Сарчашмаҳо шаҳодат медиҳанд, ки суръати пешрафти соҳаи иқтисодиёт дар солҳои 70-ум нисбат ба соли 1965 паст рафта, нақшаҳои панҷсолаҳои 1Х–Х-ум доир ба нишондодҳои асосӣ дар натиҷаи суст шудани идоракунӣ ва назорат аз болои корхонаҳои истеҳсолкунанда; сари вақт истифода нашудани техникаи нав ва ҷорӣ нагардидани технологияи пешқадам; паст шудани ҳосилнокии меҳнат; ба интизоми истеҳсолӣ риоя накардан иҷро нашуд. Ин камбудиҳои ҷиддӣ бояд дар солҳои паҷсолаи ёздаҳум ислоҳ карда мешуданд, вале ин нақша низ ҷомаи амал напӯшид. Дар соҳаи иқтисодиёт вазъи буҳронӣ ба амал омад. Бо дарназардошти камбудиҳову мушкилоти дар соҳа ҷойдошта моҳи феврали соли 1986 дар анҷумани XXVII-и ҲК ИШ охирин нақшаи панҷсолаи дувоздаҳум барои солҳои 1986 – 1990 қабул гардида, дар заминаи он роҳҳои асосии инкишофи иқтисодиёт ва иҷтимоиёти мамлакатро барои то соли 2000-ум муайян карда шуд. Мувофиқи он мамлакат бояд бо низоми нақшавӣ иқтисодиёташро рушд медод. Аммо тобистони соли 1987 дар ИҶШС қонун дар бораи корхонаҳои давлатӣ қабул гардид, ки моҳиятан ба муқобили низоми нақшавӣ равона шуда буд. Дар асоси қонун тамоми корхонаҳо ба ҳолати худтаъминкунӣ ва худмаблағгузорӣ гузаронида шуда, минбаъд ҳар як корхона танҳо барои даромаднокии худ мекӯшид. Алоқаву додугирифти тайи солҳои тулонӣ ташаккулёфтаи байни корхонаҳо аз байн рафта, дар натиҷа бо сабаби нарасидани ашё, корхонаҳо паси ҳам аз кор ва коргарону мутахассисон аз фаъолияти меҳнатӣ берун монданд. Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ хеле кам гардида, сафи бекорон рӯз аз рӯз меафзуд.
Дар Тоҷикистон мувофиқи нақшаи панҷсолаи дувоздаҳум (с. 1986 – 1990) бояд диққат ва таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои зерин: якум, рушд ва татбиқи барномаи Комплекси ҳудудию истеҳсолии ҷануби Тоҷикистон; тезонидани сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун»; истифодаи самараноки захираҳои обии кишвар; сохтмони неругоҳҳои гуногунҳаҷми барқӣ; обшор намудани заминҳои бекорхобида дода мешуд; дуюм, рушди саноати мошинсозӣ, филизоти (металли) ранга ва кимиё, электроэнергетика, сохтмон, дар асоси техникаи нав ва технологияи пешқадам инкишоф додани саноати сабук; сеюм, аз ҳисоби ба кор андохтани заминҳои бекорхобида ва дар асоси кашфиёти илмӣ, рушди соҳаҳои пахтакорӣ, боғу токпарварӣ, сабзавоткорӣ, чорводорӣ, парандапарварӣ зоҳир карда мешуд.
Шаҳрвандони Тоҷикистон сиёсати бозсозиро дастгирӣ намуда таҳти шиори «Ба панҷсолаи дувоздаҳум – меҳнати эҷодкорона!» меҳнат мекарданд. Мутаассифона, нақшаҳои азими тартибдодашуда иҷро нагардиданд: дар охири солҳои 80уми асри ХХ дар байни Тоҷикистон ва ҷумҳуриҳои иттифоқӣ робитаҳои иқтисодӣ, ёрии техникӣ ва таъминсозӣ бо ашёи хом канда шуданд; дар соҳаи саноат ҳосилнокии меҳнат ва сифати маҳсулот беҳтар нагардид; нақшаҳои соҳаи кишоварзӣ иҷро нашуда, барномаи озуқаворӣ, хусусан, ба сари ҳар як нафар шаҳрванд истеҳсол кардан ва тақсим намудани маҳсулот, ҷомаи амал напӯшид; сол ба сол ба соҳаи сохтмон маблағи зиёд ҷудо мешуд, вале он азхуд карда намешуд; баъзе объектҳои калони истеҳсолӣ, аз қабили нақби Анзоб, ки қисмати ҷануби ҷумҳуриро бо ноҳияҳои шимол пайваст мекард, аз нақша ба нақша гузаронда, баъд умуман аз рӯзнома бардошта шуданд; сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» қатъ гардид; мувофиқи Конститутсияи ИҶШС (с. 1977) ба ҷумҳуриҳои иттифоқӣ ҳуқуқҳои васеъ, аз ҷумла дар ривоҷу ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ мустақилият дода шуда бошад ҳам, дар амал манфиатҳо ва ташаббуси ҷумҳуриҳои шуравӣ дастгирӣ намеёфтанд; ташаббуси Тоҷикистон дар мавриди истифодаи самараноки захираҳои обии кишвар, аз ҷумла, рӯди Зарафшон дар обшор намудани заминҳои бекорхобидаи ноҳияҳои Истаравшан ва Ғончӣ (ҳоло Деваштич) аз тарафи Ҳукумати умумииттифоқӣ дастгирӣ наёфта буд.
Буҳрони иқтисодии охири солҳои 70-ум ва ибтидои солҳои 80-ум, гузариши ҷомеаи шуравӣ ба фазои нави иҷтимоию иқтисодӣ як силсила мушкилоти хурду бузургро дар соҳаи иҷтимоиёти ҷумҳурӣ ба миён оварда, оташи норозигии шаҳрвандони мамлакатро афрӯхт ва боиси баҳсу мунозираҳои тезутунд, задухӯрди ақидаҳо гардида, дар ҷомеа мавҷуд будани гурӯҳҳои иҷтимоии манфиатҳояшон гуногунро ошкор сохт. Алалхусус, дар Тоҷикистон амалӣ нагардидани барномаҳои қабулгардидаи дарозмуддат таҳти унвони «Бо озуқавории баландсифат таъмин кардани аҳолӣ», «Истифодаи самараноки захираҳои меҳнатӣ», «Манзил», умуман, вайрон кардани адолати иҷтимоӣ норозигии мардумро аз сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти ҷумҳурӣ афзун мегардонид.
Дар Тоҷикистон шумораи ҷавонон ва занон зиёд буда, қисме аз мушкилоти онҳо солҳои тулонӣ ҳал намегардид. Хусусан, ҷавонони беихтисос наметавонистанд бо кор таъмин гарданд ва ин сабаби сол то сол афзудани шумораи бекорон аз ҳисоби ҷавонписарону духтарон шуда буд. Чунин вазъ ба сатҳи зиндагии шаҳрвандон таъсири манфӣ расонда, дар маҳалҳо норозигии гурӯҳҳои иҷтимоиро ба амал меовард.
Ҳамин тавр дар натиҷаи пурра иҷро нагардидани нақшаи панҷсолаҳои 1Х, Х, Х1 тараққиёти хоҷагии халқи мамлакат вазъи буҳронӣ дар самтҳои ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба амал омад. Худмаблағгузорӣ ва худтаъминкунӣ ба низоми нақшавӣ, ки қариб ба тамоми замони шуравӣ хос буд, зарба зад ва ниҳоят ба мавҷудияти он хотима гузошт.
Реклама