§31. ШӮРИШИ ҚАЛАНДАРШОҲ

Дар Бухорои Шарқӣ, махсусан дар бекигарии Қаротегин, бештар нооромиҳо эҳсос карда мешуд. Якчанд хуруҷҳои халқии ин гӯшаи дурдаст бо номи Қаландаршоҳ алоқаманд аст. Қаландаршоҳ (солҳои зиндагиаш 1857–1931) зодаи деҳаи Кӯли Мазанги Қалъаи Лабиоби (ҳозира Тоҷикобод) бекигарии Қаротегин буда, тамоми сахтиҳои зиндагиро аз сар гузаронидааст. Ӯ, ки дар оилаи деҳқон ба дунё омада буд, бо сабаби камзаминӣ, ба мисли дигар ҳамдиёронаш ба Фарғона, Тошканд ва Боку ба мардикорӣ рафтааст.

Аввали асри XX махсусан Тошканд ва Боку, яке аз нуқтаҳои инқилобӣ ба ҳисоб мерафтанд ва он воқеаҳо, албатта, барои Қаландаршоҳ бетаъсир набуданд. Ӯ баъди он ки ба деҳааш баргашт, аҳволи вазнини ҳамдеҳагонашро ба хубӣ мушоҳида намуд, зеро ҳамон лаҳза мардум аз зулму ситами беки ҳамонвақтаи Қаротегин – Абдулмуъмин (солҳои 1904 –1908) ба дод омада буданд.

Қаландаршоҳро махсусан, усули рӯёнидани андозҳо аз тарафи амалдорони беки Қаротегин зиёда ба ғазаб овардааст. Ӯ ҳанӯз соли 1905 кӯшиш кард, ки ҳамдеҳагонаш ва мардуми атрофи онро ба шӯриш бархезонад. Аммо бек ба воситаи ҷосусонаш аз ин омодагиҳои Қаландаршоҳ огоҳ гашт. Тарафдорони бек бо мақсади ба канор кашидани мардум ташвиқ карданд, ки «гӯё амири Бухоро аз аҳволи мардуми Қаротегин огоҳ нест. Агар мардум бо мактуб ба амир муроҷиат карда, аҳволи худро фаҳмонанд, он гоҳ ҳам андозҳо сабук карда мешаваду, ҳам беке, ки нафрати мардум нисбати ӯ зиёд гардидааст, озод мегардад».

Соли 1905 мардуми зиёде ба ташвиқи амалдорони бек бовар карда, аз Ҳоит ва Қалъаи Лаби Об бо сарварии Қаландаршоҳ бо аризаи шикоятӣ ба сӯйи Бухоро ҳаракат намуданд. Чунин ҳолат беки Қаротегин Абдулмъмин, ки лақаби «чушқа» («хук»)ро дошт, ба воҳима андохт. Вай бо гурӯҳи амалдоронаш дар деҳаи Пандовчӣ ба шикоятчиён расид ва ба онҳо ваъдаҳои зиёд дода, аз роҳашон гардонид. Дере нагузашта сарварони ҳаракат Қаландаршоҳ ва Мирзо Раҳматро ҳабс намуда, барои ҷазо додан ба Ҳисор фиристоданд. Дигар фаъолони ҳаракат ба сӯйи Фарғона гурехтанд. Баъди 75 чӯбӣ ҷазо дидан, Қаландаршоҳ ва Мирзо Раҳмат ба сӯйи Фарғона, аз он ҷо ба Тошканд ва Боку рафтанд.

Соли 1908 Қаландаршоҳ ва Мирзо Раҳмат ҳар ду дар Бухоро шудаанд ва аризаи шикоятиро аз болои беки Қаротегин ба амир расониданд. Амири Бухоро Абдулмуъминро аз вазифаи беки Қаротегин озод карда, беки Ҳисор таъин мекунад. Беки Қаротегин Авлиёқулбек (солҳои 1908–1910) таъин шуд. Новобаста аз он ки мартабаи Абдулмуъмин баландтар шуда буд, зеро мақоми беки Ҳисор, нисбат ба беки Қаротегин баландтар буд, вале аз вазифаи беки Қаротегин озод шудани ӯ, обрӯ ва эътибори Қаландаршоҳро дар байни мардум хеле зиёд намуд. Қаландаршоҳ бо мардум боз ҳам наздиктар шуд. Ӯ мардумро даъват мекард, ки ба зулму истибдод бо мубориза ҷавоб гардонанд.

