Падидаҳои нави фарҳангӣ. Мактаби Ҳабибия. Аз ҷиҳати иқтисодӣ ва маънавӣ паст будани мамлакат зиёиёни пешқадамро ба ҳаёти нав бедор намуд. Дар ташаккулёбии онҳо ҳаёти маъ- навии мамлакатҳои атроф таъсири зиёд доштанд. Зиёиёни пешқадам иқрор буданд, ки мардуми Афғонистон аз маънавиёт хеле қафо мондаанд. Онҳо аз чунин ҳолат баромаданро дар бунё- ди мактабҳои замонавӣ, мувофиқи тақозои замон тарбия намуда- ни ҷавонон медиданд. Худи амир Ҳабибуллохон ҳам дар чунин ақида буд. Вай ба падидаҳои наве, ки дар байни зиёиёни миллӣ пайдо шуда буд, монеъ нашуд.
Соли 1903 дар Кобул аввалин мактаби миёнаи замонавӣ– Ҳабибия таъсис ёфт, ки онро баъзан литсей ва ё мадраса ном мебаранд. Мактаби Ҳабибия аз се зина: ибтидоӣ, рашидӣ ва эъдодӣ иборат буд. Дар давоми таҳсил ғайр аз забон, адабиёт, ақидаҳои динӣ, инчунин, таърих, ҷуғрофия, алгебра, геометрия, механика, ҳикмати табиӣ, кимиё ва забони англисӣ омӯхта мешуд. Ғайр аз ин, дар шаш ҳавзаи шаҳри Кобул мактабҳои нави ибтидоӣ барпо карда шуд. Бар замми ин, тамоми мактабҳои анъанавӣ вазифадор карда шуданд, ки аз рӯйи барномаи таълимии вазорати маориф ба омӯхтани илмҳо ва фанҳои нав машғул шаванд. Дар муддати хеле кӯтоҳ шумораи умумии толибилмони мактаби Ҳабибия аз 269 то ба 1534 нафар зиёд шуд. Дар мактабҳои ибтидоӣ 700 нафар шогирд таълим мегирифтанд. Мувофиқи талабот дар Кобул як дорулмуаллимини ибтидоӣ низ ташкил гардид, ки дар муддати хеле кӯтоҳ миқдори толибилони он аз 150 то ба 900 нафар расид.
Дар мактабҳои номбурда аввалин соҳибмансабони мулкӣ ва афсарони низомӣ аз байни ашрофзодагони мамлакат тарбия гирифта, ба камол расиданд. Барои таълиму тарбияи мактабҳо устодон аз Ҳиндустон, Туркия ҷалб шуда буданд.
Ғайр аз мактабҳо, дар Кобул аввалин чопхона, хатти телефо- нии байни Кобул – Ҷалолобод, Кобул – Парвон, беморхонаҳои занона ва мардона (бо озмоишгоҳҳояшон) таъсис гардиданд. Амир Ҳабибуллохон баъди сафараш (соли 1907) ба Ҳиндустон, тамоми соҳибмансабони мулкӣ ва низомиро амр карда буд, ки ҳатман либоси расмии аврупоии тобистонӣ ва зимистонӣ дошта бошанд.
Умуман, тағйироти фарҳангию иқтисодии дар Афғонистон бавуҷудомада аз он гувоҳӣ медоданд, ки амир Ҳабибуллохон, ба истиснои тамоми камбудиҳо, дар муқоиса бо амирони охирини Бухоро – Абдулаҳадхон ва Олимхон замони худро нисбатан дуруст дарк карда буд. Аз ин рӯ вай барои пешрафти мамлакати худ ба сӯйи тамаддун баъзе қадамҳои боҷуръатона гузошт.
