§42 – 43. ТАДБИРҲОИ ҲАБИБУЛЛОХОН БАҲРИ РУШДИ ИҚТИСОД ВА ТИҶОРАТИ МАМЛАКАТ

Ба сари ҳокимият омадани Ҳабибуллохон. Октябри соли 1901 баробари вафоти амир Абдурраҳмонхон тартиботи истибдо- дии ӯ низ поён ёфт. Ба сари ҳокимият писари ӯ – Ҳабибуллохон (солҳои 1901–1919) омад. Амири ҷавонро, ҳарчанд ӯ ба сиёсати дохилӣ ва хориҷии падар содиқ мондани худро ваъда дода буд, вазъи Афғонистон маҷбур намуд, ки барои дар байни мардум ба даст овардани обрӯ ва эътибор ба як идда иқдомоти хайрхоҳона даст занад. Масалан, ҷуброн кардани қарзи чандсолаи фуқаро аз хазинаи давлатӣ; 2-рупиягӣ зиёд кардани маоши аскарон; ба муҳлати то 10 сол аз супоридани молиёт (андоз)-и замин озод намудани мардуми фақиру бенаво; озод кардани маҳбусоне, ки солҳои дароз бе гуноҳ гирифтори азобу шиканҷаҳои сахт буданд; бекор кардани ҷазоҳои ваҳшиёнаи замони Абдурраҳмонхон, ба монанди пора кардан, равғани доғ рехтан; афви умумии онҳое, ки тарки ватан намудаанд аз тадбирҳои нахустини амир ба ҳисоб мерафт. Баробари ин дар кӯчаю бозор бекор гаштани занҳоро манъ кард. Ҳангоми зарурат онҳо танҳо бо болопӯши хокӣ ва беранг берун шуда метавонистанд, то ки назари мардуми ғайрро ба худ ҷалб нанамоянд. Инчунин бо мақсади нишон додани гӯё тарафдори ахлоқи поки исломӣ буданаш, сурудхонӣ ва рақси занонро дар маҳаллаи Хароботи шаҳри Кобул манъ кард. Дар ёздаҳ шаҳри Афғонистон мадраса таъсис намуда, хароҷоти онҳоро аз ҳисоби давлат пардохт.

Аммо дар ҳукуматдории Ҳабибуллохон равиши ягона дида намешуд. Бисёр фармонҳои ӯ амалӣ намегардиданд. Махсусан, корҳои хайри худро камтар ба субут мерасонид. Бинобар ин аҳди ҳукмронии ӯро ба ду давра тақсим мекунанд. Агар дар даҳсолаи аввал амир нисбат ба корҳои мамлакатдорӣ дилгармии зиёд нишон диҳад, дар даҳсолаи дуюм вай аз корубори салтанат дур шуда, бештар ба сайру гашт, шикор ва айшу ишрат бо аҳли ҳарам, ки бештар аз сад зани ҷавонро дар бар мегирифт, машғул будааст.

Амир Ҳабибуллохон бар хилофи падараш –Абдурраҳмонхон, ки риштаи тамоми корҳои мулкӣ ва низомиро ба дасти худ гирифта, ба ҳеҷ кас бовар надошт, наздиконашро ба вазифаҳои масъул таъин намуд. Масалан, бародари худ Насруллохонро нойибуссалтана таъин намуд, ки ӯ ҳамзамон вазифаи садри аъзам ва вазири дохилиро низ иҷро мекард ва ҳатто аз назорати амир озод буд. Фарзанди худаш Иноятуллохонро муинуссалтана таъин кард, вазифаи вазири ҳарбиро ба ӯ супорид. Яъне бародар ва фарзанди Ҳабибуллохон ду соҳаи муҳимми идораи мулкӣ ва низомии мамлакатро дар ихтиёри худ доштанд.

Ба аҳкоми динии мамлакат қозиюлқуззот (қозикалон) сарварӣ мекард. Бо тавсияи ӯ амир, ноибуссалтана, муинуссалтана, соҳиб- мансабони идораҳои шаръӣ, аз қабили қозӣ, муфтӣ, муҳаррирон (нозирон) ва котибони онҳоро таъин мекард.