Сабаби шӯриш. Моҳи июни соли 1916 бо сарварии Қаландаршоҳ дар амлокдории Қалъаи Лабиоб шӯриши нисбатан калонтаре ба амал омад. Дар ин сол беки Қаротегин Раҳмонқул (1914–1916) фармуд, ки аз мардум иловагӣ ба тарзи маҷбурӣ андози ҳарбӣ ҷамъ намоянд. Албатта, чунин амр аз тарафи амири Бухоро Олимхон (солҳои 1911–1920/21) шуда буд, ки мехост подшоҳи русро дар Ҷанги якуми ҷаҳон аз ҷиҳати молиявӣ дастгирӣ намояд. Бинобар ин амалдорони бек ғалла ва пулҳоеро ки ҷамъ менамуданд, ба Бухоро мефиристоданд. Дар амлокдорӣ ҷамъоварии андози ҳарбиро Дарвозӣ-бий, ки худ аз деҳаи Капалии ҳамин амлокдорӣ буд, сарварӣ мекард. Вай ҳатто аз ҳиссаи худ ба ҳисоби амир ғалла ва пули зиёд фиристода, сазовори рутбаи «бий» ва заминҳои нав ҳамчун «танхо» гардидааст. Деҳқононе, ки дар ҳудуди танхои ӯ буданд, маҷбур шуданд, ки дар як сол ду маротиба андоз супоранд. Аз деҳқонон на танҳо ғалла ва пул, балки чорво ва чизҳои назаррасе, ки ҳангоми мардикорӣ аз Фарғона оварда буданд, кашида мегирифтанд. Чунин ҳолат норозигии мардумро зиёдтар намуд.

Оғози шӯриш. Қаландаршоҳ бенизомиҳои амалдорони бекро мушоҳида намуда, дигар тоқат карда натавонист. Ӯ деҳқонони мазлумро ба шӯриш даъват намуд. Вай таъкид менамуд, ки агар мо сарҷамъ шавем, қувваамон на танҳо барои пеш кардани амлокдор Халилбек, балки барои сарнагун гардонидани худи мир – беки Қаротегин кифоягӣ мекунад. Фақат ҳамон вақт мо аз зери зулми бойҳо ва одамони мир, яъне бек халос шуда метавонем. Қаландаршоҳ деҳқононро даъват мекард, ки андозҳоро насупоранду ба шӯриш ҳамроҳ шаванд. Дар натиҷа дар атрофи Қаландаршоҳ мардуми бисёре ҷамъ шуда буданд. Онҳо, асосан, бо каланду бел, калтак мусаллаҳ гаштанд.

Беки Қаротегин Раҳмонқул, бо шунидани хабарҳо доир ба шӯриш дар амлокдории Қалъаи Лаби Об –Халилбекро вазифадор намуд, ки ҳамаи фаъолони шӯриш, аз ҷумла Қаландаршоҳро ҳабс намуда, ба Ғарм фиристад. Ҳалимбек бо дастаҳои мусаллаҳи бек ба Қалъаи Лаби Об омад. Дар натиҷа, як қисми фаъолони шӯришро, ки аз деҳаҳои гуногун буданд, ҳабс гардиданд, аммо Қаландаршоҳ пинҳон шуд. Ӯ ба деҳаи Фатҳобод, ба назди Аббосхоҷаи судур, ки қозии тамоми қисми болоии бекигарии Қаротегин ҳисоб мешуд, рафт. Ҳамроҳи вай деҳқонони зиёд бо табар, зоғнӯл, каланд мусаллаҳ буданд. Қаландаршоҳ аз Аббосхоҷаи судур хоҳиш кардааст, ки «ту одами баобрӯ, муҳофизи шариат, дида истодаӣ, ки чӣ тавр амалдорони бек мардуми бечораро ба ҷон расонидаанд». Бинобар ин аз вай хоҳиш намудаанд, ки ба назди бек равад ва ҳамаи воқеаҳоро ба ӯ фаҳмонад, то ин ки ба бенизомиҳо хотима диҳад, ҳабсшудагонро озод намояд, аммо Аббосхоҷаи судур аз иҷрои ин талабҳо даст кашида, баръакс фармуд, ки дасту пойи Қаландаршоҳро банданд. Ин ҳукми судур иҷро нагардид.