Машрутахоҳон, ҷавонафғонҳо ва маорифпарварӣ. Бо вуҷуди нисбатан ором будани вазъи мамлакат ҳар ҷо-ҳар ҷо ҷунбишҳои иҷтимоии мардумӣ тез-тез ба амал меомаданд. Мардуми заҳматкаш, бо ҳамин роҳ эътирози худро нисбат ба беадолатиҳои замон, махсусан, зулму истибдоди амалдорон, феодалон, ба муқобили вазнинии андозҳо баён мекарданд. Махсусан, дар Ҳазораҷот ва Ҳирот шӯришҳои мардумӣ бештар ба амал меомаданд. Масалан, шӯриши мардуми Ҳирот бо сарварии Сайид Аҳмадхон ду сол давом кард. Солҳои 1910 –1912 ҷунбишҳои халқӣ қариб тамоми қаламрави Афғонистонро фаро гирифта буд. Аксари он ҷунбишҳо бо қувваи аскарон пахш карда мешуданд.
Ифодакунандаи асосии манфиати мардуми заҳматкаш машрутахоҳон ва маорифпарварон ба ҳисоб мерафтанд, зеро мақсади асосии мардуми ба мубориза бархоста таъмини баробарӣ ва маорифпарварон амалӣ шудани ин ормонҳоро дар симои подшоҳи одил, тараққихоҳ, мардумпарвар ва маорифпарвар медиданд. Дар бисёр маъхазҳои илмӣ машрутахоҳон ҳамчун ислоҳотхоҳон ё худ «ҷавонафғонҳо» ном бурда шудаанд. Албатта, ин беасос нест, зеро иштирокчиёни ин ҳаракат аксар ҷавонони навбедоргаштаи Афғонистон буданд, ки дар мавқеи ислоҳотхоҳӣ меистоданд. Аз ин ҷиҳат дар марому мақсади машруттахоҳони Афғонистон ва ҷадидон – ҷавонбухороиёни Бухоро умумият дида мешавад.
Пешоҳанги ҳаракати машрутахоҳӣ «Анҷумани уламо» буд, ки 50 нафар олим ва ашхоси бомаърифати замонро муттаҳид мекард. Он аз тарафи ҳукумат бунёд гардида, вазифадор карда шуда буд, ки дар асоси омӯхтани вазъи молӣ ва идории мамолики ҳамҷавор ва мутолиаи рӯзномаҳои эронӣ, ҳиндӣ, арабӣ пешниҳодоти худро оид ба такмилу рушди мамлакатдорӣ ба амир манзур намоянд ва вобаста ба онҳо дастуру низомномаҳои зарурӣ низ тартиб диҳанд. Яке аз манбаъҳои муҳимми ғоявӣ ва назариявии онҳо рӯзномаи «Ҳабл-ул-матин» ба шумор мерафт, ки аз соли 1893 бо саъю кӯшиши тарафдорони мактаби сиёсии Сайид Ҷамолиддини Афғонӣ дар Калкутта нашр мегардид. Баъди таъсиси литсей ё худ мадрасаи Ҳабибия он ба яке аз марказҳои муҳимми машрутахоҳӣ табдил ёфт. Вале доираи машрутахоҳӣ ва маорифпарварӣ аз доираи ин мадраса ҳам баромада, ҷавонони зиёдеро фаро гирифта буд, ки онҳо аз табақаҳои гуногуни аҳолӣ буданд.
Ҷунбиш ё худ ҳаракати машрутахоҳӣ соли 1906 таъсис ёфт. Муассисони он дар як хонаи торик ҷамъ омада, ҳамдигарро фарқ намекарданд ва бо ин восита онҳо мехостанд сирру асрорашон пӯшида монад. Қуръон ва шамшер рамзи мубориза ва фаъолияти онҳо ҳисоб мешуд. Бо ин онҳо садоқат ва вафодории худро нис- бат ба дини ислом, истиқлолхоҳӣ ва маорифпарварӣ нишон медо- данд. Роҳбари умумии онҳо Муҳаммадсарвари Қандаҳорӣ – усто- ди литсейи Ҳабибия интихоб гардида буд. Шумораи умумии узви ҳаракати машрутахоҳон танҳо дар шаҳри Кобул ба 300 нафар мерасид.
