3. СОХТОРИ БИСЁРҲИЗБӢ ДАР ҶУМҲУРИИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН

Яке аз самтҳои татбиқи ислоҳоти сиёсӣ ба вуҷуд омадани сохтори бисёрҳизбӣ дар ҷумҳурӣ мебошад. Дар моддаи дуюми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» (аз 13-уми ноябри соли 1998) чунин гуфта шудааст: «Зери мафҳуми ҳизби сиёсӣ чунин иттиҳодияи ҷамъиятие фаҳмида мешавад, ки вазифаи асосиаш иштирок дар ҳаёти сиёсии ҷомеа ба воситаи ташаккул додани иродаи сиёсии шаҳрвандон ва инчунин, ба амал баровардани ҳокимият ба воситаи намояндагони худ мебошад. Мақсад ва вазифаҳои ҳизби сиёсӣ дар Оиннома ва Барномаи он, ки барои маълумоти умум интишор мешаванд, инъикос меёбанд».

Аз тарафи Анҷумани III вакилони халқии ИҶШС (марти соли 1990) бекор карда шудани моддаи 6-уми Конститутсияи ИҶШС дар Тоҷикистон заминаи воқеии сохтори бисёрҳизбиро ба вуҷуд овард. Амалан ин сохтор дар тули солҳои 90-ум ташаккул ёфт. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар асоси моддаи 28-уми Конститутсия ҳуқуқи ба иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ муттаҳид шуданро пайдо карданд.

Баъди он ки Шурои Олии Тоҷикистон аз таърихи 12-уми декабри соли 1990 Қонуни «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар ҶШС Тоҷикистон»-ро тасдиқ кард, амалан сабти номи ҳаракатҳо, ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ оғоз ёфт.

Дар як муддати кӯтоҳ ба Вазорати адлия 208 ариза омад. Баъди тафтиши Вазорати адлия ба 143 ҳизбу созмон иҷозати фаъолият кардан дода шуд. Акнун дар қатори Ҳизби коммунистии Тоҷикистон Ҳизби демократии Тоҷикистон (10уми августи соли 1990), Ҳизби халқии Тоҷикистон (10-уми декабри соли 1994), Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон (15-уми августи соли 1996), Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (18уми марти соли 1998), Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон (28-уми октябри соли 2005), Ҳизби аграрии Тоҷикистон (15-уми ноябри соли 2005) ташкил ёфта, амал мекарданд. Ҳизби халқии Тоҷикистон соли 1998 ба Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон табдил дода шуда, дар анҷумани ҳизб (10-уми марти соли 1998) Эмомалӣ Раҳмон раис интихоб гардид. Дар Тоҷикистон сол то сол миқдори ҳизбу созмонҳо ва дигар ташкилотҳои ҷамъиятӣ зиёд шуда, ҳоло дар мамлакат 7 ҳизби сиёсӣ ва беш аз се ҳазор ҳизбу созмонҳои гуногуни ҷамъиятӣ амал мекунанд.

Ба ғайр аз ҳизбҳо ҳаракати мардумии «Растохез», ҷамъияти «Лаъли Бадахшон» низ ба расмият даромада буданд. Мутобиқи қарори Иҷлосияи Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22-юми октябри соли 1991 «Дар бораи бекор кардани баъзе санадҳои Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаи ҳизбҳои дорои характери динӣ» таърихи 26-уми октябри соли 1991 Анҷумани муассисони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон баргузор гардида, фаъолияти ҳизб то моҳи сентябри соли 2015 давом ёфт.[4]

Баъди ба итмом расидани ҷанги шаҳрвандӣ ва пойдор гардидани сулҳ дар Тоҷикистон фаъолияти созандагии ҳизбу созмонҳо хеле афзуд. Хусусан, баъди аз тарафи 30 ҳизбу иттиҳодияи ҷамъиятӣ ба имзо расидани «Аҳдномаи ризояти ҷомеаи Тоҷикистон» (9-уми марти соли 1996) дар ҷумҳурӣ заминаи хуби бунёди ҷомеаи озоду демократӣ ба амал омад.

Ташкилёбии Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (апрели соли 1996) низ дар мустаҳкам намудани ҳамоҳангсозии фаъолияти ҳизбу созмонҳо нақши мусбат мебозад.

Ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар гузаронидани маъракаҳои сиёсӣ фаъолона иштирок менамоянд. Масалан, онҳо дар муҳокимаи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карда, таклифҳои муфид пешниҳод намудаанд, дар вақти интихоби Президенти ҷумҳурӣ ва вакилон ба парлумони мамлакат низ хидмати арзанда кардаанд.

Санаи 2-уми марти соли 2025 дар мамлакат интихобот ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати ҳафтум) барпо гардид, ки дар натиҷа 5 ҳизби сиёсӣ мандати вакилиро ба даст дароварданд.

Бояд тазаккур дод, ки яке аз сернуфузтарин, фаъолтарин неруи сиёсии мамлакат Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (таъсисаш соли 1994) буда, қариб 533 ҳазор нафар узв дорад. Раиси ҳизб Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон манфиати кулли аҳолии мамлакатро ифода мекунад. Аз барномаи ҳизб чунин хулоса бармеояд, ки вай ҷонибдори давлати қавии иҷтимоӣ буда, ба бунёд кардани мактабҳо, табобатхонаҳо, табобати ройгони шаҳрвандон, ёрии амалӣ расондан ба пирону барҷомондагон, ятимон саҳм мегузорад. Ҳизб ҷонибдори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, ягона ва дунявӣ буда, тарафдори озодандешӣ, озодии сухану матбуот ва сохтори бисёрҳизбӣ дар мамлакат мебошад. Ҳизб ба ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ диққати махсус дода, шаклҳои гуногуни моликият, ҳаракати соҳибкориро низ дастгирӣ менамояд.

Ҳамин тавр, танҳо дар замони соҳибистиқлолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ташкили сохтори бисёрҳизбӣ имкон ба вуҷуд омада, мавҷудияти он нишонаи муҳимми ҷомеаи демократӣ буда, амалан хатари тоталитаризмро барҳам медиҳад.

Реклама