Шӯришгарон аз Аббосхоҷаи судур хоҳиш мекарданд, ки молҳои аз мардикорӣ, аз Фарғона овардаи онҳоро баргардонанд. Ҷавобан ба ин, наздикони судур ба задани шӯришгарон сар карданд. Қаландаршоҳ аз онҳо талаб кард, ки ин корро накунанд. Аммо одамони судур ба худи Қаландаршоҳ дарафтиданд. Он гоҳ шӯришгарон ҳам ба ҳуҷум гузаштанд. Дар натиҷа, аз тарафи шӯришгарон бародари Аббосхоҷаи судур Қозиҷон кушта ва Абулхайр махсум захмӣ гардиданд. Шӯришгарон ҳавлии судурро тороҷ намуда, дар натиҷаи ҳамроҳ шудани деҳқонони деҳаҳои дигар, онҳо якҷоя ба сӯйи Қалъаи Лаби Об ҳаракат карданд. Қаландаршоҳ фармуд, ки хоҷагиҳои сипоҳиёни бекро байни худ тақсим кунанд. Амалдорон ва бойҳо дар қалъа паноҳ шуданд. Аз тарафи шӯришгарон муҳосираи қалъаи амлокдорнишин чаҳор рӯз давом кард. Ин нуқтаи баланди шӯриши Қаландаршо буд.

Шикасти шӯриш. Беки Қаротегеин Раҳмонқул аз амалиёти шӯришгарон ба воҳима афтода, барои пахш намудани он аз Ғарм 200 сарбозони мусаллаҳро фиристод. Бо наздик шудани сарбозони бек шӯришгарон ба сӯйи деҳаҳои худ пароканда шуда рафтанд. Худи Қаландаршоҳ дар деҳаҳои Мазор пинҳон шуд. Сӣ нафар фаъолони шӯриш ҳабс гардиданд. Қисми дигари фаъолони шӯриш ба сӯйи Фарғона гурехтанд. Ба ҷойи ҳодиса худи бек Раҳмонқул омода, фармуд, ки аз мардуми деҳаҳои дар шӯриш иштирокнамуда сад ҳазор танга ҷамъ намуда, ба Аббосхоҷаи судур супоранд. Инчунин фармуд, ки мулкҳои сипоҳиён ба соҳибонашон баргадонида шавад ва ба ивази молҳои пайдонашудаи сипоҳиён, аз фаъолони шӯриш ҷарима ситонида шавад. Ҷавобан ба ин деҳқонони деҳаҳои Дараи Назарак, Кӯл, Фатҳобод, Капалӣ ва Дараи Мазор ба тарзи оммавӣ ба сӯйи Фарғона роҳ пеш гирифтанд. Дар натиҷа бек маҷбур шуд, ки қарори аввалаи худро бекор карда, танҳо аз ҳар деҳа ба фаъолони шӯриш ҷарима бор намояд.

Баъди се моҳи шӯриши Қаландаршоҳ, моҳи октябри соли 1916, шӯриши мардумӣ дар деҳаҳои Дараи Мазор ба амал омад. Баҳонаи ин шӯриш дар ин ҷо дастгир шуда, ба Ғарм фиристодани Қаландаршоҳ гардид. Аммо Қаландаршоҳ аз ҳабсхонаи Ғарм гурехта, ба Фарғона рафт.