Машрутахоҳон нисбат ба ҳеҷ кадом аз қавму қабилаҳо, табақаҳои иҷтимоӣ ва пайравони дину мазҳаб таассуб ва тангназарӣ зоҳир накарда, онҳо ҳадафҳои олии миллии худро иборат аз татбиқи ислоҳоти дохилӣ, таъмини рушду тараққии иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ба даст овардани истиқлоли си- ёсии Афғонистон медонистанд. Ҳамин нуктаҳо мазмуни асосии талабномаҳои онҳоро ташкил медод. Масалан, дар талабномаи онҳо омадааст: итоат ба тамоми аҳкоми ислом; ба даст оварда- ни ҳукуқи миллӣ; таъмини маорифу макотибу васоили бедории мардум ва матбуот; таъсиси маҷлиси Шурои миллӣ бо роҳи инти- хоботи озоди намояндагони мардум; таъмини истиқлоли сиёсию озодии Афғонистон ва густариши равобити сиёсию иқтисодӣ бо дунёи хориҷ; таъмини адолати иҷтимоӣ.
Хулоса, низоме, ки машрутахоҳон дар пайравии таълимоти Сайид Ҷамолиддини Афғонӣ ба миён гузошта буданд, тақозо ме- кард, ки дар асоси интихоботи озод, тарҳрезии қонун ва қонуният як ҳукумати миллӣ ташкил карда шавад, ки дар назди халқ масъ- ул ва ҷавобгар бошад.
Соли 1909 машрутахоҳон дар Ҷалолобод талабномаи худро ба амир Ҳабибуллохон расониданд. Дар аввал амир он талабҳоро хуш пазируфт, вале қувваҳои иртиҷоии дохилӣ ва хориҷӣ ба ӯ фишор оварда, исбот карданӣ шуданд, ки машрутахоҳон вайро сарнагун кардан мехоҳанд. Баъди ин амир сахт бадгумон шуда, ба ҷазо додани машрутахоҳон фармон дод. Дар натиҷа 85 нафар, аз ҷумла Муҳаммадсарвари Қандаҳорӣ (Возиф) қатл карда шуданд.
Ҳаракати машрутахоҳӣ, ғайр аз Кобул, шаҳрҳои Ғазнӣ, Ҷалолобод, Қандаҳор, Ҳирот ва Мазори Шарифро низ фаро ги- рифта буд. Масалан, машрутахоҳони Ҳирот дар натиҷаи таъсири инқилоби Эрон ва инқилоби якуми рус масъалаи таъсис намуда- ни маҷлиси миллӣ, аз ҳукумат дур намудани Ҳабибуллохон ва ба ҷойи ӯ ба сари қудрат овардани Насруллохонро ба миён гузошта буданд. Ҳиротиён амир Ҳабибуллохонро мутеи англисҳо ҳисоб мекарданд.
Бинобар ин, дар тамоми қаламрави Афғонистон таъқибу фишори машрутахоҳон ва пайравони онҳо авҷ гирифт ва он дар натиҷа соли 1909 шикаст хӯрд ва пароканда гардид, вале аъзои ҳаракат ба дастаҳои хурд тақсим шуда, амалиёти худро хеле махфӣ нигоҳ доштанд ва ба ҷунбиши бузурге ибтидо гузоштанд. Минбаъд таълимоти онҳо дар шароити вазнини Афғонистон дар зери пардаи ғояҳои маорифпарварӣ ташвиқу тарғиб карда ме- шуд. Ин тағйирот аз хусуси ба охир расидани марҳалаи аввали машрутахоҳӣ ва оғози марҳалаи дуюми он шаҳодат медиҳад.