Тоҷикон дар замони Ҳабибуллохон ба таври васеъ дар идораҳои мулкӣ ва низомии мамлакат ба кор ҷалб карда шуда буданд, вале ба таври умум идораҳои марказӣ ва ҳукуматҳои маҳаллӣ ба иҷрои вазифаҳои худ чандон машғул набуданд. Ришвахӯрӣ, порагирӣ, хешутаборбозӣ, хариду фурӯши вазифаҳои муҳимми давлатӣ дар авҷ буд. Ба тамоми ин норасоиҳо нигоҳ накарда, чандин иқдомҳои муҳимми иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ гузаронида шуд, ки онҳо дар рушду тараққии мамлакат нақши худро гузоштаанд.

Рушди саноат. Вазъи нисбатан ороми мамлакат ба ҳунармандӣ ва шаклҳои гуногуни саноат мусоидат кард. Масалан, пӯстинҳое, ки ҳунармандони Қандаҳор, Ғазнӣ, Кобул ва Ҳирот тайёр мекарданд, хеле шуҳрат пайдо намуда буданд. Дар шаҳрҳо ҳазорон дуконҳо, устохонаҳои касбиву ҳунарӣ ба таври анъанавӣ фаъолият мекарданд. Дар баъзе корхонаҳо ҷараёни истеҳсолот тақсимбандӣ шуда, шакли истеҳсоли мануфактуриро гирифта буд, ки як маҳсулотро пайдарҳам чанд нафар усто омода мекарданд.

Дар ибтидои асри XX фаъолияти мошинхонае, ки соли 1886 сохта шуда буд, хеле васеъ карда шуд. Дар заминаи устохонаи чармгарӣ соли 1909 дар Кобул коргоҳи чармгарӣ ба кор даромад, ки дар он мӯза, зини асп ва дигар маҳсулоти чармиро ба тариқи механикӣ истеҳсол мекарданд. Инчунин, корхонаи собунпазӣ сохта шуд, ки дар баробари собун боз шамъ ҳам тайёр менамуд. Соли 1914 дар Кобул коргоҳи пашмбофӣ ба кор даромад. Маҳсулоти ин корхонаҳо дар баробари ба корҳои ҳарбӣ сарф шудан, як миқдор дар бозор низ фурӯхта мешуд. Сохтмони аввалин дастгоҳи барқӣ соли 1907 дар Парвон шуруъ шуда, соли 1919 ба кор даромад, ки иқтидораш 1,5 ҳазор киловатро ташкил медод.

To охири асри XIX ва ибтидои асри XX роҳҳои асосии Афғонистонро роҳҳои корвонгузар ва дар байни шаҳрҳо роҳҳои аробагард ташкил медоданд. Пайдо шудани аввалин автомобилҳо масъалаи сохтани роҳҳои мошингард ва тайёр намудани ро- нандагони ин навъи техникаро ба миён гузошт. Масалан, соли 1909 аввалин бор як дастаи 57-нафараи ҷавонон барои омӯхтани касби ронандагӣ ва механикӣ ба Ҳиндустон фиристода шуданд. Соли 1912 ширкати махсуси боркашии автомобилӣ таъсис ёфт, ки асосан, бо кашондани борҳои байни Афғонистону Ҳиндустон машғул буд. Дар натиҷа, зарурати сохтмони роҳҳои автомобил- гарди байни Кобул – Ҷалолобод, Кобул – Парвон, Кобул – Лугар ва Кобул – Ғазнӣ – Қандаҳор ба вуҷуд омад. Дар дигар ноҳияҳо ва нуқтаҳои мамлакат роҳҳои аробагард ва корвонсароҳои зиёде сохта шуданд.