Ҳангоми шӯриш дар амлокдории Қалъаи Лаби Об, дар амлокдории Ҳоит ҳам ҷунбиши деҳқонон бо сарварии Одина Лучак ба амал омад. Шӯришгарон мехостанд ба шӯришгарони Қалъаи Лаби Об ҳамроҳ шаванд, аммо тамоми пулҳоро навкарони бек посбонӣ мекарданд. Ниҳоят, ин шӯриш ҳам пахш карда шуд ва Одина Лучак ба сӯйи Фарғона гурехт.

Ҳамин тавр, маълумоти болоӣ аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки дар Бухорои Шарқӣ ҳам деҳконон бо тарзи гуногун эътирози худро нисбати зулму ситами амалдорони маҳаллии амир баён кардаанд. Онҳо аз навиштани мактуби эътирозӣ ба амири Бухоро, то ба муқобилистӣ дар лангарҳо расида, ба муқобили сипоҳиёни беки Қаратегин дар баробари белу каланд, зоғнӯл, санг истифода бурдаанд. Аммо шӯришгарон пароканда буданд ва нақшаи ягона надоштанд. Бинобар ин шӯриш шикаст хӯрд. Худи Қаландаршоҳ, ки дар муборизаҳо обутоб меёфт, тартиботи шуравиро ба хубӣ пазируфт, ҳатто минбаъд дар вазифаи раиси Кумитаи инқилобии кенти Лангари Шоҳ адои вазифа намуд. Аз тарафи дигар шӯриши Қаландаршоҳ аз он далолат медиҳад, ки ба доираи шӯриши соли 1916 на танҳо сарзамини кишвари Туркистон ва Қазоқистон, балки Аморати Бухоро ҳам кашида шуд. Аз ҳамин сабаб ҳам шӯриши соли 1916-ро шӯриши мардуми Осиёи Миёна меноманд.

Сарчашма:

Амалдорон ва мулкдорон, ки аз шӯриш зарар дида буданд, мехостанд зарари худро аз мардуми ҳамон деҳаҳое, ки Қаландаршоҳро пинҳон кардаанд, рӯёнанд. Бо ҳамин максад онҳо мардуми он деҳаҳоро саросар ҷазо дода, ба онҳо ҷарима бор карданд. Ҷавобан ба ин амал деҳқонони деҳаҳои Лангари Шоҳ, Дараи Мазор, Деҳиғилмон ва Кӯл амалдоронро зада, аз супоридани ҷарима ва хироҷ даст кашиданд. Шӯришгарон дар деҳаи болои Дараи Мазор, ки дар баландӣ ҷойгир буд, ҷамъ омада, худро мудофиа карданд. Онҳо сипоҳиёни бекро аз баландӣ бо санг ба нишон мегирифтанд. Дар натиҷа сипоҳиён якчанд рӯз ба макони шӯришгарон баромада натавонистанд. Ниҳоят сипоҳиён вонамуд карданд, ки гӯё онҳо ба ҳар тараф гурехтаанд, аммо дар амал дар паси харсангҳою нишебиҳо пинҳон шудаанд. Ҳамин, ки шӯришгарон ба ҳамворӣ, ба деҳаи Лангари Шоҳ фуромаданд, онҳоро сипоҳиёни мусаллаҳи савора иҳота намуданд. Шӯришгарон маҷбур шуданд, ки ба ҳар тараф пароканда шаванд. Дар натиҷаи ин задухӯрдҳо аз ҷумлаи деҳқонон 6 нафар ҳалок, 40 нафар захмӣ ва 25 нафар ҳабс гардиданд. Ҳалокшудагон ва захмиён аз ҷумлаи сипоҳиён низ буданд. Аз ҷумла, амлокдор Халилбек ҳам аз зарбаи деҳқон Ҳоҷӣ Иброҳим захмӣ гардидааст. (Ниг.: Маджлисов А.Р. Аграрное отношения в Восточной Бухаре в Х1Х и в начале ХХ вв. – Душанбе – Алма-Ата, 1967. - С. 103).

Хонандагон бояд: сабабҳо, оғоз ва рафти шӯриши Қаландаршоҳро дуруст шарҳ дода тавонанд.

Реклама