ дода, бо ҳамин роҳ ин мулкро пурра ба ихтиёри худ гирифтанӣ шуд. Ҷаҳонгиршоҳ ҳушёриро аз даст надода, то андозае мустақилиятро нигоҳ дошта бошад ҳам, шуруъ аз соли 1869 Бадахшон амалан ба доираи таъсири Кобул кашида шуд. Соли 1883 аз тарафи Абдурраҳмонхон (соли 1880 амири Афғонистон эълон карда шуд) мулкҳои Бадахшони Ғарбӣ – Вахон, Шуғнон ва Рӯшон забт гардид. Дар як вақт қӯшунҳои Чин низ ба Бадахшони Шарқӣ наздик шуда, дар ин маҳал мавқеи худро мустаҳкам карданд. Русияю Англия (дар асоси муоҳидаҳои солҳои 1867–1873) дар Осиёи Марказӣ ҷараёнгоҳи боло ва миёнаи рӯди Омуро сарҳадди нуфузи худ меҳисобиданд. Яъне, ин ду давлати бузург ба «Қазияи Помир» ҳанӯз фаъолона дахолат карда наметавонистанд. Ғайр аз ин, Русия дар ин кишвар бо қабилаҳои туркман ҷанг мекард. Бинобар ин, нисбат ба Бадахшон мудохилаи мусаллаҳонаи ҳукуматҳои Афғонистону Чин беш аз даҳ сол (солҳои 1883–1893) давом кард.
Ҳалли «Қазияи Помир» дар байни Русия ва Англия. Охири асри XIX масъалаи ҷиддие, ки миёни Русияю Англия бояд ҳаллу фасл мешуд, «Қазияи Помир» буд. Байни мардуми Бадахшон воқеаҳои назаррасе ба амал омаданд. Масалан, зулму истибдоди ҳукуматдорони афғон тирамоҳи соли 1887 боиси шӯриши мардуми Шуғнон гардид. Шӯришгарон чанде аз хироҷситонандагони афғонро ба қатл расониданд. Ҳукумати Афғонистон барои ба хун оғушта намудани шӯриш ва танбеҳ додани мардуми мулкҳои дигари Бадахшон тайёрии ҷиддӣ медид. Амалдорони Рӯшону Шуғнон ва Вахон дар чунин вазъият ба муқобили иқтидори ҳукумати Афғонистон қувваи худро нокифоя ҳисобида, майл ба тарафи Русия намуданд. Онҳо бо чунин мақсад ба назди ҳукуматдорони Русия ҳайати намояндагӣ низ фиристоданд.
Аввали солҳои 1890-ум ҳукумати подшоҳӣ ба «Қазияи По- мир» ба таври ҷиддӣ машғул шуд, зеро то ин лаҳза дигар мулкҳои Осиёи Марказӣ пурра ба зери тасарруфи Русия гузашта буданд ва дар ин кишвар масъалаи номбурда ягона ва нуқтаи охирин дар масъалаи нуфузи марзии байни Русияю Англия ба ҳисоб ме- рафт. Инак, моҳи июли соли 1891 отряди 120-нафараи казакҳо бо сарварии полковник М.Е. Ионов ба Помир фиристода шуд, ки бо номи «Эъзомияи Ионов» ё худ «Эъзомияи якум» маълум аст. Мақсади эъзомия гӯё дар Бадахшон омӯхтани мулкҳое буд, ки онҳо мувофиқи муоҳадаи соли 1873-и байни Русияю Англия, ба фоидаи ҳукумати подшоҳӣ гузаштаанд, вале дар асл мақсади асосии ин тадбир мустаҳкам намудани нуфузи Русия дар мулкҳои номбурда буд. Ионов амалиёти худро аз ағбаи Қизиларт оғоз на- муда, соҳилҳои Рангкӯл ва Қарокӯлро сайр карда, то ба ағбаи Банк расид. Ӯ дар ҳама ҷо ба мардум эълон мекард, ки ин мулкҳо дар тобеияти Русия мебошанд. Дар натиҷа, ин эъзомия «қазияи Помир»-ро боз ҳам тезонид.
Аз сабаби он ки дипломатияи Англия ҳам ба «Қазияи По- мир» дахолат мекард, моҳи апрели соли 1892 дар Петербург ин масъала дар машварати махсуси давлатмандони Русия муҳокима гардид ва дар он қарор карда шуд, ки мавқеи ҳукумати худро дар ин гӯша мустаҳкам намоянд. Моҳи июни ҳамон сол полковник Ионов бо роҳи аввала, бо қувваи нисбатан зиёд эъзомияи дуюми Помирро ташкил намуд. Ҳангоми сафари ӯ дар канори дарёи Оқсу дидбонгоҳи Помир (шаҳраки Мурғоби имрӯза) сохта шуд. Дар мавзеи Шоҷон 250 нафар аскарони казакро ба муддати тулонӣ ҷойгир карданд. Соли 1893 дар асоси шикояти зиёди шуғнониён нисбат ба бедодгарии дастаҳои гуногуни афғон бо сарварии капитан С.Ванновский отряди дигар ё худ эъзомияи сеюм ба воситаи ағбаи Язгулом то ба Ванҷ сафар намуд.