Вазъи кишоварзӣ. Ташаккулёбии ҳукумати мутамарказ барои ба вуҷуд омадан ва рушди муомилоти молию пулӣ дар сохтори заминдорӣ ва тариқи истифодаи он тағйирот ба вуҷуд овард. Ма- салан, дар мамлакат дар натиҷаи барои соҳибмансабони низомӣ ва мулкӣ аз ҳисоби хазинаи давлат ҷорӣ гардидани маоши нақдӣ, шаклҳои заминдории қадима ва анъанавии «ҷойгир» ва «тиюл», ки ба ивази хизматашон дода мешуд, аз байн рафт. Минбаъд заминдорӣ ба се шакл – давлатӣ, хусусӣ (феодалӣ ва деҳқонӣ) ва вақфӣ тақсимбандӣ мешуд. Махсусан, заминҳои давлатӣ аз ҳисоби мусодираи мулкҳои хонҳо, маликҳо, феодалҳои саркаш ва шӯришгарони халқӣ васеъ мегардид. Инчунин, молу мулки деҳқононе, ки молиёт (андоз)-и вазнини ҳукуматиро пардохта наметавонистанд, мусодира мешуд. Дар ин байн баъзе ашроф ва феодалони калон бо роҳҳои гуногун қитъаҳои зиёди заминро ба даст меоварданд.

Заминҳои вақфӣ дар Афғонистон чандон зиёд набуданд. Ал- батта, тамоми мазорҳо, зиёратгоҳҳо, мадрасаҳо ва баъзе масҷидҳо соҳиби замини вақфӣ буданд. Соҳибони заминҳои вақфӣ ва феодалӣ одатан, дар шаҳрҳо ва марказ иқомат карда, бо корҳои идораи низомӣ, мулкӣ ва тиҷорат машғул буданд. Бинобар ин киштукори тамоми заминҳои давлатӣ, хусусии феодалӣ ва вақфӣ ба уҳдаи деҳқонони иҷоракор гузошта шуда буд. Дар ин хоҷагиҳо бештар усули нисфикорӣ (яъне нисфи ҳосил ба соҳиби замин ва нисфи дигараш ба деҳқон), сеяккорӣ, чоряккорӣ, панҷяккорӣ дида мешуд.

Андоз. Замони ҳукмронии Ҳабибуллохон на танҳо шаклу миқдори андозҳо тағйир наёфт, балки андозҳои нав ҳам ҷорӣ карда шуданд. Дар байни навъҳои андоз, мисли пештара, хироҷ навъи асосӣ ба ҳисоб мерафт, ки он аз маҳсулоти кишоварзон ситонида мешуд. Хироҷи заминҳои обӣ назар ба ҳосилнокӣ ва тарзи обёрӣ аз сеяк то панҷяки ҳиссаи маҳсулоти заминро ташкил медод. Тағйирот аз он иборат буд, ки акнун ҳукумат бештар кӯшиш мекард, ки андозҳоро то ҳадди имкон бо пули нақд рӯёнад.

Яке аз андозҳои наве, ки маҳз дар замони Ҳабибуллохон ба вуҷуд омадааст, «туруқпулӣ» (роҳпулӣ) ном дошт. Онро бо мақсади пӯшонидани хароҷоти сохтмони роҳҳои автомобилгард ва аробагард ҷорӣ намудаанд. Туруқпулӣ баробари хаҷми чарогоҳпулӣ буд ва ҳамаи чорводорон маҷбур буданд, ки онро ба фоидаи хазинаи давлат супоранд. Дар натиҷа, даромади хазинаи давлатӣ сол то сол меафзуд. Умуман, даромади накдии хазинаи амир Ҳабибуллохон ба 80 млн рупия расида буд.

Ҳукумати марказӣ ба фаъолияти на ҳамаи ҷамъкунандагони андоз – мустаҷирон ва таксилдорон назорат карда метавонист. Бинобар ин онҳо бо мақсади азхуд намудани як ҳиссаи даромад, нисбат ба халқ ҳар гуна зулму ситам ва бедодгариро раво медиданд.