Маҳмуди Тарзӣ. Марҳалаи дуюми фаъолияти машрутахоҳон. Давра ё худ марҳалаи дуюми фаъолияти машрутахоҳон дар шак- ли маорифпарварӣ зоҳир гардида, ба номи Маҳмуди Тарзӣ ва рӯзномаи «Сироҷ-ул-ахбор», ки ифодагари мафкураҳои сиёсӣ ва иҷтимоии онҳо мебошад, вобастагии қавӣ дорад.
Маҳмуди Тарзӣ (солҳои 1867–1933) дар Қандаҳор, дар хона- дони Ғуломмуҳаммади Тарзӣ, ки душмани англисҳо буд, ба дунё омадааст. Бинобар ин баробари ба сари қудрат омадани амир Абдурраҳмонхон, соли 1881 аҳли оилаи Ғуломмуҳаммади Тарзӣ аз Афғонистон табъид (бадарға) карда шуд. Онҳо ба Ҳиндустон, Эрон ва Ироқ муҳоҷират карда, ниҳоят, бо иҷозати султони Туркия дар Сурия маскан гирифтанд. Дар ташаккули ҷаҳонбинии Маҳмуди Тарзӣ адабиёти пешқадами давр, махсусан, эҷодиёти маорифпарварони Фаронса ва шиносоӣ бо Сайид Ҷамолиддини Афғонӣ таъсири бузург гузоштааст. Вай соли 1903 баъди афви умумӣ ба Афғонистон баргашт.
Маҳмуди Тарзӣ бо сабаби шахси фозилу бомаърифат ва ашрофзода буданаш, ба зудӣ ба дарбор роҳ ёфт ва яке аз муқаррабони амир Ҳабибуллохон гардид. Баъди он ки ду духтари худро ба никоҳи шоҳзодагон Иноятуллохон ва Амонуллохон да- ровард, мақому манзалаташ мустаҳкамтар шуд. Чунин мавқеъ ба Маҳмуди Тарзӣ имкон дод, ки соли 1911 нашри рӯзномаи «Сироҷ- ул-ахбор»-ро аз сар бигирад. Ин рӯзнома соли 1906 як шумора дар ҳаҷми 36 саҳифа нашр гардида, баъдан баста шуда буд.
Рӯзномаи «Сироҷ-ул-ахбор», ки сардабири он худи Маҳмуди Тарзӣ буд, як гурӯҳ ҷавонони тараққипарварро муттаҳид намуда, ғояҳои маорифпарвариро эҳтиёткорона тарғиб мекард. Ба андешаи онҳо, масъалаи аз ҳама муҳим бартараф кардани ақибмондагии иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Афғонистон буд. Онҳо сабаби ҳамаи нокомиҳоро дар бетафовутии мусулмонон ба комёбиҳои илму фанни олами пешрафтаи Ғарб медиданд. Бинобар ин пайравони Маҳмуди Тарзӣ, яъне маорифпарварони Афғонистон, вазифаи аввалин ва асосии худро дар он медиданд, ки ҳамватанони худро аз ҷаҳолат, нодонӣ ва таассуб дур намуда, онҳоро ба омӯхтани илму фанни замонӣ даъват намоянд. Онҳо инчунин, тарафдори гузаронидани ислоҳоти қатъӣ буда, дар мамлакат ҷорӣ намудани тартибу низом ва қонуну конуниятро низ тақозо мекарданд. Ба андешаи онҳо, подшоҳ бояд оқилу доно, одилу бомаърифат бошад, барои рушди илму дониш ғамхорӣ зоҳир намояд.
Даъватҳои ҷасуронаи Маҳмуди Тарзӣ, ки оид ба даст овардани истиқлоли Афғонистон 17-уми январи соли 1916 дар рӯзномаи «Сироҷ-ул-ахбор» нашр гардида буд, мардумро рӯйирост ба мубориза даъват мекард. Он солро санаи ба вуҷуд омадани машрутахоҳони насли дуюм ҳисоб мекунанд. Даъватҳои Маҳмуди Тарзӣ боиси эътирози шадиди аҳли дарбори амир Ҳабибуллохон гардид ва он шумораи рӯзномаро фавран манъ намуданд. Ба худи Маҳмуди Тарзӣ марг таҳдид мекард, вале ӯро мавқеъ ва мақомаш аз марг наҷот дод ва кор танҳо бо 26 ҳазор рупия ҷарима, ки аз тарафи домодаш Амонуллохон пардохта шуд, анҷом ёфт.
