Таъсири дигаргуниҳои иқтисодию сиёсӣ ва ҷамъиятӣ. Баъди тасарруфи Осиёи Марказӣ аз ҷониби Русияи подшоҳӣ дар натиҷаи дигаргуниҳои иқтисодию сиёсӣ, ҷамъиятӣ ва фарҳангии кишвар дар афкори ҷамъиятию сиёсии мардуми он, махсусан, зиёиён, тағйироти куллӣ ба вуҷуд омад.
Пас аз истило сарзамини Осиёи Марказӣ ба доираи муоми- лоти молию пулӣ ва бозори умумирусӣ кашида шуд. Дар ин сарзамин корхонаҳои саноатӣ ва ташкилотҳои бонкӣ ба вуҷуд омаданд; хатҳои роҳи оҳан гузаронида шуданд; дар кишоварзии кишвар дигаргуниҳо (баъзе анвои нави воситаҳои кишоварзӣ ва истеҳсоли маҳсулоти нав) пайдо шуданд.
Дар кишвари Туркистон баробари ин дигаргуниҳо ва барҳам дода шудани мустақилии хонигарии Хӯқанд, инчунин ба баъзе урфу одатҳои пойдори динию миллӣ ва маҳаллӣ зарбаи қатъӣ зада шуд. Акнун дар ин кишвар сарварони дини ислом аз мавқеъ ва ҳуқуқҳои номаҳдуди собиқа маҳрум гардиданд. Онҳо дар идоракунии мулкҳои кишвар, шуруъ аз генерал-губернаторӣ то идораи уезду волост ҳеҷ нуфузе надоштанд ва амалдорони подшоҳӣ андешаи эшонро умуман ба эътибор намегирифтанд. Мансабҳои бонуфузи динӣ – қозикалон ва раис дар қаламрави кишвари Туркистон дигар вуҷуд надошт. Ин тағйирот зиёиёни маҳаллиро зиёда ба андеша водор намуд.
Дигаргуниҳо дар ҳаёти фарҳангӣ ва тиббӣ. Дар кишвари Туркистон, махсусан, тағйирот дар ҳаёти фарҳангӣ назаррас буд. Масалан, соли 1868 дар шаҳри Тошканд аввалин чопхона ба кор шуруъ кард. Соли 1870 китобхонаи оммавӣ кушода шуд. To ин вақт дар сарзамини Осиёи Марказӣ, махсусан, дар Бухоро, Самарқанд, Хӯқанд китобхонаҳо асрҳо боз вуҷуд дошта бошанд ҳам, дар назди дарбори хону амирон ва мадрасаҳо буда, хусусияти оммавӣ надоштанд.
28-уми апрели соли 1870 шумораи аввалин нашрияи генерал-губернатории кишвари Туркистон – рӯзномаи «Туркестанские ведомости» чоп шуд, ки бо он таърихи матбуоти даврии Осиёи Марказӣ оғоз гардид. Аз ҳамон сол чопи рӯзнома бо забонҳои узбекию қирғизӣ бо номи «Туркистон вилоятининг газети» ба чоп шуруъ шуд. Бо мақсади аз ҳисоби толибилмони маҳаллӣ тайёр намудани тарҷумонҳо 19уми декабри соли 1884 дар шаҳри Тошканд, дар ҳавлии сарватманди маҳаллӣ Саидғанӣ Азимбоев, нахустин мактаби русии маҳаллӣ кушода шуд. Олими номии рус В. Наливкин муаллими он буд. Миқдори чунин мактабҳо сол то сол меафзуд. Масалан, соли 1911 танҳо дар Хуҷанд, Панҷакент, Ӯротеппа, Конибодом, Исфара, Хоруғ ва дигар шаҳрҳо беш аз 10 мактаби русии маҳаллӣ амал мекарданд. Дар сарзамини Аморати Бухоро аввалин чунин мактаб соли 1894 дар шаҳри Бухорои Куҳна ташкил ёфт.