Испорҳои чӯбини мардуми Афғонистон дap аввали асри XX

Рушди тиҷорат. Вазъи нисбатан ороми мамлакат боиси руш- ди тамоми соҳаҳои иқтисод ва тиҷорат гардид. Дар ин давр мах- сусан, шаҳрҳои Кобул, Ҳирот, Қандаҳор, Мазори Шариф, хеле тараққӣ карда, ба марказҳои асосии тиҷорат мубаддал гаштанд. Дар ин шаҳрҳо на танҳо касбу ҳунарҳои пешина нашъунамо ёф- танд, балки онҳо оҳиста-оҳиста ба муомилоти бозоргонӣ ҷалб ме- шуданд. Баъзе маҳсулоти ҳунармандии ин мамлакатро на танҳо дар бозорҳои дохилӣ, балки берун аз он ҳам пайдо кардан мум- кин буд. Барои ба ин мамлакат cap даровардани молҳои саноатии русӣ дар қаламрави Осиёи Марказӣ сохта шудани роҳҳои оҳан такони ҷиддӣ бахшид.

Амир Ҳабибуллохон бо мақсади рушд додани тиҷорати дохи- лию хориҷӣ ба тоҷирон аз хазинаи давлат 1 миллиону 800 ҳазор рупия қарз дода, тамоми қарзҳои пешинаи онҳоро (аз замони Шералихон то замони худ) бахшида буд. Соли 1912 дар Кобул як муассисаи Бонки давлатӣ таъсис ёфт, ки на танҳо ба тоҷирон ва дигар муштариён қарз медод, балки дигар муомилоти пулӣ ва бонкиро низ иҷро мекард. Амир Абдурраҳмонхон ба тоҷирони афғон истифодаи роҳҳои оҳанро қатъан манъ карда буд. Амир Ҳабибуллохон ин амрро бекор кард.

Шароити мусоиде, ки амир Ҳабибуллохон барои рушди тиҷорат ба вуҷуд оварда буд, сабаби зиёд шудани боғу токзорҳо гардид. Масалан, дар давоми панҷ сол тамоми заминҳои атрофи Қандаҳор ба боғ табдил дода шуд ва содироти мева аз ин мулк дар муддати кӯтоҳ се баробар афзоиш ёфт. Умуман, дар муддати даҳ сол (солҳои 1904 – 1915) тиҷорати хориҷии Афғонистон бо Ҳиндустон ва Русия бештар аз ду баробар зиёд гардид. Агар аз мамлакатҳои Ҳиндустон ва Русия ба Афғонистон навъҳои гуногуни маҳсулоти саноатӣ ворид шаванд, аз Афғонистон ба он мамлакатҳо асосан маҳсулоти зироат ва чорво, пеш аз ҳама, ғалла, пахта, пашм, пӯсти қарокӯлӣ ва меваҷот содир мешуд. Дар ин давра Мазори Шариф – маркази асосии истеҳсоли ғалла, шолӣ, Ҳазораҷот – маркази истеҳсоли пашм, ғалла ва равған, Қандаҳор – маркази парвариш ва фурӯши асп ба ҳисоб мерафт. Масалан, дар намоишгоҳи ҳарсолаи Қандаҳор то се ҳазор асп хариду фурӯш мешуд.

Ба вуҷуд омадани табақаи коргар ва буржуазия. To охири асри XIX аз ҷиҳати табақабандӣ мардуми Афғонистонро асосан деҳқонон, феодалон (заминдорон ва чорводорони калон), тоҷирон, руҳониён, ҳунармандон ва косибон ташкил медоданд. Дар нимаи дуюми асри XIX Афғонистон ба тасарруфи империяи Британияи Кабир, ки давлати тараққикардаи сармоядорӣ ба ҳисоб мерафт, кашида шуд. Аз ин рӯ тавассути Ҳиндустон, ки он низ мустамликаи Англия буд, ба қаламрави Афғонистон муносибатҳои сармоядорӣ cap дароварда, рушд меёфт. Дар Афғонистон муносибатҳои молию пулӣ ба вуҷуд меомад. Маҳсулоти кишоварзон, косибон ва ҳунармандон бештар вобастаи бозор мегардиданд.