Вале наҳзати машрутахоҳони дуюм, мисли наҳзати машрутахоҳони аввал, созмони васеи сиёсӣ ва иҷтимоӣ набуд ва онҳо асосан, дар атрофи рӯзномаи «Сироҷ-ул-ахбор» муттаҳид шуда, марому мақсади худро тавассути ин рӯзнома бо сарпарастии Маҳмуди Тарзӣ ифода мекарданд. Ҳатто шоҳзода Амонуллохон ҳам яке аз ҳаводорони намоёни машрутахоҳони дуюм ба ҳисоб мерафт.
Эълони Истиқлоли Афғонистон. Амир Ҳабибуллохон дар масъалаи муносибат бо Англия кӯшиш мекард, ки садоқатмандии худро нишон диҳад. Дар дохили мамлакати Афғонистон тарафдорони истиқлол сол то сол меафзуданд. Пешоҳанги онҳо машрутахоҳон буданд. Ба онҳо воқеаҳои соли 1917-и Русия, яъне сараввал сарнагун карда шудани ҳукумати подшоҳӣ ва сипас дар натиҷаи Инқилоби Октябр бунёд гардидани Ҳокимияти Шуравӣ руҳияи тоза бахшид, вале машрутахоҳон ба хулосае омаданд, ки то амир Ҳабибуллохон дар сари қудрат аст, Афғонистон соҳиби озодӣ ва истиқлол шуда наметавонад. Аз ин рӯ баъзеи онҳо, аз ҷумла, Абдурраҳмони Лудин масъалаи сарнагун кардани амирро гузошт ва баҳори соли 1918 ба муқобили Ҳабибуллохон суиқасд ташкил карда шуд, вале он бебарор анҷом ёфт.
Ҳабибуллохон солҳои охир ба айшу ишрат дода шуда, нис- бати сарнавишти мамлакат бепарво буд. Чунин рафтор дар бай- ни дарбориён низ норизоӣ ба вуҷуд оварда буд. Ҳатто дар ни- зоми оилавии амир ҳам ягонагӣ вуҷуд надошт. Масалан, амир муттасил ҳарами худро аз ҳисоби занҳои зебо ва канизони ҷавон нав мекард, ки ҳамаи ин боиси норизоии модари Амонуллохон – Сироҷулхотун гардида буд. Дар асоси моҷароҳои хонаводагӣ Сироҷулхотун талоқ гирифта, ҳамроҳи писараш ба сафи мухоли- фони амир ҳамроҳ шуд. Аз тарафи баъзе дарбориён бо иштироки сипаҳсолор Нодирхон бар зидди амир Ҳабибуллохон нақшаи суиқасд тартиб дода шуд.
Суиқасд ба ҷони Ҳабибуллохон бояд соли 1918 ҳангоми сай- ри шикори навбатӣ амалӣ мешуд ва ба ҷояш нойибуссалтана Насруллохон ба тахт менишаст, вале дар натиҷаи беҷуръатии худи Насруллохон суиқасд танҳо 21-уми феврали соли 1919 дар Лағмон амалӣ гардид. Насруллохон худро подшоҳ эълон намуд. Аммо даъвогари асосии тоҷу тахти подшоҳӣ Амонуллохон, ки ҳангоми кушта шудани падар дар Кобул вакили салтанат буд, Насруллохонро ба қатли падар муттаҳам намуда, худро подшоҳ эълон кард. Мувофиқи талаб ва хоҳиши мардуми мамлакат 28- уми феврали соли 1919 Афғонистон давлати мустақил эълон карда шуд.