Дар нимаи дуюми асри XIX барои аз нуқтаи назари илмӣ омӯхтани сарзамини Осиёи Марказӣ аввалин кӯшишҳои ҷиддӣ оғоз ёфт. Чунончи, соли 1871 Ҷамъияти илмии Осиёи Миёна бунёд гардид, ки мақсади он ҷамъ ва нашр кардани мавод дар бораи мардуми ин диёр буд. То ин давр аз расадхонаҳои собиқ, аз ҷумла аз расадхонаи Улуғбек (дар Самарқанд), ки дар замони худ шуҳрати ҷаҳонӣ дошт, қариб асаре намонда буд. Соли 1873 дар Тошканд аввалин расадхонаи замонавӣ сохта шуд. Соли 1897 бо ташаббуси олимони маъруфи рус В. Ошанин ва С. Жидинский Шуъбаи туркистонии Ҷамъияти ҷуғрофии Русия ташкил ёфт. Ҷуғрофияшиноси номии рус П. Семёнов ба омӯзиши ҷуғрофияи кишвар асос гузошт. Дигар олими маъруфи рус, ҷуғрофияшинос А. Федченко бори нахуст водии Фарғона ва Олойро омӯхта, нуқтаи баландтарини кӯҳҳои ин минтақаро муайян намуд. Дар соҳаи тиб низ дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд. Масалан, дар шаҳри Тошканд дар нимаи дуюми соли 1865 бо мақсади табобати ҳарбиёни рус бемористони махсус бунёд гардида буд. Минбаъд дар ин ҷо бемористон ва амбулаторияи табобатӣ бунёд шуданд, ки дорои 168 бистар буданд. Дар шаҳрҳои Самарқанд, Хӯқанд, Хуҷанд, Ӯротеппа ва Панҷакент низ бемористону марказҳои табобатӣ пайдо шуданд.
Дигаргуниҳои соҳаи тиб ба Аморати Бухоро низ бетаъсир на- монд. Мутахассисони рус дар шаҳри Бухорои Куҳна як беморис- тон ва як амбулаторияи занона, дар шаҳрҳои Шаҳрисабз, Қаршӣ ва Душанбе яктоӣ бемористонҳои ҳар кадоме дорои 5 бистар, дар маҳаллаҳои руснишин ва сарҳаддӣ: Бухорои Нав (Когон), Чорҷӯйи Нав, Паттаҳисор, Тирмиз ва Каркӣ низ амбулаторияҳо ташкил карданд. Дар ҳудуди Кӯҳистони Бадахшон дар Хоруғ ва маҳалҳое, ки қисмҳои сарҳаддии аскарони рус ҷойгир буданд, нуқтаҳои табобатӣ ташкил карда шуданд. Дар аксари шаҳрҳо ва шаҳракҳо дорухонаҳо ҳам бино гардиданд. Чи аз нуқтаҳои табобатӣ ва чи аз дорухонаҳо минбаъд мардуми маҳаллӣ низ ба қадри имкон истифода мекарданд.
Мавқеи зиёиёни маҳаллӣ нисбат ба тағйирот. Дигаргуниҳои дар сарзамини Туркистон ва Аморати Бухоро бавуҷудомада, албатта, ба афкори ҷамъиятию сиёсии мардуми он, махсусан зиёиён, бетаъсир намонд. Онҳо доир ба сабаб ва оқибатҳои ин дигаргуниҳо андеша меронданд. Аксар носозгориҳои чи замони гузашта ва чи сиёсати мустамликадории ҳукумати подшоҳиро мазаммат менамуданд.
Дар натиҷаи таъсири тағйироте, ки дар нимаи дуюми асри XIX ба амал омад, зиёиёни Осиёи Марказӣ ба гурӯҳҳо тақсим шуданд. Як гурӯҳи зиёиён (асосан, дар кишвари Туркистон) воқеияти баамаломадаро, муваққатан бошад ҳам, қабул наму- да, мунтазири барқароршавии тартиботи аввала (чи мақомҳои динӣ ва чи мулкҳои вақфӣ) буданд. Гурӯҳи дигари зиёиён ин дигаргуниҳоро амри воқеӣ ва баргаштан ба тартиботи пештара- ро имконнопазир ҳисобида, сарзамини Осиёи Марказиро тарк намуда, ба мамлакатҳои ҳамсоя: Афғонистон, Эрон, Туркия ва давлатҳои гуногуни араб ҳиҷрат намуданд. Қисми сеюми зиёи- ён воқеаҳои даврро аз ҳар ҷиҳат омӯхта, сабабҳои онро ба хубӣ фаҳмиданд, доир ба оқибатҳои он барои худ хулосаҳои зарурӣ бароварда, баҳри наҷоти халқу ватани худ ва урфу анъанаи мар- думи он мекӯшиданд. Онҳо ба хубӣ эҳсос намуданд, ки воқеан, халқҳои Осиёи Марказӣ хеле камбағалу нодор буда, мамлакат аз давлатҳои таракқикардаи ҷаҳон аз ҳар ҷиҳат қафо мондаанд. Тарафдорони ин гурӯҳ сабабҳои асосии ҳама гуна бадбахтиҳои мардум ва қафомондагии мулкро, пеш аз ҳама, дар бемаърифатии мардум ва амалдорон медиданд. Ақидаи ин гурӯҳи зиёиён дар эҷодиёти маорифпарварони он давра таҷассум ёфтааст, ки бузургтарини онҳо Аҳмади Дониш буд.