Ба вуҷуд омадани муносибатҳои молию пулӣ дар деҳот имкон медод, ки ҳиссаи бузурги моликият – замин дар дасти гурӯҳи хурди ҳаннотон ҷамъ гардад ва қисме аз аҳолии деҳот – деҳқонон аз замини худ маҳрум шаванд. Қисме аз ин гурӯҳи деҳқонон ҳамроҳи косибон ва ҳунармандони муфлисшуда минбаъд дар корхонаҳои саноатӣ ба кор даромада, аввалин дастаҳои коргарони маҳаллии Афғонистонро ташкил медоданд. Масалан, танҳо дар мошинхонаҳои Кобул 5 ҳазор коргар кор мекарданд. Шароити меҳнати онҳо хеле вазнин буд ва маоши ночиз (8 рупия) мегирифтанд. Дар корхонаҳои саноатӣ, сохтмони роҳҳо, муассисаҳои ҷустуҷӯйи маъдан мутахассисони хориҷӣ ба кор ҷалб шуда буданд. Коргароне, ки дар дигар корхонаҳои саноатӣ, устохонаҳо, сохтани роҳҳо, корвонсаройҳо кор мекарданд, хеле сершумор буданд, вале шароити кор ва зиндагии онҳо ҳам чандон хуб набуд.

Буржуазияи миллии Афғонистон асосан, аз ҳисоби тоҷирон ва заминдорону чорводорони калон ташаккул меёфт, аммо фаъо- лияти онҳо бештар бо роҳи судхӯрӣ пеш мерафт. Яке аз падидаҳои наве, ки дар муомилоти байни заминдорони калон ва деҳқонони иҷоракор дар ин давра арзи вуҷуд кард, пайдо шудани табақаи махсуси мустаҷирон мебошад. Онҳо дар байни заминдорони ка- лон ва деҳқонони иҷоракор мавқеи миёнаравиро ишғол мекар- данд. Мустаҷирон киштзорҳои васеи зироатии давлатӣ ва фео- далиро барои чандин сол иҷора гирифта, дар байни деҳқонони кироякор ба ҳиссаҳои хурд-хурд тақсим намуда, аз онҳо андо- зи замин ё кирояи заминро аз меъёри муқаррарӣ зиёдтар меси- тониданд. Дар натиҷаи чунин амалиёт мустаҷирон сол то сол сарватманд гардида, соҳиби сармояи муфт мешуданд. Фаъоли- яти онҳо на танҳо аз пайдо шудани муомилоти сармоядорӣ дар зироаткорӣ шаҳодат медод, балки он гувоҳи ташаккулёбии бур- жуазияи деҳот буд.

Сарчашма:

«...Аз дасти зулм ва тааддиёти мустаҷирон ва таксилдорон мардум аз ҷони худ безор мешуданд ва маҷбур буданд, ки ё молу мулк ва ҳатто фарзандони худро дар бадали қимати ночизе бифурӯшанд, ё ҷамъулҷамъ мисли ҷамшедиҳо ба кишварҳои бегона фирор намоянд, ё ниҳоятан, даст ба қиёми умумии зид- ди истибдодҳои феодалӣ бардоранд. Аз ин ҷо буд, ки дар ибти- дои асри XX ҳам, мисли замони амир Абдурраҳмонхон, шӯриш ва қиёмҳои халқӣ ва зидди зулми феодалӣ ҳамоно башиддат давом мекард. Агар пештар муборизони фаъоли ин ҷунбишҳо асосан деҳқонони мазлум ва бенаво бошанд, акнун сафи онҳо аз ҳисоби аҳолии шаҳрҳо, аскарони қаторӣ ва гурӯҳҳои буржуазӣ- либералии низомӣ ва мулкӣ, инчунин, уламо ва равшанфикрон васеъ шуда буд». (Ниг.: Назаров Ҳ. Мақоми тоҷикон дар таърихи Афғонистон. С.287).

Хонандагон бояд: тадбирҳои Ҳабибуллохонро баҳри рушди иқтисод ва тиҷорати Афғонистон дуруст шарҳ дода тавонанд.

Реклама