Ҳамин тавр, муборизаи дурударози халқҳои Афғонистон ба- рои истиқлол бо ғалаба анҷом ёфт. Ин ба давлати Афғонистон имкон дод, ки минбаъд муносибати берунии худро мустақилона муайян намояд.
Сарчашма:
Даъвати Маҳмуди Тарзӣ ба мардуми Афғонистон, ки 17-уми январи соли 1916 дар рӯзномаи «Сироҷ-ул-ахбор» чоп шудааст: «... Эй миллати наҷиби афғония, шарофати миллӣ ва азамати қавмии худро муҳофиза кунед! Истикдол ва ҳокимияти давлатии худро сиёнат намоед! Афғонҳои ба диёнат ва диндорӣ, шуҷоат ва баҳодурӣ, ба ғайрат ва номусшиорӣ дар тамоми дунё машҳур шуда бошад, оё инро барои виҷдону имону шараф ва номуси худ чӣ сон гуворо карда метавонад, ки номи ҳимоят ва тобеияти дав- лати аҷнабии ғайридин ва миллате бар ӯ бошад... маънии софу сареҳи тобеият ва ҳимоят ин аст, ки як давлате ба дигар давлате бигӯяд, ки ба ғайр аз ман дигарро нашинос! Ба ғайр аз ман ба дигар давлат на сафир бифирист ва на сафир қабул кун! Маънии соф ва сареҳи истиқлоли том ва озодии комила низ ин аст, ки ҳар давлат дар ҳама чизҳое, ки дар боло мазкур гардид, мустақил ва озод бошад. To ба ҳол ҳар чӣ, ки буд, ҳар чӣ шуд, шуд! Лекин баъд аз ин афғон он афғоне нест, ки аз ҳуқуқи худ чашмпӯшӣ битавонад...». (Пора аз китоби: Назаров Ҳ. Мақоми тоҷикон дар таърихи Афғонистон. С. 304).
Санаҳои муҳим:
1867 – 1933 – солҳои зиндагии Маҳмуди Тарзӣ.
1893 – оғози нашри рӯзномаи «Ҳабл-ул-матин» дар Калкутта.
1903 – таъсиси аввалин мактаби замонавӣ – Ҳабибия дар Кобул.
1906 – таъсиси ҷунбиш ё худ ҳаракати машрутахоҳӣ.
1906 – нашри рӯзномаи «Сироҷ-ул-ахбор». Дар ин сол танҳо як шумора баромада, аз соли 1911 мунтазам нашр гардид.
1909 – таъсиси мактаби миёнаи ҳарбӣ.
1909 – таъқиб ва қатли машрутахоҳон.
1916 – ба вуҷуд омадани машрутахоҳони дуюм ё худ оғози давраи дуюми машрутахоҳӣ.
1919, 28-уми феврал – эълони Истиқлоли Афғонистон.
Савол ва супоришҳо:
1) Падидаҳои пешравӣ дар ҳаёти фарҳангии Афғонистони аввали асри XX дар чӣ зоҳир мегардад?
2) Дар бораи мактаби Ҳабибия чӣ медонед?
3) Машрутахоҳон (ҷавонафғонҳо) кӣ буданд ва чӣ мехостанд?
4) Соли 1909 машрутахоҳон чаро ба таъқибу қатл гирифтор шуданд?
5) Маҳмуди Тарзӣ кӣ буд ва фаъолияти ӯ аз чӣ иборат аст?
6) Дар бораи рӯзномаи «Сироҷ- ул-ахбор» чӣ медонед?
7) Фарқи машрутахоҳони дуюм аз якум чист?
8) Истиқлоли Афғонистон чӣ тавр ба даст омад ва кай эълон гардид?
9) §§ 42, 43-ро такрор кунед.
Хонандагон бояд: ҳаракати машрутахоҳӣ ва эълони истиқлоли давлатии Афғонистонро дуруст баҳогузорӣ карда тавонанд.
Реклама