Ҳукуматдорони подшоҳии Русия доир ба масъалаи Бадахшони Шарқӣ бетараф набуданд. Онҳо аз нияти ҳукумати Чин воқиф гардида, моҳи июли соли 1894 ба дидбонгоҳи Помир (Мурғоб) бо ситодаш М.Ионовро, ки ба рутбаи генерал-майорӣ расида буд, фиристоданд. Ӯро сардори ситоди тамоми отряди рус дар Ба- дахшон таъин карданд. Баробари чунин чорабиниҳо гуфтушу- ниди намояндагони Русияю Чин доир ба масъалаҳои Бадахшони Шарқӣ давом мекард. Дар натиҷаи гуфтушунид ҳукумати Чин дидбонгоҳҳои ҳарбии худро аз сарҳадди Бадахшони Шарқӣ бар- дошт. Баъди ин дар Мурғоб нигоҳ доштани отряди Помир но- лозим шуд ва он 25-уми октябри ҳамон сол барҳам дода шуд.
Вале гуфтушуниди байни Русия ва Англия баҳри муайянку- нии сарҳадди нуфуз дар Бадахшон ҳанӯз аз соли 1893 инҷониб давом дошт. Баҳори соли 1895 комиссияи сарҳаддии Англияву Русия охирин қитъаи баҳсталаби сарзамини Осиёи Марказиро ба таври «мушаххас» муайян намуданд. Ниҳоят, моҳи сентябри ҳамон сол Шартномаи махсуси таъини сарҳадди нуфузи байни Ру- сияю Англия дар Бадахшон имзо карда шуд. Моҳи январи соли 1896 подшоҳи Русия Николайи II хатти сарҳаддии империяи Ру- сияю Англияро дар Бадахшон тасдиқ кард. Дар асоси ин шарт- нома, дар Бадахшон сарҳадди нуфузи байни Русия ва Англия аз Зоркӯл то канори шарқии Бадахшон – рӯди Панҷ қарор гирифт. Мувофиқи он, соҳилҳои чапи дарё, пеш аз ҳама, заминҳои дар ин канор доштаи Дарвози Бухоро ба зери нуфузи Англия, ба ҳисоби Афғонистон гузашт. Соҳилҳои рости дарё, яъне мулкҳои Вахон, Шуғнон ва Рӯшон ба зери нуфузи Русия даромад, вале ҳукумати подшоҳии рус ин мулкҳоро ба амири Бухоро ба ивази мулкҳои дар ин минтақа аздастдодааш (яъне, заминҳои дар соҳилҳои чапи дарё доштаи Дарвози Бухоро) бахшид. Бадахшон (Помир)-и Шарқӣ ба ҳайати вилояти Фарғонаи Генерал-губернатории Тур- кистон ҳамроҳ гардид. Қисми шарқии водии Вахон, ки дар байни мулкҳои Русия ва Ҳиндустон вазифаи минтақаи озод ва бетараф- ро иҷро мекард, низ ба ихтиёри Афғонистон гузашт.
Ҳамин тавр, «Қазияи Помир» асосан дар байни Русия ва Англия «ҳал» гардид ва гӯё бо ин рақобати байни ду абарқудрати давр доир ба як гӯшаи кӯҳии дунё ба охир расид.
Санаҳои муҳим:
1869 – оғози ба доираи таъсири Афғонистон кашида шудани Бадахшон.
1869 – 1873 – имзои муоҳадаҳо дар байни Русия ва Англия оид ба сарҳадди нуфуз дар ҷараёнгоҳи боло ва миёнаи дарёи Ому.
1883 – аз тарафи амири Афғонистон – Абдурраҳмонхон забт карда шудани мулкҳои Бадахшони Ғарбӣ – Вахон, Шуғнон ва Рӯшон.
1887, тирамоҳ – шӯриш дар Шуғнон.
1891, июл – эъзомияи якум ба сӯйи Помир.
1892, апрел – эъзомияи дуюм ба сӯйи Помир.
1893, эъзомияи сеюм ба сӯйи Помир.
1895, сентябр – имзои Шартномаи махсус дар байни Русия ва Англия оид ба таъини сарҳадди нуфуз дар Бадахшон.
Савол ва супоришҳо:
1) Вазъи мулкҳои Бадахшон дар миёна ва нимаи дуюми асри XIX чӣ гуна буд?
2) Мувофиқи муоҳадаҳои солҳои 1869 – 1873 байни Русия ва Англия сарҳадди нуфузи онҳо дар Бадахшон чӣ гуна муайян гардида буд?
3) Шӯриши соли 1887 дар Шуғнон ба муқобили кӣ нигаронида шуда буд?
4) Доир ба эъзомияҳои якум, дуюм ва сеюм ба сӯйи Помир маълумот диҳед.
5) Оқибатҳои Шартномаи сентябри соли 1895 (дар байни Русия ва Англия оид ба сарҳадди нуфуз дар Бадахшон имзогардида)-ро шарҳ диҳед.
6) §§ 2 ва 13-ро такрор кунед.
Хонандагон бояд: ҳалли «Қазияи Помир»-ро дар байни Русия ва Англия, инчунин оқибатҳои онро барои мардуми Бадахшон шарҳ дода тавонанд.
Реклама