§18. БУНЁДИ РОҲҲОИ ОҲАН

Зарурати роҳҳои оҳан. Барои ба макони ашёи хом, яъне пахта ва бозори моли саноатчиёни рус табдил ёфтани Осиёи Марказӣ нақши роҳи оҳан хеле бузург аст, зеро бо сохтани ин роҳ пахта аз водии Фарғона то ба марказҳои саноатии Русия дар муддати аз 2 то 6 ҳафта мерасид. Ҳангоми набудани роҳи оҳан воридшавии он аз 4 то 10 моҳ тул мекашид.

Зарурати сохтани роҳи оҳани Осиёи Марказиро сармоя- дорони Москва ҳанӯз соли 1874 ба миён гузошта буданд, вале ҳукуматдорони подшоҳӣ, махсусан амалдорони соҳаи молия, сохтани роҳи оҳанро барои Русия аз ҷиҳати иқтисодӣ зиёновар меҳисобиданд. Бинобар ин онҳо дар ибтидо сохтани чунин роҳро дастгирӣ накарданд, аммо вазъи ҳамонвақтаи ҳарбии Русия сох- тани ин гуна роҳро на танҳо ба миён гузошт, балки ҳамчунин тезонид.

Чунончи, қувваҳои ҳарбии Русия соли 1878 дар яке аз ҷангҳои аввалини худ бо қабилаҳои туркман дар мавзеи Ахалтегин ба муқобилати сахт дучор шуда, шикаст хӯрданд. Барои аскарони рус дар ин ҷанг тай кардани даштҳои беобу регзор хеле гаронӣ кард.

Оғози сохтмони роҳи оҳан. Бо мақсади таслим намудани қабилаҳои саркаши туркман, бо супориши ҳукумати подшоҳӣ 3-юми августи соли 1880 аз димоғаи Михайловск (ё худ Узунада) сохтмони роҳи оҳанро ба таври таъҷилӣ оғоз карданд. 1-уми сентябри соли 1881 онро то ба Қизиларбат расониданд. 20-уми сентябри ҳамон сол дар ин роҳ ҳаракати поезд оғоз ёфт. Соли 1884 ин роҳ то ба Ашқобод расид.

Дар ин муддат такдири қабилаҳои туркман ҳам ҳал гардид. Онҳо дар назди иқтидори ҳарбии аскарони рус маҷбур шуданд, ки таслим шаванд. Бо забти сарзамини қабилаҳои туркман сохтмони роҳи оҳан қатъ нагардид, баръакс, дар ин муддат аз ҷиҳати иқтисодӣ зарур ва фоидаовар будани роҳи оҳан исбот гардид. Бинобар ин сохтмони роҳи оҳан минбаъд ҳам идома ёфт.

Он соли 1886 ба Марв ва Чорҷӯй омад. Баъдан он роҳ аз сарзамини Аморати Бухоро гузашта, соли 1887 то ба Бухорои Нав (Когон) расид ва ба сӯйи Самарқанд идома дода шуд. Соли 1888 Самарқанд ҳам ба хатти роҳи оҳан пайваст гардид.

Сохта шудани роҳи оҳан дap солҳои 80-уми асри XIX

Соли 1895 сохтмони роҳи оҳани Осиёи Марказӣ идома ёфт. Он соли 1899 ба воситаи Хавост ва Хуҷанд то ба Андиҷон расид ва дар ҳамин муддат хатти дигари он аз Хавост то ба Тошканд омад.

Сохта шудани ин роҳ барои ноҳияҳои имрӯзаи Тоҷикистони Шимолӣ аҳаммияти махсус дошт. Солҳои 1900 – 1901 роҳи оҳани байни Бухорои Нав (Когон) ва Бухорои Куҳна (пойтахти Аморати Бухоро) аз ҳисоби хазинаи амири Бухоро сохта шуд. Солҳои 1900 – 1906 роҳи оҳани Тошканд – Оренбург сохта ба истифода дода шуд. Дар натиҷа роҳҳои оҳани Осиёи Марказӣ бо роҳҳои оҳани умумирусиягӣ пайваст гардид.

Ба сохтмони роҳҳои оҳан ҷалб карда шудани сармояи хусусӣ. 10-уми июни соли 1905 ҳукумати подшоҳӣ қонуне баровард, ки мувофиқи он дар Русия барои сохтани роҳҳои оҳан бо сар- мояи хусусӣ низ иҷозат дода мешуд. Дар натиҷа бо ташаббуси бонкҳои хусусӣ ва сармоядорони ҷудогона, бо мақсади сохтани роҳҳои оҳан ҷамъиятҳои гуногун ташкил карда шуданд. Маса- лан, соли 1912 ҷамъиятҳои роҳи оҳани Фарғона ва Ҳафтрӯд, соли 1913 ҷамъияти роҳи оҳани Бухоро ташкил шуданд.

Ҷамъияти роҳи оҳани Бухоро бо ташаббуси муҳандиси сохтмони роҳи оҳан А.Ковалевский, бо иштироки бонки Русияю Осиё ва амири Бухоро ташкил ёфта буд. Мақсади таъсиси ин ҷамъият сохта ба истифода додани роҳи оҳани Бухорои Нав (Когон) – Қаршӣ – Келиф – Тирмиз бо шохаҳои Қаршӣ – Ғузор – Китоб ба ҳисоб мерафт. Сохтмони ин роҳ соли 1914 оғоз ёфт ва соли 1916 ба охир расид. Дар сохтмони ин роҳ аз ҳисоби мардуми маҳаллӣ, махсусан, аз мардуми водии Қаротегин, қувваи кориро васеъ истифода бурданд.

Роҳи оҳан ҳарчанд то ба водии Вахшу Ҳисор ва Кӯлоб, яъне сарзамини имрӯзаи Тоҷикистони Марказӣ ва Ҷанубӣ нараси- да бошад ҳам, гумоштагони ширкатҳои гуногун, савдогарони алоҳида ба ин водиҳо cap дароварда, ба ин гӯшаҳои дурдаст мол меоварданд ва аз ин ҷо маҳсулоти заруриро харида, бо роҳҳои гуногун то ба Тирмиз, Чорҷӯй, Хӯқанд, Самарқанд ва дигар истгоҳҳои роҳи оҳан мерасониданд. Бинобар ин, сохтмони роҳҳои оҳан барои гӯшаю канори дурдаст ҳам бетаъсир намонд.

Хонандагон бояд: сабабу пайомадҳои бунёди роҳҳои оҳанро дар Осиёи Марказӣ дуруст шарҳ дода тавонанд.

Реклама