Сарчашма:
Академик Бобоҷон Ғафуров аҳаммияти таърихии ба Русия ҳамроҳ шудани Осиёи Марказиро нишон дода, доир ба вуҷуд омадани дигаргуниҳои иқтисодӣ ва фарҳангӣ навиштааст: «Тавассути ҳамроҳ шудан ба Русия Осиёи Миёна ба муомилаи молии ҷаҳонӣ кашида шуд. Тадриҷан дар ин сарзамин корхонаҳои саноатӣ, дар навбати аввал корхонаҳои пахтатозакунӣ ва равғанкашӣ ба вуҷуд омаданд... Дар натиҷаи ҳамроҳ шудан ба Русия ҳаёти фарҳангии Осиёи Миёна руҳ гирифт. Масалан, дар Тошканд китобхона, театр, музей кушода шуда, кори матбуот рӯ ба тараққӣ ниҳод... Ривоҷи фарҳанг, ки бо ёрии зиёиёни рус шуруъ гардида буд, ба фаъолияти зиёиёни маҳаллӣ кумак расонид...».
(Ниг.:Ғафуров Б. Тоҷикон. Китоби 2. С.187).
Санаҳои муҳим:
1865, нимаи дуюми сол – бунёди бемористони махсус дар шаҳри Тошканд.
1868 – бунёди аввалин чопхона дар шаҳри Тошканд.
1870 – кушода шудани китобхонаи оммавӣ дар шаҳри Тошканд.
1870, 28-уми апрел – нашри аввалин шумораи рӯзномаи «Туркестанские ведомости».
1870 – бунёди Ҷамъияти илмии Осиёи Миёна.
1873 – бунёди расадхона дар Тошканд.
1884, 19-уми декабр – кушода шудани нахустин мактаби русии маҳаллӣ дар шаҳри Тошканд.
1897 – ташкили Шуъбаи Туркистонии Ҷамъияти ҷуғрофии Рус.
Савол ва супоришҳо:
1) Ба мардуми маҳаллӣ дигаргуниҳои иқтисодию сиёсӣ ва ҷамъиятие, ки дар Осиёи Марказӣ дар нимаи дуюми асри XIX ба амал омаданд, чӣ тавр таъсир намуд?
2) Мардум дигаргуниҳои ҳаёти фарҳангӣ ва тиббии даврро чӣ гуна қабул карданд?
3) Аввалин рӯзнома дар Осиёи Марказӣ кай ва бо кадом ном нашр гардид?
4) Нахустин мактаби русии маҳаллӣ кадом сол, дар куҷо кушода шуд ва мақсад аз бунёди чунин мактабҳо чист?
5) Аз олимони рус, ки дар нимаи дуюми асри XIX ва ибтидои асри XX дар омӯзиши Осиёи Марказӣ саҳм гузоштаанд, киҳоро медонед?
6) Дар соҳаи тиб чӣ тағйирот ба вуҷуд омад?
7) Зиёиёни маҳаллӣ тағйироти баамаломадаро чӣ тавр қабул намуданд?
8) §§ 2, 18, 20, 21 ва 22-ро такрор кунед.
9) Расм ва маводди сарчашмаро таҳлил намоед.
Хонандагон бояд: таъсири дигаргуниҳои сиёсӣ ва ҷамъиятии дар замони мустамликавӣ дар Осиёи Марказӣ бавуҷудомадаро барои ташаккулёбӣ афкори ҷамъиятии сиёсӣ дуруст шарҳ дода тавонанд.
Реклама